Минтақаи Овези ноҳияи Шаҳрибузург дар вилояти Бадахшони Афғонистон қад-қади дарёи Ому, ки рӯзе зиндагии рустоӣ, садои парандагон ва табиати камтар дастхӯрда дар он оромбахш буд, ҳоло дар натиҷаи кандукори садҳо экскватор ва дигар мошинолот дастхуши дигаргунии калоне шудааст. Мошинолоте, ки бештар дар хидмати ширкатҳои чинӣ ва дохилӣ ва афроди Толибон ҳастанд ва ҳадафашон истихроҷи тилои ин минтақа аст.
Захираҳои тилои ин минтақа чандин сол аст истихроҷ мешавад, аммо ба гуфтаи коргарони маъдан ва сарони қавмӣ, барои мардуми маҳал фоидаи зиёде ҷуз барбодии рустоҳо ва тахриби муҳити зисташон надоштааст.
Яке аз дигаргуниҳои калоне, ки дар натиҷаи заршӯӣ дар ин минтақа ба миён омадааст, ба гуфтаи коргарон ва коршиносон, тағйири масири дарёи Ому аст. Дарёе, ки ҳамчун марзи расмӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон шинохта мешавад.
Коргарони маъдан дар ноҳияи Шаҳрибузург мегӯянд, ки тилокорӣ дар қад-қади Ому масири ин дарёро дар баъзе аз минтақаҳо то беш аз як километр ба тарафи Тоҷикистон тағйир додааст.
Яке аз ин коргарон ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "назар ба ҳамон фаҳме, ки мо дорем, феълан дар ин минтақа, ки кор ҷараён дорад, як миқдори калонаш марбути хоки Тоҷикистон мешавад. Дарёро тавассути ҳамин рег ва сангреза пеш мебаранд, дар баъзе ҷойҳо як километр, дар бархе ҷойҳо ним километр ва дар бархе ҷойҳо ҳам беш аз як километр кор дар хоки Тоҷикистон аст".
Тилокорон мегӯянд, ки дар канори ин, даҳҳо гектар ҷангали писта ва заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо низ дар натиҷаи маъданкорӣ вайрон шудааст.
Наҷибуллоҳ Садид, огоҳи умури об ҳам мегӯяд, ки бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ аз манбаъҳои боварибахш, масири дарёи Ому дар минтақаи Овези ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшон ба тарафи Тоҷикистон тағйир кардааст.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, тилокорон дар ин минтақа то 50 метр дар бистари дарёи Ому заршӯӣ карданд ва барои инки соҳаи корашон пур аз об нашавад, масири дарёро тағйир доданд.
"Агар ин тасвирҳои моҳвораии солҳои қабл аз ин тилокорӣ, яъне соли 2022-ро, ки нав кор оғоз шуда буд, бубинед ва бо ҳозир муқоиса кунед, шумо ин тағйиротро комилан метавонед ҳис кунед. Дар бисёри қисматҳо дарё то 1,5 километр ба тарафи Тоҷикистон маҷрои худро дигар кардааст ва дарёе, ки бисёр калон буд, қисмате аз он бисёр хурд шудааст".
Наҷибуллоҳ Садид мегӯяд, ки тағйири масири дарёи Ому на танҳо пайомадҳои экологӣ барои заминҳои кишоварзӣ дорад, балки мушкилоти марзиро ҳам ба миён хоҳад овард.
Бар асоси оморе, ки Радиои Оздӣ аз коргарони маъдан ба даст овард, дар ҳоли ҳозир беш аз 500 ширкат ва ё гурӯҳҳои корӣ машғули истихроҷи тило дар ноҳияи Шаҳрибузург ҳастанд.
Бархе коргарони маъдан ва манбаъҳои маҳаллӣ иддао карданд, ки даромади конҳои тило дар ин вилоят бештар ба ҷайби ҳалқаҳое дар ҳукумат, ширкатҳои чинӣ ва афроди маҳдуд сарозер мешавад ва мардуми маҳал суде аз он намебаранд.
Бар асоси маълумоте, ки ба Радиои Озодӣ расидааст, раванди истихроҷи тило аз сӯи ширкатҳои чинӣ дар ин ноҳия ба таври шадид муҳофизат мешавад ва ҳеч касе ҳаққи наздик шудан ба минтақаи кори онҳоро надорад.
Дар бораи ҷузъиёти қарордоди ширкатҳои чинӣ мардуми одӣ чизе намедонанд, аммо ба гуфтаи коргарони маъдан, бахше аз даромади ҳукумати Толибон аз ширкатҳои дохилӣ ва афроде аст, ки мехоҳанд тило истихроҷ кунанд. Онҳо аз ҳар 2000 метри мураббаъ замин 125 ҳазор афғонӣ (баробар ба 1986 доллар) ва ҳар моҳ 20 грам тило мегиранд.
Ба гуфтаи онҳо, кор аз дасти мардуми маҳал гирифта шудааст ва истихроҷи бештари бахшҳои маъдан аз сӯи ширкатҳои чинӣ ва афроди Толибон сурат мегирад.
Бахше аз ин конҳо дар заминҳои давлатӣ қарор дорад, ки тавассути ширкатҳои чинӣ ва афроди марбут ба мақомҳои Толибон истихроҷ мешавад ва бахши дигар дар заминҳои шахсӣ қарор дорад. Заминдорон худ онро истихроҷ мекунад ё масоҳати ду ҷрийб заминро (тақрибан 4 ҳазор метри мураббаъ) бо қимати 20 то 30 миллион афғонӣ ба фурӯш мерасонанд.
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона наметавонад, ки иддаоҳои матраҳшуда дар ин гузоришро таъйид кунад.
Дар ин бора аз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон пурсидем, аммо ӯ то замони нашри гузориш, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух надод.
Вазорати маъдан ва захираҳои нафтии ҳукумати Толибон ҳам дар бораи чигунагии истихроҷи тило дар Бадахшон чизе нагуфтааст ва танҳо ҳудуди як сол пеш эълон карда буд, ки қарордоди истихроҷи ду кони тило дар ноҳияҳои Роғистон ва Шаҳрибузургро ба музояда гузоштааст.