Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Конибодом бо гумони куштани модараш боздошт шудааст


Акси Шаҳриёр Норматов аз барномаи видеоии ВКД.
Акси Шаҳриёр Норматов аз барномаи видеоии ВКД.

Кормандони пулис дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд як мардро бо гумони куштани модараш боздошт кардаанд.

Шаҳриёр Норматови 32-сола ба он гумонбар шудааст, ки рӯзи 24-уми ноябри имсол Ҳалимаҷон Норматова, модари 65-солаи худро бо 136 зарби корд куштааст.

Таҳқиқи ин парванда ба поён нарасидааст ва гумони пулисро ҳанӯз додгоҳ тасдиқ накардааст.

Дар барномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Шаҳриёр Норматов иқрор мешавад, ки модарашро пас аз як ҷанҷол бо корд зада куштааст.

Маълум нест, ки навори иқрори ин ҷавон зери чӣ шароите сабт шудааст. Ба гуфтаи ВКД, номи модари ин ҷавон дар руйхати афроди гирифтори бемории рӯҳӣ сабт будааст. Эҳтимоли гирифтор будани Шаҳриёр Норматов ба бемории рӯҳӣ низ санҷида мешавад.

Ин парванда ҳамчун “куштор бо бераҳмии махсус” тафтиш мешавад.

Қатли модар бо дасти писар ҳодисаи камсобиқа дар Тоҷикистон аст, ки аҳёнан рӯх медиҳад. Мақомот мегӯянд, чунин ҷиноятҳоро ё гирифторони бемории рӯҳӣ ё афроде дар оилаҳои носолим дар ҳолати мастӣ содир мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG