Дар чанд ҷумла
Шикояти Хуршед Фозилов ва вакилони мудофеъашро рад кардаанд
Додгоҳи вилояти Суғд шикояти хабарнигори зиндонӣ Хуршед Фозиловро рад карда, қарори 7 сол ҳабси ӯро бетағйир гузоштааст.
Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 14-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Вакилони дифои Хуршед Фозилов пештар талаб доштанд, ки ҳукм бекор карда шавад.
Масъулони Додгоҳи олӣ гуфтанд, шикояти Хуршед Фозилов моҳи июли имсол рад шуд. Вакилони дифои рӯзноманигор ва наздиконаш ҳанӯз нагуфтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд ё не.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, бо радди шикояти кассатсионӣ ҳукм ба иҷро медарояд ва мумкин аст Хуршед Фозиловро аз боздоштгоҳ ба зиндон баранд.
Хуршед Фозилов дар моҳи марти имсол боздошт ва рӯзи 26-уми май ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.
Бародари рӯзноманигор, ки дар мурофиаи охирини додгоҳӣ ширкат кардааст, мегӯяд, иттиҳоми асосӣ нисбат ба Хуршед Фозилов ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор” аст, “вале мақомот далели кофӣ надоштанд”.
Дар як соли охир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Танқиду талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии хабарнигорон то ин дам натиҷа надодааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Арӯси нопадидшударо дар шаҳри Бохтар пайдо кардаанд
С.Д., арӯси 19-солаеро, ки рӯзи 7-уми март дар пайи як муноқиша аз хонаи шавҳараш дар ноҳияи Ёвон берун шуда, нопадид гашта буд, дар шаҳри Бохтар ёфтаанд.
Яке аз пайвандонаш рӯзи дуюми апрел гуфт, "ӯ дар онҷо дар як хона бо духтарон зиндагӣ мекардааст".
Ҷузъиёт маълум нест.
Ба суоли наздикон, кӣ чаро ин корро кард, С.Д. аз бародари шавҳараш шикоят карда, гуфтааст, ӯро азият медод ва дар ғайби шавҳараш мехост, ба утоқи хоби вай ворид шавад.
Наздикони шавҳари С.Д. қаблан дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои ҷониби арӯсро рад карда буданд.
Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми март аз нопадид шудани С.Д. хабар дод.
Пайвандонаш гуфта буданд, ӯро ҷустуҷӯ доранд ва ба нақли онҳо, вай дар пайи як моҷарои оилавӣ бедарак шуда буд.
С.Д. моҳи сентябри соли 2025 издивоҷ кардааст.
Бино бар эълонҳои ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар, аз ҷумла занону духтарон бедарак мешаванд. Афроди нопадидшудае низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аз онҳо нишоне пайдо нагаштааст.
Имтиҳони забони русиро барои кӯдакони муҳоҷир душвор номиданд
Вакилони порлумони Қирғизистон ҳангоми сафари худ ба Русия ба таври озмоишӣ дар санҷиш ё имтиҳони забони русӣ, ки аз кӯдакони муҳоҷирон барои қабул ба мактаб гирифта мешавад, ширкат намуда, онро душвор хондаанд.
Намояндагони Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон аз вакилони Думаи давлатии Русия хостанд, ки дар ин маврид чора андешанд.
Марлен Маматалиев, вакили қирғиз, гуфт, “таҷриба нишон медиҳад, ки аз санҷиш нагузаштани кӯдакони муҳоҷирон бештар на ба надонистани забони русӣ, балки ба омилҳои равонӣ вобаста аст. Мо дирӯз дар маркази тестӣ будем ва дидем, ки воқеан мушкилот ҷой доранд. Мехостем дар ин масъала кор бурда шавад, роҳи ҳал вуҷуд дорад”.
Вакили қирғиз пешниҳод кард, ки ҳадди ақал барои кӯдакон то синфи панҷ ин имтиҳон бекор карда шавад.
Русия аз моҳи апрели соли гузашта қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб дигар кард ва ҳоло ин гурӯҳи кӯдакон танҳо баъди гузаштан аз имтиҳони забони русӣ ва санҷиши санади иқомат ҳаққи таҳсил хоҳанд дошт.
Мақомоти ин кишвар гуфтанд, беш аз 87 дарсади фарзандони муҳоҷирон натавонистанд ба мактабҳои Русия дохил шаванд.
Чанде пеш вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар як соли охир беш аз 9 ҳазор кӯдаки тоҷик, ки аз мактабҳои Русия ронда ё дар онҷо аз таҳсил маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон баргаштаанд.
СММ: Ҷанг дар Ховари Миёна ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир мегузорад
Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки ҷанг дар Ховари Миёна ва маҳдуд шудани интиқоли сӯзишворӣ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Ба навиштаи Муассисаи Тиҷорат ва Рушди СММ нархи баланди сӯзишворӣ дар дарозмуддат метавонад боис ба афзоиши таваррум ва нархи зиндагӣ дар кишварҳои олам гардад.
Аз ин рӯ, суоли кай хотима ёфтани ҷанг дар маркази таваҷҷуҳи бисёриҳо қарор дорад ва интизор мерафт, ки посухи онро аз паёми президенти Амрико Доналд Трамп пайдо хоҳанд кард.
Доналд Трамп шаби якуми апрел дар аввалин паёмаш ба мардуми Амрико аз оғози ҷанг дар Эрон гуфт, ки ҳадафҳо аз амалиёт дар Ҷумҳурии Исломӣ тақрибан иҷро шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ин амалиёт дар ду -се ҳафтаи оянда бо пирӯзӣ хотима меёбад.
Вай ҳамзамон ишора кард, ки агар дар музокирот раҳбарони Эрон шартҳои Амрикоро қабул накунанд, имкон дорад, ки ҳамлаҳои Амрико бештар шаванд. "Мо дар ду-се ҳафтаи оянда онҳоро бо зарбаҳои вазнин мувоҷеҳ мекунем," – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Амрико эътироф кард, ки нархи маводи сӯхт боло рафтааст, вале ба қавли ӯ "ин натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба киштиҳои тиҷоратӣ ва кишварҳои ҳамсоя аст, ки дер идома нахоҳад кард.
Ҳурмуз. Нуқтае, ки сарнавишти нафту гази ҷаҳон ҳал мешавад
Эрон дар охири моҳи феврал дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард. Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.
Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд. 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.
Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.
Ба иттилои хадамоти бритониёии амнияти баҳрӣ, то миёнаи моҳи март ҳудуди 25 киштӣ зарар дидаанд ва ё ба онҳо ҳамла шудааст. Бисёре аз ширкатҳои соҳиби киштӣ гардишро дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ карданд. Созмони Милал мегӯяд, дар обҳои Халиҷи Форс ва дар наздикии тангаи Ҳурмуз даҳҳо киштӣ банд монда, ҳазорон маллоҳ мунтазири гузаштани бехатар аз оброҳаи ҷанҷолӣ ҳастанд.
“Ҷасадҳоро дафн карданд.” Кушта шудани ду зану як кӯдак дар Кӯлоб
Ҷасади ду зани ҷавон ва як кӯдаки шашсоларо, ки шаби 2-юми апрел дар хонаашон дар шаҳри Кӯлоб кушта шудаанд, ба хок супурданд.
Сабаби куштор ҳанӯз маълум нест.
Ҳодиса дар маҳаллаи 8-уми Кӯлоб рух дода, ҳанӯз гумонзад ё гумонбарҳо ба қатл боздошт нашудаанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шуд.
Ҳамсуҳбати дигари мо дар мақомоти интизомӣ гуфт, дар бадани хоҳарон, Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, ки ҳомила будааст, панҷ зарби кордро диданд.
Ба қавли ӯ, Абубакр Қурбонов, хоҳарзодаи шашсолаи онҳо аз ду зарби корд захмӣ шуда, дертар дар бемористони шаҳр ҷон бохтааст. Ӯ писари Фотима Қурбонова, духтари дигари ин хонавода будааст, ки ҳоло дар Русия қарор дорад.
Шомаҳмад Қурбонов, падари Зуҳро ва Таҳмина, дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар ҳолати афсурдагӣ аст ва намедонад, ки чаро ду духтар ва як наберааш бераҳмона кушта шудаанд. Ӯ хоҳони таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса аст.
Намози ҷанозаи ин се нафар рӯзи 2-юми апрел дар масҷиди ҷомеи Кӯлоб, ки бо номи масҷиди “Мулло Ҳайдар” маъруф аст, баргузор гашт.
Аз аввали сол бори сеюм аст, ки дар Кӯлоб куштори пурсарусадо рух медиҳад.
Рӯзи 8-уми феврал Қурбоналӣ Маҳмудов, як сокини Кӯлоб дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” буд.
Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ як ҳамсолашро гумонбар дониста, боздошт кардаанд.
Трамп ҳушдор додааст, ки кумаки низомӣ ба Украинаро қатъ мекунад
Доналд Трамп, президенти ИМА таҳдид кардааст, ки агар шарикони аврупоӣ барои боз шудани тангаи Ҳурмуз ёрӣ надиҳанд, кумакҳои низомӣ ба Украинаро қатъ хоҳад кард.
Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки беш аз 20 дарсади нафти ҷаҳон аз тариқи он интиқол меёбад, беш аз як моҳ боз пас аз ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон баста шудааст.
Пештар Трамп аз кишварҳои узви паймони НАТО хоста буд, ки дар боз кардани тангаи Ҳурмуз кумак кунанд, вале онҳо рад карданд.
Нашрияи Financial Times навиштааст, Трамп ҳушдори қатъи кӯмак ба Украинаро додааст.
Баъди ин, рӯзи 19-уми март Фаронса, Олмон ва Баритониёи Кабир эълон карданд, ки барои амнияти убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз саҳм мегузоранд.
Баста шудани амалии тангаи Ҳурмуз аз сӯи Эрон дар як моҳи гузашта ҷараёни ҷаҳонии интиқоли нафтро халалдор кард, ки он боиси ҷаҳиши қиматҳо дар саросари ҷаҳон шудааст.
Аз сокинони Душанбе хостанд, танҳо аз таксиҳои "Jura" истифода баранд
Мақомот дар Душанбе аз сокинон хостанд, ки аз таксиҳои маъруф "ба 10 сомона" истифода набаранд ва рӯ ба таксиҳои расмӣ, яъне "Jura биёранд.
"Душанбенақлиётхадамотрасон", Корхонаи тобеи ҳукумати Душанбе рӯзи якуми апрел дар муроҷиате аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки ҳангоми зарурат танҳо аз таксиҳои "рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангаш зард", истифода баранд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ронандагони ин навъи нақлиёт пайваста аз муоинаи техникӣ гузашта, аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар ин навъи таксиҳо ба таъкиди мақомот, камераҳои мушоҳидавӣ насб шуда, раванди хидматрасонӣ назорат мешавад.
Таксиҳои "10-сомона", ки шуморашон дар шаҳр нисбат ба солҳои пеш кам шудааст, дар Душанбе новобаста ба масофаи ҳаракат аз мусофирон 10 сомонӣ роҳкиро мегиранд ва аксари сокинон, дар роҳҳои сермошини пойтахт барои равуо ба гӯшаҳои дуртари шаҳр аз ин навъи таксиҳо истифода мебаранд.
Таксиҳои бо номи "Jura", ки ҳоло мақомот аз сокинон хостаанд, бештар аз он истифода кунанд, вобаста ба масофаи ҳаракат ва барои интизорӣ, аз ҷумла дар тамбашавиҳо аз мусофирон пул мегиранд ва ин ба ҷайби на ҳама мусофирон мувофиқ аст.
Шикоят аз кори ин мусофиркашҳо ҳам дар шаҳр кам нест. Дар ҳамин ҳол, пулиси Душанбе аз муҷозоти 7 ронандаи таксӣ хабар додааст, ки ба итилои ин ниҳод, ғайриқонунӣ ба мусофиркашӣ машғул буданд.
Як пажӯҳиш Тоҷикистонро дар баробари таҳдидҳои террористӣ осебпазир гуфт
Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягии Афғонистон қарор дорад, осебпазиртарин кишвар дар баробари таҳдидҳои террористӣ дар минтақа будааст. Хатари терроризм дар ин кишвар дар соли 2026 "муътадил" арзёбӣ шудааст.
Ин хулосаи Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ аст, ки ҳар сол шохиси таҳдидҳои теророристиро дар саросари ҷаҳон нашр мекунад. Бино ба гузориши нави ин пажӯҳишгоҳ, мавқеи Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта бадтар шудааст.
Дар раддабандии таҳдидҳои террористӣ имсол кишвар дар мавқеи 41-ум ҷой гирифтааст ва соли гузашта дар зинаи 70-ум қарор дошт ва ин нишондиҳанда ба маънои хеле кам будани таҳдидҳо буд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ҳарчанд вазъият дар Тоҷикистон дар муқоиса бо минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳон босубот боқӣ мемонад, аммо хатарҳо ҳамчунон зиёданд.
Узбекистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 96-ум ҷойгир шуда, таҳдидҳои амниятӣ дар ин ва кишварҳои дигари минтақа хеле кам будааст.
Дар маҷмӯъ, дар Шохиси ҷаҳонии терроризм дар соли 2026 гуфта шудааст, ки сатҳи таҳдидҳо дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш аст ва шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар муқоиса бо соли гузашта 22 дарсад ва теъдоди қурбониёни он 28 дарсад кам шудааст.
Бо ин вуҷуд, дар кишварҳои ғарбӣ афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад ва коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар пасманзари муноқишаҳои нави ҷаҳонӣ, эҳтимол дорад ояндаи наздик таҳдидҳои террористӣ дубора зиёд шаванд.
Собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамлаҳо ба Теҳрон захмӣ шуд
Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки Камол Харрозӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии он кишвар, рӯзи 1 апрел дар ҳамлаҳо ба Теҳрон, захмӣ шудааст. Бар пояи хабарҳо, ҳамсари Камол Харрозӣ дар ин ҳамла ҷон бохтааст.
Харрозӣ раиси Шӯрои раҳбурдии робитаҳои хориҷӣ аст ва ҳамчунин мушовири байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад.
Ба гузориши рӯзномаҳои "Шарқ", "Эътимод" ва "Ҳаммеҳан", хонаи ӯ дар Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаҳое, ки ба Амрико ва Исроил рабт дода мешавад, ҳадаф қарор гирифт.
Ин расонаҳо афзудаанд, ки ӯ дар пайи ин ҳамла ба шиддат захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Ду мақоми эронӣ субҳи панҷшанбе бан "Ню-Йорк Таймз" гуфтанд, ки Харрозӣ дар ҳоли пайгирии гуфтугӯ бо Покистон барои баргузории эҳтимолии дидор миёни мақомҳои эронӣ ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико будааст.
Ба гуфтаи ин мақомҳо, ҳадаф қарор додани Харрозӣ, ҳамчун талоше барои халалдор кардани раванди дипломатӣ хонда мешавад.
Парванда зидди афсари ВКД бо иттиҳоми қатли як сокини Ванҷ
Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ нисбати Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо иттиҳоми қатли як сокини ноҳияи Ванҷ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Моҷаро нимаи дувуми моҳи март гӯё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти ошкор нашудани номаш рӯзи 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи куштори Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз тарафи афсари Вазорати корҳои дохилӣ, махфӣ идома дорад ва пас аз айбдор шудани афсари пулис бо ҷурми "куштори одам", ҳолатҳои дигари ин қазия мавриди бозрасӣ қарор доранд.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сабаби аслии бо худ доштани силоҳи оташфишон аз тарафи афсари пулис дар ҷойи ҳодиса ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ санҷида шуда, ба парванда илова мешавад. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, бо анҷоми тафтишот парванда ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ фиристода хоҳад шуд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муттаҳам дар қатли Саломатшо хабар доранд.
Ӯ афзуд, азбаски парванда махфӣ аст ва ҳодисаи мавриди санҷиш қарор дорад, аз ҷузъиёти бештар хабар надоранд. "Мо интизор ҳастем, ки тафтишот дақиқ ва боадолатона сурат мегирад ва афсари пулис ба ҷазои сазовораш хоҳад расид"-, гуфт Неъмат Ғалчаев.
Неъмат Ғалчаев дар идома гуфт, то ҷое хабар доранд, ҳоло муфаттишон талош доранд, муайян кунанд, ки афсари пулис бо кӣ робита доштааст -- духтари мактабхон ваё модари ӯ.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ рӯй дод. Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро гуё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
"Афсар тахминан соати 9-10-и шаб бо мақсади дидорбинӣ бо хонандаи синфи даҳум ба деҳа омадааст. Бо Саломатшо рӯ ба рӯ шуда, ҷанҷол мекунанд. Сипас Ивазмад Қодиров бо истифода аз силоҳи табелии худ ба тарафи Ғалчаев тир мекушояд ва ӯ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст",–афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Ин манбаъ гуфт, "афсари ВКД командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ ва аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст".
Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Боздошти як муҳосиб дар Варзоб барои "тасарруф"-и беш аз 1 млн сомонӣ
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи санҷиш тасарруфи беш аз 1 миллион сомонии маоши кормандони як беморхонаро ошкор кардааст.
Ин ниҳод рӯзи 31-уми март дар хабарномае навиштааст, ки муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бо истифода аз ваколатҳои мансаби худ ва "барзиёд нишон додани маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳо", дар солҳои 2022- 2025 беш аз 1 миллиону 147 ҳазор сомониро аз худ кардааст.
Бино ба хабари Оҷонсӣ, Сиддиқов Б.Б ин амалҳоро дар давраи фаъолияташ ба ҳайси сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва баъдан муҳосиби ин корхона анҷом дода, "ба давлат зарари махсусан калон расондааст".
Мавқеи мансабдор ба ин иттиҳом маълум нест.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Сиддиқов бар асоси се модда, аз ҷумла, барои аз худ кардани моли давлат ва қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бори аввал нест, ки мансабдоре дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ба ҷиноят муттаҳам мешаванд. Қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷат ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумлаи иттиҳомҳои маъмул алайҳи онҳост.
То кунун бархе бо ҳамин далел боздошту зиндонӣ шуда, бархеи дигар бо пардохти ҷуброн аз ҷавобгарӣ озод гаштаанд.
Ҳушдори президенти Тоҷикистон аз "болоравии бесобиқаи нарх"
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли болоравии бесобиқаи нархи хӯрокворӣ дар соли равон ҳушдор дод.
Эмомалӣ Раҳмон 30-юми март бо такя ба "таҳлили коршиносон" гуфт, "бар асари ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд" ва "инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло меравад".
Вай аз мардум даъват кард, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва барои таъмини бозор бо маводи ғизоиву ҳифзи амнияти озуқаворӣ талош кунанд.
Барои ин, раисҷумҳури Тоҷикистон "истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб заминро" муҳим хонд.
Ин муроҷиат ва ҳушдор дар ҳолест, ки баъзе аз кишоварзон мегӯянд, мақомот зироати онҳоро вайрон ва деҳқонҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунанд.
Моҳи январи имсол вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, аз тахриби кишти гандум ва пахтакории маҷбурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо огоҳ аст ва зидди чунин амалҳост.
Баҳси камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳои Русия
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки танҳо 13-15 дарсади коргарон дар сохтмонҳои ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронанд.
Хабаргузории русии "Интерфакс" аз қавли Володин навиштааст, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзиливу коммуналӣ пайваста аз норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо шикоят мекунад.
Ин ниҳод сабаби асосии пеш омадани мушкилро ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия рабт додааст.
Вячеслав Володин дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, шумори коргарони хориҷӣ дар сохтмонҳо фақат то 15 дарсадро ташкил медиҳад ва таъкид кардааст, ки нерӯи кории муҳоҷирон ҳам арзон нест.
Ба гуфтаи вай, мушкили камбуди бинокоронро на бо ҷалби муҳоҷирон, балки бо роҳҳои дигар бояд ҳал кард.
Дар гузашта, вазири сохтмони Русия Игор Файзуллин аз эҳтимоли камбуди шадиди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳушдор дода буд. Ӯ сабаби ин вазъро, аз ҷумла, ба "сахттар шудани кори муҳоҷирон" рабт дода буд.
Ин баҳс дар ҳоле рӯ задааст, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори "Крокус Ситӣ", фишор ва ихроҷи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ва махсусан тоҷикон аз Русия ба таври бесобиқа афзоиш ёфт.
Банд мондани даҳҳо мошини боркаш дар марзи Узбекистону Тоҷикистон
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, беш аз даҳ рӯз аст дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон банд мондаанд.
Ин мошинҳо, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қазоқистону Эрон тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон молу маводи ғизоӣ ворид мекунанд, дар гузаргоҳи гумрукии "Дӯстӣ" миёни шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон барои дарёфти иҷозаи убури марз навбат истодаанд.
Ронандагон бо нашри наворе гуфтаанд, дар ин минтақа даҳҳо мошини боркаш ҷамъ омадаанд ва шикояти асосии онҳо аз кори кормандони гумруки Тоҷикистон аст ва бархе аз мошинҳо дар ин минтақа аз рӯзи 14-уми март банд мондаанд.
Шарҳи мақомоти гумрук дар ин бора дастрас нест.
Бархе аз ронандагон як сабабро дар гарон ва хурд будани истгоҳи гузаргоҳи гумрукӣ медонанд. Ба иддаои онҳо, барои зудтар гузаштан аз марз аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳудуди 200 доллар талаб мешавад.
Дар гузашта соҳибкорони узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурини гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои воридоти он монеагузорӣ мекунанд.
Мақомоти гумрук дар посух гуфтанд, монеа нест, вале бо сабаби дуруст набудани санадҳои пешниҳодӣ дар бештари мавридҳо ҳуҷҷатгузории молу маҳсулот бо таъхир сурат мегирад.
Селобҳои маргбор дар Афғонистон ҷони 27 танро гирифт
Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ дар ҳукумати Толибон рӯзи 30 март эълон кард, ки дар натиҷаи борандагӣ, селобҳо, лағзиши кӯҳ ва раду барқ дар як ҳафтаи ахир, 27 тан ҷони худро аз даст дода, 29 тани дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи омори ин ниҳод, то кунун 1130 хона қисман вайрон шуда, 92 километр роҳ ва беш аз 900 гектар заминҳои кишт осеб дида ва 244 сар ҳайвон талаф шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дафтари расонаҳои вилояти Нангарҳор рӯзи 30 март гуфт, ки дар чанд ноҳияи ин вилоят дар натиҷаи борандагиҳои сахти шаби якшанбе ду тан ҷон бохта, 12 тани дигар захмӣ шудаанд ва 27 хона ҳам вайрон шудааст.
Аз сӯи дигар, ҳукумати Толибон мегӯяд, ки бинобар ҷорӣ шудани селобҳо, шуморе аз шоҳроҳҳои муҳими транзитии Афғонистон, аз ҷумла, масири Бодғис-Форёб ҳанӯз ба рӯи рафтуомади баста мебошад ва кор барои бозкушоии ин масир идома дорад.
То 60 ҳазор рубл. Даромади муҳоҷирони таксиронро дар Русия ҳисоб кардаанд
Ширкати DBS Group даромади муҳоҷиронеро, ки дар Русия таксӣ меронанд, ҳисоб кардааст. Хабаргузории давлатии "РИА Новости" аз қавли муаллифони таҳқиқот навишт, бе дар назар гирифтани "чойпулӣ", онҳо ба ҳисоби миёна дар моҳе аз 50 то 60 ҳазор рубл даромад доранд. Бо ҳисоби имрӯза, аз 615 то 730 доллар.
Ширкати DBS Group гуфтааст, "ҳоло сиёсати давлати Русия ба эҷоди тавозун дар байни зарурати пур кардани ҷойҳои холӣ ва назорати муҳоҷирон равона шудааст. Ин чораҳо ба таври мустақим ба баъзе соҳаҳо, пеш аз ҳама таксиву таъминот ё боркашонӣ таъсир расонидааст. Дар пасманзари талаботи зиёд ба ин касбҳо маоши ронандаҳо ҳам афзоиш ёфтааст."
Муаллифони таҳқиқот гуфтаанд, имрӯз дар Русия ба ронандагон ниёзи ҷиддӣ вуҷуд дорад, бахусус ин камбудӣ дар бахши таксиронӣ ва таъминот ё логистика мушоҳида мешавад.
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки дар ин соҳа "нақши муҳоҷирони корӣ бисёр муҳим аст, вале солҳои охир бо сабаби сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират, шумори маҳдуди коргарон ҳамчун ронанда кор мекунанд".
Гуфтугӯ