Дар чанд ҷумла
Изҳори назари Талбак Назаров дар робита ба нерӯҳои эътилофи зиддитерористӣ дар Осиёи Марказӣ
Таблак Назаров гуфт: "Мо дар воқеъ ба назардошти вазъи ба амаломада дар минтақа, ки терроризм ва Толибон амнияти моро таҳдид мекарданд, аз муборизаи зидди терроризм ва эътилофи байналмилалӣ пуштибонӣ кардем. Мо бидуни дудилагӣ ва бо қотеъият ҳар чиро, ки уҳдадор шудем, ба ҷо овардем. Тоҷикистон аз ҷумла ҳарими ҳавоӣ ва имконоти худро дар ихтиёри кишварҳои муборизакунанда бо терроризм қарор дод ва дар ин мубориза кӯмак кард ва дар оянда низ ин мусоидатро хоҳад кард. Аммо акунун ба назар мерасад, ки масоили Афғонистон ба гунае ҳал мешавад, масалан Толибон амалан дигар вуҷуд надоранд. Барономаи истиқрори сулҳ ва суботи сиёсӣ дар ҷараён аст, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд ва қарор аст, интихоботи порлумонӣ баргузор шавад. Боқӣ мондан ва ё пеш омадани бархе масоили хурду реза дар ин ҷараён табиист, вале ин масоилро мешавад бидуни нирӯҳои бегона ҳал кард."
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар айни ҳол таъкид кард, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бархе нирӯҳои фаронсавӣ ҳастанд, ки мушкиле аз ин қабил надоранд ва тамоми замони ҳузур ва замони баргузори амалиёт ва амалкардаҳои онҳо мушаххас ва ҳамоҳангшуда бо мақомоти Тоҷикистон аст. Талбак Назаров ҳамчунин гуфт, муносиботи кишварш бо Ҷумҳурии Исломии Ирон баъд аз хатми замони раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ, ки муносиботи ду кишварро беҳбуд бахшида буд ва интихоби раиси ҷумҳури ҷадид низ тағйир нахоҳад кард ва густариш хоҳад ёфт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Душанбе тартибу низом дар воҳидҳои низомиро баррасӣ кардаанд
Масъалаи бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик ва риоят нашудани ойинномаи низомӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар як нишасте бо ҳузури фармондеҳони воҳидҳои низомии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Мушкиле, ки солҳои дароз аст, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.
Дар ин ҷаласа, ки ба гуфтаи вазорати мудофиа рӯзи 25-уми май дар Душанбе сурат гирифт, Фирдавс Ҳаётзода, додситони низомии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “роҳбарият, фармондеҳон ва сардорони зинаҳои гуногуни ҳама сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳо, тартибу низом диққати ҷиддӣ зоҳир кунанд.”
Дар баёнияи расмии вазорат, омадааст, дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораи низомии Тоҷикистон “масъалаҳои асосӣ ва муҳими ба хизмати ҳарбӣ дахлдошта давоми солҳои 2025 — 2026, аз ҷумла ҳолати тартиботи дохилӣ, вазъи интизоми ҳарбӣ, таҳкими иҷрои ӯҳдадориҳои хизмат ва таъмини волоияти қонун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.” Ҳеч оморе дар бораи бадрафторӣ ва ё қонуншиканӣ наовардаанд, вале танҳо дар апрел аз марги се сарбози тоҷик хабар расид. Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола дар зарфи ду ҳафтаи охири моҳи апрел ҳалок шуданд.
Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд. Айни масъала дар рӯзи 4-уми май дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва зери раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон: 90 %-и Тоҷикистон бо об таъмин карда хоҳанд шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукуматаш талош дорад то соли 2040 дастрасии 90 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба шабакаи обрасонӣ таъмин кунад. Бино бар омори расмӣ ҳоло танҳо 41 дарсади аҳолӣ ва асосан сокинони шаҳрҳо ба шабакаи оби ошомиданӣ пайвастанд.
Эмомалӣ Раҳмон 26-уми май дар ҳамоиши ҷаҳонии об дар Душанбе гуфт, кишвараш мехоҳад то соли 2030 “низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранок”-и мудирияти обро таъсис диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори такмили сохтори Фонди наҷоти Арал ва таъсиси Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ шуд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари тақсими об миёни ҳам даъво доштанд.
Конфронси чоруми масъалаҳои об дар Душанбе 25-уми май оғоз шуда, то 28-уми май идома мекунад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла сохторҳои СММ дар ин нишаст ширкат доранд.
Пулиси Душанбе аз тоҷирон хост, пеш аз ид нархро боло набаранд
Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе аз беасос боло рафтани нархи маҳсулот дар остонаи иди Қубон, пулис ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 25-уми май дар хабарномае навишт, бо ҳадафи танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт "рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.
Дар остонаи таҷлили иди Қурбон, ки 27-уми май баргузор мешавад, сокинони пойтахт аз якбора боло рафтани нархи маҳсулот шикоят доранд. Тоҷирон чун солҳои гузашта мегӯянд, ки маҳсулотҳоро аз яклухтфурӯшон гарон гирифтаанд ва наметавонанд онро арзон фурӯшанд.
Пулиси Душанбе ба тоҷирон ҳушдор додааст, ки "барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани нархномаҳо ба молу маҳсулот" ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Раёсати корҳои дохили Душанбе ҳамчунин аз волидайни кӯдакон дархост кардааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Оғози ҳамоиши вобаста ба масъалаи об дар Душанбе
Субҳи 26-уми май дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байнулмилалии вобаста ба об оғоз шуд.
Дар оғози ҳамоиш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.
Тибқи барномаи ҳамоиш, нахуствазирони Мозамбик, Бурунди ва фиристодаи вижаи Созмони милал дар масъалаи об ҳам бояд дар оғози ин кофронс баромад кунанд.
Ин ҳамоиш то 28-уми июн давом мекунад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, намояндагони 110 кишвар ва сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ин конфронс ширкат доранд.
Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.
Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ, қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.
Нозири Шабакаҳои тақсимоти барқи Данғараро дастгир кардаанд
Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Данғара яке аз кормандони Шабакаи тақсимоти барқи ноҳияро бо иттиҳоми фиреби мардум ва зиён расондан ба ин муассиса дастгир кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май хабар дод, Раҳимов М.С сокини 32-солаи ноҳияи Данғара, нозири ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба он гумонбар мешавад, ки бо тағйир додани иттило дар компютерҳои шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара бештар аз 73 ҳазор киловат соати нерӯи барқи изофӣ навишта аз ин роҳ ба ҳисоби муассисаи худ бештар аз 30 ҳазор сомонӣ зиён расондааст.
Ҳоло нозири собиқи муасссисаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта шикоят аз ҳисобҳои баланди нерӯи барқ аз тарафи мардум зиёд шунида мешуд, вале мақомот мегуфтанд, ки худи мардум нерӯи барқро зиёд истифода мебаранд.
Вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки дасткории иттилооти истифода аз нерӯи барқ ва дуздидани пули мардум аз тарафи худи нозирон вуҷуд дорад. Бо ин гуна иттиҳом ва гуноҳ даҳҳо нозири барқро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашидаанд.
Ҳалокати 4 нафар дар кони тилои Шугнов
Дар пайи чаппа шудани як кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар мебошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг интиқол доданд.
"Дар онҷо ҷуқурӣ мекофтанд. Ҳангоми кор сангу шағал ба болояшон чаппа мешавад ва дар зери он мемонанд. Ҷасадҳоро як рӯз кофтанд ва пайдо карданд. Чорумашро субҳи имрӯз ёфтанд ва гуфтанд, ки ташхис карда, баъдан ба хонаводаш месупоранд",-гуфт мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, фавтидаҳо аз 19 то 42 сол умр доштанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми заршӯӣ коргарон дар ин минтақа зери сангреза монда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир шаш ширкат ба заршӯӣ машғуланд. Аксари кормандони ин ширкатҳо аз дигар шаҳру ноҳияи кишвар барои кор инҷо меоянд.
Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт.
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш хабар дод.
Ин ниҳод рӯзи 24-уми май бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз шуд.
Вазорати дифоъ гуфт, "сифати чорабиниҳои марбут ба гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба назар мерасад".
Аммо имсол дар ду моҳи ахир, марги чор сарбоз -- Исрофил Азимзода, Ғолибҷон Иброҳимов, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода ва Одилҷон Исломзода расонаӣ ва боиси вокунишҳо дар ҷомеа шуд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, соли 2025 ҷиноятҳои ҳарбӣ 123 ададро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 66 адад ҷиноятҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ мебошанд.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта оид ба нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ 35 муроҷиат сабт шуда, нисбати 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ҷазои интизомӣ дода шудааст.
Рубио: Наметавон дар 72 соат бо Эрон ба созиши ҳастаӣ расид
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24 май ба "Ню-Йорк Таймс" гуфт, ки созиш бо Эрон аз ҳимояти минтақавӣ бархӯрдор мебошад, аммо расидан ба як тавофуқи ҳастаиро наметавон "давоми 72 соат анҷом" дод.
Изҳороти ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки ба музокиракунандагони кишвараш гуфтааст, барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанги семоҳа, "саросема нашаванд".
Рубио дар гуфтугӯ бо "Ню-Йорк Таймс" гуфт, "мо масъаларо ба баъд намегузорем. Музокироти ҳастаӣ масъалаҳои бисёр фаннӣ ҳастанд. Шумо наметавонед як мавзуъи ҳастаиро дар 72 соат ҳал кунед".
Ӯ афзуд, ки "дар ҳоли ҳозир, ҳафт ё ҳашт кишвари минтақа аз ин стратегия ҳимоят мекунанд ва мо омодаем ин роҳро идома диҳем".
Ин дар ҳоле аст, ки Марко Рубио чанд соат пеш гуфта буд, мумкин аст то шоми якшанбе хабаре дар бораи созиш бо Эрон эълон шавад, ки метавонад ба таври расмӣ ба ҷанг дар Ховари Миёна поён диҳад.
Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, низ эълон кард, ки байни Теҳрон ва Вашингтон дар бораи бархе бандҳои созишнома, аз ҷумла, дар бораи "озодсозии амволи бандмондаи Эрон" ихтилоф вуҷуд дорад.
Ҳалокати ду кас дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев
Дар ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба шаҳри Киев, ду нафар ҳалок шуда, 56 каси дигар маҷруҳ гардиданд. Ду нафар аз захмишудагон кӯдак ҳастанд.
Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки Русия бо 549 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ва 55 мушак ҳамла кардааст. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар ин ҳамла ба эҳтимоли зиёд аз мушаки "Орешник" ҳам истифода шудааст.
Шаҳрдори Киев гуфт, тақрибан ҳама минтақаҳои пойтахти Украина дар ин ҳамла осеб дидаанд. Аз ҷумла биноҳои Театри академии опера ва балет ва осорхонаи миллии "Чернобил" зарар диданд.
"Барои Киев шаби даҳшатноке буд... феълан наҷотдиҳандагон сӯхторро хомӯш мекунанд ва харобаҳоро тоза доранд. Пизишкон ба захмиён кӯмак мерасонанд", - навиштааст, Виталий Кличко шаҳрдори Киев.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Русия дастикам 83 кас осеб дидааст. Ӯ гуфт, ҳадафи асосӣ шаҳри Киев буд.
Трамп аз ниҳоӣ шудани созиш бо Эрон хабар дод
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон барои хатми ҷанг тақрибан ниҳоӣ шудааст ва танҳо "ҷузъиёти ниҳоӣ" баррасӣ мешавад. Ин изҳорот бори дигар умедҳоро ба эҳтимоли поёни низоъ бештар кардааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "ҷузъиёти ниҳоии созишнома дар баррасӣ қарор дорад ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Илова бар бисёре аз бахшҳои дигари ин созиш, тангаи Ҳурмуз низ боз хоҳад шуд".
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин паёмро баъди суҳбат бо роҳбарони Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Покистон, Туркия, Миср, Урдун ва Баҳрайн нашр кард.
Доналд Трамп ҳамчунин навишт, ҷудогона бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу телефонӣ гап зад ва ин суҳбат "хеле хуб" гузаштааст.
Теҳрон ба изҳороти ахири Доналд Трамп вокунише накардааст. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ 23-юми май гуфтанд, дар музокироте, ки бо миёнаравии Покистон сурат мегирад, пешрафт ҳосил шудааст.
Таркиши зарфи газ дар Душанбе сабаби марги донишҷӯ шуд
Дар пайи таркиши зарфи газ дар як коргоҳи фурӯши яхмос дар Душанбе, як донишҷӯ ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 23-юми май дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, дар коргоҳи "Мазаи ватанӣ", ки "ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ лӯлаи газӣ оташ гирифта, таркидааст".
Дар ин ҳодиса Абубакр Нурови 18-сола, ки дар ин коргоҳ ҳамчун ёрдамчӣ кор мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ин ҷавон дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст.
Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Солҳои ахир таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум ва коргоҳҳо сабаби захмӣ ё фавти одамон дар Тоҷикистон шудааст.
CBS: Амрико барои даври нави ҳамлаҳо омода мешавад
Шабакаи амрикоии CBS субҳи 23 май хабар дод, ки ҳукумати Трамп барои анҷоми даври наве аз ҳамлаҳо алайҳи Эрон омода мешавад.
Ин шабакаи хабарӣ ба нақл аз манбаъҳое, ки ба номашон ишора накард, навишт, ки омодагиҳо барои анҷоми ҳамлаҳои нав рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст.
Бо ин ҳол, дар ин хабар омадааст, ки то баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ба вақти Амрико барои анҷоми қатъии ҳамлаи дубора ба хоки Эрон тасмиме гирифта нашудааст.
Ҳамзамон як хабарнигори рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише навишт, ки раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи мушовиронаш дар заминаи амнияти миллӣ дар соатҳои поёнии рӯзи ҷумъа нишасте доштааст, аммо тасмими қатъӣ дар ин ҷаласа гирифта нашудааст.
Ба навиштаи ин хабарнигор аз Кохи Сафед, Трамп дар нишаст мувофиқ будааст, ки дипоматия ниёз ба вақти бештар дорад ва дар айни ҳол, масъалаи бозгашт ба ҷанг низ ҳамчунон рӯи миз аст.
Пештар Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки ахиран сухангӯи ҳайати музокиракунандаи ин кишвар интихоб шуд, гуфт, "ихтилофи назарҳо байни Эрон ва Амрико он қадар амиқ ва зиёд аст, ки намешавад гуфт бо чанд бор рафту омад ё музокирот давоми чанд ҳафта мо бояд ҳатман ба натиҷа бирасем".
Хабари омода шудан ба ҳамлаҳои нав ба Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки Доналд Трамп рӯзи 18 май хабар дод, ки қарор буд рӯзи 19 ҳамлае ба Эрон анҷом шавад, аммо ба дархости сарони араби Халиҷи Форс аз он худдорӣ кардааст.
Ҳалокати беш аз 90 нафар дар таркиши як кони ангишт дар Чин
Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки бар асари таркиш дар як кони ангиш дар ин кишвар, дастикам 90 тан ҷон бохтаанд.
Хабаргузории "Франс пресс" бо такя ба хабаргузории давлатии Чин -- "Синхуа" навишт, ки ҳодиса шоми 22 май дар як кони ангишт дар вилояти Шанси, рух додааст.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ҳамгоми рух додани таркиш дар умум 247 коргар дар зери замин ҳузур доштанд.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 345 нерӯи кӯмакрасон ба маҳали ҳодиса фиристода шуданд ва дар ҷустуҷӯи 9 нафаре ҳастанд, ки ҳанӯз нопадид ҳастанд.
Таркиши рӯзи ҷумъа, бадтарин фоҷеа дар як кон дар Чин пас аз соли 2009 ба шумор меравад.
Дар ин сол дар таркиши маъдане дар вилояти Хэйлунсзян дар шимол-шарқи Чин, 108 нафар ҷон бохтанд.
Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин хостори истифода аз ҳама имкониятҳо барои дармони захмиҳо шуд ва бар анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба дар бораи ин ҳодиса таъкид кард.
Шуморе аз сарони кишварҳои дунё ба раисҷумҳури Чин дар робита ба ин ҳодиса номаҳои ҳамдардӣ фиристоданд.
Таъсиси Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 23 май фармони президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад.
Маблағи ин ҷоиза эълон нашудааст.
Дар шарҳи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки ин ҷоиза ба ҳадафи арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ, таъсис дода шудаст.
Ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Абуалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб ба шумор меравад. Ӯ соли 980 мелодӣ дар Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшидааст.
Дар Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Душанбе номи ӯро дорад. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон низ ба номи ӯ гузошта шудааст.
Сафари фармондеҳи артиши Покистон ба Эрон
Хабаргузории эронии ИСНА аз сафари маршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон хабар дод. Ӯро дар фурудгоҳ Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифтааст.
Пеш аз ин ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ дар Исломобод эълон карда буд, ки низомии баландмақоми покистон рӯзи ҷумъа ба Эрон сафар кардааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки Осим Мунир қарор аст ба Теҳрон сафар кунад, аммо ин сафар 24 соат ба таъхир афтодааст.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои иштирок дар нишасти вазирони НАТО ба Шведсия сафар кардааст, низ гуфт, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамос аст ва интизор меравад, ки ӯ хеле зуд вориди Теҳрон шавад.
Бархе расонаҳо мегӯянд, ки сафари Осим Мунир ба Теҳрон нишонаи "пешрафт"-и гуфтугӯҳо аст. Рубио низ аз бархе пешрафтҳо дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон хабар дод. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯзи тавофуқ ниҳоӣ нашудааст.
Покистон аз замони барқарории оташбас дар рӯзи 8 апрел ва баъд аз 40 рӯз ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, дар нақши миёнарав амал мекунад ва як даври гуфтугӯҳо миёни намояндагони баландпояи Теҳрон ва Вашингтон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.