Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод муайян шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод байни мардон, ки дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома кард, ғолибон дар ҳамаи даҳ вазн муайян шуданд.

Дар мусобиқа паҳлавонон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа рушди минбаъдаи ин риштаи олимпии варзиш дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии варзишгарон, дарёфти истеъдодҳои нав ва интихоби беҳтаринҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар гуфта шудааст.

Паҳлавонон Айаал Белолюбский дар вазни 57 кило, Қаюм Ҳалимов (61 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Аҳмадов (70 кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (74 кг), Сомон Икромов (79 кг), Салим Ҳалимзода (86 кг), Исмоил Картоев (92 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд.

Бояд зикр намуд, ки соли равон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаи гуштии озод ба як қатор дастовардҳо мушарраф шуданд.

Чунончи, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Аммони Урдун Виктор Рассадин дар вазни 70 кило медали нуқра Магомед Евлоев дар вазни 79 кило нишони биринҷӣ гирифтанд. Инчунини Рассадин дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи мураббии варзидаи русиягӣ Дмитрий Коркин, ки моҳи ноябр бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 11 кишвар дар Ёқутистони Русия доир гардид, медали тило ба даст овард.

Абдулмаҷид Кудиев дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кило барандаи медали нуқра гардид.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи паҳлавони машҳури турк Яшар Доғу, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо, ки моҳи июн дар шаҳри Коҷаэлии Туркия баргузор шуд, ду медали тило ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки миёни мардон аз рӯи 10 вазн сурат гирифт, варзишгарони беш аз 20 кишвар иштирок карданд. Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кило дар даври ниҳоӣ муқобили Ислом Ҳусейнов аз Беларус дастболо шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Магомед Евлоев дар вазни 79 кило дар даври ниҳоӣ бар Рамазон Сарӣ аз Туркия пирӯз гардид.

Абдулмаҷид Кудиеви 25-сола, Магомед Евлоеви 26-сола ва Виктор Рассадини 31-сола, ки ҳарсе зодагони Русия мебошанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфтаанд ва ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохиланд.

XS
SM
MD
LG