Дар чанд ҷумла
Ҳамлаи шабонаи Русия бо 21 дрони сохти Эрон ба Украина
Русия шаби гузашта бо 21 ҳавопаймои бесарнишини сохти Эрон ва се мушаки Х-59 ба Украина ҳамла кардааст.
Дар ин бора нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 29-уми ноябр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, "дронҳои душман дар фазои Одесса, Днепропетровск, Киев, Херсон, Запорожйе ва Хмелнитский маҳв карда шуданд."
"Ҳамчунин, дар вилояти Николаев ду мушак нобуд карда шуд. Мушаки севум ба нишон нарасид," – гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои ҳавоии Украина.
Гузоришро мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад. Дар бораи талафот ё хисорот хабар нарасидааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Амрико баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон сабук кард
Иёлоти Муттаҳида бар асоси тафоҳумномаи сулҳ баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон барои ду моҳ сабук кард. Ҷей Ди Ванс, муовини раисҷумҳури Амрико, низ аз гуфтушунид бо мақомоти Эрон дар Швейтсария хушбин буд.
"Дар умум 36 соати пурмаҳсул доштем. Ба ҳамин тарз идома медиҳем. Музокираи мо таҳкурсӣ барои сохтани як Ховари Миёнаи дигар аст, аммо мо ҳанӯз хонаро насохтаем. Мо сохтмонро идома медиҳем ва ин корест, ки мо хоҳем кард,” – афзуд ӯ.
Амрико ва Эрон давоми ду моҳ барои созиши доимӣ гуфтугӯ хоҳанд кард ва сабукии муваққатӣ ба Эрон ҳақ медиҳад, ки фурӯши нафташро оғоз кунад. Поёни ҷанг дар Лубнон ва боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз бахше аз гуфтугӯ аст.
Мақомот гуфтанд, ки дар ду рӯзи охир оташбас дар Лубнон риоя шудааст.
Дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, ки ҳазорон нафар кушта шуд, оброҳаи Ҳурмуз баста гашт ва нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт. Рӯзи душанбе нархи нафт каме арзон шуд.
Танишҳо ҳанӯз боқӣ ҳастанд. Дар мавриди барномаи ҳастаӣ Эрон ҳарфи дигар дорад, вале мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Теҳрон иҷозаи бозрасии марказҳои ҳастаиашро додааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки Эрон бояд созишро риоя кунад: "Агар Эрон ба созиш амал накунад, ман коре хоҳам кард, ки бояд бикунам."
Исроил, ки тарафи музокиракунанда нест, мегӯяд, амалиёташро дар Лубнон идома хоҳад дод.
“Дастури ман ба вазири дифоъ ва артиш дигар нашудааст. Низомиёни мо дар ҷануби Лубнон ҳақ доранд, ки ҳар гуна таҳдиди мустақим бар зидди худ ё бар зидди сокинони шимоли кишварро нобуд кунанд. Артиши Исроил дар ин маврид маҳдудияте надорад,” – гуфт Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил.
Садҳо нерӯ ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобанд
Садҳо нерӯ дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, ки беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеъҳо, ҷараён дорад.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.
Омори умумии кушташудагони ҷанг дар Эрон "3519" тан эълон шуд
Мақомоти Эрон шумори умумии кушташудагони ҷанги 40-рӯзаи Амрико ва Исроил бо Эронро "3519" нафар эълон карданд.
Сухангӯи Додгоҳии олии Эрон рӯзи 22 июн гуфт, ин рақам бар пояи омори тиббӣ аст ва аз ин шумор 3002 нафари онҳо мард ва 517 тан зан буданд.
Тибби қонунии Эрон пештар дар нахустин рӯзҳои пас аз барқарории оташбас, шумори кушташудагони ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эронро 3375 нафар эълон карда буд.
Додгоҳи олии Эрон дар изҳороти ахираш гуфт, "афроде ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо душман таҳти таъқиб қарор гирифтанд", ки "44 дарсади онҳо ҳанӯз дар боздошти муваққатӣ ҳастанд".
Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ аз замони нахустин ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар моҳи июни соли гузашта, садҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми "ҷосусӣ" ва "иқдом алайҳи амнияти миллӣ", эъдом кардаанд.
Писараш гуфт, Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон озод шудааст
Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" маъруф асту пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод шудааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд. Чизе, ки наздиконаш инкор карданд.
Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш пас аз чаҳор солу панҷ моҳи боздошту ҳабс бар асоси қонуни нави афв озод шудааст.
"Модарамро як рӯз пеш раҳо кардаанд. Аз ин хабар хушҳол шудам. Ӯ 49-сола аст. Ҳангоми дар маҳбас буданаш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити дурусти табобаташ набуд. Акнун табобаташ хоҳем кард," – гуфт Шерзод Маҳмадҷонов ба Радиои Озодӣ.
Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо худи Шоҳида Маҳмадҷонова то ин дам натиҷа надод. Мақомот низ дар бораи раҳоии ӯ гузориш надоданд.
Навор дар Инстаграм:
Ба зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2022 танқидҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён оварда буд. Иддае навиштанд, ки мақомот ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд.
Қонуни нави афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Ин санад нисбат ба 18 ҳазор нафар татбиқ хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси теъдоде кам шуда, бархеи дигар аз боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон пупра озод ё парвандааш қатъ хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 500 зан дар зиндон ҳастанд. Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомотро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
"Аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шуд." Ҳамла ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия
Як марди ниқобпӯш дар шаҳри Подолски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона латукӯб карда ва бинии ӯро буридааст.
Иброҳимхон Ҳусейнови 21-сола аз Душанбе, ки дар як корхонаи халтабарорӣ дар Русия кор мекард, айни замон дар шифохона муолиҷа мегирад.
Яке аз наздикони Ҳусейнов ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди ниқобпӯш шаби 20 ба 21-уми июн дар шаҳри Подолск ҳангоми бозгашт аз хонаи хоҳараш ногаҳонӣ ба ӯ дарафтодааст. Дар натиҷаи ин ҳамла муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шудааст.
"Ёрии таъҷилӣ омад ва ӯро ба шифохонаи марказии Подолск бурд. Пизишкон гуфтанд, ки хуни зиёд рафтааст. Полис ҳам омаду пурсишҳои аввалияро барпо кард. Маълум нест, ки то куҷо ин ҳамла ангезаҳои нажодпарастона дошт, чун ҳамлавар ҳеч ҳарфе ба забон наовард," – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми июн.
Сабабҳои ҳамла маълум нест. Худи Иброҳимхон Ҳусейнов ба полис гуфтааст, ҳамлаварро намешиносад, чун чеҳрааш пинҳон буд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Иброҳимхон Ҳусейнов чанд сол боз қонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунад.
Мақомоти Русия солҳои охир ва бавижа баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус" муҳоҷирони кориро сабаби мушкилоту бадбахтиҳои ин кишвар номида, сабаби афзоиши бегонаситезӣ ва аз ҷумла афзудани ҳамла ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шудаанд.
Ҳоло як нигаронии наздикони Иброҳимхон Ҳусейнов ин аст, ки оё ҳодиса беғаразона ва ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳад шуд ё не.
Нахуствазири Бритониё аз мақомаш истеъфо дод
Кир Стармер, нахуствазири Британия эълон кард, ки аз мақомаш канорагирӣ мекунад, аммо то интихоби сарвазири нав аз сӯи Ҳизби коргар, корашро давом медиҳад.
Стармер 22-юми июн дар муроҷиате гуфт, бо подшоҳи Бритониё дар бораи истеъфо суҳбат кардааст ва тамоми талошашро "барои интиқоли муназзам"-и қудрат анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи нахуствазири Бритониё, раванди интихоби раҳбари нави Ҳизби коргар дар моҳи июл оғоз мешавад ва дар моҳи сентябр номи сарвазири нав маълум хоҳад шуд.
Пештар расонаҳо гузориш доданд, ки Ивет Купер, вазири корҳои хориҷӣ ва беш аз 100 намояндаи маҷлиси Бритониё хоҳони истеъфои Кир Стармер шудаанд.
Шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем, ки ахиран дар интихобот барои курсии холишудаи маҷлис пирӯз шуд, аз номзадҳои аслӣ барои курсии нахуствазирии Бритониё гуфта мешавад.
Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст
Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.
Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.
Ин қарорро "Рӯзномаи Бадахшон" рӯзи 19-уми июн нашр кард.
Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 22-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то таъйин шудани раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.
Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.
Навор дар Инстаграм:
Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо зану як кӯдакаш ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтод, вале то ҳол пайкари ғарқшудагон ва ҳам мошин дарёфт нашудаанд. Ҳукумати Тоҷикстон дар номае навишт, ки Алишер Мирзонабот ба ҳалокат расидааст.
Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.
Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.
Занозанӣ миёни мухлисони дастаҳои "Ҳосилот" ва "Равшан"
Рӯзи 20-уми июн баъди анҷоми бозии дастаҳои "Ҳосилот"-и Фархор ва "Равшан"-и Кӯлоб миёни мухлисони ду даста занозанӣ рух додааст.
Бозии ду тим дар ноҳияи Фархор баргузор шуд ва бо пирӯзии тими "Равшан" тамом шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди анҷоми бозӣ мухлисон ба ҳам дарафтода, ба сӯи якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар видеои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шишаҳои шикастаи як автобус ҳам дида мешавад.
