Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кумитаи порлумони Қирғизистон қонуни тағйири парчамро қабул кард


Порлумони Қирғизистон, 28-уми ноябри 2023
Порлумони Қирғизистон, 28-уми ноябри 2023

Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон рӯзи 28-уми ноябр лоиҳаи қонунро дар бораи тағйири парчами давлатии он кишвар ба тасвиб расонд.

Намояндаи президент ва девони вазирон дар порлумони Қирғизистон Алмосбек Абитов ҳангоми баррасии санад гуфт, девон аз ин иқдом пуштибонӣ мекунад.

“Агар шумо лоиҳаи қонунро қабул кунед, онро амалӣ хоҳем кард. Дар сурати ворид шудани ин тағйирот аз буҷаи давлат хароҷоти зиёд талаб намешавад”, - афзуд ӯ.

Вакили порлумони Қирғизистон ва яке аз муаллифони лоиҳа Улан Примов шарҳ дод, ки иваз кардани парчам харҷҳои изофиро дар пай надорад.

Вакили дигари порлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумъабеков хост, дар робита ба тағйири парчами он кишвар раъйпурсӣ гузаронда шавад.

Тағйири акси нурҳои офтоб дар парчами Қирғизистонро моҳи октябри имсол Улан Примов ва раиси порлумони он кишвар Нурланбек Шакиев пешниҳод карданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз тағйири парчам ҷонибдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG