Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп боз ҳам пирӯз шуд


Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА

Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА дар интихоботи дохилиҳизбӣ дар аёлати Миссури ва Мичиган пирӯз шуд.

Никки Ҳейлӣ, рақиқби ӯ дар ин ду аёлат низ шикаст хурд.

Доналд Трамп ва Никки Ҳейлӣ, номзадҳои ҳизби Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии моҳи ноябр дар Амрико ҳастанд. Яке аз онҳо дар сурати пирӯзӣ дар аксар аёлатҳои ИМА рақиби номзади ҳизби Демократ хоҳад шуд. Номзади аслии ҳизби демократ президенти кунунӣ Ҷо Байден аст.

Трамп дар Мичиган 90 дар сади овози ҳамҳизбонашро дарёфт кард. Ӯ аз ин пеш бовар дошт, ки дар ин аёлат баранда хоҳад шуд.

Нисбат ба Доналд Трамп дар Амрико чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳанӯз қарори ниҳоии Додгоҳи олии Амрико дар бораи боздошт ё манъи ширкати ӯ дар интихобот содир нашудааст.

Трамп соли 2020 дар интихобот аз Ҷо Байден шикаст хурда буд. Ҳоло назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ нишҳон медиҳанд, ки ӯ аз Байден пешсафтар аст.

XS
SM
MD
LG