Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Сарватмандтарин соҳибкори ветнамӣ ба қатл маҳкум шуд

Додгоҳ як соҳибкорзани сарватмандтаринро дар Ветнам, кишваре дар Осиёи ҷанубу шарқӣ ба қатл маҳкум кард.

Додгоҳ баъди таҳқиқи амиқу бисёр тӯлонӣ гуфт, соҳибкори 67-сола, Чионг Ми Лан аз роҳи тақаллубкорӣ 12 миллиард долларро азхуд кардааст.

Ин пул 3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ветнамро ташкил медиҳад. Соҳибкор охири солҳои 1980 корро аз фурӯши косметика дар як бозори шаҳри Ҳошимин сар карда, бо гузашти сол ба як олигархи калон табдил шуд. Аз ҷумла, бо роҳҳои тақаллубӣ ва эҷоди ширкатҳои кисагӣ калонтарин бонки тиҷоратии Ветнамро ба дасти худ гирифт.

Пеш аз ин бо иттиҳоми шарикӣ дар ин ҷиноят ҳамсар ва ҷиянаш ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳум шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

10 куштаву захмӣ дар ҳамлаи Русия ба Киев

Русия дар моҳҳои охир ҳамлаҳои ҳавоиро ба Украина сахттар кардааст
Русия дар моҳҳои охир ҳамлаҳои ҳавоиро ба Украина сахттар кардааст

Русия субҳи 24-уми сентябр ба Киев, пойтахти Украина, бо мушакҳои баллистикӣ ва паҳподҳо ҳамла кардааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо дастикам ду кас кушта ва ҳашт тан захмӣ шуданд.

Бинои як таваллудхона ҳам осеб дида, занону кӯдаконро дар паноҳгоҳ пинҳон кардаанд.

Андрий, сокини Киев, гуфт, "ману ҳамсар ва писари хурдсолам дар таваллудхона будем. Вақте ҳамла шуд, мо дар таҳхона будем. Ҳангоми эълони хатар ҳама фавран ба он ҷо фаромаданд. Худоро шукр, то ҷое медонам, тамоми кормандон ва ҳамаи онҳое, ки дар таваллудхона буданд, сиҳату саломатанд."

Русия дар моҳҳои охир ҳамлаҳои ҳавоиро ба Украина сахттар карда, аз паҳподҳои бештари реактивӣ ва ҳамлаҳои пайдарпайи мушакӣ истифода мекунад.

Навор дар Инстаграм:

"Иҷоза надоданд." Лағви парвози ҳавопаймои Теҳрон - Душанбе

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ҳавопаймои ширкати эронии "Вориш" аз нимароҳи сафараш ба Душанбе пас гаштааст. Он мебоист парвози Теҳрон - Душанберо анҷом медод.

Як манбаъ дар Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Туркманистон иҷозаи убур надодааст. Дар вебсайти фурудгоҳ навиштаанд, ки ин парвоз бояд соати даҳи субҳ анҷом мешуд, аммо бекор гашт.

Сухангӯйи Созмони ҳавопаймоии мулкии Эрон низ тасдиқ кард, ки як ҳавопаймои эронӣ бо мақсади парвоз ба Тоҷикистон маҷбур шуд ба Теҳрон баргардад.

Маҷид Ахавон рӯзи панҷшанбе бе ишора ба таърихи анҷоми ин парвоз, гуфт: "Туркманистон барои убури ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ аз ҳарими ҳавоии худ иҷоза содир накард."

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуда буд, ки дар он халабон сабаби баргаштани ҳавопаймои масири Душанбе ба Теҳронро шарҳ медод.

Ӯ дар ин видео мегӯяд, ки парвоз ба Тоҷикистон бинобар сабаби дастрас нашудани иҷозатномаи убур аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷон ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон идома ёфта натавонист ва ҳавопаймо ба Теҳрон бармегардад.

Вазорати хазинадории Амрико аз 23-юми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил кард ва бо ин васила, расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳонро зери таъсири таҳримҳои дуюмдараҷа қарор дод.

Тарсондан, таъқиб ва зиндон. Фазои танг барои ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як созмони байнулмилалӣ гуфтааст, фазо барои фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир ба таври чашмрас танг шуда, ин ҷомеаи як замон фаъол акнун танҳо барои наҷоти худ дасту панҷа мезанад.

Гузориши Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон (International Partnership for Human Rights) моҳи сентябри имсол нашр шуд.

Дар ин гузориши 37-саҳифаӣ таъкид шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон тайи солҳои гузашта кори ҷомеаи шаҳрвандии мустақилро маҳдуд карда, ҳар гуна падидаи дигарандеширо саркӯб намудаанд.

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон дастрас нест.

Ба гуфтаи муаллифон, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон бо фишорҳои рӯзафзун дучор буда, рӯзноманигорону блогерҳо ва фаъолони ҷомеа низ барои фаъолияти касбӣ ва истифода аз ҳуқуқи бунёдии худ таъқиб мешаванд.

Коршиносони IPHR мегӯянд, саркӯбҳо дар Тоҷикистон пас аз рӯйдодҳои пурсарусадои сиёсӣ, аз ҷумла маҳдуд кардани фаъолияти мухолифон дар миёнаҳои солҳои 2010 ва эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021 ва 2022 бештар шуданд.

Дар гузориш омадааст, мақомот қонунро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ сахттар карда, аз санҷишҳои ҳадафманд ва шаклҳои дигари назорати маъмурӣ истифода мебаранд. "Ҳамчунин, ниҳодҳои амниятӣ ба тарсондан ва таҳдид рӯ меоранд," – гуфтаанд муаллифон.

Чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба гузоришгарон гуфтаанд, мавзуъҳое, ки пештар ошкоро баррасӣ мешуд, ҳоло амалан мамнуъ гаштаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳар касе, ки дар бораи масъалаҳои ҳассоси ҳуқуқи инсон изҳори назар мекунад, метавонад бо хатари зиндонӣ шудан, таъқиб, тарсондан ва ҳатто фишор ба аъзои хонаводааш дучор гардад.

Дар гузориш гуфта мешавад, таъқибу назорати афзун бисёре аз фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорони мустақил ва мунтақидони ҳукуматро маҷбур кардааст, ки Тоҷикистонро тарк ё корашонро бас кунанд. Дар натиҷа, онҳое, ки дар кишвар мондаанд, дар вазъияти бисёр осебпазир қарор гирифтаанд.

Ба назари IPHR, дигаргунии сиёсӣ дар ҷаҳон ва коста шудани пойбандии ҷомеаи байнулмилалӣ ба ҳуқуқи инсону волоияти қонун вазъро боз ҳам печидатар кард.

Коҳиши маблағгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, нуфузи беш аз ҳадди Чин ва коҳиши фишори хориҷӣ ба мақомот барои иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар бахши ҳуқуқи инсон аз таъсирҳои дигар ба кори ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон будааст.

Бо ин вуҷуд, ба навиштаи гузоришгарон, то ҳол дар Тоҷикистон ҳомиёни ҳуқуқ дар бахши ёриҳои ҳуқуқӣ ба мардум, назорат ва сабти поймоли ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байнулмилалӣ фаъоланд, вале пуштибонии кофиву доимӣ ва устувории молӣ надоранд.

Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон (International Partnership for Human Rights) созмони мустақил ва ғайриҳукуматӣ аст, ки соли 2008 дар Брюссел таъсис ёфтааст.

Пизишкиён гуфт, омодаи гуфтугӯянд, аммо "забони зӯр"-ро намепазиранд

Масъуд Пизишкиён дар Маҷмаи умумии Созмони Милал. Ню-Йорк, 23-юми сентябри 2026
Масъуд Пизишкиён дар Маҷмаи умумии Созмони Милал. Ню-Йорк, 23-юми сентябри 2026

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ “террорист нест”, аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ даст намекашад ва ҳушдорҳои президент Доналд Трампро баёнгари “хӯйи зӯргӯӣ”-и Амрико донист.

Вай ин изҳоротро рӯзи 23-юми сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баён кард.

Пизишкиён мустақим ба суханони як рӯз пеши раисҷумҳури Амрико вокуниш нишон дод, ки таъкид карда буд Вашингтон иҷоза намедиҳад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва Теҳронро дар сурати талош барои эҳёи таъсисоти ҳастаии худ ба ҳамлаи дубора таҳдид кард.

Раисҷумҳури Эрон гуфт, ҳукуматаш омодаи гуфтугӯст, аммо “забони зӯр”-ро намепазирад. Ӯ афзуд, Ҷумҳурии Исломӣ ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, вале инҳисори дониши ҳастаиро дар дасти чанд кишвар намепазирад ва ва ҳам қабул надорад, ки аз дониши ҳастаӣ маҳрум бошад.

Парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ солҳо боз ба мавзӯи низоъ миёни Ғарб ва Эрон табдил шудааст. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, борҳо дар моҳҳои пас аз ҷанг гуфтааст, пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ сабаби асосии вуруди ӯ ба ҷанг бо ҳукумати Теҳрон буд. Дар муқобил, мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора мегӯянд, ки дар пайи силоҳи ҳастаӣ нестанд.

Пизишкиён суханони худро дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо вокуниш ба гуфтаҳои пешини Доналд Трамп, ки Ҷумҳурии Исломиро “террорист” хонда буд, оғоз кард ва гуфт, “мо қурбонии террористем.”

Ӯ ба кушта шудани раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил дар моҳи феварли соли 2026 ва низ ҳамлаҳо ба мадрасаи Миноб ва варзишгоҳи Ломирд, ки Ҷумҳурии Исломӣ масъулияти онҳоро бар дӯши Иёлоти Муттаҳида мегузорад, ишора кард ва афзуд: “Мо аз худ дифоъ мекунем. Террорист нестем.”

Масъуд Пизишкиён Амрико ва Исроилро ба далели он чи “ҳамла ба зербунёдҳои Эрон” номид ва ҳам ба далели куштани “ғайринизомиён” накӯҳиш кард ва иддао кард, ки “мо мардумро назадем”.

Доналд Трамп рӯзи 22-юми сентябр дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Милал режими исломиро дар Эрон танқид кард, ки соли гузашта 72 ҳазор шаҳрванди худашро нобуд кардааст. Ӯ гуфт, “тасаввур кунед, агар ин режими палид имкон меёфт пушти сипари ҳастаӣ пинҳон шуда ҳамлаҳои террористии азимро анҷом бидиҳад, чӣ мешуд.”

Духтараш гуфт, Сурайё Қосимова дар Ҳиндустон табобат мегирад

Сурайё Қосимова 69-сола аст
Сурайё Қосимова 69-сола аст

Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи тоҷик, барои табобат ба Ҳиндустон рафтааст.

Рӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова, рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷигари модараш мушкил дорад ва ҳоло барои ташхису табобат дар шаҳри Деҳлӣ ҳастанд.

Ӯ афзуд, вазъи сиҳатии модараш хуб аст ва то ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон бармегарданд.

“Саломатияш хеле хуб аст. Он тавре, ки одамон воҳима мекунад, он хел нест. Ҳар сол як бор барои ташхис бояд ба Ҳиндустон биоем. Се сол буд, ки наомадем. Омадем, ташхис кардем, натиҷаҳо нағз баромаданд. Як давра муолиҷа мегирему меравем,” --гуфт Рӯзигул.

Сурайё Қосимова соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, бо сурудани таронаҳои мардумӣ ва бадеҳа маъруф шуд ва дар замони Шӯравӣ унвони ҳунарпешаи шоиста гирифт.

Ӯ модари овозхонҳои машҳур Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст.

Навор дар Инстаграм:

Қабули муҳоҷирони кориро аз Осиёи Марказӣ ба Литва қатъ кардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Литва, ки ҳоло яке аз мизбонҳои асосии аврупоии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст, қабули ариза барои кор ва вуруд ба ин кишварро қатъ кардаанд.

Индре Гаспере, раиси Идораи Муҳоҷирати Литва, рӯзи 22-юми сентябр дар як ҷаласаи ҷиноҳи Ҳизби либералӣ дар порлумони кишвараш гуфт, сабаби ин тасмим зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар қаламрави Литва аст.

“Дар воқеъ, солҳои охир теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёд шудааст. Шумораҳо афзоиш ёфтанд, вале ҳоло фаъолияти марказҳои раводиди мо дар ин кишварҳо боздошта шудааст, чун аризаҳо барои кор бисёр зиёд расидааст,” – афзуд ӯ.

Хадамоти муҳоҷирати Литва соли 2025 эълон кард, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон шартҳои қонунии будубош ва корро дар Литва вайрон карда, мутобиқ ба қарордоди кор амал намекунанд. Дар пайи ин нигаронӣ, Вазорати корҳои дохилии Литва гуфт, маркази додани раводиди ин кишвар дар шаҳри Душанберо мебандад.

Муллоидии Мирзоолимзода, тоҷики муқими Литва, гуфт, квота ё саҳмия барои ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ин кишвари аврупоӣ ба поён расидааст. “То охири имсол муҳоҷирони корӣ ҳаққи вуруд надоранд. Ба назарам, ин раванд аз аввали соли 2027 дубора оғоз хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.

Бар пояи омори Идораи муҳоҷирати Литва ҳоло дар ин кишвар тақрибан 230 ҳазор хориҷӣ кору иқомат мекунанд ва дар ин миён 7 ҳазору 400 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бисёре аз онҳо ба ронандагӣ ё кор дар сохтмонҳову корхонаҳои истеҳсолӣ машғуланд.

Теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Литва кор мекунанд, ба сабаби ихроҷ аз Русия ва бадрафторӣ бо онҳо дар ин кишвар рӯ ба Литва овардаанд.

Шумораи муҳоҷирони узбекистонӣ дар Литва аз 13 ҳазор нафар бештар аст ва бақия аз Украинаву Беларус ва Русияву Ҳинд будаанд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Украина

Сироҷиддин Муҳриддин (чап), вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Андрий Сибиҳа (рост), ҳамтояш аз Украина
Сироҷиддин Муҳриддин (чап), вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Андрий Сибиҳа (рост), ҳамтояш аз Украина

Вазири корҳои хориҷии Украина гуфтааст, дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал бо ҳамтои тоҷики худ, Сироҷиддин Муҳриддин, гуфтугӯ кард.

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабаре надодааст, Андрий Сибиҳа рӯзи 22-юми сентябр дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, “мо азсаргирии кори Кумисюни муштараки байниҳукуматӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими тиҷоратиро баррасӣ кардем.”

Ӯ афзуд, “Украина эҳтироми Тоҷикистонро ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мо қадр мекунад. Мо омодаем ба муносибатҳои Украина ва Тоҷикистон такони нав бахшем."

Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Русия аст, ки соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард.

То кунун хабари иштирок ва куштаву захмӣ шудан ва асир афтодани гурӯҳе аз шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон аз тарафи Русия дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар бораи ширкати шаҳрвандони худ дар ин ҷанг маълумот надодаанд, вале бидуни ишора ба ягон кишвар аз шаҳрвандони худ хостаанд, дар ҷангҳои бегона ширкат накунанд.

Муҳокимаи як пайрави мазҳаби шиа дар Самарқанд

“Forum 18” навишт, ки ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад
“Forum 18” навишт, ки ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад

Як сокини 22-солаи шаҳри Самарқандро, ки аз пайравони мазҳаби шиа номбар мешавад, барои паҳн кардани таронаҳои, ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, “ифротгароёна” муҳокима мекунанд.

Бунгоҳи “Forum 18”, ки масоили мазҳабиро бозтоб медиҳад, рӯзи 22-юми сентябр навишт, ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид дорад.

Ба иттилои манбаъ, додрас Азиз Лазизов гуфтааст, “ин ҷавон таронаҳои ифтрогароёна гӯш кардааст ва сазояш маҳрумӣ аз озодист.” Вале ӯ ба суоли он ки чаро гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ ҷинояти вазнин шумурда мешавад, посух надодааст.

“Forum 18” мегӯяд, сухан дар бораи марсия ё таронаҳои азодории шиамазҳабон меравад, ки гуё Суннатулло Акбаров дар саҳифаи ҳамандешонаш дар Телеграм гузоштааст.

Кумитаи дини Узбекистон дар як хулосаи осемасарона гуфтааст, ин саҳифа дар Телеграм “фаъолият ва таълимоти гуногуни носанҷидаро ташвиқ мекунад”. Ва пулиси Самарқанд Суннатулло Акбаровро барои паҳн кардани маводе гумонзад донистааст, ки “дорои таҳдид ба амният ва тартиботи иҷтимоӣ мебошанд”.

Шаҳрзод Исроилов, як пайрави мазҳаби шиа, дар суҳбат бо бунгоҳи “Forum 18” гуфтааст, баъзе аз марсияҳоро ӯ ба Суннатулло Акбаров фиристода буд, вале “дар онҳо ба тундравии динӣ ё фаъолияти зидди мақомоти Узбекистон даъвате нашудааст.” Исроилов аз соли 2021 ба далели фишори афзояндаи мақомоти Узбекистон дар берун аз кишвар қарор дорад.

Суннатулло Акбаров дар охири моҳи июни имсол дастгир шудааст. Муҳокимаи ӯ моҳи август шуруъ шуда, қарор аст, 25-уми сентябр идома кунад.

Аксар сокинони Узбекистон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Ҳамзамон дар ин кишвар камшуморони шиа низ кору зиндагӣ мекунанд.

Маъмурони пулиси Узбекистон тобистони соли 2025 шаш пайрави мазҳаби шиаро дар Самарқанд боздошту бозпурсӣ ва сипас раҳо карда, моҳи октябри ҳамон сол Анвар Алиевро чор сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаанд.

“Forum 18” мегӯяд, пулис дар охири моҳи августи имсол бори дигар хонаи волидони Сӯҳроб Комил ва Шаҳрзод Исроилов, ду пайрави мазҳаби шиаро, кофтукоб кардааст. Шарҳи мақомоти Узбекистон дастрас нест.

Додгоҳе дар Русия дархости як соҳибкори тоҷикро рад кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Челябинск дархости соҳибкори тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадовро барои барқарор кардани шаҳрвандияш дар Русия рад кардааст.

Ин зодаи Тоҷикистонро, ки дар канори Челябинск соҳиби бозори яклухтфурӯшӣ буд, соли 2025 аз шаҳрвандии Русия маҳрум намуданд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рафтори Ривоҷиддин Маҳмадовро “таҳдид ба амнияти миллии он кишвар” номида, аммо ҷузъиёт надодааст.

Ин соҳибкори зодаи Тоҷикистон аз додгоҳ хоста буд, ки хулосаи ФСБ-ро ғайриқонунӣ эътироф ва қарорро дар бораи беэътибор донистани шиносномаи русияш бекор кунад. Вай лағви шаҳрвандияшро дар Русия “як роҳи фишор” ба фаъолияти соҳибкории худ дониста буд.

Маҳмадов дар Тоҷикистон ба дунё омада, солҳои зиёд дар вилояти Челябинск кору зиндагӣ мекард. Зоҳиран мушкили ӯ бо сокинони маҳаллӣ ва мақомоти Русия соли 2023 ва пас аз ифтитоҳи бозори яклухтфурӯшӣ сар шуд.

Баъзе аз сокинон аз равуои зиёди мошинҳои борбар, буридани дарахту буттаҳо ва эҳтимоли афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ норозӣ буданд. Дертар мақомоти Русия Маҳмадовро ба соҳибкории ғайриқонунӣ гумонзад карданд, аммо худаш розӣ нест.

Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

Тоҷикистон ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мукофоти давлатӣ дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ. Ню-Йорк, 21-уми сентябри 2026
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ. Ню-Йорк, 21-уми сентябри 2026

Тоҷикистон тайи маросиме ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мукофоти давлатӣ дод.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин маросим рӯзи 21-уми сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои "саҳми арзишманд дар таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ" ордени "Дӯстӣ" тақдим кардааст.

Бонки Ҷаҳонӣ яке аз шарикони рушди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон дар соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар ин муддат Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар қарзу грант ҷудо кардааст.

Ин маблағҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энержӣ, тандурустӣ, маориф, таъмини об ва арсаҳои дигар равона шудаанд.

“Гуфтанд, маҷбурӣ аст.” Санҷиши бакорат дар мактабҳои Туркманистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марв дар Туркманистон санҷиши пизишкии духтарони синфҳои болоӣ шуруъ шудааст.

Як хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, духтаронро ба чунин санҷишҳо бидуни огаҳӣ мебаранд.

“Онҳоеро, ки ба “нодухтарӣ” гумонбар мешаванд, маҷбур доранд, аз санҷишҳои дигар, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан гузаранд,” – афзуд ӯ.

Хабарнигор бо далели халал нарасондан ба амнияту осоиши ин наврасону оилаҳои онҳо номи мактаб ва исми мусоҳибонашро нашр намекунад.

Бино ба иттилои дарёфтии ӯ, омӯзгорони чанд мактаби Марв нақл кардаанд, ки баъд аз шурӯи соли нави таҳсил духтарони аз 16 то 18-соларо ба санҷиши бакорат мефиристанд.

Ҳангоми сарпечии духтарон аз санҷиши бакорат падару модари онҳо ба мактаб барои суҳбат даъват мешаванд. Ба иттилои дарёфтии хабарнигор, ба духтарони наврас гуфтаанд, ки ин санҷишҳо маҷбурӣ ҳастанд.

Маълум шудааст, духтаронеро, ки муносибатҳои маҳрамонаро таҷриба кардаанд, ба санҷишҳои тиббии бештар мефиристанд. Бархе омӯзгорон гуфтаанд, агар баъзе духтарон аз назари олудагӣ ба вируси норасоии масунияти баданд гумонбар шудаанд, дӯстписарони онҳоро ҳам ба суҳбату санҷиш ҷалб мекунанд.

Санҷиши тиббии духтарони мактабхон дар Туркманистон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи апрели соли 2024 хабар дода буд, ки дар вилояти Марв аз волидон талаб карданд, духтаронро “аз поккории ахлоқӣ гузаронанд”.

Он замон баъзе аз волидон гуфтанд, ки мақомоти маориф чунин санҷишҳоро барои маълум кардани бокирагии духтарҳои мактабхон муҳим номидаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, санҷиши бакорат асоси тиббӣ надорад ва талаби гувоҳии бакорат хушунати зидди занон ва як амали ғайриинсонӣ мебошад. Ин ташкилоти вобаста аз Созмони Милал мегӯяд, ҳама гуна санҷишҳои тиббие аз қабили маълум кардани вируси норасоии масунияти бадан бояд ихтиёрӣ анҷом дода шаванд. Талаботи дигар ин аст, ки чунин санҷишҳо бояд дар муассисаи тиббӣ ва ба таври махфӣ барпо шаванд.

Рамазон Қодировро бори дигар раҳбари Чеченистон интихоб кардаанд

Рамазон Қодиров беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст
Рамазон Қодиров беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст

Рамазон Қодиров дар интихоботи раҳбари Чеченистон бо 99,85 дарсади овоз баранда гардидааст. Дар ин бора Кумисюни марказии интихоботи Чеченистон хабар дод.

Дар овоздиҳӣ барои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Чеченистон номзад аз "Русияи одил" Исмоил Денилхонов ва намояндаи Ҳизби коммунист Холид Накаев 0,05%-ӣ ба даст оварданд.

Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ки ин ду номзад тақрибан ҳеч маъракаи таблиғотӣ ба роҳ намонда буданд.

Рамазон Қодиров дар маъракаи таблиғотии худ гуфт, мубориза бо дигарандеширо тақвият медиҳад.

Ӯ беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст ва ҳамвора барои инҳисори қудрат, поймоли ҳуқуқи башар ва озодиҳову дигарандешӣ танқид мешавад.

Интихоботи порлумонии Русия. Кӣ пирӯз ва кӣ маҳрум шуд?

Подолск, Русия. 19-уми сентябри 2026
Подолск, Русия. 19-уми сентябри 2026

Зарбаҳои Русия ва Украина ба ҳамдигар дар се рӯзи интихоботи порлумонии Русия идома доштанд ва дар ин маърака ҳизбе, ки ҷонибдори сулҳ буд, аз сабқат маҳрум гашт.

Тавре пешбинӣ мешуд, дар интихоботи Думаи давлатӣ ва маҷлисҳои маҳаллии як идда вилоятҳову ноҳияҳои Русия ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” (Единая Россия) пирӯз шудааст.

Ба гузоришҳои расмӣ, аввалин интихоботи порлумонии Русия аз замони таҷовузи ин кишвар ба Украина бо ҷонибдории тахминан 57-дарсадӣ аз ҳизби ҳоким ба анҷом расидааст.

Раиси Кумисюни марказии интихоботи Русия Элла Памфилова мегӯяд, ҷамъан аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ дар Думаи давлатии даъвати нуҳум тахминан 355 курсӣ ба ҳизби “Русияи воҳид” ихтисос дода мешавад.

Дар ҷойи дуюм Ҳизби коммунист аст, ки 40 курсӣ касб кардааст. Ҷойи 3-юм насиби Ҳизби либерал-демократ шудааст, ки 25 намояндааш ба Думаи давлатӣ роҳ ёфтанд. Ҳизби "Одамони нав" соҳиби 20 курсии дигар шуда, ҷойи чорумро ишғол намудааст.

Ҳизби "Русияи одил"-и Сергей Миронов, сиёсатмадори муқобили муҳоҷират ва бавижа муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ, марраи 5-дарсадиро гузашта, аз рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон роҳ ёфт. Пештар ворид шудани ин ҳизб ба Думаи давлатӣ зери суол қарор дошт.

Ба иттилои Кумисюни интихоботӣ, як номзад аз ҳизби "Яблоко" дар ҳавзаи якмандатӣ имкони пирӯзӣ доштааст. Ҳизби "Яблоко", ки мухолифи ҷанги Русия дар Украина мебошад, аз сабқати ҳизбҳо маҳрум гардидааст.

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот 25-уми сентябр нашр мешаванд.

Украина рӯзи 20-уми сентябр ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Маскав раҳандозӣ кард. Сергей Собянин, мири Маскав, гуфт, ин бузургтарин зарба дар низои кунунӣ буда, дар он як ҳазору шашсад паҳпод истифода шудааст. Ба қавли Собянин, аз байн 400 бесарнишин Маскавро ҳадаф қарор дода буданд.

Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам гузориш дод, ки 138 ҳавопаймои бесарнишини Русия 17 макони ин кишварро нишон гирифтаанд.

Исломҷон Саидов ба ҷойи Кабирӣ. Раҳбари НИТ иваз шуд

Баъзе аз ҳамҳизбонаш Исломҷон Саидовро "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир кардаанд
Баъзе аз ҳамҳизбонаш Исломҷон Саидовро "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир кардаанд

Исломҷон Саидови 48-сола раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) интихоб шудааст.

Ӯ дар ин мақом Муҳиддин Кабириро иваз кард.

Кабирӣ пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломӣ, бист сол раёсати ҳизбро бар уҳда дошт ва тайи тақрибан ду соли охир барои тӯлонӣ монданаш дар ин мақом мавриди танқиди баъзе аз ҳамҳизбонаш қарор гирифта буд.

Интихоби раҳбари нави Наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст, рӯзи 19-уми сентябр дар Литва баргузор шудааст.

Баъзе аз аъзои ин созмони сиёсӣ аз соли 2016 ба ин тараф дар Аврупо ва бавижа Полшаву Олмону Литва кору зиндагӣ мекунанд.

Номи Исломҷон Саидов дар ҷомеаи Тоҷикистон чандон матраҳ нест.

Вай дар чанд барномаи видеоӣ дар Ютуб сиёсатҳои ҳукуматро танқид карда, аз тарафи баъзе ҳамҳизбонаш "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир шудааст.

Исломҷон Саидов аз моҳи майи соли гузашта муовини аввали раиси НИТ буд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шарқи Афғонистон

Минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ. Покистон. 19-уми сентябри 2026
Минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ. Покистон. 19-уми сентябри 2026

Расонаҳои байнулмилалӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Кунар ва Пактико дар шарқи Афғонистон хабар доданд. Ин ҳамлаҳо субҳи 21-уми сентябр анҷом шудаанд.

Мақомҳои ҳукумати Толибон дар Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки артиши Покистон чанд минтақаро дар ноҳияи Нургули вилояти Кунар ва чанд минтақаи дигарро дар ноҳияи Бармили вилояти Пактико ҳадаф қарор дод.

Масъулини ҳукумати "Толибон" гуфтаанд, ки дар ҳамлаи Покистон ба як хонаи истиқоматӣ дар Кунар се ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаъҳо, дар ҳамла ба Пактико чанд дӯкон ва хона осеб дидаанд.

Мақомоти Покистон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Ҳамлаҳо ба Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки рӯзи 18-уми сентябр бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ё худкушона ба қароргоҳи кормандони пулис дар наздикии як масҷид дар минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон беш аз 30 нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, аксар кушташудаҳо кормандони пулис ҳастанд. Ҳукумати Покистон эълон кард, ки ин ҳамла дар Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.

Исломобод ҳамвора ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон онро рад мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG