Усмон Давлатзода, ки то ин вақт директори корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» буд, роҳбари Кумитаи навтаъсис таъйин шудааст. Дар бораи сохтори нав маълумоти зиёд дар даст нест, вале ба эҳтимоли зиёд ин идора вазифаҳои корхонаи манзилию коммуналиро иҷро мекунад.
“Хоҷагии манзилию комуналӣ” масъули таъмини оби нӯшокӣ ва баровардани партовҳо аст. Вале шикояти сокинон аз набудани оби нӯшокӣ ва саривақт набаровардани партовҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар, аз ҷумла пойтахт зиёд садо медиҳанд.