Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз дуди ангишт дар сандалӣ фавтидаанд"


Ҷамшед Камолзода
Ҷамшед Камолзода

Марги шаш узви як оила аз заҳри дуди ангишт дар пойтахти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по кард ва баҳси бебарқиро дар кишвар доғтар намуд. Бисёриҳо дар сар задани ин фоҷеа масъулони соҳаи барқрасониро гунаҳкор карда, хоҳони муҷозоти онҳо шуданд.

Дар рӯзҳои сардтарин дар Тоҷикистон мардуми зиёде дар шаҳру ноҳияҳо ва дар баландошёнаҳо соатҳо барқ надоранд. Сабаб дақиқ гуфта намешавад. Сокинон мегӯянд, дар ин шароит махсусан кӯдакон ранҷ мекашанд ва бархе маҷбуранд, ки бо ҳар роҳ, ҳатто начандон бехатар, хонаҳои худро гарм кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри хабари марги ин хонавода, аз сокинон хостааст, эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро ҳангоми гарм кардани хонаҳо риоя кунанд. Радиои Озодӣ дар ин маврид аз Ҷамшед Камолзода, сардори як бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шарҳи бештар хост.

Ҷамшед Камолзода: "Бо вуҷуди ҳушдорҳо дар бораи эҳтиёт кардан ҳангоми истифода аз бухорӣ ва ангишт чунин ҳолатҳои нохуш рӯй медиҳанд. Мақсад аз огоҳӣ пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёт аст. Мутаассифона, рӯзи 27-уми феврал дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, дар оилаи Давлатовҳо, чунин ҳодисаи нохуш ба амал омад. Дар натиҷа, шаш нафар, аз ҷумла чор фарзанди аз 6 то 11-сола, худи Давлатов ва ҳамсараш Қурбонова ба ҳалокат расиданд. Айни замон таҳқиқ ҷараён дорад. Мувофиқи маълумоте, ки ба Кумита расид, онҳо ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм кардани хона бо сандалӣ ба ин ҳолат дучор шудаанд. Тавре маълум ҳангоми истифодаи оташдону бухорӣ, ҳангоми сӯхтани ангишт ва нодуруст будани лӯлаҳои дудкашу дудбаро гази ғализе, ки аз ангишт ҷудо мешавад, метавонад сабаби заҳролудшавӣ гардад. Зиёд баромадани ин газ сабаби ҳалокати инсон мешавад. Чунин ҳолат дар хонаи Давлатовҳо ба амал омад. Мо ба пайвандони марҳум сабр мехоҳем.”

Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, то чунин фоҷеаҳо иттифоқ науфтанд?

Ҷамшед Камолзода: "Мардум ҳангоми сардӣ кӯшиш мекунанд, ки аз ангишт истифода баранд. Чунин мавод метавонад таъсир дошта бошад. Барои ҳамин, таҷиҳизотро пеш аз истифода як бори дида бароем. Лӯлаҳои дудкашро бисанҷем. Пеш аз хобравӣ бояд ҳамаи ин таҷҳизотро бинем, ки ягон роҳи ихроҷи оксиди карбон ба дохили хона набошад. Ҳангоми муайян кардани хориҷшавии он бояд фавран дару тирезаҳоро кушоем, то ҳавои тоза дарояд. Агар дар инсон каму беш заҳролудшавӣ эҳсос шавад, бояд ба беруни хона бароварда, фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” муроҷиат кунем. Аз онҳое, ки чунин таҷҳизот ва ангишт истифода мебаранд, хоҳиш мекунем, эҳтиёткорона рафтор кунанд.”

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, аз ночорӣ чунин васоили гармидиҳиро худашон насб мекунанд, чун барқ несту хонаҳо сард аст...

Ҷамшед Камолзода: "Бале, аксари мардум аз дастгоҳҳои худсохт истифода мебаранд. Бояд дуди ғализе, ки ҷудо мешавад, ба берун, ба баландтар аз сатҳи хона бароварда шавад. Тавре гуфтам, дар баъзе аз мавридҳо ҳамон лахчаеро, ки гази карбон ҷудо мекунад, дар сандалиҳо ҷой мекунанд, ки бӯйи дуди ғализ дар дохили хона мемонад ва ҳангоми истифода дар сандалӣ хатари бештар эҷод мекунад."

XS
SM
MD
LG