Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё бунёди нерӯгоҳҳои панелӣ-офтобӣ мушкили бебарқиро ҳал мекунад?

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нахустин Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ сохта мешавад. Раиси вилояти Хатлон гуфт, ки иқтидори ин нерӯгоҳ 250 мвт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар Ҷайҳунро ширкати чинии "Аён энерҷӣ" месозад ва ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, он то ҷашни истиқлоли имсол ба тавлиди барқ оғоз мекунад.

Дар назар аст, чунин як нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ сохта шавад. Барои сохтани ду нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ 250 миллион доллари ИМА-ро сармоягузорӣ мешудааст.

Давлаталӣ Саид гуфт, барои сохтани чунин нерӯгоҳҳо дар вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад ва дар назар аст дар оянда чунин нерӯгоҳҳо бештар бунёд шаванд.

Вилояти Хатлон қариб чаҳор фасли солаш офтобист. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят талош доранд нерӯгоҳи хурди панелӣ-офтобӣ бунёд кунанд. Чунин як тарҳ бояд дар ҷамоати Сари Хосори ноҳия Балҷувон амалӣ шавад.

Дар Ҷайҳун калонтарин нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Дар ҳукумати ноҳия Балҷувон гуфтанд, ки тарҳи нақшакашӣ ба анҷом расидааст ва қарор аст аз сӯи Вазорати энергетика ва захираҳои об дар соли 2026 амалӣ шавад.

Ба гуфтаи Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, "дар инҷо супориши дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаст ва мо бо вазири Вазорати энергетика ва захираҳои об мулоқот кардем ва дар Сари Хосор, ки қисман деҳаҳояш барқ надорад, бо панелҳои офтобӣ нерӯгоҳ сохта мешавад. Аллакай омаданд, лоиҳаро таҳия карданд ва рӯзҳои наздик кор оғоз мешавад".

Ҳоло Тоҷикистон аҳолияшро бо барқи нерӯгоҳҳои обӣ таъмин мекунад. Ҳар сол дар фасли сармо "камбуди об" боис мешавад, ки сокинон бо лимит барқ гиранд. Ҳоло мақомот талош дорад, бо сохтани Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ, ин камбудро аз байн баранд.

Ҳоло калонтарин Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар минтақаи "Аличур"-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ сохта шудааст. Ин нерӯгоҳи офтобӣ бо тавоноии 2,8 МВт ва батареяи захираи энергия бо иқтидори 1,4 МВт.соат ноҳияи баландкӯҳи Мурғобро бо барқ таъмин мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG