Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб 5 миллион. Майл ба шиносномаи Русия кам шудааст ё зиёд?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар 35 соли охир, аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун, беш аз 4 миллиону 700 ҳазор зодаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Баъзе аз коршиносон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ кор, даромад ва имтиёзу ёриҳои давлатиро аз сабабҳои асосии ин раванд номбар карданд. Аммо, ба гуфтаи онҳо, пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина шумораи талабгорони шиносномаи ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Кӯчидани сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Русия аз рӯзҳои аввали фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуда, аммо ин раванд дар ҳамаи давлатҳо яксон набудааст. Дар солҳои 90-ум пеш аз ҳама русҳо ва сипас украинҳо, беларусҳо, олмониҳо ва тоторҳо минтақаро тарк карданд. Дар натиҷа, ҷомеаи русзабони Осиёи Марказӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт:

  • Тоҷикистон: 92,5 дарсад (аз 388 ҳазор нафар дар соли 1989 то 29 ҳазор нафар дар соли 2020);
  • Қирғизистон: 69 дарсад (аз 916 ҳазор нафар дар соли 1989 то 282 ҳазор нафар дар соли 2022);
  • Туркманистон: 66 дарсад (аз 333 ҳазор нафар дар соли 1989 то 114 ҳазор нафар дар соли 2022);
  • Узбекистон: 62 дарсад (аз 1,65 миллион нафар дар соли 1989 то 624 ҳазор нафар дар соли 2026);
  • Қазоқистон: 53 дарсад (аз 6,2 миллион нафар дар соли 1989 то 2,94 миллион нафар дар соли 2026).

Ин раванд аз ҳама зудтар дар Тоҷикистон шуруъ шуд. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 қисми зиёди аҳолии русзабон аз кишвар рафтанд. Дар Узбекистон ва Туркманистон мавҷи асосии кӯчидан то охири солҳои 2000 идома дошт. Ҳоло ба Русия на танҳо русзабонҳо, балки сокинони бумии минтақа низ дар ҷустуҷӯйи кору маошу шаҳрвандӣ мекӯчанд.

Кӣ чӣ қадар шиноснома гирифт?

Тибқи арзёбиҳои гуногун, аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан ду миллион кас аз Қазоқистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Қисми зиёди онҳо ҳанӯз дар солҳои 1990 соҳиби шиносномаи русӣ шуда буданд. То соли 2019 Қазоқистон аз рӯйи шумори довталабони шаҳрвандии Русия дар минтақа дар ҷойи аввал қарор дошт, аммо аз соли 2020 ин нишондиҳанда коҳиш ёфт.

Дар Қирғизистон вазъ дигар аст. Аз соли 1992 то соли 2015 беш аз 525 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва дар даҳ соли баъдӣ боз тақрибан 120 ҳазор нафари дигар ба онҳо пайвастанд. Дар умум, шумори онҳо на камтар аз 645 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Майли зодагони Узбекистон ба гирифтани шаҳрвандии Русия гоҳ боло будааст, гоҳе поин. Дар умум, зиёда аз 854 ҳазор узбекистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар бораи Туркманистон омори пурра вуҷуд надорад. Бар асоси маълумоти дастрас, аз соли 1992 ба ин сӯ на камтар аз 100 ҳазор шаҳрванди Туркманистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Баландтарин нишондиҳанда ба замоне рост меояд, ки миёни ду кишвар созишномаи душаҳрвандӣ амал мекард. Онро соли 2015 аз байн бурданд.

Дар Тоҷикистон авҷи кӯчидан ба Русия ва гирифтани шаҳрвандии он кишвар ба даҳ соли охир рост меояд. Аз соли 1992 то соли 2013 тақрибан 330 ҳазор кас шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, аммо аз соли 2015 то соли 2025 зиёда аз 768 ҳазор тани дигар соҳиби шиносномаи русӣ шуданд. Дар умум, дар 35 соли пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 1,1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шуданд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.

Чаро дигар ҷолиб нест?

Дар Қазоқистон майли гирифтани шиносномаи русӣ дар замони иҷрои нахустин қонуни шаҳрвандӣ ё граждании Русия бисёр боло буд. Ин қонун имкон медод, ки ҳатто бо сабтином дар он кишвар соҳиби шаҳрвандӣ шаванд.

Мавҷи дувуми афзоиш ба солҳои 2000-ум рост меояд. Сабаби он созишномаи чаҳорҷонибаи Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон буд, ки соли 1999 ба имзо расид. Агар шахс хешовандони наздик ва шаҳрванди Русия медошт, метавонист дар давоми се моҳ шаҳрвандӣ бигирад. Дертар ин тартиби боимтиёз маҳдуд шуд.

Дар Узбекистон талабот бо қабули қонуни нав "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" дар моҳи майи соли 2002 зиёд шуд. Ин қонун барои шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ тартиби содашударо пешбинӣ мекард. Мавҷи дигари афзоиш соли 2020 сабт шуд. Замоне ки довталабон маҷбур набуданд аз шаҳрвандии асосии худ даст кашанд.

Дар Тоҷикистон талаботи зиёд ба шаҳрвандии Русия дар даҳ соли охир мушоҳида шудааст. Русия соли 2020 барномаи кӯчонидани ҳамватанонро густариш дод. Бар асоси он, бародарону хоҳарон, фарзандон ва наберагони шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ дошт, метавонистанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Аз онҳо ҳамчунин гирифтани имтиҳони забони русӣ талаб намешуд.

Сабабҳои иқтисодӣ

Чӣ чиз пеш аз ҳама сокинони Осиёи Марказиро ба гирифтани шиносномаи русӣ водор мекард? Яке аз омилҳои муҳим иқтисодӣ аст.

Александр Ким
Александр Ким

Коршиноси масоили муҳоҷират Александр Ким мегӯяд, шиносномаи русӣ ҳамоно роҳро ба бозори коре боз мекунад, ки маош дар он баландтар аст. Ӯ афзуд, " мисли шаҳрвандони одии Тоҷикистону Узбекистон барои кор патент ё иҷоза гирифтан лозим намешавад. Ба ҷуз ин, шиносномаи Русия то ҳол аз шиносномаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ қавитар ба ҳисоб меравад."

Чаро мақомоти Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мусоидат мекарданд? Инро бисёриҳо ба вазъи демографии Русия пайванд медиҳанд. Русия солҳои зиёд бо коҳиши табиии аҳолӣ рӯбарӯст. Теъдоди фавтидагон аз шумори навзодон бештар аст.

Ба ҳисоби Идораи омори Русия, соли 2024 ба ҳар 100 фавтида тақрибан 67 навзод рост омадааст. Баъзе аз коршиносони рус мегӯянд, кишвар яке аз сахттарин бӯҳронҳои таваллудро дар 200 соли охир аз сар мегузаронад.

Танқиду маҳдудиятҳо ба "шаҳрвандони нав"

Талоши ҷуброни буҳрони демографӣ тавассути додани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони кишварҳои пасошӯравӣ дар миёни бархе аъзои ҷомеа ва сиёсатмадорони Русия баҳс барпо кардааст.

Сергей Миронов
Сергей Миронов

Сергей Миронов, раҳбари ҳизби "Русияи одил", аз мухолифони додани шаҳрвандии зиёд ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аст. Ӯ моҳи августи имсол гуфт: “Ҳаштсад ҳазор тоҷик дар муддати 10 соли гузашта шаҳрванди Русияи мо шудаанд. Бисёр хуб. Акнун медонед, ки оқибаташ чӣ шуд? Онҳо аз рӯйи теъдод шашумин миллати Русия гаштанд. Ин ба мо чӣ лозим аст?”

Дар солҳои охир бисёре аз шаҳрвандони нави Русия бо табъиз рӯ ба рӯ шудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин талаб бештар садо медиҳад, ки ба онҳо имтиёзу кумаки давлатӣ дода нашавад.

Аз ҷумла, қазияи Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон, бозтоби зиёд дошт. Ба оилаи серфарзанди ӯ дар шаҳри Митиии шаҳодатномаи манзил доданд, аммо дертар дар пасманзари эътирози гурӯҳе аз одамон бозпас гирифтанд. Сипас ба зидди зан парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, даъвату фиристодани зодагони Осиёи Марказӣ ба артиш ва ҷанги Русия дар Украина аз онҳое, ки дар хоки ин кишвар ба дунё омадаанд, бештар аст.

Коршинос Александр Ким мегӯяд, "нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ чунин ҳолатҳо вуҷуд доранд. Умуман, ҳар марде, ки имрӯз шаҳрвандии Русия мегирад, бо хатари даъват ба сафарбарӣ қарор дорад, зеро басеҷ расман қатъ нашудааст. Ё зери фишор маҷбур мешавад, ки қарордоди хидмат дар артишро имзо кунад."

Изҳороти мақомоти Русия низ гуфтаи ӯро тасдиқ мекунад. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин соли 2024 гуфта буд, беш аз 30 ҳазор муҳоҷири соҳиби шиносномаи русиро ёфта, дар қайди ҳарбӣ гузоштанд ва тақрибан 10 ҳазор нафари онҳо ба майдони ҷанг дар Украина бурда шуданд.

"Дигар дар Русия зистан намехоҳам"

Дар байни шаҳрвандони нави Русия касоне ҳам ҳастанд, ки омода нестанд ба ивази шаҳрвандӣ ҷони худро дар хатар гузоранд. Яке аз зодагони Осиёи Марказӣ пас аз талаби ба қайди ҳарбӣ гузоштан, шиносномаи русии худро дар шуъбаи полис партофт.

Ин воқеа соли 2024 дар Томск рух дод. Маҳмудҷон Мабубзодаи 30-сола гуфт: "Инро бигиред! Дигар дар Русия зиндагӣ кардан намехоҳам!"

Аз соли 2023 то кунун мақомоти Русия беш аз 4,5 ҳазор нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд. Зиёда аз 400 нафари онҳо барои он шаҳрвандиро аз даст додаанд, ки худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштанд.

Майли гирифтани шаҳрвандии Русия рӯ ба коҳиш аст. Агар соли 2022-юм 691 ҳазор хориҷӣ шиносномаи русӣ гирифта буданд, соли 2025 ин рақам то 152 ҳазор нафар поин омад. Бо ин вуҷуд, шиносномаи Русия ҳамоно барои бархе роҳ ба бозори кори сердаромад боқӣ мемонад, аммо бо ҳуқуқ ва имкониятҳои маҳдудтар.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG