Дар чанд ҷумла
Афви ягона зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ягона зиндонии эрониро озод кардааст. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии "Форс" бо такя ба сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ хабар дод.
Дар хабар омадааст, ки бо мувофиқат ва дастури президенти Тоҷикистон ба муносибати Иди Фитр, ин маҳбуси эронӣ озод ва ба ватанаш баргашт.
Дар хабар ному насаби маҳбуси эронӣ зикр нашуда ва низ гуфта нашудааст, ки ӯ ба чӣ иттиҳом маҳкум ба зиндон шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин робита ибрози назар накардаанд.
Дар солҳои гузашта Тоҷикистону Эрон шаҳрвандонашонро, ки дар зиндонҳои якдигар адои ҷазо мекарданд, мубодила ё иваз карда буданд. Аз ҷумла, дар моҳи апрели соли 2021 як зиндонии эронӣ, ки аз сӯи президенти Тоҷикистон афв шуд, ба кишвараш бозгашт.
Дар соли 2015 ҳудуди 10 эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ки аксари онҳо ба қаллобӣ ва авбошӣ гунаҳкор шинохта шуда буданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шикояти соҳибкорони узбек аз кори гумруки Тоҷикистон
Баъзе соҳибкорони узбекистонӣ аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ шикоят кардаанд.
Намояндаи ширкати "Knauf" 17-уми январ дар нишасте бо ҳузури муовини нахуствазири Узбекистон аз он шикоят кард, ки сарфи назар аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо, гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ин боис мешавад, ки арзиши молу коло 15 дарсад зиёд шавад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти гумрук дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбекистон аз ин вазъ нигаронӣ карда гуфтааст, ки кишвараш чораҳои монандро барои воридоти молу маҳсулоти Тоҷикистон ҷорӣ хоҳад кард.
Тобистони соли 2025 Тоҷикистон барои нуриҳои минералии Узбекистон ва Узбекистон барои сементи Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.
Додугирифти Тоҷикистон ва Узбекистон баъди соли 2018 ва боз шудани марзҳо бамаротиб зиёд шуд.
Дар Самара чанд корро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дар вилояти Самараи Русия кор кардани муҳоҷирон дар соҳаҳои боррасонӣ (курер), фурӯшанда, ронанда ва омӯзгориро манъ кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, маҳдудияти нав аз моҳи апрели имсол иҷроӣ мешавад.
Бар асоси ин қарор, муҳоҷирон дар вилояти Самара дигар ҳақ надоранд, ки ҳамчун ронанда дар ҳама гуна нақлиёти ҷамъият кор кунанд. Бахши боррасонӣ ё курер, ки аз касбҳои даромаднок барои муҳоҷирон ба шумор меравад ҳам дар Самара барои муҳоҷирон манъ мешавад.
Волии вилоят ҳадаф аз манъи кори муҳоҷиронро дар чанд бахш "таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи бозори меҳнати Самара" унвон кардааст.
Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.
"Як мошин зери тарма монд". Барф роҳи Душанбе-Чаноқро баст
Дар пайи боридани барфи зиёд роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир миёни вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе баста шудааст. Рӯзи 21-уми январ як мошин дар ин роҳ зери тарма монд, аммо ронанда ва мусофиронашро наҷот додаанд.
Дафтари матбуоти ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳ аст ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду рӯзи ахир дар ин масир 29 тарма фаромадааст ва барои ҳамин ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан манъ шуд.
Ҳанӯз маълум нест, ки роҳ кай боз мешавад. Намояндагони ширкати IRS мегӯянд, роҳро аз барф тоза карда истодаанд.
Шоми 21-уми январ як мошини тамғаи “Опел” дар километри 66-уми роҳ ва дар ҳудуди ноҳияи Варзоб зери тарма мондааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ширкати IRS, ронанда ва мусофиронро аз дохили мошин бароварданд ва касе захмӣ ё ҳалок нашудааст.
Ширкати IRS, ки моликаш маълум нест, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ буда, барои ин аз ронандагон маблағ мегирад.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳам хабар додааст, ки наҷотдиҳандагон барои бартараф кардани оқибатҳои тарма ва назорати ҳаракати нақлиёт ба роҳи Душанбе-Чаноқ фиристода шудааст. Ин ниҳод аз ронандагон дархост кардааст, ки “пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд”.
Муҳиддин Кабирӣ дар мақоми раиси ПМТ мондааст
Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон, як созмони мухолифи давлат ва мамнӯъ дар кишвар, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили собиқи порлумонро дигарбора раиси паймон интихоб кардааст.
Паймони миллӣ рӯзи 21-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, як гурӯҳи корӣ, ки аз соли гузашта бояд роҳкору роҳҳои ояндаи паймонро маълум мекард, тавсия додааст, ки имсол интихоби раҳбари нав баррасӣ нашавад. Дар баёния омадааст: «Гурӯҳи корӣ ба Шӯрои ПМТ тавсия дод, то дар вазъияти кунунӣ масъалаи интихоби роҳбари ҷадиди Паймони Миллии Тоҷикистон баррасӣ нашавад ва Муҳиддин Кабирӣ масъулияти худро давом диҳад. Шӯрои ПМТ бо тариқи райдиҳӣ тавсияи Гурӯҳи кориро қабул кард ва ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ масъулияти Роҳбари ПМТ вогузор карда шуд.»
Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфт. Соле баъд Додгоҳи олии Тоҷикистон паймонро ифротгаро ва террористӣ эълон кард, агарчӣ аъзои эътилоф иттиҳомро беасос меноманд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, моҳи августи соли 2024 аз ҳайати ин паймон берун шуд. Раҳбари созмон, Шарофиддин Гадоев, тасмимро ба "нақзи усули демократия" ва "мусоидат ба ташкили диктатура" дар дохили паймон номид.
Интихоби дигарбораи Муҳиддин Кабирӣ ба мақоми раиси Паймони Миллии Тоҷикистон замоне сурат мегирад, ки чандин нафар, аз узвияти ҳизби зери назари ӯ даст кашиданд. Худаш гуфтааст, аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ таҳти фишори мақомоти амнияти Тоҷикистон, ки хонаводаҳои онҳоро дар дохил озору азият мекунанд, хориҷ мешаванд, на ба нишони эътироз аз сиёсату амалкардҳои раҳбарияти ҳизб. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби мухолифи давлат буд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъ аст.
Парванда ба зидди шавҳар барои то ба ҳадди худкушӣ расондани ҳамсар
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи вазорат, бо бадрафториву зулму ситам ба занаш, ӯро то ба ҳадди қасди худкушӣ расонидааст.
Вазорат рӯзи 21-уми январ гуфт, як сокини 28-солаи ноҳияи Айнӣ, “аз соли 2018 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид шаъну шарафи ҳамсараш ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ намудааст.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки шавҳари зан ҳамчунин рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта аз бадрашкӣ ҳамсарашро дар хона латукӯб ва захмӣ кардааст. Бо идомаи ҳамин аҳвол то моҳи январи имсол ба гуфтаи вазорат ҳамсар дигар ба таҳқиру бадрафториҳои шавҳар тоб наёварда, рӯзи 17-уми январ “бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, қасди худкушӣ карда, ҷароҳат бардоштааст.”
Назари гумонбар дар ҷиноят маълум нест ва вазорат ҳам нагуфтааст, ки ӯро боздошт кардаанд, ё на. Дар баёнияи вазорати корҳои дохилӣ омадааст, ба зидди ҷавони 27-сола бо иттиҳоми то ба ҳадди худкушӣ расондани каси дигар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки ҷазо барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз панҷ то ҳашт соли дар зиндон аст.
Зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ як кори маъмулист, вале занон ҳам ба ҷое шикоят намекунанд ва мақомоти интизомӣ ҳам онро ҷанҷоли хонаводагӣ меноманду эътино намекунанд.
Як миллион нафар аз аҳолии Киев бе нерӯи барқ мондаанд
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, шоми сешанбе гуфт, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Русия то шоми 20-уми январ беш аз як миллион нафар дар Киев бе нерӯи барқ мондаанд.
Ӯ афзуд, ки дар пойтахти Украина беш аз 4 ҳазор бинои баландошёна аз гармӣ маҳрум шудаанд. Субҳи рӯзи 20-уми январ ҳудуди 5600 хона бе гармӣ монд, вале мақомот андак баъд тавонистанд, бахше аз онҳоро дигарбора ба шабакаҳои гармӣ васл кунанд.
Владимир Зеленский ҳамчунин аз фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Украина дар амри маҳви дрон ва ё паҳподҳои Русия изҳори норизоятӣ кард ва гуфт, ин мавзуъро бо Михаил Фёдоров вазири нави дифоъ баррасӣ кардааст.
Ба иттилои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, дар ҷараёни ҳамлаи густурдаи шаби 20-уми январ артиши Русия аз 372 паҳпод ва мушак истифода кардааст, ки 342-тои онҳо сарнагун ё маҳв карда шуданд. Ҳадафҳои асосӣ иншооти энергетикӣ, аз ҷумла дар шаҳри Киев буданд. Дар бораи қатъи барқ на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои дигари Украина низ гузоришҳо мерасанд.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки шаби сешанбе ба ҳадафҳои низомӣ дар Украина, аз ҷумла ба зербунёдҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки ба гуфтаи онҳо "барои эҳтиёҷоти артиши Украина истифода мешаванд", ҳамлаи густурда анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод, ки субҳи сешанбе чанд зеристгоҳи барқии Украина, ки барои амнияти ҳастаӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар амалиётҳои низомӣ осеб диданд. Дар гузориш омадааст, ки аз ҷумла нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки фаъолият намекунад, пурра аз манобеи берунаи нерӯи барқ маҳрум шудааст. Ҳамчунин хатҳои интиқоли барқ, ки ба дигар нерӯгоҳҳои атомии Украина васл ҳастанд, зарар дидаанд.
Боздошти зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли навраси рус
Расонаҳои Русия дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштори навраси рус боздошт шуд, маълумоти бештар нашр карданд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Имомалӣ Турдиев солҳо пеш ҳамроҳи оилааш аз Тоҷикистон нахуст ба вилояти Кемерово ва баъдан ба вилояти Маскав омадаанд. Имомалӣ шаҳрвандии Русияро доштааст. Бародараш гуфтааст, Имомалӣ Турдиев дар Русия бузург шудааст.
Ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо иттиҳоми куштани навраси рус боздошт шуд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух додааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, муноқиша пас аз он сар шуд, ки як гуруҳ аз наврасон ба автобус ворид шуда, ба сӯи мусофирон ишораҳои таҳқиромез кардаанд. Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон ба ҳимояи он мусофир хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда мешаванд. Баҳсу занозанӣ дар истгоҳ идома мекунад ва наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бо вуҷуди расондани кумаки тиббӣ навраси 18-сола ба ҳалокат расид. Алайҳи Имомалӣ Турдиев бо иттиҳоми куштор парванда боз шуда, ба ӯ то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Дархости Сафорати Чин: ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон наравед
Сафоратхонаҳои Чин дар Душанбе ва Кобул аз шаҳрвандони чинӣ хостанд, ки ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон сафар накунанд.
Намояндагони Сафорати Чин дар Душанбе ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст" ва барои ҳамин "сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд".
Дар Сафорати Чин умедворӣ кардаанд, ки вазъият дар марз "дар ниҳоят ба эътидол меояд".
Коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин шаҳрвандон Чин дар дохили хоки Афғонистон моҳҳои ахир ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Аз ҷумла рӯзи 19-уми январ дар ҳамла ба тарабхонаи чинӣ дар шаҳри Кобул ҳафт нафар кушта ва чандин каси дигар маҷруҳ шуданд. Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифт.
Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо коргарони чинӣ аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хориҷ шуданд.
Барои хариди автобусҳои барқӣ ба Тоҷикистон 10 миллион евро медиҳанд
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои хариди автобусҳои барқӣ ва беҳтар шудани кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, ба Тоҷикистон 10 миллион евро қарзу грант медиҳад.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, созишнома 20-уми январ дар Душанбе имзо шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз 10 миллион евро 6,4 миллион қарз ва 3,6 миллиони евро грант ё маблағи бебозгашт мебошад.
“Ҳадафи асосии лоиҳа ин харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизотҳо, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад”, - омадааст дар хабари расмӣ.
Мақомот нагуфтанд, ки қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо кадом шарту шароит гирифта шудааст.
Ҳамлаҳои Русия мардуми зиёди Киевро бе барқу гармӣ гузоштааст
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи шабонаи Русия ба пойтахти Украина бештар аз 5600 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бе нерӯи барқ мондаанд.
Ӯ рӯзи 20-уми январ гуфт, 80 дар сади ин биноҳо, хонаҳое будаанд, ки системаи гармидиҳии онҳоро баъди ҳамлаи густурдаи Русия ба Киев дар рӯзи 9-уми январ барқарор карда буданд.
Ӯ гуфтааст: «Дар натиҷаи осеб дидани зербунёдҳои ҳаётан муҳим дар ҳамлаи душман, то дирӯз аз 16 ҳазор бино 16-тои он бе гармӣ мондаанд.» Дар ҳукумати шаҳри Киев гуфтаанд, ки ҳамлаҳои Русия сабаби мушкилот дар ҳаракати метрои шаҳр шудааст. Дар натиҷаи зарбаи як паҳпод мошинҳо оташ гирифтаанд ва як зане захм бардоштааст.
Аз ҳамлаҳо ба шаҳри Днепр ва осеб дидани ду зани пиронсол ҳам гузориш расидааст. Бомдоди сешанбе нерӯҳои Русия ҳамчунин ба зербунёдҳои ғайринизомии вилояти Одесса ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти энергетикӣ осеб дидаанд. Мақомоти низомии Русия ҳамлаҳо ба иншооти ғайринизомӣ дар Украинаро шарҳ надодаанд.
Тоҷикистон яке аз панҷ харидори асосии оби ҷави Русия шудааст
Тоҷикистон соли гузашта ба яке аз 5 харидори асосии оби ҷави Русия табдил ёфтааст.
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия рӯзи 20-уми январ бо такя ба иттилои маркази “Агроэкспорт” навиштааст, ширкатҳои русӣ соли 2025 ба андозаи бештар аз 103 миллион доллар оби ҷав фурӯхтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 19 дар сад бештар аст.
Дар миёни харидорони асосии оби ҷави русӣ Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистону Тоҷикистон будаанд. Се дар сади оби ҷави содиротии Русияро соли 2025 дар Тоҷикистон харидаанд.
Русияву Тоҷикистон ду шарики тиҷоратии наздик ҳастанд, вале маҳсулоти аслии воридотии Русия ба Тоҷикистон нафту газ мебошад.
Дар Қазоқистон 81 муҳоҷири тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, аз сабаби сардии шадид ва бехатар набудани роҳҳо автобуси ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар яке аз роҳҳои вилояти Акмалинский манъ карда, худашонро ба меҳмонхона бурдаанд. Дар миёни ин афрод 17 кӯдак низ будааст.
"Ин нафарон барои кӯмак ва дастгирӣ ба наҷотдиҳандагон миннатдорӣ карданд", - гуфтанд мақомоти Қазоқистон.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва инки онҳо ба куҷо мерафтанд маълум нест. Одатан шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақти сафар ба Русия аз тариқи Қазоқистон мегузаранд.
Бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо солона ҳазорон тоҷикистон маҷбуранд аз тариқи Қазоқистон ба Русия раванд ё баргарданд. Дар ин роҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гоҳо ба садама дучор шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Патент дар Русия гарон шуд. Дар кадом шаҳр чӣ қадар?
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз боло рафтани нархи патент ё иҷозатномаи кор дар шаҳрҳои калони Русия хабар додааст.
Ба хабари расмӣ, соли 2026 арзонтарин патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чеченистон — 3 410 рубл муқаррар шудааст.
Гаронтарин патент дар минтақаи Краснодар— 27 ҳазор рубл хоҳад буд. Баъди ин болотарин нархи патент дар вилоятҳои Тула — 25 ҳазор ва Липетск — қариб 22 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Имсол дар пойтахти Русия шаҳри Маскав муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд бояд ҳар моҳ 10 ҳазор рубл супоранд. Нархи иҷозатномаи кор дар Санкт-Петербург 8 ҳазор, Қазон 8600 ва дар Новосибирск 11 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Толибон: афроди кушташуда дар марзи Тоҷикистон қочоқбар буданд
Ҳукумати Толибон хабар дод, ки ба таҳқиқи кушта шудани чор нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сар кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба сомонаи маҳаллии “Салом Ватандор” гуфтааст, “мо ин мавзуъро таҳқиқ дорем, вале маълумотҳои аввалия ин аст, ки чанд тан аз қочоқбарони одӣ ҳастанд, ки шояд маводи мухаддирро интиқол медоданд ё ягон чизи дигарро мамнуъро”.
Изҳороти сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки Неруҳои марзбонии Тоҷикистон афроди кушташударо “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” гуфта буданд. Ҳодиса 18-уми январ дар минтақаи марзии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.
Бо ин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ба Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки ҳеч гуруҳ ё фарде иҷозаи анҷоми фаъолияти шубҳанокро аз хоки Афғонистон надорад. Ваъдае, ки пештар ҳам садо дода буд, аммо дар моҳҳои ахир чанд ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон анҷом шуд.
Аз ҷумла дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллии Тоҷикистон моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Зилзила шаҳри Хоруғро такон дод
Рӯзи 19-уми январ заминларзае шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳо, заминларза соати 11:21 рух дода, марказаш дар ҳудуди Покистон буд.
Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил кард. Ин заминларза дар Тоҷикистон хисороте дар пай надоштааст.
Як ҳафта пеш ҳам дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларзае бо қувваи 5,1 балл рух дода буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.
Гуфтугӯ