Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина ошкор кардааст, ки Русия танҳо дар нуҳ моҳи охир бо ваъдаву фиреб ё зӯр 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги зидди ин кишвар ҷалб кардааст.
Як масъули тарҳ, ки номаш ба далели амниятӣ навишта намешавад, рӯзи 20-уми октябр дар нишасти онлайн бо хабарнигорон гуфт, ин оморест, ки онҳо ба даст овардаанд ва шояд теъдоди воқеӣ аз ин ҳам бештар бошад. “Мо тоҷикон ва узбеконеро, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, ҳисоб накардем. Ин омори касонест, ки танҳо шаҳрвандии ин кишварҳоро доранд,” -- гуфт ӯ.
Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ доранд ва дар даҳ соли охир зиёда аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи Русияро соҳиб шудаанд.
Нишасти онлайн дар бораи ҷалби шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги Русия алайҳи Украина бо ҳимояти Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.
Бар асоси гуфтаи масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар ин нишаст, аз соли 2022 то кунун ҷалби зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба артиши Русия барои ширкат дар ҷанги Украина маълум шудааст.
Дар умум дар тақрибан панҷ соли охир беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ ба ин ҷанг бурда шудаанд ва аз рӯйи теъдод, Тоҷикистон пас аз Узбекистон дар ин феҳраст дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ин рақам дар моҳи аперли имсол 16 ҳазор нафар ҳисоб шуда буд.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва садҳо муҳоҷири одӣ ва зиндониёну боздоштшудаҳои тоҷикро ба ин ҷанг бурд. То кунун хабари кушта шудани беш аз сад тоҷик дар ҷанги Русия бар зидди Украина ва дафни пайкар ё ҷасади онҳо дар Тоҷикистон расонаӣ гаштааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори бехабарӣ мекунанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин ки чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар ҷанги Украина ҷанг карда истодаанд ё наистодаанд, мо ягон ҳисобот намебарем ва дар ин масъала ягон уҳдадорӣ ҳам надорем."
Моддаи “401 ба иловаи як" дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз дувоздаҳ то бист сол зиндон ҷазо муқаррар кардааст. То кунун ягон кас барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.
Масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар нишасти онлайни рӯзи 20-уми октябр омори асирони ҷангиро дар Украина ҳам нишон дод ва тибқи он Тоҷикистон дар қатори ҳафт кишварест, ки аз ҳама бештар шаҳрвандонаш дар дасти низомиёни Украина ҳастанд.
Вай теъдоди дақиқи асиронро фош накард, аммо бар асоси нақли онҳо се роҳи асосии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояашро ба ҷанг дар Украина ном бурд.
Ваъдаи аз 2 то 3 ҳазор доллар маош дар моҳ ва тақдими шаҳрвандии Русия яке аз роҳҳои ҷалби хориҷиён ба ҷанг будааст. Гурӯҳи дигарро бо ваъдаи кор бо маоши баланд, посбонӣ дар анбор ва ронандагӣ ҷалб карда, пас аз як тамрини кӯтоҳ фавран ба ҷанг мефиристодаанд. Гурӯҳи сеюм онҳое будаанд, ки бо тарси зиндонӣ кардан ё аз Русия ихроҷ шудан ба ҷанг ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи масъули тарҳи “Зистан мехоҳам” дар Украина, беш аз сӣ дар сади асирон аз Осиёи Марказӣ далели пайвастанашонро ба ҷанги зидди Украина дарёфти шаҳрвандии Русия номида, танҳо 12 дарсад гуфтаанд, ки ихтиёрӣ қарордод имзо карданд. Қисме дигар гуфтаанд, фиреб хӯрданд ва ё барои раҳоӣ аз маҳбасу ҷавобгарии ҷиноӣ ва дарёфти кумакпулӣ ба ин кор розӣ шуданд.
Гуфтугӯ