Дар чанд ҷумла
САҲА: "Интихоботи Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд"
Питер Айкер, раҳбари ин ҳайъат натоиҷи интихоботро дур аз интизор ва таассуфангез номид ва гуфт, САҲА ба маҳзи қонуни нави интихобот, ширкати 6 ҳизби сиёсӣ ва номзадҳои зиёд аз ин маърака интизороти бештаре дошт.
Аммо афзуд оқои Айкер, муттаассифона, назорати давлатӣ дар ин маъракаи сиёсӣ беш аз ҳадд буд ва мақомоти давлатӣ ба кумиссиюнҳои интихоботӣ дастур медоданд. Вай афзуд, бо ин ки бисёре аз кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ заҳмати зиёд кашида, кори худро ба беҳтарин наҳв анҷом доданд, аммо ҷараёни интихобот дар теъдоди нигаронкунандае аз ҳавзаҳо дар рӯзи раъйгирӣ бо тақаллуб ҳамроҳ будааст.
САҲА дар баёнияи худ навиштааст, ки бо ин ки пешрафтҳое дар қонуни интихоботи Тоҷикистон мушоҳида шуд, бисёре аз ин тағйирот дар ҷараёни интихобот ба ҳоли иҷро дарнаомад. Ва азбаски бисёре аз аъзои ниҳодҳои интихоботӣ намояндагони мақомоти давлатӣ буданд, ин ҳол мустақилияти ниҳодҳои интихоботиро дучори шубҳа мекард. Ба илова, дар баёния омадааст, ки кумиссиюнҳои интихоботӣ дар сартосари кишвар аз тавозуни сиёсии лозим бархурдор набуданд.
САҲА аз ҷумлаи нукоти мусбат мегӯяд, мушорикати теъдоди зиёди номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ боис шуд, ки раъйдиҳандагон битавонанд интихоби зиёде дошта бошанд ва матбуоти давлатӣ низ ҷараёни интихоботро нисбатан ботавозун гузориш мекард. САҲА мӯътақид аст, ки ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро бояд беҳбуд меёфт, аммо дар амал бисёре аз муқаррароти қонун риоят нашуд.Чанд бор раъй додан яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва густарда дар ҷараёни интихобот буда, бар илова, нозирон шоҳиди он буданд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро дар кумиссиюнҳои интихоботии маҳаллӣ ба дахолати ошкор ба ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро роҳ дода шуд ва дар бисёри маворид ба нозирон имкон дода нашуд, ки ҷараёни интихоботро ба тавре ки мебоист, назорат баранд. Дар поёни баёния омадааст, ки гузориши ниҳоии САҲА пас аз баррасии идомаи ҷараёни раъйгирӣ мунташир хоҳад шуд.
Ва аммо ҳайъати нозирон аз Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ интихоботи порлумонии Тоҷикистонро машрӯъу озод ва шаффоф арзёбӣ намуд. Ин ҳайъати нозирон интихоботи порлумонии Тоҷикистонро бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар мавриди баргузории интихоботҳои демократӣ мувофиқ дониста, аз соъири нозирони байналмилалӣ даъват кардааст, аз ин мавқеъи онҳо пуштибонӣ кунанд.
Аммо Владимир Рушайло, дабири Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва раҳбари ҳайъати нозирони ин созмон гуфт, дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон қонуншиканиҳое, ба мисли пур кардани баргаҳои раъй берун аз макони раъйдиҳӣ, райъ додани як нафар ба ҷойи чанд кас, овоздиҳии гуруҳӣ, ҳузури афроди низомӣ дар қитъаҳои интихоботӣ ва амсоли ин мушоҳида шудааст. Вале ба эътиқоди оқои Рушайло, ин навъ қонуншиканиҳо ба натоиҷи ниҳоии интихобот таъсири чандоне надошт.
Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ба манзури назорати ҷараёни интихоботи порлумони Тоҷикистон 207 нозирро ба ин кишвар эъзом карда буд. Теъдоди нозирон аз САҲА дар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон 164 нафар гуфта мешуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мулоқоти ҷудогонаи Шаҳбоз Шариф бо муовини Трамп ва ҳайати Эрон
Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф дар Исломобод бо муовини раиси ҷумҳури ИМА, Ҷей Дӣ Вэнс ва ҳайати Эрон дар алоҳидагӣ дидору мулоқот кардааст.
Ҳадаф аз ин дидор ва ҷамъ омадани ҳайатҳо дар Покистон поён додани даргирии Амрикову Исроил бо Эрон аст.
Ҷузъиёти мулоқот бо муовини Доналд Трамп, ки раҳбарии ҳайати Амрикоро бар дӯш дорад, ҳанӯз маълум нест. Дар ин гуфтугӯҳо фиристодаҳои вижаи Доналд Трамп — Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер низ ҳузур доранд, ки ба маънии муҳимияти ин сафар барои Кохи Сафед аст.
Шаҳбоз Шариф дар миёни ду тими музокиракунанда нақши миёнрави асосиро иҷро мекунад. Вай дар дидор бо Вэнс гуфтааст, умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯзи шанбе “санги бинои сулҳи пойдор дар минтақаро мегузорад”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манобеи ҳукуматии Эрон хабар дод, ки ҳайати Теҳрон пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, ҳоло масъалаи баргузории музокироти мустақим ё ғайримустақим бо тими Амрикоро баррасӣ дорад.
Агар ин дидор сурат бигирад, он метавонад як таҳаввули бесобиқа ва таърихӣ дар равобити ду кишвар бошад. Ҳоло ҷаҳон бо диққат ба натиҷаи музокирот дар Исломобод чашм духтааст.
Пешбинии Бонки Осиёии Рушд дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Бино ба пешгӯии тозаи Бонки Осиёии Рушд, интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 босубот ё баланд боқӣ монад.
Дар гузориши нави Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 10-уми апрел нашр шуд, омадааст, рушди бахши саноат ва хидматрасонӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 7,4 дарсад ва соли 2027 6,8 дарсад боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки соли 2025 ин рақам ба беш аз 8 дарсад баробар буд.
Ба бовари коршиносони бонк, сатҳи таваррум дар ду соли оянда аз 4 то 4,5 дарсад хоҳад расид. Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ ва пули барқу об аз омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум дар кишвар гуфта мешаванд.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, “рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад”.
Бино ба гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ҳарчанд кишвар солҳои ахир дар бахши истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон рушди қобили мулоҳизае доштааст, аммо иқтисоди кишвар ҳанӯз ба мушилиди ҷиддӣ, он ҳам маҳдуд будани маҳсулоти дохилӣ рӯбарӯст.
Таҳлилгарон ҳам ба он таъкид мекунанд, ки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди бозори хориҷист ва аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум воридотӣ буда, ҳар тағйир дар берун метавонад, таъсири ҷиддие ба рушди иқтисод дошта бошад.
Дар Қирғизистон мардеро баъди 16 рӯз аз чоҳ ёфта, берун оварданд
Дар Қирғизистон як мардро баъд аз 16 рӯз аз дохили чоҳи қубурҳои об пайдо карда, зинда берун оварданд. Ин ҳодиса наҷотбахшону сокинонро ҳайратзада кард. Марди 65-сола, ки 16 рӯз дар чоҳе бо чуқурии 18-метр дармонда буд, ба таври муъҷизаомез наҷот ёфт.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ботканд ба Aiym.news гуфтаанд, мард рӯзи 22-юми март барои тафтиши қубурҳои обу таъмири он ба чоҳ фаромада буд. Аммо яке аз пояҳои зинапоя шикаста, роҳи бозгашти ӯ ба берун баста шудааст.
Чоҳ дар ҳавлии як бинои кӯҳна ҷойгир буд ва садои кӯмакхоҳии мардро касе нашунидааст. Ҳамин тавр вай бе ғизо ва дар сардӣ 16 рӯз дармонда, нерӯ ва садояшро қариб аз даст додааст.
Ба гуфтаи наҷотбахшон ягона чизе, ки мардро наҷот дод, ин буд, ки чоҳ об дошт. Кӯдаконе, ки барои бозӣ ба ин макон омада буданд, тасодуфан садои ӯро шунида ба сокинону наҷотбахшон хабар додаанд. Мардро аз чоҳ берун оварда ба беморхона интиқол доданд. Ҳоло вазъи сиҳатияш хуб арзёбӣ мешавад.
Даргузашти Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Латиф Ҳадязода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки солҳои охир бемор буд, дар ҳафтодсолагӣ даргузашт.
Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи даҳуми апрел дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳадязода раиси ташкилоти "Тамаддун" ва аз бунёдгузорони Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон буд ва чанд дафъа дар масъалаҳои гуногун бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст.
Аз ҷумла, соли 2014, вақте Шӯрои уламои Тоҷикистон дигарандешӣ, эътироз ва балворо "гуноҳи кабира" хонд, Латиф Ҳадязода гуфт, “асри 19 нест. Давлати мо ҳам давлати динӣ нест.”
Аз он пеш, дар соли 2010 ва дар пайванд ба кори вакилони порлумон чунин гуфта буд: "Аксар вакилоне, ки интихоб мешаванд, мутаассифона, ё вакилони гузашта ҳастанд ё он нафароне, ки дар мақомот ё раҳбарӣ буданд, аммо кори намоёну шоистае накардаанд. Дар натиҷа, ин ҳам электорати моро як андоза дилсард кардааст."
Латиф Ҳадязода дар гузашта дар Радиои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, дар Афғонистон афсари тарҷумон будааст.
Русия модари Тӯтишо Амиршоевро ба Душанбе супурдааст
Амчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев, ҷавоне, ки соли 2021 дар эътирозҳои Хоруғ кушта шуда буд, дар Русия дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел гуфтанд, ки Амчигул Амиршоева пас аз кушта шудани фарзандаш мақомоти тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард ва дар пайгард қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, ин зан ҳоло дар як боздоштгоҳ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошт ва Душанбе оварда шудани Амчигул Амиршоеваро тасдиқ ё рад накардаанд.
Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова, ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, 9-уми апрел дар Фейсбук навишт, ки ин зан бо дархости ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар Русия боздошт ва маҷбуран ба Душанбе оварда шудааст.
Ба навиштаи ӯ, дар боздошти Амиршоева кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Амчигул Амиршоева пас аз марги фарзандаш ба Русия рафта, дар онҷо кору зиндагӣ мекард.
Ба гуфтаи наздиконаш, Тӯтишо Амиршоеви 23-сола рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ дар як эътирози осоишта аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, вале мақомот пайваста мегӯянд, онҳоеро “безарар карданд", ки муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд.
Амчигул Амиршоева зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору акс аз писараш нашр карда, мақомоти тоҷикро танқид мекард.
Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар амалиёти мақомот кушта шуд. Сокинон дар Хоруғ аз мақомот хостанд, омилони қатли Зиёбековро дастгир кунанд.
Ин эътирозҳо, ки аз охири соли 2021 то нимаи соли 2022 давом кард, дар умум боиси боздошт ва кушта шудани даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
Як марди тоҷикро дар Лондон ба дастдарозӣ муттаҳам кардаанд
Як марди 50-сола аз Тоҷикистон ба дастдарозӣ ва талоши таҷовуз ба номуси духтари 13-сола дар Бритониё айбдор шудааст.
Аз ӯ Абдулманнон Алиев ном бурда мешавад. Мавқеи мард ва наздиконаш ба боздошту иттиҳоми зидди ӯ маълум нест. Ҳукми додгоҳ рӯзи 17-уми июни имсол содир хоҳад шуд.
Пулиси Лондон 9-уми апрел хабар дод, ки Абдулманнон Алиев моҳи июни соли 2025 дар дохили қатор (поезд) нисбат ба як духтари ноболиғ ба “ҷинояти нафратовар” даст зада, ба “дастдарозӣ, се мавриди талоши робитаи ҷинсӣ ва қасди таҷовуз ба номус муттаҳам аст”.
Мақомоти Бритониё гуфтаанд, ин мард дар аввал талош кардааст, бо духтари ҷавон, ки аз Саутенд ба Лондон мерафт, бо тарҷумони онлайнӣ суҳбат кунад. “Духтари ноболиғ аз ӯ фирор карда, ҷойи нишасташро тағйир дод, вале Алиев ӯро таъқиб карда, дар паҳлӯяш нишаст ва ба ӯ иҷозаи ҳаракат надод,” – гуфта шудааст дар хабарномаи пулис.
Дар идома омадааст, “Алиев ба наврас дарафтода, ӯро то расидан ба Лондон озори ҷинсӣ додааст. Духтар пас аз пойин шудан аз қатор ҳодисаро ба дигарон нақл кард ва онҳо ба полис хабар доданд.”
Маъмурони пулис марди тоҷикро рӯзи 27-уми июни соли гузашта дар як маҳаллаи канори Лондон пайдо ва боздошт кардаанд. Элизабет Кэхил, муфаттиши пулиси Лондон, гуфтааст, Алиев нисбат ба як кӯдак ҷинояти “нафратовартарин”-ро раво дид. Ӯ ин мардро “даррандаи манфур” номидаааст, ки “дар пайи шуҷоат нишон додани ҷабрдида чеҳрааш ошкор шуд”.
Расонаҳо навори лаҳзаи боздошти мардро нашр кардаанд. Дар он дида мешавад, ки ӯ зоҳиран забони англисиро намедонад ва нафаре бо забони англисӣ мегӯяд, ки "ҳоло далели боздоштро барояш тарҷума мекунад".
Назари наздикони ин мард дар Тоҷикистон ба боздошти ӯ дар Лондон маълум нест. Вай дар саҳифааш дар Фейсбук аз соли 2023 ба ин сӯ чанд аксро аз Лондон нашр карда, ҷойи зисташро ин шаҳр сабт кардааст. Маълум нест, ӯ аз кадом тариқ ба Бритониё рафтааст ва онҷо чӣ кор мекунад.
Ҳанӯз дақиқ нест, ки додгоҳ нисбат ба ӯ чӣ ҳукм содир хоҳад кард, вале барои муттаҳамони чунин ҷиноят дар Бритониё маъмулан ҷазои сангин медиҳанд.
Камол Харрозӣ, ки дар ҳамлаи Исроил захмӣ шуда буд, даргузашт
Камол Харрозӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Эрон ва раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ, беш аз як ҳафта пас аз ҳадаф қарор гирифтан дар ҳамлаи Исроил ба хонааш дар Теҳрон, даргузашт.
Рӯзи 1 апрел хонаи Камол Харрозӣ ҳадафи як ҳамла қарор гирифт, ки дар ҷараёни он, ҳамсари вазири хориҷии пешини Эрон кушта шуд, аммо худи ӯ ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд ва дар бемористон қарор дошт.
Камол Харрозӣ, ки дар замони даргузашт 82-сола буд, даҳ сол раҳбарии Хабаргузории давлатии "ИРНА"-ро бар ӯҳда дошт ва пас аз он, ҳашт сол сафири Ҷумҳурии исломӣ дар СММ буд.
Камол Харрозӣ дар даврони президентии Муҳаммад Хотамӣ, аз 20 августи соли 1997 то 24 августи соли 2005 вазири корҳои хориҷии Эрон буд.
Дар солҳои ахир ба унвони раиси Шӯрои раҳбурдии сиёсати хориҷӣ ва мушовири Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ, шинохта мешуд.
Тарҳи нави вакилони рус барои ихроҷи муҳоҷирон
Вакилони Думаи давлатии ё порлумони Русия талош доранд сабабҳо ё асос барои рондани муҳоҷиронро ду баробар бештар кунанд. Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар телеграмканали худ хабар дод.
Вай таъкид кард, ки тарҳи қонуни нав дар ин бора барои баррасӣ омода мешавад. Ба таъкиди ӯ, аз соли 2024 дар кишвар барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират 22 қонун қабул шудааст. Аксари ин қонунҳоро вакилони порлумон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия омодаву пешниҳод кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирон дар Русия бар асоси 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ихроҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират, даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо.
Аммо дар лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст, ки бар асоси 43 модда муҳоҷирон бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд. Яъне вакилон мехоҳанд, барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаби маъмурони пулис ва эҷоди монеа дар кори нақлиёту зерсохторҳо низ муҳоҷиронро ихроҷ кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли гузашта 72 ҳазор муҳоҷир барои қонуншиканӣ аз ин кишвар ронда шудаанд.
Боздошти 13 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Амрико
Сездаҳ зодаи Осиёи Марказиро дар Амрико боздошт карданд. Бино ба иттилои Шабакаи телевизионии 11 News, муҳоҷирон дар аёлати Пенсилвания аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки ИМА (ICE), дастгир шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ҳодиса дар пайи шикояти сокинон ба пулис сурат гирифтааст.
Зодаҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон бо мошинҳои борбари худ дар назди маркази додани санади ронандагӣ дар шаҳри Киттэнинг ҷамъ омадаанд ва ин мардуми маҳаллиро нигарон кард ва сабаби муроҷиат ба пулис шуд.
Ба иттилои мақомот, дар миёни муҳоҷирони боздоштшуда афроде будаанд, ки ягон санади расмӣ барои будубош дар Амрикоро надоштаанд.
Шабакаи телевизионии ABC гузориш дод, ки яке аз боздоштшудагон ҳангоми амалиёт саркашӣ ва ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардааст. Чанд нафари дигар мошинҳои худро партофта, пинҳон шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудаҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд.
Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави ИМА аз сиёсатҳои президент Доналд Трамп аст. Рӯзи 11 март 72 зодаи Узбекистонро барои будубоши ғайриқонунӣ аз Иёлотти Муттаҳидаи Амрико ба ватанашон баргардонданд.
Трамп гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа мемонанд
Президенти Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки нерӯҳои амрикоӣ то замони даст ёфтан ба як "созиши ҳақиқӣ" дар "дохил ва атрофи Эрон" хоҳанд монд.
Зеро ба бовари Трамп, оташбаси шикананда байни Амрико ва Эрон асосан бинобар ончи Вашингтон "суитафомҳум" дар мавриди онки оё ин оташбас шомили "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон мешавад, номуайян аст.
"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки як гурӯҳи ниманизомӣ аст, аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрикову Исроил онро гурӯҳи террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.
Доналд Трамп рӯзи 8-уми апрел дар шабакаи Truth Social айни ҳол ибрози боварӣ кард, ки созиши пойдор бо Эрон ба даст хоҳад омад ва иҷро хоҳад шуд.
Ӯ афзуд, агар ба ҳар далеле чунин нашавад, ки ба гуфтаи ӯ "аз эҳтимол дур" аст, даргирӣ дар сатҳе "бисёр калонтар, бартар ва қудратмандтар аз ҳар ончӣ то кунун дида шудааст", оғоз хоҳад шуд.
Қарор аст ҳайатҳои Эрон ва Амрико рӯзи 10-уми апрел дар Исломобод, пойтахти Покистон пойи мизи музокирот биншинанд. Тарафҳо баъд аз 40 рӯз ҷанг, 8 апрел ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд.
Бо вуҷуди онки Амрико ва Эрон ҳар ду дар ҷанге, ки шаш ҳафта давом кард ва ҳазорон кушта ба ҷой гузошт, эълони пирӯзӣ кардаанд, ихтилофоти асосӣ ҳанӯз ҳал нашудааст ва ҳар ду тараф ба хостаҳои худ барои даст ёфтан ба созише, ки метавонад ояндаи Ховари Миёнаро шакл диҳад, пофишорӣ мекунанд.
Зиёратшо Қаландаровро кӣ кушт? Таҳқиқи ҳодисаи 32 сол пеш
Мақомот ба таҳқиқи куштори Зиёратшо Қаландаров, раиси пешини "совхози 40-солагии Камароб" дар минтақаи Рашт, шуруъ кардаанд.
Ин ҳодиса дар соли 1994 дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон рӯй дода, яке аз гумонзадҳо Шарифи Ширинҷон нав дастгир шудааст.
Шарифи Ширинҷон, машҳур бо лақаби "Шарифи Каллабур", яке аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолифин будааст.
Талоши мо барои суҳбат бо наздикони ӯ натиҷа надод.
Зоиршо Қаландаров, писари Зиёратшо Қаландаров, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қатли падараш ду нафари дигар гумонзад ҳастанд.
"Чанде пеш Шарифи Ширинҷонро ба хонаи мо оварда, дар бораи шеваи ба қатл расондани падарам пурсиданд ва ба навор гирифтанд. Гуфт, се нафар буданд ва мусаллаҳ. Вориди хонаи мо шуда, падарамро куштаанд," – афзуд Зоиршо Қаландаров. Худи ӯ дар вақти ҳодиса ҳашт сол доштааст.
Ангезаи куштор маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далели идомаи тафтиши ҳодиса ҷузъиётро нагуфтанд.
Пайвандони Зиёратшоҳ Қаландаров мунтазири таҳқиқи пурра ва мунсифона ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Бохтар ду сол пеш Юсуф Солиҳов, сокини ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи куштори гурӯҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.
Қирғизистон мехоҳад, садҳо зиндониро аз Русия баргардонад
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ният доранд имсол 580 шаҳрванди ин кишварро, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, барои идомаи маҳкумият ба ватан баргардонад.
Дар ин бора Максат Асаналиев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 7-уми апрел дар порлумон гуфт, ҳоло дар ин маврид корҳо идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ин аст, ки ин маҳкумшудаҳо мӯҳлати боқимандаи адои ҷазоро дар маҳбасҳои дохили Қирғизистон гузаронанд.
Ба иттилои Додситони кул, дар ҳоли ҳозир беш аз 1423 шаҳрванди Қирғизистон дар зиндонҳои хориҷи кишвар қарор доранд. 1126 нафари онҳо дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд. Аксари онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудааст.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 350 зиндониро аз Русия ба Қирғизистон истирдод додаанд.
Маҳбусон ва наздикони онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо аз мақомоти кишварҳои худ хостанд, онҳоро барои идомаи адои ҷазо ба ватан баранд.
Дар порлумони Қирғизистон ҳам ин мавзӯъ чандин бор матраҳ шудааст.
Пизишкиён тасдиқ кард, ки бо ИМА дар Покистон гуфтугӯ хоҳанд кард
Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон, ба Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, гуфтааст, ки мақомоти ин кишвар рӯзи 10-уми апрел барои музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ба Исломобод сафар хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти нахуствазири Покистон, рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар 45 дақиқа “гуфтугӯи гарму самимӣ” доштаанд.
Шаҳбоз Шариф пас аз тамоси телефонӣ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт, ки “президент Пизишкиён иштироки Эронро дар музокироти оянда таъйид кард ва аз талошҳои Покистон изҳори сипос намуд”.
Пештар, ӯ эълон карда буд, ки ҳайатҳои ИМА ва Эронро барои рӯзи 10-уми апрел ба Исломобод даъват кардааст, то “ҷиҳати дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи баҳсҳо суҳбати бештар анҷом диҳанд”.
ИСНО, хабаргузории нимрасмии Эрон гузориш дод, ки Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони ин кишвар ҳайати кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ин гуфтушунид эҳтимол Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА намояндагӣ кунад.
Бо вуҷуди ин, ҷузъиёти мазкур ҳанӯз аз ҷониби ҳукуматҳои ИМА ё Эрон расман тасдиқ нашудааст.
ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Ин ду кишвар эълон карданд, ки Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ ҳаст ва бояд аз он пешгирӣ шавад. Эрон борҳо сохтани силоҳи ҳастаиро рад кардааст. Ҷанг беш аз як моҳ давом кард. Рӯзи 8-уми апрел ду кишвар ба оташбас барои ду ҳафта розӣ шуданд, то шартҳои ҳамдигарро барои хатми пурраи ҷанг баррасӣ кунанд.
78 миллион доллар. Созишномаи нави ИМА ва Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд, ки давоми панҷ соли оянда барои мубориза ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил ва ВНМО (ВИЧ/СПИД), 78 миллион доллар сарф хоҳанд кард.
Дар умум, дар панҷ соли оянда ИМА ба Тоҷикистон 38 миллион доллар медиҳад ва Тоҷикистон низ ваъда додааст, ки дар ин муддат барои беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ 40 миллион доллар аз буҷаи худ сарф хоҳад кард.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел хабар дод, ки дар ин бора “тафоҳумномаи дуҷонибаи панҷсола” имзо кардаанд.
Дар хабарнома гуфта мешавад, ки ин тасмим дар доираи барномаи “Аввал Амрико”, стратегияи маъмурияти Трамп, бо ҳадафи ҳифзи сиҳати дар саросари ҷаҳон гирифта шудааст.
Дар хабарнома гуфта шудааст, ки ҳадаф беҳтар кардани хидмарасониҳои тиббӣ ва “таъмини амнияти устувор дар соҳаи тандурустӣ барои аҳолии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мебошад.
Ба гуфтаи Сафорат, бо кӯмаки ИМА Тоҷикистон барои бунёди низоми миллӣ барои сари вақт ошкор кардани бемориҳои сироятӣ талош хоҳад кард.
ИМА дар чаҳорчуби стратегияи “Аввал Амрико” бо 29 кишвари дигари ҷаҳон низ ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ имзо кардааст.
Аз муҳоҷирони тоҷик хостанд, пеш аз сафар расмиётро анҷом диҳанд
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро огоҳ кардааст, ки барои бе мушкил ворид шудан ба Русия, расмиёти заруриро ҳанӯз пеш аз сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо ворид шудани тағйир дар қонунгузории Русия ва пурзӯр шудани назорат дар ин кишвар, муҳоҷиронро зарур аст, ки пеш аз сафар дар Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе, аз қайди дактилоскопӣ ва аз ташхиси тиббӣ гузарашта, бисанҷанд, ки вурудашон ба Русия манъ аст ё на.
Ҳамчунин мақомоти тоҷик таъкид кардаанд, ки барои бе мушкил ва интизорӣ гузаштани муҳоҷир аз марз вай бояд тавассути замимаи мобилии "Госуслуги" пешакӣ дархост пешниҳод кунад ва пас аз бақайдгирӣ ва дарёфти QR-коди махсус, раванди санҷиши ӯ дар марз зудтар хоҳад шуд.
Ин тавсия ва ҳушдор дар ҳолест, ки моҳҳост муҳоҷирони тоҷик аз мушкил дар фурудгоҳҳои Русия ва соатҳои тӯлонии интизорӣ барои роҳ ёфтан ба ин кишвар шикоят мекунанд.
Пас аз санҷиши чандинсоата, дар бисёр мавридҳо муҳоҷиронро аз фурудгоҳ хориҷ карда, ба ватан бармегардонанд.