Мао Нин, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи панҷшанбе гуфт, кишвараш аз ин баъд иҷоза намедиҳад, ки хориҷиён бачаҳои чиниро ба фарзандӣ бигирад. Истисно вуҷуд дорад ва ба онҳое иҷоза дода мешавад, ки бо ятими чинӣ хешованди наздик ва ҳамхун бошанд. Мао Нин сабаби манъ кардани фарзандхонии хориҷиёнро шарҳ надода, вале гуфтааст, ки ин қарор мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ аст.
Хабаргузории Ассосиейтед Пресс навиштааст, ки сафорати Амрико аз мақомоти Чин расман хостаанд, масъаларо шарҳ бидиҳанд. Дипломатҳои чинӣ ба ҳамтоёни амрикоии худ гуфтаанд, ки ба истиснои баъзе аризаҳо дигар тамоми дархостҳои хориҷиён барои фарзандхонӣ аз Чин беэътибор карда мешавад.
Ба навиштаи Ассосиейтед Пресс бештар аз ҳама волидони амрикоӣ ятимони чиниро ба фарзандӣ мегирифтаанд ва то ҳол 80 ҳазор ятими чиниро фарзанди худ кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс аз соли 1992 то кунун дар тамоми ҷаҳон бештар аз 160 ҳазор ятими чиниро ба фарзандӣ гирифтаанд.
Чин дар як даҳсолаи ахир ба мушкилоти демографии ҷиддӣ, яъне пиршавии аҳолӣ рӯ ба рӯ аст ва соли гузашта дар кишвар таваллуд камтар шуда ва 2 миллион нафар бештар фавтидаанд. Сабаби мушкил, сиёсати як оила як фарзанд буд, ки дар Чин аз соли 1979 то соли 2015 идома кард ва ҳеч хонаводае ҳақ надошт, ки бештар аз як фарзанд ба дунё биёрад.