Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Филми "Барби" 1 млрд. доллар даромад овардааст

Марго Робби, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми "Барби"
Марго Робби, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми "Барби"

Филми мазҳакавии "Барби" баъди ба намоиш даромадан дар саросари дунё, бештар аз 1 млрд. доллар даромад овардааст. Дар ин бора созандагони филм хабар доданд.

Ин миқдор даромадро филми муаллиф Грета Гарвиг баъд аз 17 рӯзи ба намоиш гузоштан ҳосил кардааст.

Айни замон "Барби" аз рӯи даромад миёни филмҳои дар соли 2023 сохташуда дар мақоми дувум қарор дорад. Мақоми аввалро "Бародарони Супер Марио" бо 1,35 млрд. доллари даромад ишғол мекунад. Миёни ҳамаи филмҳое, ки ба намоиш гузошта шудаанд, "Барби" аз рӯи иҷораи муваффақона аллакай дар мақоми 45 қарор дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, "Барби" пурфурӯшандатарин филмест, ки аз сӯи коргардони зан бардошта шудааст. То ин замон филми "Зан-Муъҷиза"-и Пэтти Ҷенкинс муваффақ ба ҳисоб мерафт, ки соли 2017 ба намоиш даромада ва 822 млн. доллар даромад оварда буд.

Ин филм дар бораи зиндагии лухтакҳо дар ҳаёти воқеӣ нақл мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Хадамоти махсуси ИМА: Украина ба қароргоҳи Путин ҳамла накардааст

Қароргоҳи Путин дар Новгород
Қароргоҳи Путин дар Новгород

Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хулосае расидааст, ки Украина кушиши ҳамла ба қарорҳои Владимир Путинро накардааст. Дар ин бора чанд расона, аз ҷумла CNN, Ню-Йорк Таймс ва The Wall Street Journal бо такя ба манобеашон гузориш додаанд.

Ба гузориши ин расонаҳо, Ҷон Рэтклифф, роҳбари Хадамоти иктишофии Амрико ё СРУ ба Доналд Трамп гузориш додааст, ки истихборот изҳороти мақомдорони Русия дар бораи ҳамла ба қароргоҳи Путинро боварбахш намеҳисобад.

Ба гуфтаи манобеи The Wall Street Journal, СРУ парвози бесарнишинҳои украинӣ ба вилояти Новгородро тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст ҳадафи ин паҳподҳо як маркази низомӣ буд, ки қаблан ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Мақомоти Русия, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ин кишвар мегӯянд, неруҳои Украина шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород ҳамла карданд. Аммо мақомоти Русия барои исботи гуфтаашон ягон далел наоварданд. Неруҳои Русия гуфтаанд, далелҳои худро ба Амрико ирсол мекунанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский талоши ҳамла ба қароргоҳи Путинро рад карда, онро "дуруғи навбатии Маскав" хонд.

Ду корманди БДА дар Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ду корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар ноҳияи Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтаанд. Ҳодиса 1-уми январ рух додааст.

Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба минтақаи Варзоб сафарбар шуда буданд ва дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ зери тарма монданд.

Як манбаъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷасади ду афсарро аз зери тарма бароварда, ба наздикон доданд.

Дар назар аст, ки 2-юми январ маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод баргузор шавад.

Намояндагони ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ ҳастанд, то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Давоми як ҳафтаи ахир ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир миёни пойтахт ва шимоли кишвар мушкил шудааст.

Ширкати IRS мегӯяд, боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошинҳои зиёде дар роҳ дармондаанд.

Масъулияти нигоҳбонии роҳи Душанбе-Чаноқ ба ӯҳдаи ширкати IRS аст ва ширкат барои ин кораш аз ронандагон маблағ мегирад. Молики ширкат маълум нест.

Тоҷикистону Узбекистон кори як гузаргоҳи асосиро васеътар мекунанд

Тоҷикистон ва Узбекистон ба созиш расидаанд, ки фаъолияти як гузаргоҳ дар марзи ду кишварро васеътар кунанд, то мошинҳо зиёд мунтазир намонанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, бар асоси созиш дар назди гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти зуди санадҳо гузаронад.

Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразм" дар минтақаи марзии шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва ноҳияи Ургути Узбекистон ҷойгир шудаанд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, ду тараф имкониятҳои зиёд кардани шумораи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли онҳоро ба шакли электронӣ баррасӣ доранд.

Пештар ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон шикоят доштанд, ки рухсатнома барои интиқоли молу колоро саривақт гирифта наметавонанд.

Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистону Узбекистон ба шумор мешавад. Қаблан ронандагони мошинҳои боркаш дар инҷо ва ҳам гузаргоҳи "Ойбек-Фотеҳобод" аз зиёд будани навбатпоӣ шикоят доштанд.

Даҳҳо кушта ва сад захмӣ дар сӯхторе дар Швейтсария

SWITZERLAND-ACCIDENT-EXPLOSION-TOURISM-POLICE
SWITZERLAND-ACCIDENT-EXPLOSION-TOURISM-POLICE

Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохта ва 100 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳоли аксари маҷруҳон “вазнин” гуфта мешавад.

Хабаргузории Reuters гузориш дод, ки ҳодиса ҳангоми таҷлил аз Соли нав дар як клуби серодам соати 1:30-и шаб рӯй дод.

Ба иттилои Би-би-сӣ, ба ҷойи ҳодиса даҳ чархболу чиҳил мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода шуд.

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.

Пулис дар аввал гуфта буд, ки таркиш рух додааст.

Мақомоти Швейтсария гуфтаанд, ҳодиса бештар ба як тасодуф монанд аст, на ба ҳамлаи барқасдона.

Путин аз бовараш ба пирӯзӣ гуфт, Зеленский аз сулҳу истодагарӣ

Владимир Путин (чап) ва Владимир Зеленский (рост)
Владимир Путин (чап) ва Владимир Зеленский (рост)

Раисҷумҳури Русия бахши асосии паёмашро дар шаби соли нав ба ширкатдорони “амалиёти махсуси низомӣ” бахшид. Маскав ҷанги густурдаашро дар Украина расман чунин меномад.

Владимир Путин рӯзи 31-уми декабри 2025 низомиёни Русияро "қаҳрамон" хонд ва иддао кард, ки онҳо барои “ҳақиқат ва адолат” мубориза мебаранд.

Вай бо ибрози боварияш ба пирӯзӣ, аз мардум хост, бо сухан ва амал низомиёнро дастгирӣ кунанд, аммо дар бораи сулҳ ва поён додан ба ҷанг дар Украина ҳарфе ба забон наовард.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёми солинавии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истодагарӣ ва заҳмати украиниҳо, бавижа низомиён, ситоиш кард.

Ӯ гуфт, сокинони Украина "қобилияти ҳамкорӣ ва инсондӯстӣ"-ро бо худ ба соли 2026 мебаранд. "Мо ба сулҳ бовар дорем, барои он мубориза мебарем ва барои он кор мекунем," – навишт ӯ.

Паёми раҳбарони Русия ва Украина дар ҳоле садо дод, ки вазъ дар майдони ҷанг душвор мемонад ва ҳарду ҷониб ба якдигар бо мушаку паҳпод зарба мезананд.

Русия аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳамлаи густурдааш дар хоки Украина беист идома медиҳад.

Ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона доданд

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон карданд, ки ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари кушташудаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хона доданд. Наврӯзбеков ҳафтаи гузашта дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон кушта шуд.

Тибқи хабаре, ки ҳукумати ВМКБ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, ба хонаводаи ин афсари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ дода шудааст. Дар хабар омадааст, ки мақомот дар оянда ба хонаводаи афсари кушташуда кумак хоҳанд кард.

Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ рӯзи 24 декабр дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддин кушта шудаанд. Мақомоти тоҷик ҳамлаваронро гурӯҳи террористӣ ном бурданд.

Бар пояи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Зиреҳбон Наврӯзбекови 33-сола бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва пайкарашро баъди ташхису шиносоӣ ба зодгоҳаш фиристоданд.

Исматулло Қурбонови 28-сола дар ин ҳодиса ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои минтақа афтода буд ва як рӯз баъд ҷасади ӯро берун оварданд ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба хок супурданд.

Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.

"Толибон" мегӯяд, шумори нерӯҳояшро дар соли 2025 бештар кард

Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, дар соли 2025 шумори нерӯҳои амниятӣ ва дифоии омӯзишдидааш дастикам 300 ҳазор тан расидааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон", рӯзи 31-уми декабр дар гузориши солона дар шабакаи Х навишт, дар соли гузашта Вазорати дифои онҳо шумори нерӯҳои омӯзишдидаи амниятиро ба 181 ҳазору 84 тан расонд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунон дар ҷараёни як сол 100 ҳазору 300 пулис дар бахшҳои амниятӣ, ҷиноӣ, марзӣ ва дигар соҳаҳо омӯзиш дида ва фориғуттаҳсил шуданд.

Бо ин ҳол, ӯ мушаххас накардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон" ба чӣ теъдод мерасад.

Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон", баҳори соли 2024 дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иддао карда буд, ки шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи онҳо ба 500 ҳазор тан мерасад.

Ҳамчунин Кумитаи назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дар навтарин гузориши худ дар нимаи моҳи декабр эълон кард, ки дастгоҳи амнияти "Толибон" байни 380 то 450 ҳазор фард дорад. Ҳудуди 150 ҳазор тани он нерӯҳои дифоӣ ва наздик ба 200 ҳазор тани дигар пулис ва нерӯҳои истихборотӣ будаанд.

Дар ин гузориш омада буд, ки дар нимаи нахусти соли молии 2025 хароҷоти "Толибон" дар бахши амниятӣ ба 55,2 миллиард афғонӣ (беш аз 830 миллион доллар) расидааст, дар ҳоле ки 64,2 миллиард афғонӣ дар дигар бахшҳо харҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон ва сокинони ин кишвар мегӯянд, дар шароите ки фақр, тангдастӣ ва бекорӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, бештар кардани нерӯҳои амниятии "Толибон" авлавият нест, балки ба гуфтаи онҳо, бояд барои беҳбуди вазъияти мардум кор сурат бигирад.

Захмӣ шудани 4 тан дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Одесса

Мақомҳои маҳаллӣ дар Украина рӯзи 31-уми декабр гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия чаҳор нафар, аз ҷумла се кӯдак дар шаҳри Одесса захмӣ шуданд.

Раиси Идораи низомӣ дар минтақаи Одесса дар Телеграм навишт, "ҳавопаймоҳои бесарнишин ба зерсохтҳои истиқоматӣ ва энержии минтақа ҳамла карданд".

Ин ҳамлаҳо пас аз он рух дод, ки Украина ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба яке аз иқоматгоҳҳои президенти Русия Владимир Путин рад кард ва Маскавро ба пахши маълумоти нодуруст барои халалдор кардани гуфтугӯҳои поёни ҷанг муттаҳам намуд.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский иддаои Русияро "комилан бофта" хонд ва гуфт, ният дорад шашуми январ бо раҳбарони кишварҳои ҳампаймони Киев дар Фаронса мулоқот кунад.

Кремл рӯзи 30-юми декабр нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гуё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико охири ҳафтаи гузашта гуфт, созиш барои поёни ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳамеша наздиктар аст, аммо ҳеч пешрафти мушаххасе дар бораи вогузории қаламрав пас аз гуфтугӯҳои нав бо раҳбарони кишварҳои даргир гузориш нашуд.

Вокуниши Раҳмон ба ҳодисае, ки Русия танқид кард, вале Украина “дурӯғ” хонд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри 2025
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри 2025

Дар ҳоле ки мақомоти Украина хабари ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород напазируфтанд, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум кардааст. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми декабр дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Владимир Путин садо додааст.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, “чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар (Русия) ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд.”

Вазири корҳои хориҷии Русия нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гуё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд. Сергей Лавров гуфт, дар ин ҳамла 91 паҳпод истифода шуд, аммо ягон талафот ва зараре дар пай надошт.

Президенти Украина Владимир Зеленский изҳороти вазири корҳои хориҷии Русияро “дурӯғи навбатии Маскав” хонд. Ба гуфтаи Зеленский, Русия талош дорад ба раванди музокироти сулҳ халал расонда, барои ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ дар Киев баҳонае омода кунад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия таҳдид кардааст, ки артиши Русия макон ва замони ҳамлаи ҷавобиро дақиқ кардааст. Сергей Лавров гуфтааст, Маскав аз раванди музокирот бо Амрико бар сари поёни ҷанг дар Украина берун намешавад, аммо мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфтааст, дар гуфтугӯи охири телефонии Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мавзӯи ҳамла ба қароргоҳи президентӣ дар Новгород баррасӣ шуд.

Дар ҳоле ки Кохи Сафед дар ин бора чизе нагуфтааст, ёвари президенти Русия мегӯяд, Трамп аз хабари ин ҳамла ҳайратзада шудааст. Ба гуфтаи Ушаков, Владимир Путин ба Трамп гуфтааст, ҳамла бепосух намемонад ва Русия мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.

Сухангӯи Кохи Сафед дар шабакаи X навишт, Доналд Трамп бо Путин дар бораи Украина “суҳбати муфид” дошт, аммо ҷузъиёт надод. Худи Трамп дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, аз талоши ҳамла ба қароргоҳи Путин “хашмгин” шудааст, чун “феълан замони муносибе барои чунин кор нест”.

Имзои санад миёни Хадамоти алоқа ва як ширкати чинӣ

Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамкориро бо як ширкати чинӣ дар бахши мухобирот оғоз кардааст, ки солҳо боз барои суръати сусти интернет танқид мешавад. Ёддошти тафоҳум дар ин бора 29-уми декабр имзо шуд.

Дар хабарномаи Хадамоти алоқа омадааст, ки ҳадаф аз имзои санад бо ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development, ҳамкорӣ "дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ" дар Тоҷикистон аст.

Ҷузъиёти бештари ёддошти тафоҳум ва шарту шароити ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ маълум нест.

Намояндагони Хадамоти алоқа пештар гуфта буданд, барои беҳтар кардани сифат ва суръати интернет аз Чин таҷҳизот ворид мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз эҳтимоли такрори таҷрибаи Чин дар мавриди маҳудияти сокинон дар дастраси ба интернет нигаронанд.

Тибқи эълони намояндагони Хадамоти алоқа, қарор аст то соли 2028 дар тамоми кишвар 7600 пойгоҳҳои чинӣ насб шавад.

Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо заифтарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад.

Туркия аз боздошти садҳо тан ба гумони узвият дар ДОИШ хабар дод

Намое аз шаҳри Истанбул.
Намое аз шаҳри Истанбул.

Вазири корҳои дохилии Туркия эълон кард, ки пулиси ин кишвар рӯзи 30 декабр дар амалиёти сартосарӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, 357 гумонбарро боздошт кардааст.

Ин амалиёт як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҷараёни як даргирии мусаллаҳона дар шимол-ғарби Туркия, се афсари пулис ва шаш фарди мусаллаҳ кушта шуданд.

Алӣ Ерликая, вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ дар 21 вилояти ин кишвар амалиёт анҷом додаанд.

Пеш аз ин, дафтари Додситонии Истанбул эълон карда буд, ки пулис ба 114 мавқеъ дар Истанбул ва ду вилояти дигар юриш бурда, миқдори зиёде санад ва маводҳои дигиталиро мусодира кардааст.

Як ҳафта пеш низ беш аз 100 гумонбар ба узвият дар ДОИШ бинобар тарҳрезии эҳтимолии Крисмас ва Соли Нав, боздошт шуда буданд.

Даргузашти Холида Зиё, аввалин нахуствазири зан дар Бангладеш

Холида Зиё, нахуствазири пешини Бангладеш.
Холида Зиё, нахуствазири пешини Бангладеш.

Холида Зиё, нахустин сарвазири зан дар таърихи Бангладеш ва рақиби аслии Шайх Ҳасина, раҳбари барканоршудаи ин кишвар, пас аз бемории тӯлонӣ дар сини 80-солагӣ даргузашт.

Ҳизби миллигарои Бангладеш (BNP) ба раҳбарии Холида Зиё рӯзи 30 декабр эълон кард, ки ӯ соати шаши субҳ даргузаштааст.

Холида Зиё қасд дошт дар моҳи феврали оянда барои савумин бор низ ба унвони нахуствазир номзад шавад.

Ин интихобот нахустин интихобот пас аз он хоҳад буд, ки дар натиҷаи инқилоби мардумӣ дар соли 2024, Шайх Ҳасина аз қудрат барканор шуд.

Холида Зиё пас аз он дар соли 1991 ба мақоми нахуствазирии Бангладеш расид, ки шавҳараш Зиёурраҳмон, раисҷумҳури вақти он кишвар, ба қатл расид.

Ӯ давраҳоеро дар зиндон ва низ дар ҳабси хонагӣ сипарӣ карда буд. Пас аз барканории Шайх Ҳасина аз қудрат, Холида Зиё аз иттиҳомоти фасод сафед шуд ва иҷоза ёфт барои табобат ба Лондон сафар кунад.

Ёрии башардӯстонаи Саудӣ ба 7 ҳазор оилаи камбизоати тоҷик

Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

Як маркази имдодии Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона медиҳад.

Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон 30-юми декабр зимни ҳамоише дар Душанбе гуфтанд, ба 35 ҳазор кас 7060 сабади хӯрока тақсим карда мешавад.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, маблағи кӯмакҳо 350 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Қарор аст ин ёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон аз тариқи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба камбизоатон тақсим карда шавад.

Моҳи Рамазон дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2026 фаро мерасад.

Маркази имдоди Шоҳ Салмон аввали соли 2025 ҳам ба 7 ҳазор хонаводаи камбизоати Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона дода буд. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.

Аммо сифати ин маҳсулот интиқоди баъзе хабарнигоронро ба миён овард, ҳарчанд намояндагони Сафорати Арабистон гуфтанд, онҳо пул медиҳанд ва маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд.

Шариф Назаров, мураббии варзидаи футболи тоҷик, даргузашт

Акси Шариф Назаров аз бойгонӣ
Акси Шариф Назаров аз бойгонӣ

Шариф Назаров, мураббии шинохтаи футболи тоҷик, пас аз бемории вазнину тӯлонӣ рӯзи 30-юми декабр дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 80 сол дошт.

Ин зодаи ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) дар солҳои 60-70-уми садаи гузашта дар дастаҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа ва “Помир”-и Душанбе ҳимоятгар буд.

Ӯ аслан ба ҳайси мураббии футбол машҳур шуд. Хидмати Шариф Назаров дар дастовардҳои “Помир”-и Душанбе беназир мебошад. Маҳз таҳти раҳбарии вай “Помир” ба лигаи олии қаҳрамонии СССР (1988) роҳхат гирифта, сипас то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар лигаи олӣ муваффақона бозӣ кардааст.

Таҳти раҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) гардид. Вай дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” дар Намангони Узбекистон буд.

Назаров соли 1997 боз ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанберо ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар кардааст.

Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.

“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974) ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав (1983), мураббии шоистаи Тоҷикистон (1977) солҳои 1986-88,1989-95,1997-98 сармураббии “Помир”, солҳои 1992-95, 1999, 2003, 2005-2006 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Бо раҳбарии Шариф Назаров дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) гардидааст.

Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.

Шариф Назаров ягона намояндаи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба дарёфти унвони баландтарину фахрии “Мураббии шоистаи СССР” (1991) муваффақ гардидааст.

Имзои фармони нав дар бораи даъват ба артиш дар Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми декабр фармонеро имзо гузошт, ки маъракаи даъват ба артишро дар ин кишвар тамоми сол иҷоза медиҳад.

Мақомоти Русия нақша доранд, аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2026-ум 261 ҳазор ҷавони аз ҳаждаҳ то сисоларо ба хидмати сарбозӣ баранд.

Дар даъвати тирамоҳии имсола 135 ҳазор кас дар Русия ба хидмат ҷалб шудаанд. Ин омори калонтарин аз соли 2016 аст.

Думаи давлатӣ ё порлумони Русия моҳи октябри имсол дигаргуниро ба қонун дар бораи даъват ба артиш пазируфт. Бар асоси он, кумисюнҳои даъват тамоми сол кор мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия дар ҷанги зидди Украина, ки қариб чор сол боз идома дорад, сарбозони зиёдеро аз даст додааст ва аз ин роҳ мехоҳад мушкилашро ҳал кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG