Ҷанги Украина
"Вагнер ташкил намекунем." Зиндониёнро дар Украина ба ҷанг мебаранд?
Андрей Сожонтсев, тоҷири зиндонии маводи мухаддир дар Украина, пешниҳод кардааст, ки ба ҷойи нишастан дар маҳбас, беҳтар аст, қонунро тағйир диҳанд ва онҳоро ба ҷанги зидди Русия баранд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шароите иҷозаи вурудро ба зиндони Житомир дар Украина дарёфт кард, ки порлумони ин кишвар роҳҳои қонунии ҷалби маҳбусонро ба ҷанг баррасӣ мекунанд. Вазорати Адлияи Украина гуфтааст, дар ин кишвар гурӯҳи шабеҳи зархаридони “Вагнер”-и Русия ташкил нахоҳад шуд.
Аз зиндони рақами чори Житомир то Киев ду соат роҳ аст. Дар зиндон маҳбусонеро, ки ба мисли Андрей Сожонтсев ҷиноятҳои вазнин кардаанд, нигаҳ медоранд. Ӯ ҳашт сол боз барои қочоқи маводи мухаддир паси панҷара нишастааст, вале ҳоло умед дорад, ки дар ивази пайвастан ба артиш ва ҷанг ба зидди Русия раҳо мешавад.
Ӯ гуфт: "Ман ватанамро дӯст медорам. Муддати дароз 12 сол дар хориҷа зиндагӣ карда будам. Имкони дар кишварҳои аврупоӣ монданро доштам. Ин сарзамини ман аст. Ҳамеша мехостам баргардам.”
Гурӯҳи "Вагнер" дар Русия ҳазорон зиндонӣ, аз ҷумла гунаҳкоронро ба қатлу таҷовуз ба ҷанги Украина ҷалб кардааст. Мақомоти Украина мегӯянд, тарҳеро, ки пешниҳод кардаанд, иҷоза намедиҳад, ҷинояткорони ашаддӣ ба ҷанг ҷалб шаванд.
Олена Висотская, муовини вазири адлияи Украина, гуфт: “Мо дар инҷо "Вагнер" ташкил намекунем. Вақте мо дар бораи “сафарбар кардани маҳбусон ба ҷанг” суҳбат мекунем, ин чиз пеши назар меояд, ки ба ҷинояткорони хатарнок автомат медиҳем. Манзури мо ин нест.”
“Баъзеҳо қасдан ҷиноят содир мекунанд ва бархе иштибоҳан. Мисол, садама дар роҳ. Ронандаи маст пиёдагардро пахш мекунад. Ӯ, албатта, хук ва гунаҳкор аст. Даҳ сол зиндонӣ шудааст, вале ӯ қасдан ҷиноят накардааст. Агар мехоҳад ислоҳ шавад, чаро бояд дар зиндон нигаҳдорӣ шавад?” – мегӯяд ҳуқуқдон Руслан Сушко.
Ҷалби маҳбусон ба ҷанг дар Украина ҳанӯз баҳс мешавад ва маълум нест, ки аз 46 ҳазор зиндонӣ чанд нафари онҳо хоҳиши пайвастан ба артишро доранд.
Дар ҳоле ки Украина пас аз ду соли ҷанги хастакунанда бо Русия мехоҳад сафи артишашро такмил кунад, Сожонтсев умедвор аст, дар ниҳоят ба ҷанг сафарбар мешавад.
“Агар ба ҷои нишастан дар зиндон имкони қарордод бастан мешуд, ба ҷанг мерафтам. Аз инҷо нишастани ман чӣ фоида? Метавонам дар ҷанг бошам,” – гуфт Андрей Сожонтсев.
Тарҳи ҷалби зиндониён ба ҷанг дар Украина дар баррасии аввал дар порлумон қабул шуда, ҳанӯз санаи тасвиби қонун ва шакли комили он ниҳоӣ нашудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Моро ба мурдан мебаранд." Додхоҳии зиндониёни тоҷик дар Русия
Гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар маҳбаси шаҳри Волгогради Русия мегӯянд, зиндонбонҳо онҳоро сахт зери фишор қарор додаанд, то бо артиши Русия қарордод имзо кунанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба маҳбасҳои ватани худ интиқол дода шаванд.
"Моро ба ватан баранд"
Ду маҳбуси ин зиндон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ навиштанд, ҳоло ҳудуди 150 зиндонӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, зери фишори шадид қарор доранд. Шахсияти зиндониён ба Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба хотири амнияти онҳо аз ошкор карданашон худдорӣ мешавад.
Ин ду муҳоҷири зиндонӣ гуфтанд, ки бо сахтиҳои зиёд телефони мобилӣ пайдо карда, бо сафорати Тоҷикистон дар Русия тамос гирифтанд. “Мо мехоҳем, ки моро ба ватан баранд. Мо розием, ки дар ватан адои ҷазо кунем. Мо розием, ки рафта дар нерӯгоҳи “Роғун” бепул кор кунем. Дар ин ҷо ҳамаи моро ба мурдан мебаранд,” -- гуфт яке аз онҳо.
Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр ба рақамҳои сафорати Тоҷикистон дар Маскав занг зад, вале касе посух надод.
Ба гуфтаи ду зиндонӣ, аксари маҳбусон бо иттиҳоми даст доштан дар маводи мухаддир, қаллобӣ ҳангоми таҳия санадҳои кору зист, ифротгароӣ ва авбошӣ дар зиндон ҳастанд. Онҳо аксари ҳукмҳоро тӯҳмат номиданд.
Мусоҳибони мо гуфтанд, ҳоло зиндониён аз Осиёи Марказӣ дар ҳуҷраҳои “БУР” (барак усиленного режима) ва “СУС”( строгие условия содержания), утоқҳои махсус бо шароити сахт барои зиндониёни хатарнок нигаҳдорӣ мешаванд.
"Ягон нафари онҳо зинда намондааст"
Ба гуфтаи онҳо, танҳо аз як зиндони Волгоград дар як соли гузашта беш аз 100 маҳбус аз Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд, ба ҷанги Украина фиристода шуданд. “То ҷое мо хабар ёфтем, ягон нафари онҳо зинда намондааст,” – гуфтанд маҳбусони тоҷик.
Русия дар ҷанги васеъмиқёсе, ки аз соли 2022 алайҳи Украина пеш мебарад, ҳазорон шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистонро ҷалб карда, то кунун хабари кушта шудани садҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Як масъули “Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина, дар як ҳамоиши онлайнӣ дар миёнаҳои моҳи октябр гуфт, маълумот пайдо кардаанд, ки Русия аз аввали ҷанг бо беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷанги зидди Украина қарордод бастааст. Ӯ гуфт, шояд шумораи воқеӣ аз ин бештар бошад, вале ин маълумотест, ки онҳо дастрас ва собит кардаанд.
Русия наздик ба панҷ сол боз алайҳи Украина меҷангад ва аксари созмону кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро таҷовуз дониста, онро маҳкум кардаанд. Дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт пешбинӣ шудааст, вале то кунун касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд.
Помпео: Путин ба поён додани ҷанг дар Украина майле нишон надодааст
Майк Помпео, вазири пешини умури хориҷии Амрико, мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин барои поён додан ба ҷанг дар Украина ҳеч майл нишон надодааст. Ӯ ҳушдор дод, ки ҳамкории рӯзафзуни Маскав бо Пекин, Теҳрон ва Пхенян барои амнияти Ғарб душвории ҷиддӣ эҷод мекунад.
Помпео, ки дар маъмурияти нахусти президент Доналд Трамп кор кардааст, рӯзи 29-уми октябр дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дурнамои сулҳ дар Украина, хатарҳои музокира бо Путин, пуштибонии Эрон аз Маскав ва зарурати кафолатҳои қавитари амниятии Ғарб ба Киевро баррасӣ кард.
Радиои Озодӣ: Бо оғози даври нави ҳамлаҳо, афзоиши фишор ба Киев ва талошҳои бисёр ҳассоси дипломатӣ, ба назар мерасад, ки вазъ дар Украина босуръат дигар мешавад. Дар майдони ҷанг чиро мебинед ва арзёбии шумо чист?
Майк Помпео: "Ба назарам, мо ҳанӯз ба нуқтае нарасидаем, ки Владимир Путин барои ақибнишинӣ аз маъракаи террори худ майл нишон дода бошад. Маълум аст, ки ба арзёбии худи ӯ, хароҷоти идомаи низоъ аз фоидааш бештар нест. Вале мекӯшад, зимистони имсоларо барои мардум, на артиши Украина, ниҳоят душвору тоқатфарсо гардонад. Артиши Украина ӯро бо 42 ҳазор талафот дар як моҳ сахт шикаст медиҳад. Биноан, вай мардуми Украинаро ҳадаф қарор додааст... то раҳбарони сиёсии Киев ва ҳамчунин мақомот дар Вашингтон, Брюссел ва пойтахтҳои дигари аврупоиро бовар кунонад, ки идомаи ёриҳо ба Украина дигар фоида надорад."
ФАРҚИ ЗЕЛЕНСКИЙ АЗ ПУТИН
Радиои Озодӣ: Оё Вашингтон ва ҳампаймонҳояш метавонанд ба ягон чаҳорчӯби дипломатие, ки Владимир Путин пешниҳод мекунад, эътимод кунанд?
Майк Помпео: "Посух не аст, аммо ин маънои онро надорад, ки шумо талошҳои дипломатиро идома надиҳед, дуруст? Вале ба ягон гуфтаи ӯ бовар намекунед. Шумо танҳо ба амалҳое, ки ӯ анҷом медиҳад, менигаред. Аммо гуфтугӯ бо касе, ки ба ӯ эътимод надоред, бесобиқа нест. Дар ниҳоят, шумо чаҳорчӯб ва созишеро таҳия мекунед, имзо мегузоред, сипас иҷрояшро назорат мекунед ва танҳо замоне ба он бовар мекунед, ки дар амал иҷро шавад. Бинобар ин, омода набудани ӯ ҳатто ба эълони оташбасҳои бисёр ҷузъиву муваққатӣ ҳама чизро равшан мекунад. Ҳоло дар як шаҳр, Олешки дар ҷануби Украина, ки зери ишғоли Русия қарор дорад, оташбаси муваққатӣ ва кӯтоҳмуддате амал мекунад. Дар ҳоле ки президенти Украина Владимир Зеленский ба оташбасҳои фарогир дар бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ дар Баҳри Сиёҳ розӣ шудааст ва ҳамчунин ошкоро эълон кардааст, ки омода аст дар хатҳои ҳозираи низоъ оташбас ҷорӣ шавад. Ин аз якравие, ки Владимир Путин дар бархӯрд бо музокирот нишон додааст, комилан фарқ мекунад."
"КИЕВ БА ГУЗАШТИ БАД РОЗӢ НАМЕШАВАД"
Радиои Озодӣ: Президенти Украина Владимимир Зеленский ҳушдор медиҳад, ки Киев бо фишори сахти сиёсӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ аст. Оё Ғарб нохоста Киевро ба гузаштҳои ғайриихтиёр водор мекунад?
Майк Помпео: "Ман тасаввур карда наметавонам, ки Киев дар ниҳоят ба гузашти бад розӣ шавад. Онҳо муддати тӯлонӣ ва бо тамоми нерӯ меҷанганд ва, ростӣ, бо ёрии бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо ба комёбиҳои чашмрасе ҳам ноил шудаанд. Аз ин рӯ, гумон мекунам, бовари президент Путин ба он ки метавонад Ғарбро мутақоид созад, то Киевро барои қабули созиши бад ба сари мизи музокирот бикашонад, дар ниҳоят амалӣ нахоҳад шуд. Ба фикри ман, Путин дар баҳодиҳии худ, ки гуё ӯ дар ин ҷанг пирӯз аст, хато мекунад."
Радиои Озодӣ: Поёни воқеӣ ва амни ин ҷанг бояд чӣ гуна бошад, то заминаи таҷовузи дигарбораи Русияро фароҳам накунад?
Фишори иқтисодие, ки Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ва раҳбарияти Теҳрон ворид мекунад, комилан воқеӣ аст. Ин режим фурӯ хоҳад пошид...
Майк Помпео: "Шояд ин суоли муҳимтарин бошад. Кадом натиҷа метавонад тамаддуни ғарбиро ба таври кофӣ ҳифз кунад? Ба ақидаи ман, посухи ин суол камтар аз он бастагӣ дорад, ки хати ҷабҳа дар куҷо мемонад, ҳарчанд бештари баҳсҳо маҳз пиромуни ҳамин мечарханд. Инҷо чизи муҳимтар мавҷудияти як уҳдадории дарозмуддат ва сохтори амниятиест, ки таҷовузи навбатии Владимир Путинро ғайриимкон гардонад. Фарқе надорад, ки ин дар чаҳорчӯби паймони НАТО бошад ё берун аз он. Намедонам, ин масъала то чӣ андоза муҳим аст, аммо ҳузури нерӯҳои аврупоӣ (ғайриукраинӣ) дар хати ҷабҳа боис мешавад, ки ҳамлаи баъд аз мавриди амал қарор гирифтани созиш воқеан ҳамла на фақат ба Украина, балки ҳамла ба Ғарб шумурда шавад."
ЭЪТИЛОФИ РАСМӢ Ё МУВАҚҚАТӢ?
Радиои Озодӣ: Шумо солҳо боз ҳушдор медиҳед, ки Маскав ба танҳоӣ амал намекунад ва мо ҳоло шоҳиди талоши ҳамоҳангшудаи Русия, Пекин ва Теҳрон барои ба таври муназзам суст кардани амнияти Ғарб ҳастем. Оё мо шоҳиди як эътилофи расмии замони ҷанг ҳастем ё танҳо эътилофи муваққатие, ки ҳадафаш хунсо кардани қудрати Амрико аст?
Майк Помпео: "Медонед, ин ҷолиб аст. Намедонам, ки кадоме аз ин ду бошад. Ошкор аст, ки эътилофе вуҷуд дорад. Ошкор аст, ки онҳо бо ҳам кор мекунанд. Дар асл, Пхенян, Пекин, Теҳрон ва Маскав бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Венесуэла низ ба онҳо ҳамроҳ мешуд, вале мо он хатарро аз байн бурдем... Онҳо бо ҳам ихтилофҳои зиёд доранд. Дар баъзе аз мавридҳо наметавонанд ҳамкорӣ кунанд. Аммо дар мавриди нобуд кардани тамаддуни Ғарб ҳамаи онҳо ҳамназаранд. Ин маҷмӯи раҳбаронест, ки ба ҷони инсон заррае парво надоранд, ба ҳуқуқи бунёдии моликият заррае аҳамият намедиҳанд ва озодии динӣ барояшон аслан муҳим нест. Онҳо дар ин масъалаҳо фаҳму дидгоҳи муштарак доранд. Бинобар ин, вақте гап дар бораи пеш бурдани дидгоҳи онҳо дар бораи сохтори ояндаи ҷаҳон меравад, ин кишварҳо бо вуҷуди ихтилофҳои байниҳамдигарӣ бо ҳам кор хоҳанд кард. Шумо инро дар низомҳои таслиҳотӣ, ҷузъҳои электронӣ ва табодули маълумоти иктишофӣ ҳам дар сатҳи тактикӣ ва ҳатто роҳбурдӣ (стратегӣ) мебинед. Аммо муҳимтар аз ҳама, ин ҳамкориро дар сатҳи раҳбарони баландпоя ва дар сатҳи давлатҳо мушоҳида мекунед. Ин кишварҳо ба таври ошкор омодагии худро барои ҳамкорӣ ба хотири заиф кардани низоми пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ нишон додаанд, низоме, ки барои Иёлоти Муттаҳида бисёр судманд, барои Аврупо фавқулода хуб ва, ростӣ, барои озодӣ дар саросари ҷаҳон шигифтангез будааст.”
Радиои Озодӣ: Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш имрӯз барои аз байн бурдани хатҳои интиқол ва таъминотие, ки Теҳронро ба Маскав мепайванданд, чӣ кори мушаххасе бикунанд?
Майк Помпео: "Бале, роҳҳо зиёданд. Иқдоме ҳаст, ки ман онҳоро чораҳои тактикӣ ва низомӣ меномам. Метавон аз ҳаракати киштиҳо пешгирӣ кард. Метавон пеши роҳи интиқоли борҳоро гирифт. Иёлоти Муттаҳида ин корро ҳамроҳи аврупоиҳо анҷом додааст ва ростӣ бояд кишварҳои дигар низ дар ин кор фаъолтар иштирок мекарданд. Фишори иқтисодие, ки Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ва раҳбарияти Теҳрон ворид мекунад, комилан воқеӣ аст. Медонед, вазири хазинадории Амрико Скотт Бессент дар бораи фурӯпошии эҳтимолии иқтисоди Эрон то чанд ҳафтаи дигар суҳбат кардааст. Намедонам, ки воқеан танҳо чанд ҳафта аст ё не, аммо ин рӯй хоҳад дод. Ин режим фурӯ хоҳад пошид. Тавре дар мавриди Иттиҳоди Шӯравӣ дидем, шумо наметавонед рӯз, соат ва ҳатто солро пешгӯйӣ кунед. Аммо ин режим ба ҳеч ваҷҳ наметавонад дар баробари муҳосираи мавҷуда, фишорҳои иқтисодӣ ва умедворам идомаи талошҳо, яъне идомаи иқдоми низомие, ки президент Трамп гуфтааст, тоб биорад. Ин ба мардуми Эрон имкон медиҳад, ки корҳои лозимро анҷом диҳанд. Мо метавонем режимро ба гунае вожгун созем, ки натиҷаи он барои мардуми Эрон беназир, барои кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Исроил фавқулода муҳим ва барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ бениҳоят арзишманд бошад."
Беш аз бист куштаву захмӣ дар ҳамлаи Русия ба Днепри Украина
Бар асари ҳамлаи Русия ба шаҳри Днепр (Днипро) дар шарқи Украина ба камияш 14 кас кушта шуда, беш аз 10 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора мақомоти Украина хабар доданд.
Ба иттилои ширкати роҳи оҳани Украина, нерӯҳои Русия рӯзи 29-уми октябр бо як паҳпод ба саҳни истгоҳи роҳи оҳан дар Днепр (Днипро) зарба задаанд.
Ҳамла дар наздикии қатор ё поезде сурат гирифтааст, ки ба сӯйи Запорежйе ҳаракат мекард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ин ҳамларо “ваҳшатбор” хонд.
Ӯ дар паёме пурсид, “аз замоне ки таҳримҳо алайҳи баъзе аз олигархҳои рус ва бахши энержии Русия сабуктар шуданд, Русия ба ҷойи коҳиши шиддати вазъ алайҳи мардуми мо чанд ҳамлаи террористии дигар анҷом дод?”
Борис Филатов, шаҳрдори Днепр (Днипро), дар шарҳи ҳодиса навишт, ки “ин як ҷанги наслкушӣ аст.”
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад. То кунун миллионҳо нафар дар Украина бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуда, манзилу иншооти зиёде вайрон гаштааст. Маскав ҷанги худро дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ, аммо Украинаву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки ин кишвар меноманд.
"Ё кушта мешавед ё аз гуруснагӣ мемиред." Ҳаёт дар як шаҳри ишғолшудаи Украина
Баъзе аз сокиноне, ки аз шаҳри ишғолшудаи Олешкии Украина берун шудаанд, дар бораи гуруснагӣ, нархҳои осмонии маводи ғизоӣ ва таҳдиди сарбозони рус қиссаҳои зиёд доранд. Онҳо мегӯянд, дар иҳотаи майдонҳои мина рӯзгори риққатоваре доштанд. Ин шаҳр дар 9-километрии вилояти Херсони Украина қарор дорад ва зери ишғоли нерӯҳои Русия аст.
Ҳоло бо пешниҳоди Мелания Трамп, ҳамсари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ҷонибҳои даргир ба оташбас ва ташкили долоне барои хуруҷи сокинон аз Олешки розӣ шудаанд. Радиои Озодӣ имкон ёфт, бо чанде аз сокинони собиқи Олешки ҳамсуҳбат шавад.
Сокинони шаҳри Олешки дар Украина, ки аз тарафи Русия ишғол шудааст, бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, қанду ширинӣ ё қаҳва барояшон дастнорас аст. Виталий, сокини пешини Олешки, мегӯяд, "мо аз он ҷо берун шудем, чун дарк кардем, ки камбуди ғизо бисёр ҷиддист."
Виталий бо сабабҳои амниятӣ хост, ки рӯяшро пинҳон кунем. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, нигаҳбонии волидони солхӯрда ва писари 13-солааш бар дӯши ӯ буд. Аз ин рӯ, Виталий то ҷое тавонист дар Олешки боқӣ монд. Онҳо медонистанд, ки буҳрони ғизо вазнинтар мешавад, вале умед доштанд, ки наҷот меёбанд.
"Вақте ватан ишғол мешавад, одам барои наҷоташ захира мекунад. Мо аз оғоз омода шудем. Ин буд, ки мо тавонистем як муддати тӯлонӣ рӯзамонро гузаронем," – нақл кард ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Шумори зиёди сокинони Олешки пас аз тахриби сарбанди обанбори Каховка дар соли 2023 аз ин шаҳр берун шуданд. Мавҷи дуюми кӯчбандии мардум ба баҳори соли 2026 рост омад.
Охирин корвони ғизо ба Олешки моҳи майи соли равон расида буд. Дар моҳи июл пас аз таркидани мошини "Ёрии тиббӣ" дар роҳи минакоришуда равуо ба Олешки пурра бас гардид. Аз он вақт ба ин тараф сокинони шаҳр аз ҳисоби захираҳояшон ба сар мебаранд.
Алла, сокини пешини Олешки мегӯяд, "мо асосан сабзавот – помидор, бодиринг ва каду – мехӯрдем. Чизи дигар набуд. Агар бахтамон механдид, касе ба мо чанд кило марҷумак ё биринҷ туҳфа мекард."
Алла ва шавҳараш тобистон зироаткорӣ намуда, умед доштанд, ки аз ҳисоби ғизои парвардаашон рӯз мегузаронанд, вале рӯзе сарбози рус ба хонаи онҳо омад: "Ин сарбози мусаллаҳи гуё озодибахш 11 шабу рӯз моро гаравгон гирифт. Мақсад дошт, ки моро ба қатл расонад."
Ба қавли ин зан, сабаби асосии фирор аз Олешки на гуруснагӣ, балки хавфи марг аз дасти сарбозони ишғолгар будааст.
Мақомдорони Украина хостаанд, ки барои беруншавии мардум аз Олешки як долони хос дода шавад. Дар ин байн Ксения Архипова, сокини собиқи Олешки, бо тақдими маълумот дар бораи майдонҳои минакоришуда ва роҳҳои нисбатан амн ба мардум дар хуруҷ аз Олешки ёрӣ мерасонад.
Вай гуфт, "вақте мардум аз Олешки берун мешаванд, ба ман дар бораи роҳ маълумот медиҳанд. Минаҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ гуна аз он минтақа бояд гузаранд."
Бо ташаббуси бонуи аввали Амрико Мелания Трамп дар Олешки оташбаси маҳдуд ҷорӣ шудааст, то ёриҳои башардӯстона ба ин шаҳр интиқол ёфта, мардуми мулкӣ бар ҷойҳои амнтаре кӯчонида шавад. Ситоди кулли нерӯҳои Украина аз 27-уми октябр ба иҷрои оташбас оғоз намуд. Русия ҳам оташборони минтақаро муваққатан бас кардааст.
"Ба зудӣ." Умедвории Трамп ба мулоқоти Зеленский ва Путин
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми октябр ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони Украина ва Русия "ба зудӣ" мулоқот хоҳанд кард. Доналд Трамп замон ва ҷойи мулоқоти эҳтимолиро ошкор накард, аммо афзуд, "метавон ба пешрафти зиёд ноил шуд".
Нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 (G20), ки Трамп моҳи декабри имсол дар Флорида мизбонӣ хоҳад кард, метавонад ҷое барои мулоқоти рӯ ба рӯйи раҳбарони Украина ва Русия бошад. Аммо Владимир Путин то ҳол ба даъвати Иёлоти Муттаҳида посух надодааст ва ӯву Владимир Зеленский дар мавриди имкони баргузор шудани чунин мулоқот мавзеъҳои комилан гуногун доранд.
Путин ҳамеша кӯшиш кардааст, қонунӣ будани мақоми Зеленскийро зери суол барад ва борҳо гуфтааст, мулоқоти сарони ду кишвар танҳо пас аз ба даст омадани тавофуқи ҳамаҷонибаи сулҳ имконпазир хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки метавонад бо Зеленский дар Маскав дидор кунад.
Кремл медонад, ки эҳтимоли баргузор шудани мулоқот дар пойтахти кишваре, ки алайҳи Украина тақрибан панҷ сол боз ҷанг мекунад, барои Киев қобили пазириш нест. Владимир Зеленский дар навбати худ омодагиро барои мулоқот бо Путин дар кишвари сеюм изҳор карда, гуфтааст, масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла қаламравҳо, танҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо ҳаллу фасл шуда метавонанд.
Пештар гузориши шуда буд, ки дар нимаи аввали моҳи ноябр дар Имороти Муттаҳидаи Араб музокироти сеҷониба баргузор хоҳад шуд.
Изҳороти президенти Амрико як рӯз баъди он садо дод, ки президенти Финландия ва сарвазири Норвегия бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар алоҳидагӣ суҳбати телефонӣ доштанд. Александр Стубб, президенти Финландия, дар изҳороте гуфт, "суҳбат ошкору пурмуҳтаво буд".
Вай афзуд: "Мо ҳамсояи Русия ҳастем. Натиҷаи ин ҷанг ба амнияти мо ва амнияти умумии Аврупо таъсири мустақим хоҳад дошт. Барои поён додан ба ҷанг гуфтугӯҳои мустақим заруранд."
Аз ин пеш, рӯзи 20-уми октябр, Норвегия мизбони Зеленский, Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Трамп ва чанд мақоми аврупоӣ буд. Ин фаъолшавии густурдаи дипломатии кишварҳои Ғарб дар ҳолест, ки Владимир Путин дар моҳи октябр пешниҳод карда буд, дар охири сол нишасти сеҷониба бо иштироки Иёлоти Муттаҳида ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин баргузор шавад.
Доналд Трамп гуфтааст, омода аст дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) бо Владимир Путин ва раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, нишасти сеҷониба баргузор кунад. Ин нишаст моҳи оянда дар Чин баргузор хоҳад шуд. Аммо Трамп гуфт, ҳадафи асосии мулоқот баррасии "силоҳҳои ҳастаӣ ва халъи силоҳи ҳастаӣ" хоҳад буд, на ҷанги Русия дар Украина.
Дар ҳамин ҳол, ҳам Украина ва ҳам Русия тасдиқ карданд, ки дар 30 соати аввали оташбас дар атрофи шаҳри Олешкии Украина, ки зери ишғоли Русия қарор дорад, нақз ё поймоли созиш сабт нашудааст.
Оташбас, ки бо миёнравии бонуи аввали Амрико Мелания Трамп ба даст омадааст, субҳи 27-уми октябр оғоз шуд. Ин қарор ду рӯз пештар аз муҳлати пешбинишуда амалӣ гардид, то “амнияти ғайринизомиён ҳифз шуда, расондани ёриҳои фаврии башардӯстона осон гардад”.
Мелания Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, дар паёме дар шабакаи "X" навишт, минтақаи татбиқи оташбас “берун аз ҳудуди Олешки, бахшҳои дигари вилояти Херсонро низ дар бар мегирад, то барои корвонҳои башардӯстона гузаргоҳи амн фароҳам шавад”. Қарор аст, оташбас то якуми ноябр идома ёбад.
Ҳамлаҳои Русия ба Киев пас аз оташбас дар Олешки
Оташбас барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Олешки дар ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр ба иҷро даромад.
Ҳамагӣ чанд соат пеш аз он Русия ба хобгоҳи донишҷӯён ва маконҳои дигари ғайринизомӣ дар Киев зарба зада, дастикам як нафарро кушт.
Ин оташбас ҳафтаи гузашта бо миёнравии Мелания Трамп, ҳамсари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ба даст омада, Маскав ва Киев онро пазируфтаанд.
Он дар шароите ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи Мелания Трамп вазъ дар Олешки бисёр ташвишовар аст.
Ин шаҳр дар остонаи фоҷеа қарор дорад ва аҳолии боқимондаи он асосан аз сокинони солхӯрда иборат ҳастанд, ки ба муолиҷаи фаврии пизишкӣ, дору, хӯрок ва оби ошомиданӣ ниёз доранд.
Дмитро Лубинетс, ваколатдори ҳуқуқи башари Украина, рӯзи 27-уми октябр дар шабакаи Телеграм навишт, “оташбас оғоз шуд ва ҷониби Украина ба уҳдадориҳои худ пойбанд аст.”
Вазорати мудофиаи Русия низ эълон кард, ки пеш аз оғози амалиёти башардӯстона дар Олешки “низоми оташбас” ҷорӣ кардааст.
Олешки дар соҳили дарёи Днепр ва рӯ ба рӯи маркази вилояти Херсони Украина ҷойгир аст.
Пеш аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, аҳолии ин шаҳр қариб 24 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дафтари Мелания Трамп тахмин мезанад, ки ҳоло аз 1700 то 2000 нафар дар ин шаҳр мондаанд ва тақрибан 50 нафари онҳо кӯдак ҳастанд.
Гумон меравад, аксар сокинони Олешки занону мардони солхӯрдае ҳастанд, ки натавонистаанд ё нахостаанд шаҳрро тарк кунанд.
Русия 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба ҷанг бурдааст
Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина ошкор кардааст, ки Русия танҳо дар нуҳ моҳи охир бо ваъдаву фиреб ё зӯр 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги зидди ин кишвар ҷалб кардааст.
Як масъули тарҳ, ки номаш ба далели амниятӣ навишта намешавад, рӯзи 20-уми октябр дар нишасти онлайн бо хабарнигорон гуфт, ин оморест, ки онҳо ба даст овардаанд ва шояд теъдоди воқеӣ аз ин ҳам бештар бошад. “Мо тоҷикон ва узбеконеро, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, ҳисоб накардем. Ин омори касонест, ки танҳо шаҳрвандии ин кишварҳоро доранд,” -- гуфт ӯ.
Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ доранд ва дар даҳ соли охир зиёда аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи Русияро соҳиб шудаанд.
Нишасти онлайн дар бораи ҷалби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги Русия алайҳи Украина бо ҳимояти Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.
Бар асоси гуфтаи масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар ин нишаст, аз соли 2022 то кунун ҷалби зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба артиши Русия барои ширкат дар ҷанги Украина маълум шудааст.
Дар умум дар тақрибан панҷ соли охир беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ ба ин ҷанг бурда шудаанд ва аз рӯйи теъдод, Тоҷикистон пас аз Узбекистон дар ин феҳраст дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ин рақам дар моҳи аперли имсол 16 ҳазор нафар ҳисоб шуда буд.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва садҳо муҳоҷири одӣ ва зиндониёну боздоштшудаҳои тоҷикро ба ин ҷанг бурд. То кунун хабари кушта шудани беш аз сад тоҷик дар ҷанги Русия бар зидди Украина ва дафни пайкар ё ҷасади онҳо дар Тоҷикистон расонаӣ гаштааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори бехабарӣ мекунанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин ки чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар ҷанги Украина ҷанг карда истодаанд ё наистодаанд, мо ягон ҳисобот намебарем ва дар ин масъала ягон уҳдадорӣ ҳам надорем."
Моддаи “401 ба иловаи як" дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз дувоздаҳ то бист сол зиндон ҷазо муқаррар кардааст. То кунун ягон кас барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.
Масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар нишасти онлайни рӯзи 20-уми октябр омори асирони ҷангиро дар Украина ҳам нишон дод ва тибқи он Тоҷикистон дар қатори ҳафт кишварест, ки аз ҳама бештар шаҳрвандонаш дар дасти низомиёни Украина ҳастанд.
Вай теъдоди дақиқи асиронро фош накард, аммо бар асоси нақли онҳо се роҳи асосии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояашро ба ҷанг дар Украина ном бурд.
Ваъдаи аз 2 то 3 ҳазор доллар маош дар моҳ ва тақдими шаҳрвандии Русия яке аз роҳҳои ҷалби хориҷиён ба ҷанг будааст. Гурӯҳи дигарро бо ваъдаи кор бо маоши баланд, посбонӣ дар анбор ва ронандагӣ ҷалб карда, пас аз як тамрини кӯтоҳ фавран ба ҷанг мефиристодаанд. Гурӯҳи сеюм онҳое будаанд, ки бо тарси зиндонӣ кардан ё аз Русия ихроҷ шудан ба ҷанг ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар Украина, беш аз сӣ дар сади асирон аз Осиёи Марказӣ далели пайвастанашонро ба ҷанги зидди Украина дарёфти шаҳрвандии Русия номида, танҳо 12 дарсад гуфтаанд, ки ихтиёрӣ қарордод имзо карданд. Қисме дигар гуфтаанд, фиреб хӯрданд ва ё барои раҳоӣ аз маҳбасу ҷавобгарии ҷиноӣ ва дарёфти кумакпулӣ ба ин кор розӣ шуданд.
"Танҳо ба русҳо ёрӣ мекунад." Розӣ ва норозиёни тасмими Трамп дар бораи Русия
Мансабдорони Украина қарори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барои татбиқ накардани таҳримҳои наву фарогир алайҳи Русия сахт танқид карда, гуфтанд, ин тасмим "ба кишвари таҷовузгар паёми нодуруст мефиристад" ва "танҳо ба русҳо кумак мекунад". Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, ҳукумат барои арзёбии пайомадҳои эҳтимолии иқтисодии таҳримҳо ва боҷҳо то 60 рӯз вақт мехоҳад. Кохи Сафед гуфт, ҷорӣ кардани фаврии таҳримҳо метавонад монеи талошҳо барои музокироти созиши сулҳ миёни Русия ва Украина шавад.
"Беш аз ҳад бемасъулиятона"
Андрей Сибиҳа, вазири корҳои хориҷии Украина, рӯзи 17-уми октябр дар шабакаи “X” навишт, “агар русҳо аз тасмими дирӯзаи Амрико хурсандӣ мекунанд, пас ин, бешубҳа, нишонаи фишори муассир барои поён додан ба ҷанг нест.”
“Дудилагӣ ба кишвари таҷовузгар паёми нодуруст медиҳад. Ин танҳо ҷангро тӯлонитар мекунад. Линдси Грэм инро хуб дарк мекард,” – афзуд ӯ. Манзури Сибиҳа сенатори марҳум Линдси Грэм аст, ки аз ҷонибдорони сарсахти Украина дар Конгресс буд ва моҳи июли имсол даргузашт. Қонуни таҳримҳо ба номи ӯ, яъне "Қонуни Линдси Грэм дар бораи таҳрими Русия ва Эрон аз соли 2026" гузошта шудааст.
Тарҳи бастаи нави таҳримҳо бо пуштибонии ҳар ду ҳизб (Демократ ва Ҷумҳурихоҳ) дар Конгресс қабул шуда, Доналд Трамп моҳи сентябр онро имзо карда буд. Аммо Трамп бо фармони иҷроия аз 16-уми октябр худдорӣ аз татбиқи ин чораҳоро ба манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳида донист. Ин тасмим ба бастаи нави таҳримҳо, ки бояд рӯзи 18-уми октябр ба иҷро медаромад, рабт дорад. Таҳримҳое, ки пештар алайҳи Русия ҷорӣ шудаанд, ҳанӯз пойбарҷоянд.
Ин иқдом, ки пас аз созиши марбут ба сӯзишвории дизелӣ гирифта шуд, боис ба танқиди шадиди ҳомиёни Украина ва қонунгузорони ҳар ду ҳизб дар Амрико гашт. Том Тиллис, сенатори Ҷумҳурихоҳ, ин тасмимро "беш аз ҳад бемасъулиятона" номид. Сенатор Ҷон Корнин гуфт, сенатори марҳум Грэм агар зинда мебуд, "ба даҳшат меафтод". Қонунгузорони демократ низ Трампро муттаҳам карданд, ки ба Русия барои таъмини молии ҷангаш ёрӣ мекунад.
Қонуни нави таҳримҳо ба ҳукумати Амрико имкон медод, ки фишорро ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия афзоиш диҳад. Бар асоси он, Амрико метавонист барои харидорони бузурги нафту гази Русия, аз ҷумла Чину Ҳиндустон, то 100 дарсад боҷ ё таърифа ҷорӣ кунад. Қонун ҳамчунин таҳримҳоро алайҳи мақомоти Русия, ниҳодҳои молии ин кишвар ва ба истилоҳ “флоти сояӣ”-и нафткашҳо, ки барои давр задани таҳримҳо истифода мешаванд, пешбинӣ мекард.
"Русия мехоҳад, Украинаро комилан бе нерӯи барқ гузорад"
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 17-уми октябр дар шабакаи “Х” навишт, бекор кардани таҳримҳо “нодуруст аст” ва “бидуни шак, танҳо ба русҳо кумак мекунад”.
Зеленский татбиқ накардани таҳримҳоро дар замоне ки ба гуфтаи ӯ “фишор зарур аст”, як ақибнишинии номуносиб номид. "Дар замоне ки Русия ҳамлаҳои густурдаро ба бахши энержии мо анҷом додааст, дареғ, дар Амрико тасмим гирифтанд, ки Қонуни Линдси Грэмро комилан нодида бигиранд. Қонуне, ки мебоист барои поён додан ба ин ҷанг ба Русия фишори воқеан муассир мерасонд," – навишт Зеленский дар шабакаи "X".
“Русия талош дорад, ки дар остонаи зимистон Украинаро комилан бе нерӯи барқ гузорад. Русия талош дорад, миллионҳо шаҳрванди моро бе гармӣ ва рӯшноӣ гузорад. Барои монеъ шудан ба ин фишор зарур аст. Қатъи таҳримҳои Амрико, коҳиши фишор ба кишвари таҷовузгар ва подоши молӣ ба Путин аст ва ҳамаи ин ӯро танҳо ба идомаи ҳамлаҳо ташвиқ мекунанд,” – афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи баландпояи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз тасмими Кохи Сафед истиқбол карда, онро “як лаҳзаи воқеан таърихӣ” номидааст. Кирилл Дмитриев, раиси Бунёди сармояи давлатии Русия, 16-уми октябр дар шабакаи “X” навишт, “ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба манфиати ҳар ду кишвар аст.”
Пуштибонии Рубио
Марко Рубио гуфт, ҳукумати Амрико барои арзёбии пайомадҳои таҳримҳо ва боҷҳо, аз ҷумла таъсири эҳтимолии онҳо ба кишварҳое чун Ҳиндустон, ба 60 рӯз вақт ниёз дорад. Ҳинд, бо вуҷуди талошҳо барои гуногун кардани манбаъҳои таъминоти энержӣ, ҳамчунон аз сӯзишвории Русия вобастагии зиёд дорад.
Ӯ душворҳои бархоста аз Эрон, гулӯгоҳи Ҳурмуз, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ҳусии Яман ва ҷанги Русияву Украинаро аз сабабҳое номбар кард, ки ба бозори ҷаҳонии энержӣ фишор меоранд.
Рубио аз созиши ҳукумати Амрико бо Русия дар мавриди сӯзишвории дизелӣ, ки Зеленский онро “ҳадя” ба Путин номидааст, низ ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ин сӯзишворӣ, новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳида онро мехарид ё не, ба бозорҳои байнулмилалӣ мерасид.
Таҳлилгарони бахши энержӣ шубҳа доранд, ки ин созиш метавонад нархҳоро барои сокинони Амрико ба таври чашмрас поин барад. Ҳамзамон онҳо ҳушдор додаанд, ки сабуктар кардани маҳдудиятҳо метавонад барои Маскав фоидаҳои бузурги иқтисодӣ биорад.
Trophylab асрори садҳо силоҳи русии ғаниматии Украинаро ҳамагонӣ кардааст
Як пойгоҳи украинӣ, ки таҷҳизоти низомии ғаниматгирифтаи Русия ва Кореяи Шимолиро барои "озмоишҳои харобиовар" ва дигар таҳқиқот пешниҳод мекунад, аз замони таъсисаш ба 376 ширкат ва ниҳоди хориҷӣ дастрасӣ додааст. Дар ин бора сухангӯи ин тарҳ рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) хабар дод.
Тарҳи украинии Трофилаб (Trophylab) ё лабораторияи ғаниматҳо, моҳи июн ҳамчун як "фазои муштарак барои таҳқиқи силоҳҳои душман" муаррифӣ шуд. Ин марказ таҳлилҳои амалии силоҳҳои бадастомадаро барои ниҳодҳои муайяни Украина ва кишварҳои дигар нашр мекунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, таваҷҷуҳи амиқи байналмилал ба ин маълумот метавонад ба саноати ҳарбии Кремл таъсири ҷиддӣ расонад.
Анна Ҳарвей, пажӯҳишгарри Шӯрои Сиёсати Хориҷии Амрико, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки илова бар ҳадафи эълоншудаи пойгоҳ, ки кумак дар таҳияи сипар зидди силоҳҳои ҷудогонаи Русия аст, эҳтимол баъзе ширкатҳое, ки аз Трофилаб истифода мебаранд, "технологияи чаппаи Русияро дар асоси намунаҳои забткардаи Украина тарҳрезӣ кунанд". Вай пешгӯӣ мекунад, ки чунин маҳсулоти тақлидӣ метавонад "рақиби рӯйирости тавлидоти содиротии русӣ" дар бозори ҷаҳонӣ шавад.
Ҳарвей афзуд, акнун харидорони эҳтимолии хориҷӣ, ба силоҳи Русия на аз рӯйи рекламаи русии он, балки бар пояи "амалкарди воқеии ин аслиҳа дар майдони ҷанг" баҳо диҳанд.
Трофилаб соҳиби намунаҳои зиёда аз 200 воҳиди ғасбкарда, аз ҷумла мушаки дорои суръати фаросадоии "Кинжал", тонки T-90M ва мушаки баллистикии KN-23-и Кореяи Шимолист.
Онҳое, ки дастрасӣ доранд, метавонанд барои гирифтани намунаҳо барои гузаронидани озмоишҳои воқеӣ то ҳадди "нобудии пурра" (агар зарур бошад) дархост диҳанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта аз ҷониби корбарон дар ин пойгоҳ нашр мешаванд. Аммо пеш аз нашр барои дастрасии ҳамаи корбарони Трофилаб, ин натиҷаҳо аз лиҳози "мутобиқат, нотакрорӣ ва арзиши илмӣ" санҷида мешаванд.
Хеле зуд пас аз таъсисаш, ба украиниҳо ва хориҷиён дастрасии баробар дода шуд. То моҳи августи имсол пойгоҳи Трофилаб наздики 130 дархости дастрасӣ аз худи Украина ва зиёда аз 300 дархости хориҷӣ дарёфт кард. Вазорати дифои Украина то ҳоло нагуфтааст, ба чанд дархост посухи мусбат дода шудааст.
Сухангӯйи Трофилаб нахост, шумораи дақиқи кишварҳои хориҷиро номбар кунад, ки ба ин пойгоҳ ворид мешаванд. Аммо созмон мегӯяд, феҳристи чунин кишварҳо маҳдуд ба 28 ададест, ки бо Украина созишномаҳои амниятӣ имзо кардаанд.
Ҳарбиён аз қадим ончиро, ки "кашфи фаннии таслиҳот" унвон мешавад, дар сатҳи давлатҳо, аз ҷумла ҳарду тарафи даргирии давомдор дар Украина бо ҳам табодул мекунанд. Русия, дар навбати худ аслиҳаи ғаниматии НАТО-ро, ки нерӯҳои украинӣ ба кор мебаранд, бо Кореяи Шимолӣ дар миён мегузорад. Ҳамчунин хабар дода мешуд, ки яроқҳои пешрафти Ғарбро ба Теҳрон ҳам фиристодааст.
Аммо огоҳон мегӯянд, оммавӣ кардани мавзуъ аз тарафи Трофилаб ба ширкатҳои хурди навтаъсис имкон медиҳад, ин маълумоти пажуҳиширо дар сохтани аслиҳаи нав барои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳое истифода баранд, ки ба пойгоҳ дастрасӣ доранд.
Дар мусоҳибае дар моҳи июл, генерали бознишастаи австралиягӣ МакЛахлан гуфта буд, "Коре, ки Трофилаб мекунад, яъне додани дастрасӣ ба ҷузъиёти аслиҳаи ғаниматӣ барои ширкату созмонҳои навовари силоҳсозӣ чизи навест, ки дар гузашта дида нашудааст."
3 кушта ва беш аз 20 захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Киев
Дар ҳамлаҳои мушакии Русия ба Киев, ки шаби гузашта ва бомдоди 14-уми октябр иттифоқ уфтод, 3 кас кушта ва зиёда аз 20 тан, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шудаанд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, гуфт, нерӯҳои Русия ба чанд зербунёди энергетикӣ дар пойтахти Украина низ зарба заданд. Ширкати DTEK хабар дод, ки пас аз ҳамлаи шабонаи Русия ба яке аз нерӯгоҳҳои асосии Киев, дастикам панҷ ноҳия бе нерӯи барқ монданд.
Украина Русияро ба нақз ё поймоли оташбасе, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар мавриди зарба назадан ба зербунёдҳои энергетикии ду кишвар эълон карда буд, муттаҳам намуданд.
“Ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки кишварро тарк мекунам, аммо ба хотири духтарам, сагам ва амниятамон базудӣ ин ҷоро тарк хоҳам кард,” -- гуфт як сокини шаҳри Киев ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, шоми 13-уми октябр дар паёме гуфт, "тибқи маълумоти иктишофии мо, Русия барои зарбаҳои изофӣ бо мушакҳои дурпарвоз омода мешавад. Муҳим аст, ки ҷаҳон дар ин бора сукут накунад. Муҳим аст, ки Иёлоти Муттаҳида бинад, ки воқеан чӣ мегузарад ва кӣ масъули идомаи ҷанг аст.”
Ӯ рӯзи 14-уми октябр дар саҳифааш дар шабакаи "X" навишт, Русия шаби гузашта бо 39 мушаки баллистикӣ ва беш аз 120 паҳпод ба Киев ҳамла кардааст. Ба гуфтаи Зеленский, дар ҳоли ҳозир ба камияш 600 ҳазор нафар дар пойтахт аз нерӯи барқ маҳруманд ва мумкин аст ин шумора бештар шавад.
Раисҷумҳури Украина бори дигар пуштибонии кишварашро аз оташбас дар мавриди зарба назадан ба зербунёдҳои энергетикӣ тасдиқ кард.
“Русия ба шабакаи энергетикии Украина, биноҳои истиқоматӣ ва зербунёдҳои ҳаётан муҳим ҳамла мекунад, ки боис ба қатъи нерӯи барқ дар Киев, халалдор шудани низоми обрасонӣ ва аз ҳама фоҷиабортар, кушта шудани теъдоди бештари ғайринизомиён мегардад,” -- гуфт Денис Сиеник, кордори сафорати Украина дар Вашингтон.
Ин ҳамла чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки президенти Амрико Доналд Трамп аз созиш бо Русия хабар дод. Трамп гуфт, бар асоси ин тавофуқ, Иёлоти Муттаҳида 300 ҳазор тонна маводи сӯхт (дизел)-и Русияро ворид хоҳад кард ва интизор меравад, дертар миллионҳо тоннаи дигар низ сӯзишворӣ бигирад.
Ин иқдом боис ба танқиди ҳампаймонҳои Амрико дар Аврупо ва ҳамчунин намояндагони ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳ дар Иёлоти Муттаҳида гашт. Онҳо ҳушдор додаанд, ки ин кор метавонад раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба идомаи ҷанг алайҳи Украина ҷасуртар кунад.
Аз ҷумла, 12 сенатор дар номае ба Доналд Трамп созишро бо Русия “ҳадя ба душман” ва “хиёнат ба муттаҳидон” номида, аз ӯ хостаанд, аз созиш бо Путин даст кашад. “Додани имконият ба Маскав барои фурӯши озоди дизели Русия дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба манфиати амниятии Амрико осеб мерасонад ва хиёнат ба мардуми Украина аст,” -- навиштаанд сенаторҳо.
Нақшаи эҳтимолии Русия. Зимистоне сарду торик барои Украина?
Хабарнигорони бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нусхаи санадеро аз моҳи августи 2026 ба даст овардаанд, ки дар он теъдод ва навъи силоҳҳои мавриди ниёзи Русия барои ҳамла ба зербунёдҳои ҳаётии Украина, аз ҷумла истгоҳҳои барқу об ва гармӣ навишта шудааст.
Бар асоси ин ҳуҷҷат, ҳамлаҳои ҳамоҳанг ба зербунёдҳои Киев, Харков ва Одесса метавонад таъмини барқи ин се шаҳри бузурги Украинаро то 90 дарсад коҳиш дода, дар таъмини обу гарми халал эҷод кунад. Шаҳрҳои дигари Украина, аз ҷумла Днепр, Запорожйе, Миколаев, Херсон, Полтава, Черниҳов ва Лвов низ дар арзёбиҳои санад мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Таъсисоти ҳаётӣ дар феҳрист
Яке аз бахшҳои санад шомили рӯйхате аз 60 таъсисот ва зерсохтори ҳаётии Украина аст, ки ба унвони "ҳадафҳои калидӣ" мушаххас шудаанд.
Се нерӯгоҳи ҳастаии фаъоли таҳти назорати Украина ва 10 нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ дар ин феҳрист қарор доранд. Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе, ки дар ишғоли Русия аст, дар миёни ин се нерӯгоҳ нест.
Санад ҳамчунин сенарияеро баррасӣ мекунад, ки дар он бо ҳамла ба истгоҳҳои барқ, хати интиқол ва таъсисоти наздики марзҳои ғарбии Украина, иртиботи шабакаи барқи ин кишвар бо Аврупо халалдор шавад. Чунин ҳамалоте метавонад тавоноии Украинаро барои воридот ва интиқоли барқ аз кишварҳои аврупоӣ маҳдуд кунад.
Муаллифони санад барои таъсисоти мушаххас теъдод ва навъи силоҳҳои мавриди ниёзро низ баровард кардаанд. Барои намуна, дар яке аз ҳисобу китобҳо истифода аз ду мушаки "Искандар" барои аз кор андохтани як таъсисоти интиқоли барқ аз як нерӯгоҳи ҳастаӣ дар назар гирифта шудааст. Дар бахшҳои марбут ба нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ишорае ба хатари эҳтимолии интишори маводи радиоактив нест
Дар айни ҳол, дар бахши дигаре аз ҳуҷҷат дар бораи истифода аз баъзе силоҳҳо алайҳи таъсисоти гармидиҳии наздик ба маҳаллаҳои истиқоматӣ ҳушдор дода шудааст, ки чунин ҳамлаҳо мумкин аст ба талафоти ғайринизомиён сабаб шавад.
Дар таҳияи арзёбиҳо дар санад аз манобеи гуногун, аз ҷумла нақшаҳои умумӣ, иттилооти ширкатҳои барқ ва Вазорати энержии Украина ва ҳамчунин арзёбиҳои коршиносон ва намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода шудааст.
Оё ин як барномаи амалиётӣ барои ҳамла аст?
Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ натавонистаанд ҳувияти нависандагони санадро мушаххас кунанд ва ҳамчунин маълум нест ин ҳуҷҷат барои чӣ мақом ё ниҳоде таҳия шудааст.
Нусхае, ки дар ихтиёри хабарнигорон қарор гирифтааст, ноқис аст, чун баъзе саҳифаҳои он вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, як намояндаи саноати дифоии Украина гуфт, пештар ин санадро дида ва тахмин мезанад, ки Вазорати дифои Русия ё ниҳоди пайванд бо он дар таҳияи санад нақш дошта бошад.
Ин коршинос гуфт, чунин аснод метавонанд барои бароварди мизони силоҳҳои мавриди ниёз ва барномарезии тавлиди муҳиммот мавриди истифода қарор гиранд.
Олександр Харченко, мудири Маркази таҳқиқоти саноати энержӣ дар Киев, низ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои монанд дастикам аз соли 2023 таҳия шудаанд ва таъкид кард, ки "ин як дастури низомӣ нест."
Ба гуфтаи Харченко, чунин санад бештар тасвири куллӣ аз ҳадафҳо ва манбаъҳои мавриди ниёзро дар ихтиёри мақомҳои баландпоя қарор медиҳад. Намояндаи саноати дифоии Украина низ гуфт, барномаи воқеии як ҳамла бояд шомили замонбандии амалиёт, ҷудо кардани муҳиммот ва таъйини ҳадафҳои мушаххас бошад ва дар санади ҷудогонае танзим шавад.
Монандӣ бо ҳуҷҷате, ки Украина дар ихтиёри муттаҳидонаш гузоштааст
Муҳтавои санад бо иттилооте шабоҳат дорад, ки мақомҳои украинӣ пештар дар бораи барномаҳои эҳтимолии Русия барои ҳамла ба зерсохторҳои энержии ин кишвар дар ихтиёри ҳампаймонҳои аврупоии худ гузоштаанд.
Денис Шмиҳал, вазири энержии Украина, рӯзи 17-уми сентябр дар нишасте бо мақомҳои аврупоӣ дар Порис (Париж) эълом кард, иттилоотеро дар бораи барномаҳои Русия барои ҳамла ба таъсисоти энержии Украина дар ихтиёри шарикон қарор додааст.
Ӯ сипас гуфт, санади бузурги русиро ба мақомҳои аврупоӣ нишон додааст, ки ҷадвалҳоеро дар бораи теъдод ва навъҳои таслиҳоти мавриди ниёз барои вайрон кардани ҳадафҳои мухталиф дар бар мегиранд.
Тавсифи Шмиҳал аз ин аснод бо муҳтавои ҳуҷҷате, ки хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба даст овардаанд, монандӣ дорад. Нашрияи амрикоии "Ню-Йорк Таймс" низ пештар бо такя ба манбаъҳое, ки номашонро фош накард, дар бораи санаде бо чунин мушаххасот гузориш дода буд.
Ҳамлаҳо ба зербунёдҳои энержӣ
Русия аз оғози таҷовуз ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 борҳо таъсисоти тавлид ва интиқоли барқи ин кишварро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор додааст.
Бар асоси иттилооте, ки Додситонии кулли Украина дар ихтиёри хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузошт, ин ниҳод дар ҳоли таҳқиқ дар бораи 3374 ҳамлаи Русия ба 1177 таъсисоти энержӣ дар саросари Украина аст.
Дар ҳамлаҳои 30-юми сентябр ба Киев ва гӯшаҳои атрофи он, ду нерӯгоҳи тавлиди ҳамзамони барқ ва гармӣ дар пойтахти Украина ҳадаф қарор гирифтанд. Номи ҳар се таъсисот дар санаде, ки хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба даст овардаанд, вуҷуд дорад; бо ин ҳол, ин мавзуъ собит намекунад, ки ҳамлаҳои 30-юми сентябр бар пояи ҳамин ҳуҷҷат барномарезӣ шуда буданд.
Мақомҳои украинӣ он ҳамлаҳоро густардатарин ҳамла ба зербунёдҳои энержии минтақа аз соли 2025 тавсиф карданд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, дар аввали моҳи октябр аз эҳтимоли сахттар шудани ҳамлаҳо ба зерсохторҳои Украина сухан гуфт. Ӯ ҳамлаҳои Русияро иқдоми интиқомҷӯёна дар баробари зарбаҳои Украина ба таъсисоти энержӣ ва боркашонии Русия номид.
Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳ дар бораи санад бо Иттилооти низомӣ, Хадамоти иттилооти хориҷӣ ва Хадамоти амнияти Украина тамос гирифтанд, аммо то замони нашри гузориш посухе дарёфт накардаанд.
Ширкати давлатии барқи обии Украина низ аз пешниҳоди ҷузъиёт дар бораи омодагӣ барои муқобила бо сенарияҳои матраҳшуда дар санад худдорӣ карда, гуфт, нашри чунин иттилооте дар шароити ҷанг метавонад ба амнияти миллӣ осеб бирасонад.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои украинӣ ҳушдор додаанд, ки зимистони пеши рӯ имтиҳони душворе барои шабакаи энержии ин кишвар хоҳад буд.
Санади бадастомада нишон медиҳад, сенарияҳое барои ворид кардани осеби густарда ба зерсохторҳои ҳаётии Украина ва мизони таслиҳоти мавриди ниёз барои онҳо муҳосиба шудааст; аммо муҳтавои санад ба танҳоӣ нишон намедиҳад, ки Русия ба иҷрои ҳамаи ин сенарияҳо тасмим гирифтааст ё не.
"Ҷасадҳо дар миёни роҳ хобидаанд." Ҳамлаи Русия ба ду мусофирбар дар Украина
Мақомоти Украина гуфтанд, ки рӯзи 8-уми октябр бар асари ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Краматорск дар вилояти Донетск зиёда аз сӣ кас кушта ва ҳаждаҳ тани дигар маҷруҳ шуданд.
"Ҷасадҳо дар миёни роҳ хобидаанд," – гуфт хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса.
Додситони вилояти Донетск гуфт, Русия ду автобусеро, ки дар ҳоли мусофирбарӣ буданд, эҳтимол бо бомбаҳои ҷиҳатёб ё ҳидоятшаванда ҳадаф қарор додааст.
Аз ин пеш, рӯзи 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаҳои Русия дар саросари Украина камаш 25 кас, аз ҷумла ду нафар дар шаҳри Киев, кушта шуданд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар шабакаи “X” навишт, нерӯҳои Русия як бинои истиқоматиро "ҳамчун туҳфа ба зодрӯзи ба Путин" вайрон карданд ва онро яке аз ҳамлаҳои "разилонатарин" дар ҳафтаҳои охир хонд.
Маскав пештар талош карда буд, бо ҳамла ба зербунёдҳои энергетикии Украина ва дар сардиҳои шадид бе гармӣ ё нерӯи барқ гузоштани ҳазорон нафар, ба Киев фишор оварад, то талабҳои сахтгиронаи онро бипазирад.
Киев дар посух бо паҳподу мушак ба иншооти низомӣ ва энергетикӣ дар дохили Русия ва роҳҳои муҳими ҳамлу нақли он дар минтақаҳои ишғолшуда зарба задааст.
Аз ҷумла, ба иттилои чанд саҳифа дар Telegram, паҳподҳои Украина рӯзи ҳаштуми октябр ба як маркази додаҳои Yandex дар вилояти Рязани Русия, ки даҳҳо ҳазор серверро нигоҳдорӣ мекунад, зарба задаанд. Дар натиҷа, ширкат маҷбур шудааст, фаъолияти худро дар ин макон боздорад.
Ба иттилои артиши Украина, нерӯҳои ин кишвар ҳамчунин ба корхонаи коркарди нафт ва маҷмааи нафту кимиёи "Газпром Нефтехим Салават" дар Бошқирдистон зарба заданд, ки боис ба сӯхтор шудааст.
Вазорати дифои Русия рӯзи 8-уми октябр хабар дод, ки шаби гузашта 399 дрони Украинаро раҳгирӣ ва аз байн бурдааст.
Навор дар Инстаграм:
“Инҷо дӯзах аст.” Зиндагӣ дар Олешки, шаҳре зери ишғоли Русия
Олешки, шаҳре дар 9-километрии вилояти Херсони Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия мебошад, дар остонаи як фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст.
Мақомоти Украина мегӯянд, пас аз ишғоли шаҳр ва бомбаборони нерӯгоҳи барқи обии “Каховка” дар соли 2023, сокинони Олешки аз барқу газ ва оби ошомиданӣ маҳруманд. Ҳоло Киев талош дорад, ки бо истифода аз дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мардуми ин минтақаи ҷангзада обу хӯрок фиристад.
“Ҳеч гоҳ чунин вазъиятро надидаем”
“Корвон”-и дронҳо шабона ва пас аз як парвози озмоишӣ ба осмони вилояти Херсон баланд мешавад. Бастаҳои дохили онҳо аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду макарону равған иборат аст.
"Вазъият дар Олешки бисёр вазнин аст. Дар он ҷо, воқеан, норасоии обу хӯрок вуҷуд дорад. Ҳамчунин нерӯҳои ишғолгари Русия барои расондани ёриҳои башардӯстона ба Олешки монеъ мешаванд," – гуфт Павло Дрохал, сухангӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украина.
Ба гуфтаи раиси вилояти Херсон, ҳоло дар Олешки қариб 2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 50 нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Баромадан аз шаҳр амалан ғайриимкон аст.
Эстер Вратарева, яке аз ихтиёриёни кумак ба мардуми Олешки гуфт, “шаҳр чаҳор моҳ боз дар муҳосираи комили минаҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аст. Ман намегӯям, ки буҳрони башарист, вазъ аз он ҳам бадтар аст. Ин дӯзах аст. Мо ҳеч гоҳ чунин вазъиятро надидаем.”
Маскав чӣ мегӯяд?
Ҳатто Маскав вазъияти бисёр душворро дар Олешки эътироф кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, гуфт, барои расондани обу хӯрок ба мардуми Олешки мушкилӣ вуҷуд дорад, аммо дар ин вазъият нерӯҳои Украинаро масъул донист.
Олександр Прокудин, раиси Идораи низомии вилояти Херсон, мегӯяд, ба иттилои дарёфтии онҳо, “чанд касе, ки маводи ғизоӣ гирифта буд, аз ҷониби нерӯҳои Русия боздошт, латукӯб ва ба таҳхона партофта шудаанд. Ҳамчунин дар бораи мавридҳои хушунати ҷинсӣ гузоришҳо мерасанд."
Даҳҳо украинӣ рӯзи 28-уми сентябр дар назди Кумисюни Аврупо дар Брюссел ҷамъ омаданд, то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба вазъият дар Олешки ҷалб кунанд. Онҳо аз кишварҳои аврупоӣ хостанд, ки фишорро ба Русия бештар кунанд ва барои расонидани ёриҳои башардӯстона ба сокинони шаҳри ишғолшудаи Олешки роҳи ҳалле пайдо намоянд.
Анна Ҷамбазки, яке аз ҷамъомадагон, гуфт, “бо назардошти он ки ҳоло дар дили Аврупо, дар маркази Брюссел ва дар назди бинои Кумисюни Аврупо ҳастем, кори камтарине, ки карда метавонем, ин паҳн кардани иттилоъ дар бораи вазъият дар Олешки аст.”
Вазири корҳои хориҷии Украина, Андрий Сибиҳа, низ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи гуруснагӣ дар шаҳри ишғолшудаи Олешки сухан гуфт. Ӯ Маскавро ба истифода аз гуруснагии мардум ҳамчун силоҳ ё абзори фишор муттаҳам намуда, изҳор дошт, ки артиши Русия бо наздик шудани фасли зимистон барқасдона зиндагии мардумро дар Олешки сахту тоқатфарсо кардааст.
“Қассоб”. Чӣ гуна як сарбози рус дар Буча одамонро “шикор” мекард?
Муфаттишон дар Украина даст доштани Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русияро ба камияш дар панҷ куштор ва инчунин латукӯбу шиканҷа, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардум дар шаҳри Буча ошкор кардаанд. Ин гӯшаи Украина соли 2022 як муддат зери тасарруфи сарбозони рус буд. Муфаттишон мегӯянд, дар бораи “корнома”-и Артем Дементйев далелҳои зиёде доранд, аз ҷумла навори дурбинҳои назоратӣ, нақли шоҳидон ва як таҳқиқоти пешинаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
"Агар касе ба шумо тир занад, шумо ҳам фаромӯш намекунед"
Константин Шевченко, сокини шаҳри Буча, рӯйдодҳои баҳори соли 2022-ро ба ёд меорад. Замоне ки ин минтақаи наздик ба пойтахти Украина зери ишғоли нерӯҳои Русия қарор дошт. Шевченко мегӯяд, баъди рӯ ба рӯ шудан бо як сарбози рус ба таври муъҷизаосо зинда монд.
"Ба қафо баргашта, ба ӯ нигаристам. Фикр кардам, ки миёни мо гуфтугӯе мешавад, аммо ягон суолу ҷавоб нашуд. Вай ба поям тир зад. Худоро шукр, ки устухон нашикаст. Танҳо гӯшт осеб дид, вагарна дар ҳамон ҷо нақши замин мешудам," – гуфт ӯ.
Ин сокини Буча афзуд, сарбози рус, ки дар дасташ "Винторез", туфанги вижа ва бесадо дошт, дар ҷойи ҳодиса монд: "Вақте ҳамроҳонаш ин манзараро дида, гуфтанд, "лаънатӣ, ин чӣ буд?" Ӯ посух дод, ки “чӣ интизор доштед? Нуҳ миллиметр аст, охир.”
Дертар Шевченко ин тирандози русро аз рӯйи аксҳо шинохт. Вақте муфаттишон аз ӯ пурсиданд, ки "ӯро бо ҳамин қотеият мешиносед?” Посух дод, ки "агар касе ба шумо тир занад, шумо ҳам шояд ӯро фаромӯш намекунед."
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина ин сарбози русро “Қассоби Буча” номидаанд. Ӯ Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русия аст.
Бори аввал Радиои Озодӣ ҳангоми муқоисаи наворҳои Буча бо санадҳои ҳарбии Русия ва аксҳои нишонзан шахсияти Дементйевро муайян кард. Дертар ташхиси чеҳрашиносӣ ҳам ҳувияти ӯро тасдиқ намуд. Ҳоло муфаттишони украинӣ Артём Дементйевро ба даст доштан дар қатли дастикам панҷ сокини Буча ва даҳҳо мавриди шиканҷа, латукӯб, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардуми одӣ гумонзад медонанд.
"Доду фарёди даҳшатнок шунида мешуд"
Аммо парвандаи зидди ӯ танҳо бар пояи баёноту нақли шоҳидон асос наёфтааст. Муфаттишон моҳи декабри соли 2024 маконеро таҳқиқ карданд, ки дар он ҷо Артём Дементйев ҳангоми тирпаронӣ аз туфанги "Винторез" наворбардорӣ шуда буд. Як тири задаи ӯро аз дохили девори бетонӣ пайдо карданд.
Муфаттиш Олександр Побйеднов мегӯяд, "ин ҳамон тирест, ки аз туфанги вижаи "Винторез" паронда шудааст." Ӯ ва ҳамкоронаш инчунин маҳалли кушта шудани сокини дигари Буча, Андрей Матвийчукро таҳқиқ карданд. Навори дурбинҳои назоратӣ нишон додаанд, ки сарбозони рус Матвийчукро ба қароргоҳи худ бурдаанд. Андрей Хомяк, дӯсти хонаводагии Матвийчук, мегӯяд, ҳангоми боздошт ба ӯ занг зад ва аз он тараф садои ҷонгудозе шунид.
"Касе гӯширо бардошт. Доду фарёди даҳшатнок шунида мешуд. Ин ҳолат ҳамагӣ чанд сония давом кард, вале ман ҳеч гоҳ аз ёд бурда наметавонам. Ин фарёди ноумедӣ буд. Ӯ дарди бисёр ҷонкоҳ мекашид," – нақл кард Андрей Хомяк.
Сарбозони рус Матвийчукро тақрибан ним соат нигоҳ дошта, аввал бо тир дасту пояшро маҷрӯҳ кардаву сипас ба сараш тир задаанд. Муфаттишони украинӣ аз тирезаи биное, ки Матвийчук кушта шудааст, тири 9-миллиметрӣ ёфтанд. Ва онро бо тире муқоиса карданд, ки нишонзан Дементйев зада буд. Дар ниҳоят, ба хулосае расиданд, ки ин ду тир аз як туфанг ва он ҳам "Винтероз" паронда шудаанд.
"Ӯ танҳо зиндаҳоро шикор мекард"
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Украина мегӯянд, далелҳо ва як таҳқиқоти Радиои Озодӣ ба онҳо имкон дод, то муайян кунанд, ки Артём Дементйев бо туфанги "Винторез"-и худ Матвийчукро куштааст. Матвийчук 38 сол ва ҳамсару духтар ва як писари хурдсол дошт.
"Ба назари ман, шахси тирандоз миёни сарбоз ва ё мардуми одӣ фарқе намегузошт. Ӯ танҳо зиндаҳоро шикор мекард," – гуфт муфаттиш Олександр Побйеднов.
Муфаттишон Дементйевро ҳамчунин ба куштори дигаре дар як бинои истиқоматӣ дар Буча гумонзад медонанд. Арсен Шеперов, сокини Буча, мегӯяд, ин сарбози рус ба хонаи ӯ низ даромада, оташ кушод.
Ӯ афзуд: “Бале, ин худаш аст. Ҳамоне, ки дар хонаи ман тир зад. Пурсид, ки "шумо кистед?" Ман гуфтам, "шаҳрвандони одӣ". Сипас ӯ ба ин мазмун гуфт: “Ҳамаи шумо, украинҳоро тирборон мекардам. Агар ихтиёр ба дасти ман мебуд, ҳар яки шуморо мекуштам.”
Пулиси Украина мегӯяд, се тире, ки аз он хона пайдо шуд, бо тирҳои ёфтшуда дар ҷойҳои дигари ҷиноят, ки ба Дементйев рабт дода мешаванд, мутобиқат доранд.
"Аз дигарон бо бераҳмияш фарқ дошт"
Муфаттишон дар ошёнаи болоии ин бино ҷасад ё пайкари Владимир Ковтуни 54-соларо пайдо кардаанд. Ба рӯйи ӯ тир зада буданд.
Муфаттиш Иван Дулкай гуфт, "ин тирҳо аз туфанги “Винторез” паронда шудаанд. Баъд аз ташхиси баллистикӣ муайян кардем, ки нишонаҳои онҳо бо тирҳое, ки пештар аз силоҳи Дементйев холӣ шуда буданд, мувофиқат доранд. Ковтун бо силоҳе кушта шудааст, ки Дементйев онро истифода мебурд ва дар ихтиёр дошт. Ин бозгӯйи даст доштани мустақими ӯ дар куштори ин мард аст."
Артём Дементйев ягона сарбози рус нест, ки дар куштори сокинони Бучаи Украина гумонзад аст, аммо ба гуфтаи муфаттиш Иван Дулкай "ӯ бо бераҳмияш аз дигарон фарқ дошт".
Дементйев баъд аз тарки Буча ба фаъолияти низомии худ идома дода, тибқи таҳқиқот, рутбаи афсарӣ гирифтааст. Пас аз шаш моҳи рӯйдодҳои Буча, аксҳои ӯ ҳангоми ҷашнгирии зодрӯзи духтараш нашр шуданд. Моҳи августи соли 2025 як мактаб дар минтақаи Ростови Русия дар таъзияномае навишт, ки ӯ ҳангоми иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина "қаҳрамонона ҳалок шуд". Дар он матлаб Дементйевро "марди далеру меҳрубон ва содиқ" тасвир карда буданд.
Вале сокини Буча Константин Шевченко мегӯяд, "ман ӯро шахси комилан дигар, як тарсу ва разил, дар хотир дорам. Агар инҳо дар Русия қаҳрамон бошанд, пас фикр мекунам он ҷо чунин “қаҳрамонҳо” зиёданд."
Тибқи маълумоти мақомоти Украина, дар замони дар Буча будани нерӯҳои Русия беш аз 550 мардуми одӣ кушта шудаанд.
Шахсияти 38 ҷасад ё пайкар то ҳол муайян нашудааст ва 15 ғайринизомӣ ҳамоно бедарак ба шумор мераванд. Дастикам 29 мард то ҳол асир ҳастанд ва ду нафар дар боздоштгоҳҳои Русия ҷон бохтаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҳалокати 2 кас дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав
Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав, пойтахти Русия, ду кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 20-уми сентябр ба нақл аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, навишт, Русия аз рӯзи шанбе беш аз 1600 паҳподро, ки ҳудуди 450 фарданди он ба сӯи Маскав дар ҳаракат буданд, сарнагун кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамлаҳои бесобиқаи Украина бо ҳадафи барҳам задани интихоботи барномарезишуда буд. Якшанбе охирин рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Русия буд.
Шаҳрвандони Русия давоми се рӯзи охир барои интихоби вакилони нави порлумони кишварашон ба марказҳои раъйдиҳӣ рафтанд.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи якшанбе дар саҳифааш дар шабакаи "Х" навишт, "ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи мо бар Маскав дар шаби гузашта таъсири қобили мулоҳизае доштааст".
Дар ҳамлаҳои Украина дар шаби шанбе ба Маскав, як полоишгоҳи муҳими нафт низ осеб дидааст.
Гуфтугӯ