Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ далелҳои Тоҷикистонро барои боздошт накардани Путин дуруст намешуморад

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ эълон кард, ки парвандаи Тоҷикистонро, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дастгир накарда ба дасти ин додгоҳ насупурд, барои баррасии минбаъда дар ихтиёри тамоми кишварҳои узви додгоҳ вогузор кардааст.

Додгоҳ гуфт, ки қарор дар ин бора рӯзи 6-уми май содир шуд ва намояндаи Тоҷикистонро ҳам барои шарҳи мавзеи кишвар ба ҷаласаи додгоҳ дар шаҳри Гаага даъват карда буданд.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва ё Додгоҳи Байналмилалии Кайфарӣ 19-уми марти имсол ҳукм содир кард, ки Тоҷикистон боздошт накардани Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар моҳи октябри соли гузашта аҳдҳои байналмилалии худро иҷро накардааст.

ДОДГОҲ: ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ НАКАРД

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ моҳи марти соли 2023 амри боздошти Владимир Путинро содир кард, чун ӯро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунанд.

Азбаски Тоҷикистон узви "Ойинномаи Рум", як ниҳоди идории додгоҳ аст, ӯҳдадорӣ гирифтааст, ки аз ҷумла дар боздошту супоридани гумонбарон ба ҷиноят дар қаламрави худ, ҳамкорӣ мекунад.

Ба гуфтаи додгоҳ, азбаски ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои амри додгоҳ ва боздошти Владимир Путин ҳамкорӣ накард, акнун ин масъаларо барои баррасии минбаъда ва қарори тасмими ниҳоӣ ба Маҷмаи кишварҳои узви Оинномаи Рум вогузор кардааст.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ соли гузашта ҳангоми хабарҳо дар мавриди сафари Владимир Путин ба Душанбе расман ба ҳукумати Тоҷикистон дархост дар бораи боздошти раиси ҷумҳури Русияро ёдрас кардааст.

Владимир Путин барои ширкат дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе рафт ва то 12-уми октябр онҷо буд. Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ мегӯяд, ки ҳукумат ба дархости он беэътиноӣ карда ва иҷоза додааст, ки Путин Тоҷикистонро озодона тарк кунад.

ЧАРО ДУШАНБЕ ПУТИНРО БОЗДОШТ НАКАРД?

Дар радду бадалҳои дипломатӣ бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ҳукумати Тоҷикистон далел овардааст, ки бо чанд сабаб наметавонист Владимир Путинро боздошт кунад, зеро ӯ ҳамчун раҳбари як кишвар дорои масӯният аст ва Тоҷикистон ҳаққи дастгир карданашро надорад. Дигар далел, созишномаҳо бо Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ аст, ки бар асоси онҳо Тоҷикистон вазифадор аст, ки амният ва равуои амну озоди раҳбарони меҳмонро таъмин кунад. Ваҷҳи қонунии дигари Тоҷикистон ин будааст, ки Русия узви Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ нест, амалкарди кишвар адами ҳамкорӣ бо додгоҳ шумурда намешавад.

Додгоҳи Байналмилалӣ гуфт, Тоҷикистон бояд Путинро дастгир мекард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Аммо дар қарори додрасҳои Додгоҳи Байналмилалии Кайфарӣ омадааст, ки ин далелҳои Тоҷикистон қобили қабул нестанд, зеро "масӯнияти раҳбари давлат" наметавонад, баҳона барои иҷро накардани амри боздошт шавад. Дигар ваҷҳи додгоҳ ин аст, ки ҳеч гуна созишномаи дуҷонибаи як кишвар бо Русия, кишварҳои дигар наметавонад, Тоҷикистон ё узви дигареро аз иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди додгоҳ, озод кунад.

Додгоҳ гуфтааст, Тоҷикистонро қаблан огаҳ карда буданд, ки Владимир Путинро боздошт кунад, вале кишвар "шарикии стратегӣ" бо Русияро болотар аз ӯҳдадориҳои байналмилалии худ гузошт. Дар баёнияи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ гуфтааст, ки барои шунидани назари Тоҷикистон намояндаи кишварро ба ҷаласаи додгоҳ даъват кардаанд, вале доир ба ҳузури ӯ ва посухи ҳукумат чизе нагуфтаанд.

Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад. Тоҷикистон акнун аз аввалин кишварҳои узви ин додгоҳи байналмилалӣ аст, ки барои пазироӣ аз Путин ва сарпечӣ аз боздошти ӯ таҳти фишор қарор мегирад.

ҲАМКОРӢ НАКАРДАН ЧӢ ПАЁМАДЕ ХОҲАД ДОШТ?

Қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар бораи ҳамкорӣ накардани Тоҷикистон бо ин додгоҳ чӣ паёмаде барои кишвар ва ё обрӯи он дар сатҳи байналмилалӣ дорад?

Додгоҳ парвандаи Тоҷикистонро барои баррасии минбаъда дар ихтиёри 124 кишвари узви Ойинномаи Рум вогузор кардааст. Бояд дид, ки қарори ниҳоӣ дар бораи Тоҷикистон чӣ мешавад, аммо аз ҳоло маълум аст, ки кишварро ба монеъ шудан ба иҷрои як додгоҳи мӯътабари байналмилалӣ муттаҳам кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносони ҳуқуқ ва қонунҳои байналмилалӣ, паёмадҳо барои Тоҷикистон бештар сиёсӣ ҳастанд. Масалан, кишварро аз минбарҳои байналмилалӣ сарзаниш мекунанд ва ё аз ҷумлаи он кишварҳое меноманд, ки қонунҳои байналмилалиро зери по кардааст. Албатта нашри ин гуна хабар дар бораи Тоҷикистон метавонад, ба музокирот ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ғарбӣ таъсири манфӣ гузорад.

Агар қатъномаи хосе дар бораи Тоҷикистон қабул шавад, мисли як доғи доимӣ дар таърихи дипломатии кишвар мемонад. Дигар оқибаташ ба гуфтаи коршиносони ҳуқуқу дипломатияи байналмилалӣ ин аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро, ки солҳои ахир зиёдтар шудаанд, камтар ба инобат бигиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамеша кӯшиш мекард худро ҳамчун узви масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад дар умум бо мизбонии Путин дар як дуроҳаи мушкиле қарор гирифт, ки ё бояд бо Русия, шарики азими стратегии худ вориди мухолифат мешуд ва ё қонунҳои байналмилалиро зери по мекард.

Аммо бояд гуфт, ки баъд аз Тоҷикистон чандин кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳам Владимир Путинро пазироӣ кардаву амри Додгоҳи Байналмилалии Кайфариро нодида гирифтаанд ва ҳоло маълум нест, мавзеъгирии додгоҳ нисбат ба онҳо чӣ гуна мешавад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG