Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия маоши панҷмоҳаи 100 муҳоҷири тоҷикро баргардонд. САДО


Русия ҳақи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2018 бурд ва дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ба бунёди тарҳи пурдабдабаву серхарҷ шурӯъ кард
Русия ҳақи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2018 бурд ва дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ба бунёди тарҳи пурдабдабаву серхарҷ шурӯъ кард

Муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Калинингради Русия барои баргузории ҷоми ҷаҳонии "Футбол-2018" таҳти раҳбарии ФИФА варзишгоҳ месозанд, пас аз панҷ моҳи таъхир маоши худро дарёфт карданд.

Рӯзи 17-уми июл ин муҳоҷирон аз пардохт нашудани маоши панҷмоҳаашон ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Дар ин варзишгоҳ беш аз сад муҳоҷири тоҷик кор мекунад. Саид Ҳакимов, як муҳоҷири 45-солаи тоҷик, ки дар сохтмони варзишгоҳи Калининград кор мекунад, рӯзи

Варзишгоҳи шаҳри Калининградро, ки то охири соли 2017 бояд сохта шавад, беш аз 500 шаҳрванди ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон месозанд.

8-уми август гуфт, ки ҳафтаи гузашта корфармоён ба муҳоҷирони тоҷику узбак маошашонро пардохт карда, инчунин ваъда доданд, ки оянда дар пардохти ҳаққи заҳматашон таъхир намекунанд.

Оилаи Саид мунтазири пулҳои падар аст

Саид Ҳакимов гуфт, маоши онҳо аз рӯи соати корӣ ҳисоб шуда, худи ӯ моҳе тахминан 30 ҳазор рубл дарёфт мекард ва ҳоло тамоми ҳаққи заҳматашро ба даст овардааст.

Русия маоши панҷмоҳаи 100 муҳоҷири тоҷикро баргардонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим

Саид гуфт, ки баъди панҷ моҳи таъхир тоза тавонист барои азизонаш дар Тоҷикистон маблағ фиристад: “Дар Тоҷикистон омодагӣ ба соли нави таҳсил ҷараён доранд, лекин мо ба фарзандонамон пули сару либос нафиристода будем. Дар якҷоягӣ бо муҳоҷирони Узбакистон корпартоӣ кардем ва маошамон пардохт шуд”.

Варзишгоҳи Нижний Новгород ҳам ба муносибати ФИФА-2018 бунёд шудааст
Варзишгоҳи Нижний Новгород ҳам ба муносибати ФИФА-2018 бунёд шудааст

Сабаби дер пардохт шудани маоши муҳоҷиронро корфармоён ба таъхир дар дарёфти маблағи буҷаи давлати Русия рабт додаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки давоми панҷ моҳи интизорӣ ҳамеша ваъда мешуниданд, ки дар охири моҳ ҳаққи заҳматашон пардохт мешавад.

Фирдавс Ҷабборов, яке аз ин муҳоҷирон гуфт, ки нақшаҳои зиндагии онҳо дар пайи дер пардохт шудани пул ба мушкил печид. Ӯ гуфт, барои маросими арӯсиаш пул қарз гирифта, ваъдаи баргардонидани онро давоми се-чор моҳ дода буд, вале натавонист қарзашро сари вақт баргардонад.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди ин ҳодиса умедворанд, ки дигар чунин мушкил пеш нахоҳад омад. Аксари онҳо аммо омода ҳастанд дар сурати пеш омадани чунин мушкил корро тарк кунанд ва дар ҷустуҷӯи кори наве шаванд. Ҳарчанд бо сабаби бӯҳрони иқтисодии Русия пайдо кардани кор барои онҳо осон нест, вале намехоҳанд дар шароити номуайянӣ ва бидуни маблағ кор кунанд.

Калининград
Калининград

Варзишгоҳи шаҳри Калининградро, ки то охири соли 2017 бояд сохта шавад, беш аз 500 шаҳрванди ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон месозанд. Корфармоёни ин варзишгоҳ низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ пардохти ҳарчи зудтари маблағи муҳоҷиронро ваъда карда буданд.

Қаҳрамон Розумов, саркоре, ки бештари тоҷикон зери дасти ӯ дар ин варзишгоҳ кор мекунанд, рӯзи 17-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маоши муҳоҷирони тоҷик ба зудтарин фурсат пардохт мешавад.

50 миллион рубли муҳоҷирони тоҷик баргардонида шуд

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз ин муҳоҷирон шикоят дарёфт накардааст. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, пардохт нашудани маош аз ҷониби корфармоён гоҳо мушоҳида мешавад ва дар як соли охир онҳо беш аз 50 миллион рублро аз корфармоён ба муҳоҷирон баргардондаанд.

Ӯ гуфт, “мо шикояти муҳоҷиронро баррасӣ кардем. Бисёре аз корфармоён бо роҳи сӯҳбат ҳаққи муҳоҷиронро, ки моҳҳо надода буданд, доданд. Баъзеҳо пардохт накарданд ва мо аз тариқи додситонӣ ва додгоҳ ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро баргардонидем. Агар шикояти инмуҳоҷирон ба дасти мо бирасад, ҳатман дахолат мекунем.”

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Ин масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аксаран ширкатҳои хусусӣ аз пардохти муҳоҷирон сарпечӣ мекунанд. “Бисёре аз муҳоҷирони мо низ шартномаи меҳнатӣ надоранд, ки ин кори худашонро дар баҳсҳои судӣ мушкил мекунад. Вақте муҳоҷир бо корфармо шартномаи меҳнатӣ дорад, гирифтани ҳаққи ӯ осонтар аст. Бисёре аз муҳоҷирони мо шартномаҳои шифоҳӣ доранд”, - гуфт Аҳмадов.

Сохтмони варзишгоҳ барои мусобиқаи ҷаҳонии “Футбол-2018” дар 12 шаҳри Русия ду сол боз идома дорад. Русия соли 2014 дар пайи қуръакашӣ дар Бразилия мизбонии бозиии ҷаҳонии “Футбол-2018”-ро бар дӯш гирифт. Дар сохтмони варзишгоҳҳо садҳо тоҷик кор мекунанд, вале бори аввал аст, ки як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик аз пардохт нашудани маошашон аз чунин як тарҳи сохтмонӣ шикоят мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ солона то 600 ҳазор ва бинобар омори дигар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хонаводаашонро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG