Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Рамазон Қодиров аз амали писараш – Одам


Одам (Адам) Қодиров
Одам (Адам) Қодиров

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, бо нашри видеои 5-сонияӣ аз рафтори писари ноболиғаш, Одам (Адам) Қодиров, пуштибонӣ кардааст.  

Дар он дида мешавад, ки Одам гумонбар ба сӯзондани "Қуръон" дар Волгоград Никита Журавели 19-соларо бо мушту лагад мезанад. Видео дар Телеграм нашр шуд.

Наворро дар дохили биное гирифтаанд, аммо дақиқ нест кай ва дар куҷо.

Мақомоти Чеченистон чанде пеш хабар доданд, ки Одам Қодиров дар нимаи моҳи августи имсол Никита Журавелро дар Боздоштгоҳи Грозний латукӯб кардааст.

Рамазон Қодиров гуфтааст, "аз амали Одам ифтихор мекунад".

Намояндагони сохторҳои қудратии Чеченистон шарҳ надодаанд, ки чӣ гуна як шахси бегона ба Боздоштгоҳ (СИЗО) даромад ва гумонбарро зад.

Навори оташ задани "Қуръон" дар наздикии Масҷиди марказии ҷомеи Волгоград моҳи майи имсол расонаӣ шуд. Гумонбар Никита Журавел зодаи Севастополи Қрими ишғолшудаи Украина аст.

XS
SM
MD
LG