Сабаби сар задани ин ҷанҷол маълум нест ва пулиси Хатлон ҳам дар ин бора шарҳе надодааст.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 22-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи тартибу интизоми федератсия ин қазияро омӯхта, қарори лозимро қабул мекунанд.
Дар Федератсияи футбол гуфтанд, бозии дастаҳои "Равшан" ва "Ҳосилот" дар доираи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон анҷом шуд.
Занозании мухлисони футбол дар Тоҷикистон пештар ҳам рух дода буд ва барои ин кор ҳам дастаҳо ва ҳам мухлисонро ҷазо додаанд.
Нопадид шудани 18 нафар дар таркиши як иншооти газӣ дар Қатар
Вазорати корҳои дохилии Қатар рӯзи 22 июн хабар дод, ки дар пайи таркиш дар минтақаи саноатии Раъс Лаффон 52 нафар захмӣ шудаанд ва 18 нафар ҳамчунон нопадид ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомҳои қатарӣ, ин ҳодиса шоми якшанбе бар асари як "нуқси фаннӣ" рух додааст ва боиси таркиш ва сӯхтор дар иншооти таъмини гази маҳалии "Барзон" шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории "Франс-пресс", шӯълаи оташ аз дурии ҳудуди 20 километр қобили мушоҳида буд. Раъс Лаффон маҳали калонтарин маркази тавлиди гази моеи ҷаҳон ба шумор меравад.
Ширкати давлатии "Қатар энержӣ" эълон кард, ки таҳқиқот дар бораи сабабҳои дақиқи сар задани ҳодиса идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Қатар низ аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани 18 фарди нопадидшуда хабар дод.
Минтақаи Раъс Лаффон пештар низ дар ҷараёни ҷанг миёни Амрико ва Эрон осеб дида буд ва ҳамлаҳои паҳбодии Эрон ба зерсохтҳои энержии Қатар боиси қатъи тавлиди гази моеъ дар ин кишвар шуда буд.
Поёни даври аввали музокироти Амрико ва Эрон
Расонаҳои Эрон ва хабаргузории Ройтерз аз поёни даври аввали музокироти Амрико ва Эрон дар Швейтсария хабар доданд.
Ин гуфтугӯ 21-уми июн бо миёнаравии Покистон ва Қатар баргузор шуд.
Хабаргузориҳои эронии Форс ва ИРНА аз тамом шудани аввалин нишасти чаҳорҷониба хабар доданд. Хабаргузории Ройтерз низ ба нақл аз як манбаи эронии наздик ба музокира айни хабарро пахш кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, даври аввали нишаст "пас аз 80 дақиқа ва барои гузарондани машваратҳои дохилӣ мутаваққиф шуд".
Як дипломат ба шабакаи хабарии CNN гуфт, ки гуфтугӯҳои рӯзи якшанбe бар ҷанг дар Лубнон, вазъияти тангаи Ҳурмуз ва захираи ураниуми Эрон тамаркуз дорад.
Ҳайати амрикоиро муовини президенти ин кишвар Ҷей Ди Ванс ва ҳайати эрониро раиси порлумони он кишвар Муҳаммад Боқир Қолибоф роҳбарӣ мекунанд.
Ванс пеш аз оғози музокирот гуфт, ин як нишасти таърихӣ аст ва Амрико омода аст, ки равобит бо Эронро ба шакли бунёдӣ дигар кунад.
Расонаҳо: Нахуствазири Бритониё аз мақомаш истеъфо медиҳад
Ба гузориши чанд расонаи Бритониё, нахуствазири ин кишвар Кир Стармер эҳтимол рӯзи душанбеи 22-юми июн истеъфои худро эълон мекунад.
Нашрияи Observer бо такя ба манобеи худ навишт, фишор болои Стармер аз ҷониби раҳбарияти Ҳизби коргар, аз ҷумла бархе аз аъзои кобинаи худи ӯ бештар шудааст.
Ҳамзамон теъдоди вакилоне, ки аз номзадии шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем барои раҳбарии Ҳизби коргар ва курсии нахуствазирӣ ҷонибдорӣ мекунанд, бештар шудааст.
То ҳол на худи Кир Стармер ва на дафтари сарвазир дар бораи эҳтимоли истеъфои ӯ чизе нагуфтаанд.
Дар айни замон ба навиштаи расонаҳо, Стармер рӯзи душанбе аз мақомаш фавран канор намеравад ва эҳтимол то таъйини сарвазири нав корашро давом медиҳад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Энди Бёрнем барои роҳбарии Ҳизби коргар ва нахуствазирии Бритониё то куҷо дастгирии лозимро дорад.
Рӯзи 18-уми июн Бёрнем дар интихоботи миёндаврӣ барои курсии холишудаи порлумони Бритониё бо бартарии комил пирӯз шуд.
Бар асоси назарсанҷиҳо, маҳбубияти Энди Бёрнем аз сарвазири кунунӣ Кир Стармер бамаротиб бештар аст.
Ҳизби коргар ду сол пеш дар интихоботи порлумонии Бритониё пирӯз шуд. Аммо дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши танишҳо вобаста ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, обрӯи ҳизб ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Парастуро барои овозхонии беҳиҷоб 74 шаллоқ мезананд
Додгоҳи Эрон амр додааст, Парасту Аҳмадӣ, яке аз овозхонҳои ҷавони кишварро барои як консерташ, ки дар Ютуб нашр шуд, 74 зарби шаллоқ бизананд. Навори консерти ӯро, ки бе ҳиҷоби ҳатмӣ месарояд, дар муддати 2 соли ахир тақрибан 3 миллион бор тамошо кардаанд.
Парасту Аҳмадӣ дар як саҳнаи холие дар шаҳри Қум таронаи "Аз хуни ҷавонони ватан лола дамидаст"-ро сароид, ки дар Эрон бисёр маъруф аст. Ӯву ҳашт ромишгари дигарро барои "халалдор кардани ахлоқи ҷомеа" ҷазои яксон додан ва ду соли дигар аз ҳаққи "фаъолиятҳои ҳунарӣ" маҳрум карданд.
Дар Эрон пӯшидани ҳиҷоб барои занон ҳатмист. Онҳо аз соли 1979 аз замони Инқилоби исломӣ ҳақ надоранд, дар мазҳари ом бисароянд.
Парасту Аҳмадӣ замони эътирозҳои соли 2022 дар Эрон бо шиори "зан, зиндагӣ, озодӣ" шӯҳрат ёфт.
Ӯ соли 2024 дар як саҳнаи театрии холӣ дар шаҳри Қуми Эрон тарона хонд.
Видеои консерташро дар Ютуб тақрибан 3 миллион бор тамошо кардаанд.
Тоҷикистон барои ҳалли мушкили беобӣ 20 милион доллар мегирад
Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои таъмини сокинони се ноҳияи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ, ба Тоҷикистон зиёда аз 20 милион доллар медиҳанд.
Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ 19-уми июн дар хабарномае навишт, 12,5 милион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 5,9 миллион долари дигар аз сӯи Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ ҷудо шудааст.
Шарту шароити додани ин маблағ эълон нашудааст.
Манбаъ мегӯяд, "ҳадафи лоиҳа фароҳам овардани дастрасии шумораи бештари аҳолӣ" дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ ба оби ошомиданӣ аст. Таҳкими иқтидори муассисаҳои таъмини об ва беҳдоштӣ аз мақсадҳои дигари ин тарҳ гуфта мешавад.
Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитарияи Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, ҳадафаш таъмини 280 ҳазор аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ эълон шудааст.
Бино бар омори расмӣ, ҳоло танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо ба шабакаи оби ошомиданӣ пайвастанд.
Кушта шудани панҷ кас дар ҳамлаи Русия ба Запороже
Дар ҳамлаҳои артиши Русия ба шаҳри Запорожеи Украина панҷ кас кушта шуда, даҳ нафари дигар захм бардоштаанд.
Гузориш шудааст, ки неруҳои Русия рӯзи шанбеи 20-уми июн ба болои шаҳри Запороже 9 бомби ҳавоӣ партоб карданд.
Ба гузориши мақомоти Украина, артиши Русия ҳамчунин ба вилоятҳои Сумск ва Днепропетровск зарба задааст.
Тибқи маълумоти аввалия, як нафар ҳам дар вилояти Сумск кушта шуда шуда, се каси дигар маҷруҳ гардиданд.
Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 20-уми июн гуфт, аз мавҷи нави ҳамлаи Русия ҳушдор дод. "Русиягиҳо ба мавҷи нави ҳамлаҳои густурда омода мешаванд. Лутфан худро эҳтиёт кунед", - гуфт Зеленский дар муроҷиати телевизионӣ.
Дар пайи як таркиш дар Покистон 7 нафар ҷон бохтанд
Дар пайи як таркиш дар минтақаи Бану дар аёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон дастикам ҳафт нафар ҷон бохтаанд.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, мақомҳо гуфтаанд, ки ин афрод субҳи 20 июн дар натиҷаи як таркише кушта шуданд, ки мошиши шахсии ҳомили мусофиронро бо истифода аз як бамби дастсоз ҳадаф қарор дод.
Яке аз мақомҳои маҳаллии пулис гуфтааст, се нафари дигар низ ба шиддат захмӣ ҳастанд.
Ӯ афзуд, ки нерӯҳои амниятӣ минтақаро муҳосира кардаанд ва таҳқиқот дар бораи ин ҳодиса оғоз шудааст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ин ҳамларо маҳкум карда, бори дигар бар ӯҳдадории ҳукуматаш барои мубориза бо терроризм, таъкид кардааст.
То кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.