Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонвари нодир 18 сар чорвои сокинони Роштқалъаро нобуд кардааст


Бабри барфӣ ё паланги ширмол дар Тоҷикистон
Бабри барфӣ ё паланги ширмол дар Тоҷикистон

Дар пайи ҳамлаи бабри барфӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон 18 сар чорвои сокинон кушта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодиса дар деҳаи Табарсем субҳи рӯзи 22-юми феврал рух додааст. Ин Кумита ба сокинон машварат додааст, ки барои ҳифзи чорвоёни худ аз ҳамлаи бабри барфӣ ё паланги ширмол онҳоро беназорат нагузоранд ё оғилҳоро бо панҷараҳои мустаҳкам банданд.

Ҷонваршиносон мегӯянд, бабри барфӣ замоне ба чорвоёни хонагӣ ҳамла мекунад, ки теъдоди бузҳои кӯҳӣ кам шудаанд ё шикорашон барои бабри барфӣ бинобар боридани барфи зиёд мушкил шудааст.

Бабри барфӣ, як ҷонвари зебои нодир аст, ки аксаран дар баландкӯҳҳҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Теъдоди онҳоро аз 200 то 500 сар ҳисоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG