Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев ба духтари 38-солааш мансаби баланд дод


Саида Мирзиёева
Саида Мирзиёева

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, духтари 38-солааш Саида Мирзиёеваро рӯзи 25-уми август ёвари президент таъйин кард.

Саида Мирзиёева баъди ба қудрат расидани падараш пайваста дар мазҳари ом пайдо мешавад ва ба дохилу хориҷ сафари расмӣ мекунад.

Аз соли 2019 то 2022 муовини раиси Оҷонси иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи иҷроияи президент буд. Дертар мудири бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон таъйин гашт.

Мирзиёевро, ки пас аз даргузашти Ислом Каримов ба қудрат расид, дар аввал барои ислоҳоту тағйирот дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии ҳамсоякишвари Тоҷикистон ситоиш мекарданд, вале ҳоло ба пеш бурдани сиёсатҳои монанд дар аҳди Каримов муттаҳам мекунанд.

Таҷрибаи ба мансабҳои баланди давлатӣ мондани фарзандон дар кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Сардор Бердимуҳаммадов ба ҷойи падараш, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон шуд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси дувуми кишвар аст. Ҳамзамон раёсати шаҳри Душанберо бар уҳда дорад. Духтараш Озода Раҳмон солҳо боз раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Духтари дигараш Рухшонаи Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониёст.

Ин рӯйхати ниҳоии наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нест, ки дар зинаҳои гуногуни ҳукумати кишвар зимомдорӣ мекунанд. Дар айни ҳол на президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ изҳори назар накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG