Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 6 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудои Осиё дар Чин


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё-2025 (Hangzhou Asian Open 2025) дар риштаи ҷудо, ки рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи қитъавӣ иштироки 90 варзишгар (53 мард ва 37 зан) аз 3 қора дар назар аст.

Дар мусобиқаи Hangzhou Asian Open 2025 ба ғайр аз гуштигирони даҳ кишвари Осиё - Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Макао, Муғулистон, Тайланд, Тайпейи Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг ва Чин, инчунин намояндагони Австралия, Канада, Зеландияи Нав иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи бози Осиё-2025 дар Ҳангжоу шаш паҳлавон дар сабқати мардон муаррифӣ менамоянд.

Абдулло Қуқаншоев дар вазни то 60 кило, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило, Сайфиддин Боймирзоев, Саидмуъмин Шарифзод ва Муҳаммадраҳим Сарахонов, ҳарсе дар вазни то 81 кило, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик моҳи сентябри соли 2023 дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир гардид, дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон се мадал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Вай дар даври аввал бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал ӯ Асад Масобирови қирғизро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ баромад. Дар нимфинал Сомон Абулайхан Жубаназари қазоқро мағлуб карда, ба финал роҳ пайдо кард. Сомон дар финал Ли Ҷунванро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва ғолиби мусобиқот шуд.

Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиби медали нуқра ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи нишони биринҷӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG