Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти изи ангушти сокинон дар Қазоқистон ихтиёрӣ мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қазоқистон эҳтимол аз ҷорӣ кардани сабти ҳатмии изи ангушт ҳангоми гирифтани санадҳо, ки борҳо ба таъхир гузошта шудааст, даст кашанд.

Расонаҳои Қазоқистон рӯзи 29-уми ноябр бо истинод ба вакили порлумони он кишвар Екатерина Смишляева хабар доданд, ки "ин тасмим дар пайи дархостҳои зиёд ва назари коршиносон дар бораи таъмини амнияту риояи ҳуқуқи конститутсионии сокинон гирифта мешавад".

"Сабти изи ангушт барои шаҳрвандон ихтиёрӣ хоҳад буд, вале барои хориҷиҳо ҳатмӣ мемонад", - афзудааст ӯ.

Пештар муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки сабти изи ангушти шаҳрвандони он кишвар ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат ихтиёрӣ хоҳад буд.

Порлумони Қазоқистон соли 2016 қонунеро қабул кард, ки сабти изи ангушти шаҳрвандони аз 16-сола болоро ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат аз 1-уми январи соли 2024 ҳатмӣ мегардонид.

XS
SM
MD
LG