Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, омодаанд ба Узбекистон гази бештар фурӯшанд


Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур Владимир Путин гуфт, Русия омода аст, ки интиқоли газро тавассути Қазоқистон ба Узбекистон бештар кунад.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, ки президенти Русия дар ҷараёни гуфтугӯ бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд гуфтааст, интиқоли гази русӣ тавассути Қазоқистон ба Узбекистон 7 октябри соли гузашта оғоз шуд ва "мо омода ҳастем, ки дар сурати зарурат интиқоли онро афзоиш диҳем".

Қаблан ширкати "Узтрансгаз" гуфта буд, ки мехоҳад низоми интиқоли газро бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз минтақаҳои шимолии Узбекистон замонавӣ созад.

Дар қарор гуфта шуда, ки барои замонависозии низоми воридоти газ дар давраи аз соли 2024 то 2023 $500 млн ҷудо хоҳад шуд. Замонависозии низом имкон медиҳад, ки ҳаҷми воридоти газ ба Узбекистон то 32 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз афзоиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG