Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари мухолифи қирғиз Равшан Ҷеенбеков боздошт шуд


Салкиной Олимбоева, ҳамсари Равшан Ҷеенбеков

Салкиной Олимбоева, ҳамсари сиёсатмадори зиндонӣ ва собиқ вакили порлумони Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков 25 май аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шудааст.

Разак Ашимбоев, вакили дифои Олимбоева ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон соатҳои 8-и шаб шахси зери ҳимояашро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд ва то ҳол наметавонад бо вай тамос гирад. Сабаби боздошти ӯ низ маълум нест.

Писари Олимбоева, Азат Равшан шоми 25 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки бозпурсии модари ӯ соати 12-и нисфирӯзӣ оғоз шуда буд ва то ҳол наметавонанд бо ӯ тамос гиранд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон боздошти Олимбоеваро шарҳ намедиҳад.

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон ахиран дороиҳои 12 гумонбар дар доираи "парвандаи Кампиробод"-ро, ки яке аз онҳо Равшан Ҷеенбеков аст, ба ҳабс гирифтанд.

Зидди гумонбарони "парвандаи Кампиробод" бо банди нав - "кӯшиши ғасби қудрат аз роҳи зурӣ" парванда боз шудааст. Вакилони дифои гумонбарон мегӯянд, тафтишот тақрибан ба поён расидааст.

XS
SM
MD
LG