Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон барои "таҳаммулпазирии динӣ" ҷоиза медиҳанд


Ҳукумати Узбекистон 25-уми сентябр муқарраротеро дар бораи нишони сарисинагии "Таҳаммулпазирии динӣ" ба тасвиб расондааст

Ҳукумати Узбекистон 25 сентябр муқарраротеро дар бораи нишони сарисинагии "Таҳаммулпазирии динӣ" ба тасвиб расондааст

Вазорати адлияи Узбекистон гуфтааст, "бо нишони сарисинагии мазкур кормандони муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, руҳониён, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва донишмандоне қадрдонӣ хоҳанд шуд, ки дар ҳифзи кафолатҳои озодии виҷдон, таҳкими ҳамбастагии байни динҳо ва таҳаммулпазирӣ саҳм гузоштаанд.

Манбаъ афзудааст, ки ин нишонро шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳам метавонанд дарёфт кунанд.

Нишони "Таҳаммулпазирии динӣ" дар Узбекистон ҳамасола 16 ноябр, дар Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ тақдим хоҳад шуд. Он 1,32 миллион сӯм (беш аз 100 доллари амрикоӣ) мукофоти пулӣ дорад.

Таъсиси ин нишон дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ Узбекистонро барои надоштани озодиҳои динӣ интиқод мекунанд. Аз ҷумла, Департаменти давлатии ИМА соли 2019 Узбекистонро бар асоси хулосаи Комиссияи ҳукумати Амрико дар умури озодиҳои динӣ ба рӯйхати кишварҳое баргардонд, ки озодиҳои диниро поймол мекунанд.

Ҳамчунин имрӯзҳо аз гузаронидани рейдҳо алайҳи ришдорон ва ҳиҷобпӯшон дар шаҳри Тошканд хабар дода мешавад. Ахиран гуфта шуд, ки мақомот дар минтақаҳои Узбекистон талаб доранд, то садои азон дар масҷидҳо пастар гуфта шавад.

XS
SM
MD
LG