Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BBC: 40 тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина кушта шудаанд


Тонки харобшудаи Русия дар Украина
Тонки харобшудаи Русия дар Украина

На камтар аз 93 зодаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия зидди Украина кушта шудаанд:

  • 40 кас аз Тоҷикистон;
  • 34 нафар аз Узбекистон;
  • 19 тан аз Қирғизистон.


Ин рақам дар таҳқиқоти нави рӯзноманигории Би-Би-Сӣ зикр шудааст.

Ба гузориши Би-Би-Сӣ аз 14-уми июн, ин афрод аз тарафи Русия ба майдонҳои ҷанг бурда шудаанд. Баъзе аз онҳо зиндонӣ буданд.

То ин дам хабари кушта шудани беш аз бист шаҳрванди Тоҷикистон, асосан зиндониён, дар ҷанги Русия зидди Украина расонаӣ шудааст. Пайвандонашон гуфтанд, ҷасади онҳоро дастрас карда, дар зодгоҳашон дафн карданд. Бархеро дар Русия гӯрондаанд.

Шӯҳрат Аҳмадзода, як масъули намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, моҳи феврали имсол гуфт, “онҳо тибқи қонунгузории Русия ва бо ризояти худ ба ҷанг рафтаанд.”

Наздикони чанд зиндонии кушташуда гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ аз маҳбасҳои Русия ба ҷанг бурданд.

Дар умум аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста шудааст, ки дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ иштирок накунанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG