Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Исроилу “Ҳамос”: CPJ марги 63 хабарнигорро тасдиқ кард


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) тасдиқ кард, ки аз замони ҷанги Исроил бо “Ҳамос”, дар камтар аз ду моҳи охир, 63 рӯзноманигор кушта шудааст.

Дар ибтидои моҳи гузашта CPJ хабар дода буд, ки чанд ҳафтаи аввали низои байни Исроилу “Ҳамос” барои рӯзноманигорон маргбортарин будааст. Ба иттилои CPJ, аз шурӯи мушоҳидаҳои ин созмон дар соли 1992 чунин талофот байни рӯзноманигорон бори аввал сабт мешавад.

То 4-уми декабр 56 рӯзноманигори фаластинӣ, чаҳор исроилӣ ва 3 лубнонӣ кушта шуда, 11 рӯзноманигори дигар маҷруҳ ва се тани дигар нопадид шудаанд.

CPJ ҳамчунин хабарҳои зиёдеро дар бораи куштор, нопадидшавӣ, боздошт, маҷруҳшавӣ ва ё таҳдид ба унвонии рӯзноманигоронро таҳқиқ мекунад. Ин созмон зиён ба идораҳои кории расонаҳо ва манзили кормандони расонаҳоро низ месанҷад.

Артиши Исроил дар посух ба ҳамлаи гуруҳи тундрави “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри имсол амалиёти низомиро дар навори Ғазза шуруъ кард.

Дар он ҳамла наздик ба 1200 исроилӣ кушта ва бештар аз 240 кас гаравгон гирифта шуд.

Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза тақрибан 16 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG