Дар чанд ҷумла
Барканории бидуни шарҳи Қосим Раҳбар аз мансаби раиси Ҳисор
Бо як фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрел Қосим Роҳбарро аз мансаби раиси шаҳри Ҳисор барканор карда, аммо сабабашро нагуфтанд. Ҳоло ба ин мақом Ҷаббор Носирзода таъйин шудааст. Вай то ин муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.
Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов) 60-сола аст ва ҳамагӣ ду сол пеш раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуд. Аз он қабл раиси Кумитаи рушди маҳал, вазири кишоварзӣ ва раиси ҳукумати вилояти Суғд буд.
Ду сол пеш муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ҳисоби бонкии ӯро дар Швейтсария ёфтанд. Муҳаққиқон гуфтанд, ин ҳисоб соли 2004 боз шуда, то соли 2011 фаъол буд ва дар он зиёда аз 9 миллион долларро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.
Дертар Қосим Раҳбар дар суҳбат бо нашрияи “СССР” ҳисоби бонкиро дар Швейтсария тасдиқ кард, аммо гуфт, ки онро нохудогоҳ ва бо миёнаравии як соҳибкор боз кардааст. Ва бахши зиёди маблағҳои ин ҳисоб аз они ӯ нестанд. Маълум нест, мақомоти Тоҷикистон ин қазияро таҳқиқ карданд ё не.
Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии асъори хориҷиро зери назорат доштааст.
Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ "шахсе бо гузаштаи шубҳаовар" номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.
Рӯзи 15-уми апрел дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ тағйирот сурат гирифт. Билол Иброҳим ба сабаби “гузаштан ба кори дигар” аз мақоми раиси ноҳия озод шуда, ба ҷояш Сафар Олимзода омад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эътирози беш аз сад коргари чинӣ дар як шаҳри Русия
Гурӯҳе аз коргарони чинӣ бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи корашон дар шаҳри Комсомоли лаби Амури Русия даст ба эътироз заданд.
Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, беш аз сад коргари чинӣ рӯзи 12-уми апрел бо навиштаҳое бо забони русӣ ва чинӣ дар кӯчаҳои шаҳр раҳпаймоӣ карданд.
Онҳо дар муроҷиати худ аз президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари ширкати “Роснефт” Игор Сечин талаб кардаанд, ки ҳаққи корашон пардохт шавад.
Эътирозгарон гуфтанд, коргари ширкати "Петро-Хэхуа"-и ҳамкори “Роснефт” мебошанд. Дмитрий Заплутаев, шаҳрдори Комсомоли лаби Амур гуфт, мақсади эътирозгарон ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилашон буда, аз рӯи ин қазия додситонӣ санҷишро шуруъ намуд.
Эътирозгаронро боздошт накарданд.
Дертар ҳукумати вилояти Хабаровск гуфт, коргарон аз он норозӣ ҳастанд, ки корфармо бо онҳо қарордодро қатъ намуд. Мақомот гуфтанд, мушкил дар мӯҳлати иҷрои кор ва сифати он буд.
Дар айни замон "Роснефт" гуфт, ки ба ҳайси ширкати фармоишгар саривақт тамоми маблағро пардохт кардааст ва мушкили напардохтани маош дар масъулияти "Петро-Хэхуа" мебошад.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо коргарони чинӣ ва раҳбарияти корхона гуфтушунид карда, барои ҳалли масъала Вазорати корҳои хориҷии Русия ва консулгарии генералии Чин ҷалб шудаанд. Раиси ширкати "Петро-Хэхуа" бо сабаби дар хориҷ аз Русия буданаш натавонистааст бо кормандон мулоқот кунад.
Мақомоти минтақа гуфтаанд, ки метавонанд аз ҳисоби худ ба кормандони чинӣ барои бозгашт ба ватанашон мусоидат кунанд, вале ин ҷараён бояд бо ташаббуси кордиҳанда ба роҳ монда шавад.
Соли 2021 ҳам коргарони чинӣ дар шаҳри Комсомоли лаби Амур як чунин эътирозеро бо далели пардохт нашудани маош баргузор карда буданд.
Оғози муҳосираи бандарҳои Эрон бо таҳдиди дигаре аз сӯйи Трамп
Соати даҳи 13-уми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон). Замонеро, ки Фармондеҳии Марказии Амрико ё СЕНТКОМ барои оғози муҳосираи бандарҳои Эрон дар атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз эълон карда буд, фаро расид.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 13-уми апрел дар шабакаи Truth Social таҳдид кард, ки "ҳар қаиқи таҳоҷумии тезрав аз тарафи Эрон ба хати муҳосираи мо наздик шавад, билофосила нобуд хоҳад шуд."
Ӯ дар паёми нави худ ишора кардааст, ки артиши Амрико барои ин кор аз ҳамон тарзе истифода хоҳад кард, ки алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир дар дарё истифода мекунад.
Раисҷумҳури Амрико паёми худро бо ишора ба нобудии комили нерӯи дарёии Эрон оғоз кардааст: "Нерӯи дарёии Эрон алъон дар қаъри дарё хобидааст – комилан нобуд шудааст – 158 киштӣ."
Вай сипас идома додааст, ки Амрико танҳо чизе, ки аз нерӯи дарёии Эрон ҳадаф нагирифта буд, "ҳамин қаиқҳои таҳоҷумии тезрав" аст, чун онҳоро таҳдиди бузурге дар назар нагирифтааст.
Ҳурмуз. Нуқтае, ки сарнавишти нафту гази ҷаҳон ҳал мешавад
Эрон дар охири моҳи феврал дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард. Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.
Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд. 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.
Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.
Ба иттилои хадамоти бритониёии амнияти баҳрӣ, то миёнаи моҳи март ҳудуди 25 киштӣ зарар дидаанд ва ё ба онҳо ҳамла шудааст. Бисёре аз ширкатҳои соҳиби киштӣ гардишро дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ карданд. Созмони Милал мегӯяд, дар обҳои Халиҷи Форс ва дар наздикии тангаи Ҳурмуз даҳҳо киштӣ банд монда, ҳазорон маллоҳ мунтазири гузаштани бехатар аз оброҳаи ҷанҷолӣ ҳастанд.
Боздошти муовини пешини Қамчибек Тошиев
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Даниэл Рисалиев, муовини пешини раиси КДАМ ё Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро дастгир кардааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 13-уми апрел бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.
Ба иттилои манобеъ, маъмурони милиса ӯро дар вилояти Иссиқкӯл боздошт кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳанӯз шарҳе надодааст.
Ҳамзамон иттиҳоми зидди ӯ рӯшан нест.
Даниэл Рисалиев дар моҳи декабри соли 2025 муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон таъйин шуд. Вай раёсати Маркази ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амнияти сайберӣ ё кибернетикиро бар уҳда дошт.
Пас аз 10-уми феврали имсол ва баъди барканории Қамчибек Тошиев аз мансаби раиси КДАМ-и Қирғизистон, муовинони ӯ, аз ҷумла Даниэл Рисалев низ аз мақомҳои худ ронда шуданд.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад
Леои шонздаҳум, поп ё раҳбари 1,4 миллиард католики ҷаҳон, гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад.
Изҳороти ӯ дар вокуниш ба танқиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико садо дод.
Ӯ 13-уми апрел ҳангоми сафараш ба Алҷазоир дар мусоҳиба бо хабаргузории “Рейтерс” гуфт, “ман ба зидди ҷанг садо баланд хоҳам кард.”
“Имрӯз дар ҷаҳон одамони зиёд ранҷ мекашанд. Бисёре аз одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба назари ман, касе бояд бархезаду бигӯяд, ки роҳи беҳтаре ҳам ҳаст,” – афзуд раҳбари католикҳои ҷаҳон.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми апрел поп Леоро барои мавзеъгирии Ватикан дар мавриди ҷанг бо Эрон танқид карда, гуфт, попи Рум “бо кишваре бозӣ мекунад, ки мехоҳад силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.”
Попи Рум пештар ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро ба Эрон маҳкум карда буд.
Стармер ҳимояти Бритониёро аз муҳосираи бандарҳои Эрон рад кард
Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш аз тасмими Амрико барои муҳосираи бандарҳои Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард.
Кейр Стармер афзуд, тамаркузи онҳо бештар ба он равона шудааст, ки гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз “пурра боз” бошад.
Вай рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ гуфт, “муҳим аст, ки гулӯгоҳ комилан боз бошад ва ҳамаи талошҳои худро ба ҳамин равона кардаем ва минбаъд низ чунин хоҳем кард.”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, нерӯҳои кишвараш аз соати даҳи сездаҳуми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон) муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз мекунанд.
“Дигар миллатҳо низ дар ин самт кор мекунанд ва Эрон имкон нахоҳад дошт, ки нафт фурӯшад," – афзуд ӯ. Ба қавли Трамп, сарфи назар аз нокомии музокироти Амрикову Эрон дар Исломободи Покистон, оташбаси дуҳафтаина побарҷост.
Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки раҳбарии амалиёт дар Ховари Миёнаро бар ӯҳда дорад, иброз доштааст, ки муҳосира танҳо ба киштиҳое дахл дорад, ки озими бандарҳои эронӣ ҳастанд ё аз бандарҳои Ҷумҳурии Исломӣ берун мешаванд.
Тибқи омори расмӣ, рӯзи шанбе се киштии саршор аз нафт гулӯгоҳи Ҳурмузро гзаштанд, вале рӯзи душанбе дар остонаи муҳосираи амрикоӣ ҳаракати киштиҳо дар ин гузаргоҳ мушоҳида намешуд.
Аз замони оғози низоъ дар Ховари Миёна, Эрон равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ намуда, сабабгори боло рафтани нархи нафт дар саросари олам шуд. Ҳамзамон Теҳрон эълон кардааст, ки барои гузаштан аз Ҳурмуз аз киштиҳо ҳақ хоҳад ситонд.
Гуфтушуниди миёни Амрико ва Эрон рӯзи 12-уми апрел дар Исломобод бе даст ёфтан ба созиш поён ёфт. Ҳайати амрикоӣ гуфт, ҷониби эронӣ баъзе аз шартҳои онҳоро напазируфтааст. Эрон мегӯяд, “дипломатия ҳеч вақт тамом намешавад”. Ҷониби Покистон аз тарафҳо хост, ба оташбас пойбанд бимонанд.
Амрико ба муҳосираи дарёии Эрон оғоз мекунад
Артиши Иёлоти Муттаҳида аз рӯзи душанбеи 13-уми апрел муҳосираи дарёии киштиҳоеро оғоз мекунад, ки ба самти бандарҳои Эрон мераванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.
Фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) эълон кард, ки муҳосираи киштиҳо аз соати 17:30 ба вақти Теҳрон оғоз мешавад.
Фармондеҳии марказии Амрико навиштааст, "ин муҳосира бидуни ҳеҷ табъиз (фарқгузорӣ)" нисбати ҳама киштиҳое татбиқ мешавад, ки вориди бандарҳои Эрон мешаванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.
Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад, ки ахиран Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.
Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд". Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Теҳрон равуо аз тариқи Тангаи Ҳурмузро амалан бастааст.
"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳи худ иқрор кардааст.
Боздошти ин корманди комиссариат дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Трамп мегӯяд, дастури муҳосираи тангаи Ҳурмузро додааст
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12 апрел эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.
Трамп бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии худ, Truth Social дар бораи гуфтугӯҳои рӯзи шанбе гуфт, танҳо мавзуе, ки аҳамият дошт, барномаи ҳастаии Эрон буд, ки мавриди созиш қарор нагирифт.
Раисҷумҳури Амрико афзуд, "аз ҳамин лаҳза, нерӯи баҳрии Амрико, ки дар ҷаҳон беҳтарин аст, раванди муҳосираи ҳамаи киштиҳоеро, ки талош мекунанд вориди тангаи Ҳурмуз шаванд ё аз он хориҷ шаванд, оғоз хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин бо радди молиёт гирифтани Эрон аз киштиҳо таъкид кард, ки ба як нерӯи баҳрии Амрико дастур додааст, "ҳар шиновареро дар обҳои байналмилалӣ, ки ба Эрон молиёт пардохт кардаанд, шиносоӣ ва мутаваққиф кунанд. Ҳар кас, ки чунин молиёти ғайриқонуние пардохт кунад, дар обҳои озод убури амн нахоҳад дошт".
Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд".
Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Аммо Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел дар Исломобод, бо зикри инки "ин давр аз музокирот тӯлонитарин даври музокирот дар ин як сол буд ва дар маҷмуъ 24-25 соат давом кард", афзуд, "баъзе аз мавзӯъҳои нав мисли мавзуи тангаи Ҳурмуз дар ин музокирот илова шуд ва ин ҳар кадом печидагиҳои худро дорад".
Вай афзуд, "тамосҳо ва баррасиҳо байни Эрон, Покистон ва дигар дӯстонамон дар минтақа идома пайдо хоҳад кард".
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон низ гуфт, ки "мо умедворем, ки ҳар ду тарафи амрикоӣ ва эронӣ ба оташбас пойбанд бимонанд". Ӯ афзуд, ки "мо ба талош барои фароҳам овардани робитаҳои нек байни ин ду тараф идома хоҳем дод".
Бӯҳрон дар Ховари Миёна рӯзи 28 феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин кишвар кушта шуданд.
Эрон дар посух ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико ҳастанд ва низ Урдун ва Ироқ, ҳамлаҳо кард. Гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ низ вориди ин ҷанг шуданд.
Пас аз 40 рӯзи даргирӣ, рӯзи 8 апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд ва аз омодагии худ барои иштирок дар нишасти Исломобод хабар доданд.
Садама дар як чорроҳаи марзии Исфара-Бодканд
Дар деҳаи Орто-Боз дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар чаҳорроҳаи маъруф ба Торт-Кочо (ё Чаҳор кӯча) садамаи нақлиёт рух додааст. Аз ин чаҳорроҳа роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон ва Бодканд-Лайлаки Қирғизистон убур мекунад.
Ба иттилои пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, ин ҳодиса бегоҳии 9 апрел сар задааст. Мошини боркаши навъи “Volo”, соҳибаш шаҳрванди Қирғизистон бо мошини “Mercedes-Benz Sprinter”, соҳибаш шаҳрванди Тоҷикистон бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама “Mercedes-Benz Sprinter” ба мошини навъи “Changan” бархӯрдааст, ки низ ба шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон гуфтааст, сарфи назар аз садамаи якбора се мошин, касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳар се мошин зарари моддӣ бардоштааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузории марз ва сохтани роҳҳои алтернативӣ идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти ду кишвар, баъд аз анҷоми аломатгузориву сохтани роҳҳои нав, шаҳрвандони ду кишвар ба ҳудуди якдигар ворид нахоҳанд шуд.
Марзро бо Афғонистон бо "деворҳои худӣ" мустаҳкам мекунанд
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ насби симхор ҷараён дорад. Ин қитъаи марз аз гӯшаҳои ноамн ва осонгузар барои қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Девори нав симхорҳои давраи шӯравиро иваз мекунад. Дар дигар қитъаи марзӣ ҳам ин раванд идома дорад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, симҳое, ки барои марзбандӣ ҳоло истифода мекунанд, дар корхонаи махсус дар шаҳри Норак омода мешавад.
Иброҳим Мирзода, раиси шаҳри Норак мегӯяд, ин ягона корхона дар Тоҷикистон дар замони соҳибистиқолӣ аст, ки барои марзбандӣ маҳсулот истеҳсол мекунад.
Дар мавзеъҳои тезоб, мисли ноҳияи Дарвоз, марз бо Афғонистонро танҳо рӯди Панҷ ҷудо мекард ва симхоре вуҷуд надошт. Ҳоло дида мешавад, ки онҷо ҳам марзро сим мекашанд.
Масъулини корхонаи вижа дар шаҳри Норак мегӯянд, кори онҳо зиёд шудааст ва бояд бештар маҳсулот истеҳсол кунанд.
Ба гуфтаи Иброҳим Мирзозода, раиси шаҳри Норак, кор ҳоло дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст шудааст ва маҳсулотро омода карда, ба минтақаҳои марзӣ мефиристанд.
Корхонаи бофтани сим барои марзбандӣ дар шаҳри Норак 170 нафар коргар доштааст. Симтурҳои нави истеҳсоли ин корхона аз симхорҳои замони шӯравӣ фарқи зиёд дорад. Онҳо шабеҳи панҷара ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомот, убур аз онҳо мушкил аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Аксари минтақаҳои душворгузари ин қитъаи марзӣ ҳанӯз марзбандӣ нашудааст.
Интихоботи порлумонии Маҷористон. Орбан дар хатар аст
Мардуми Маҷористон (Венгрия) рӯзи якшанбе, 12 апрел барои раъй додан дар интихоботи порлумонӣ, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Ин интихобот метавонад ба ҳукумати 16-солаи нахуствазири ин кишвар Виктор Орбан поён диҳад.
Орбан ки 16 сол аст қудратро дар ин кишвари аврупоӣ дар даст дорад ва худро "хор"-е дар чашми Иттиҳоди Аврупо медонад, ин бор бо Петр Мадяр, номзади муҳофизакор, аммо тарафдори Аврупо, рақобат мекунад, ки ба мардуми кишвараш ваъдаи "тағйири низом"-ро додааст.
Дар назарсанҷиҳои чанд моҳи ахир, Мадяр, раҳбари 45-солаи мухолифон, аз Орбан пештоз аст.
Виктор Орбан, ки ҳатто бархе аз раҳбарони Аврупо ӯро "диктатор" хитоб мекунанд ва ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо будааст, аз пуштибонии Доналд Трамп ҳам бархӯрдор мебошад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта муовини худ Ҷей Ди Венсро барои эълони ҳимоят аз ӯ ба Маҷористон фиристода буд.
Орбани 62-сола, ки худ фаъолияти сиёсиашро аз оппозитсияи Маҷористон оғоз карда, замоне тарафдори демократияи ғарбӣ буд, ташаббускори истилоҳи "демократияи ғайрилибералӣ" аст. Навъе низоми ҳукмронӣ, ки дар он раҳбар пас аз пирӯзӣ дар интихобот рафта-рафта системаи назоратӣ дар кишварро заъиф мекунад ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва фардиро коҳиш медиҳад.
Ҳар ду тарафи рақобатҳои интихоботӣ дар ин кишвари Аврупои Марказӣ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳоми дахолати хориҷӣ дар интихоботи кишвари худро матраҳ карданд.
Дар ҳамин замина, Ҷей Ди Венс, ки барои ҳимоят аз корзори Виктор Орбан ба Будапешт, пойтахти Маҷористон рафта буд, дар як суханронӣ "бюрократҳои Брюссел" -ро (ишора ба Иттиҳоди Аврупо) ба дахолат дар умури Маҷористон муттаҳам кард.
Орбан ки ҳамеша худро аз мухолифони сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо нишон дода ва муттаҳам аст, ки дар даврони зимомдориаш ба фасоди ҳарчи бештар дар ҳукумат доман задааст, мехоҳад барои панҷумин бор нахуствазири Маҷористон шавад.
Дар муқобил, Петр Мадяр ки аз ҳизби Виктор Орбан ҷудо шуда буд ва ду сол пеш по ба арсаи фаъолиятҳои сиёсӣ дар муқобили ҳизби ҳокими Маҷористон гузошт, ба мардум ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ додааст.
Ӯ дар ду моҳи гузашта бо сафар ба гӯшаву канори Маҷористон аз мардум хостааст, ки "ватанамонро бозпас бигирем" ва ваъда додааст, ки фасодро решакан кунад.
Маҷористон бо 9,5 миллион аҳолӣ дар даврони зимомдории Виктор Орбан ба фақиртарин кишвари аврупоӣ табдил шудааст.
Иттиҳоди Аврупо Орбанро муттаҳам мекунад, ки ба таври систематикӣ мухолифони сиёсиро дар кишвар саркӯб карда, ба қонунмандӣ зарба задааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, "аксари аъзо"-и Иттиҳоди Аврупо аз рафтани Орбан "хушҳол хоҳанд шуд".
Мулоқоти ҷудогонаи Шаҳбоз Шариф бо муовини Трамп ва ҳайати Эрон
Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф дар Исломобод бо муовини раиси ҷумҳури ИМА, Ҷей Дӣ Вэнс ва ҳайати Эрон дар алоҳидагӣ дидору мулоқот кардааст.
Ҳадаф аз ин дидор ва ҷамъ омадани ҳайатҳо дар Покистон поён додани даргирии Амрикову Исроил бо Эрон аст.
Ҷузъиёти мулоқот бо муовини Доналд Трамп, ки раҳбарии ҳайати Амрикоро бар дӯш дорад, ҳанӯз маълум нест. Дар ин гуфтугӯҳо фиристодаҳои вижаи Доналд Трамп — Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер низ ҳузур доранд, ки ба маънии муҳимияти ин сафар барои Кохи Сафед аст.
Шаҳбоз Шариф дар миёни ду тими музокиракунанда нақши миёнрави асосиро иҷро мекунад. Вай дар дидор бо Вэнс гуфтааст, умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯзи шанбе “санги бинои сулҳи пойдор дар минтақаро мегузорад”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манобеи ҳукуматии Эрон хабар дод, ки ҳайати Теҳрон пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, ҳоло масъалаи баргузории музокироти мустақим ё ғайримустақим бо тими Амрикоро баррасӣ дорад.
Агар ин дидор сурат бигирад, он метавонад як таҳаввули бесобиқа ва таърихӣ дар равобити ду кишвар бошад. Ҳоло ҷаҳон бо диққат ба натиҷаи музокирот дар Исломобод чашм духтааст.
Пешбинии Бонки Осиёии Рушд дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Бино ба пешгӯии тозаи Бонки Осиёии Рушд, интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 босубот ё баланд боқӣ монад.
Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шуд, омадааст, рушди бахши саноат ва хидматрасонӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 7,4 дарсад ва соли 2027 6,8 дарсад боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки соли 2025 ин рақам ба беш аз 8 дарсад баробар буд.
Ба бовари коршиносони бонк, сатҳи таваррум дар ду соли оянда аз 4 то 4,5 дарсад хоҳад расид. Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ ва пули барқу об аз омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум дар кишвар гуфта мешаванд.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, “рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад”.
Бино ба гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ҳарчанд кишвар солҳои ахир дар бахши истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон рушди қобили мулоҳизае доштааст, аммо иқтисоди кишвар ҳанӯз ба мушилиди ҷиддӣ, он ҳам маҳдуд будани маҳсулоти дохилӣ рӯбарӯст.
Таҳлилгарон ҳам ба он таъкид мекунанд, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷист ва аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум воридотӣ буда, ҳар тағйир дар берун метавонад, таъсири ҷиддие ба рушди иқтисод дошта бошад.
Дар Қирғизистон мардеро баъди 16 рӯз аз чоҳ ёфта, берун оварданд
Дар Қирғизистон як мардро баъд аз 16 рӯз аз дохили чоҳи қубурҳои об пайдо карда, зинда берун оварданд. Ин ҳодиса наҷотбахшону сокинонро ҳайратзада кард. Марди 65-сола, ки 16 рӯз дар чоҳе бо чуқурии 18-метр дармонда буд, ба таври муъҷизаомез наҷот ёфт.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ботканд ба Aiym.news гуфтаанд, мард рӯзи 22-юми март барои тафтиши қубурҳои обу таъмири он ба чоҳ фаромада буд. Аммо яке аз пояҳои зинапоя шикаста, роҳи бозгашти ӯ ба берун баста шудааст.
Чоҳ дар ҳавлии як бинои кӯҳна ҷойгир буд ва садои кӯмакхоҳии мардро касе нашунидааст. Ҳамин тавр вай бе ғизо ва дар сардӣ 16 рӯз дармонда, нерӯ ва садояшро қариб аз даст додааст.
Ба гуфтаи наҷотбахшон ягона чизе, ки мардро наҷот дод, ин буд, ки чоҳ об дошт. Кӯдаконе, ки барои бозӣ ба ин макон омада буданд, тасодуфан садои ӯро шунида ба сокинону наҷотбахшон хабар додаанд. Мардро аз чоҳ берун оварда ба беморхона интиқол доданд. Ҳоло вазъи сиҳатияш хуб арзёбӣ мешавад.
Даргузашти Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки солҳои охир бемор буд, дар ҳафтодсолагӣ даргузашт.
Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи даҳуми апрел дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳадязода раиси ташкилоти "Тамаддун" ва аз бунёдгузорони Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон буд ва чанд дафъа дар масъалаҳои гуногун бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст.
Аз ҷумла, соли 2014, вақте Шӯрои уламои Тоҷикистон дигарандешӣ, эътироз ва балворо "гуноҳи кабира" хонд, Латиф Ҳадязода гуфт, “асри 19 нест. Давлати мо ҳам давлати динӣ нест.”
Аз он пеш, дар соли 2010 ва дар пайванд ба кори вакилони порлумон чунин гуфта буд: "Аксар вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта ҳастанд ё он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст."
Латиф Ҳадязода дар гузашта дар Радиои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, дар Афғонистон афсари тарҷумон будааст.