Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовир: Нерӯҳои Украина ҳамлаи ҷавобиро шуруъ карданд


Донетск, моҳи майи 2023
Донетск, моҳи майи 2023

Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, ки ҳамлаи ҷавобии Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шуруъ шудааст.

"Ҳамлаи ҷавобӣ чанд рӯз аст, ки идома дорад, ин ҷанги шадид дар тӯли 1500 километр марз аст, аммо ҳаракат шуруъ шудааст", - гуфт вай дар суҳбат бо расонаҳо.

Подоляк афзуд, Украина тасмим надорад, бо аслиҳае, ки аз ҳампаймононаш гирифтааст, ба ҳудуди Русия зарба занад.

Вай гуфт, ин аслиҳа барои зарба задан ба мавқеъҳои Русия дар ҳудудҳои ғасбшуда, аз ҷумла Донбасс ва Қрим истифода бурда мешавад.

"Ҳоло мо мушакҳои дурпарвози Storm Shadow, тонкҳои Leopard, низомҳои зиддимушакие дорем, ки Фаронсаву Италия ба мо додаанд. Ҳавопаймоҳои F-16 билохира ба мо имкон медиҳанд, ки фазои худро муҳофизат кунем", - гуфт Подоляк.

Вай илова кард, ки "агар як сол пеш F-16 медоштем, ҷанг ҳоло тамом шуда буд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG