Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Туркманистон


Худойбердӣ Аллашов
Худойбердӣ Аллашов

Хабарнигори пешини Бахши туркмании Радиои Озодӣ Худойбердӣ Аллашов дар шаҳри Кёнеурганҷи Туркманистон боздошт шудааст.

Наздикони рӯзноманигор 1-уми декабр ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки кормандони пулис Аллашовро дар хонааш боздошт карда, бо худ бурдаанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯ ба чӣ муттаҳам мешавад.

Худойбердӣ Аллашов чанд рӯз пеш аз боздошташ барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуда, мавриди таҳқиру шиканҷа қарор гирифта буд.

Аллашов аз моҳи октябри соли 2016 то замони боздошт шуданаш, 3-юми декабри соли 2017, ҳамкори бахши туркмании Радиои Озодӣ буд. Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки аз манзили ӯ чанд бастаи 20-граммии нос барои масрафи шахсӣ кашф ва мусодира шудааст.

Додгоҳ Худойбердӣ ва модари ӯро бо айби дар манзили худ нигоҳ доштани нос ба се сол ҳабси шартӣ маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG