Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се пизишк баъди заҳролудшавии кӯдакон  


Дар доираи парвандаи заҳролудшавии дастҷамъии кӯдакон баъд аз истифодаи доруи "Антиструмин" дар Узбекистон се пизишк боздошт шудааст.

Ба иттилои Додгоҳи олии он кишвар, онҳоро аз 7 ва 16-уми ноябр бо қарори Додгоҳи ноҳияи Яшнобод ба ҳабс гирифтанд.

Се пизишк, ки ҳар се ҳам зан ҳастанд, ба ғоратгарӣ, суистифода аз ҷойгоҳ ва ё салоҳиятҳои хидматӣ ва риоя накардани қонунгузории беҳдоштӣ ё тартиби мубориза бо вабо муттаҳам мешаванд.

Эътилофи пизишкони Узбекистон дар муроҷиатномае аз президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев хостааст, чораи пешгириро нисбат ба занон сабуктар карда шавад. Эътилоф мегӯяд, ҳар се зан донишманд ҳастанд.

Расонаҳои Узбекистон пештар хабар доданд, ки аз 20-уми сентябр дар он кишвар ба кӯдакон додани доруи "Антиструмин"-ро сар кардаанд, ки дар таркибаш йод дорад.

Рӯзи 21-уми сентябр дар вилояти Намангони он кишвар якбора 71 кӯдак баъд аз истифодаи доруи мазкур бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд.

Пас аз як моҳи он ҳодиса Вазорати тандурустии Узбекистон тасдиқ кард, ки кӯдакон аз йод заҳролуд шудаанд.

XS
SM
MD
LG