Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Истаравшан дуздии беш аз 1 миллион сомонӣ ошкор шудааст


Акс аз як деҳаи Истаравшан
Акс аз як деҳаи Истаравшан

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкор шудани тасарруфи 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 100 ҳазор доллар пули давлат аз ҷониби мудири анбори ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Истаравшан хабар дод.

Ин ниҳод гуфт, мудири анбори ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Истаравшан бо он гумонбар аст, ки номбурда бо истифода аз ваколати мансабияш даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.

Худи Ҳомидов ё адвокаташ барои шарҳи ҳодиса дастрас нестанд.

Видеоро инҷо бинед:

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати дуздии маблағҳои бузург аз шабакаҳои барқ аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз ошкор шуданашон хабар медиҳад. Пештар аз ин ин ниҳод аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG