Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Cиан то Берлин. Сабаби таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Душанбе, моҳи сентябри 2023
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Душанбе, моҳи сентябри 2023

Дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи бесобиқаи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ қарор гирифтаанд.

Шаҳри Берлин бори аввал рӯзи 29-уми сентябр мизбони сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 буд. Даҳ рӯз пеш аз он дидори мушобеҳ бо Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар Ню-Йорк гузашт.

Кӯшиш барои ҳамкорӣ?

Натиҷаи ин нишаст баёнияе буд, ки аз эҷоди “шарикии стратегии минтақаӣ” байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Сарони кишварҳои минтақа тааҳҳуди худро ба усули “эҳтиром ба ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо” ва ҳамчунин “мамнӯияти таҳдид ба истифода аз зӯр” эълом карданд. Агарчи калимаи “Украина” дар санад вуҷуд надошт, бо таваҷҷуҳ ба ҷанги Русия дар ин кишвар ба назар мерасад, ки ин паём ба Маскав фиристода шуд.

Ҷонибҳо ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо Олмон дар заминаҳои рушди барқи сабз, соҳибкории хусусӣ, таҳкими робитаҳои тиҷорӣ ба воситаи “даҳлези мобайнӣ” ва ғайра таъкид карданд.

Ба навиштаи “Мавҷи Олмон” таваҷҷуҳи ин кишвар ба Осиёи Марказӣ воқеан пас аз таҷовузи Русия ба Украина аҳамият пайдо кард: “Олмон аз назари кумакҳои низомӣ ба Украина пас аз Амрико дар ҷойи дуюм қарор дорад ва ба эҷоди эътилофи бузурги байнулмилалӣ аз ҳисоби кишварҳое моил аст, ки таҷовузи Русияро маҳкум ва аз сиёсати таҳримҳо алайҳи Маскав ҳимоят мекунанд.”

“Дар айни ҳол, барои Берлин маҳкумияти ошкори ҷанги Русия алайҳи Украина тавассути раҳбарони Осиёи Марказӣ муҳим нест, балки суханҳои пушти дарҳои бастаи онҳо муҳим аст,” – навишт манбаъ.

Баёнияи Берлин аз ҳар лиҳоз ба баёнияи муштараки сарони Осиёи Марказӣ ва раисиҷумҳури Амрико дар Ню-Йорк монанд буд. Бо ин ҳол, ҷониби Амрико илова ба дигар заминаҳо тамоюли худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи амниятӣ иброз кард. Ба вижа дар масоили дифоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо терроризм.

“Фаъолияти сиёсати Ғарб дар Осиёи Марказӣ дар дараҷаи аввал бо тамоюл ба коҳиши вобастагӣ ба манобеи энержии Русия, тақвияти назорат бар таҳримҳои зидди Русия ва ба таври куллӣ кумак ба минтақа дар гуногун кардани равобити хориҷӣ таъйин мешавад,” – гуфт сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода.

Дар айни ҳол, ба гуфтаи вай, ҳанӯз бисёр зуд аст, ки бигӯем ҳузури Ғарб дар ояндаи наздик бо Чин ва Русия рақобат кунад.

С5+ ҳамчун қолаби нав?

Дар тайи якуним соли гузашта дидор дар қолаби С5+ бахше аз суннати сиёсати минтақа шудааст. Аз оғози соли 2022 дар ҳамин қолаб дидорҳои маҷозӣ бо Ҳинд, баъдан бо Русия дар Остона, бо Чин дар шаҳри Сиан, шоҳони Халиҷи Форс дар Ҷидда ва сипас дар Ню-Йорк ва Берлин баргузор шуданд.

Ба назари таҳлилгарон, чунин ҷаласаҳо танҳо ба ин далел муҳим аст, ки сиёсатҳои чандҷонибаи эъломшудаи кишварҳои минтақаро барҷаста мекунад ва ба онҳо иҷоза медиҳад, ки дастури кори нисбатан муштаракеро таҳия кунанд.

"Дар пасманзари рақобатҳои рӯзафзуни қудратҳои бузург мушорикати фаъоли фазояндаи рақибони минтақаӣ ба монанди Туркия, Эрон, Ҳинд, Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷи Форс ва Чин дар Осиёи Марказӣ тахтаи шатранҷи печида ва дар ҳоли ҳаракатро эҷод мекунанд ва кишварҳои ин минтақа талош мекунанд дар ин бозӣ танҳо пиёда набошанд," - менависад доктор Гэфин Хелф, корманди Донишгоҳи сулҳи Амрико. Ӯ гуфтааст, тақвияти ҳамбастагии минтақаӣ эҳтимоли муваффақиятро бештар мекунад.

Моҳи сентябри имсол дар Душанбе нишасти машваратии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳарчанд натиҷаи он нишаст нишон дод, ки минтақа ҳанӯз аз ниҳодинасозии якпорчагӣ дур аст, боз ҳам коршиносон ба эҳтимоли мавқеи муштараки сарони кишварҳо таъкид карданд.

Зарба ба демократия?

Рӯзноманигор ва шореҳои сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, эҷоди ҳамкорӣ бо роҳбарони худкомаи минтақа ба ҷомеаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

"Ман ба унвони намояндаи ҷомеаи маданӣ рафтори кишварҳои демократиро бо низомҳои худкома намеписандам. Бо талош барои ҷазби онҳо ба тарафи худ дар баробари Русия дар воқеъ аз низомҳое ҳимоят мекунанд, ки худашон дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар аз онҳо интиқод мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ амалан ба нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чашмпӯшӣ мекунанд," -- мегӯяд Мирсаидов.

Дар пасманзари нишасти панҷгона бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс намояндагони мухолифон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ва инчунин кунишгарони дигар бо ҳадафи ҷалб кардани таваҷҷуҳи Олмон ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои худ эътироз карданд. Аммо, зоҳиран, ҳукумати Олмон дар сатҳи расмӣ ба ин рӯйдод таваҷҷуҳ накарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG