Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як тасодуф дар Хатлон шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак ҳалок шудаанд


Мошине, ки дар садамаи пурқурбонӣ ба об афтода буд, пайдо карданд
Мошине, ки дар садамаи пурқурбонӣ ба об афтода буд, пайдо карданд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мошинеро, ки бар асари сонеҳа ба рӯдхонаи Ёвонсӯ сарозер шуда буд, аз об берун карданд.

Рӯзи 22-уми июл мошине дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба рӯдхонаи Ёвонсӯ афтодааст ва шаш нафар мусофирони он, аз ҷумла се хурдсол, ба ҳалокат расиданд.

Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади чор нафар дар мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд.

Дар навори виедеоие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, сокинон талош доранд, ҷасадҳо ва мошини тахрибшударо аз об берун оранд. Сабаби тасодуфро мақомот таҳқиқ доранд.

Як сокини ноҳияи А. Ҷомӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мошине, ки ба сонеҳа дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд чаппа шудааст.

Дар Тоҷикистон тасодуфҳи пурқурбонӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ҳамарӯза аз гушаву канори кишвар хабари ҳалокати сокинон дар роҳ расонаӣ мешавад.

Рӯзи 2-уми июл дар бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шуданд.

Нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД пештар навишта буд, дар се моҳи аввали имсол тақрибан ҳар рӯз як нафар дар тасодуфҳои нақлиётӣ ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG