Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар нисбат ба Трамп маҳбубияташро аз даст додааст


Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Як назарпурсиии нашрияи Wall Street Journal нишон додааст, ки маҳбубияти Ҷо Байден ба шиддат дар миёни мардум поён рафтааст ва Доналд Трамп аз ӯ бештар маҳбубият пайдо кардааст.

Ин нашрия аз мардум пурсидааст, ки агар интихобот шавад, шумо ба кӣ овоз медиҳед, 37 дар сад гуфтаанд, ки ба Доналд Трамп ва танҳо 31 дар сад гуфтаанд, ки тарафдори Байден ҳастанд. 31 дар сади тарафдорӣ пасттарин нишондиҳанда аз замони ба курсии президенти нишастани Ҷо Байден аст.

Танҳо 23 дар сад аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки барномаҳои Байден ба онҳо фоида овард, вале 53 дар сад гуфтаанд, ки аз барномаҳои ӯ зарар дидаанд.

Дар ин назарпурсӣ аз рӯзи 29-уми ноябр то рӯзи 4-уми декабр 1500 нафар иштирок кардааст.

Доналд Трамп, яке аз даъвогарони мансаби президентӣ дар Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон аст. Агар ҳизб ӯро номзад интихоб кунад, соли оянда бо Ҷо Байден рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG