Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: "80 дирамро ширкатҳои мобилӣ супоранд, на муштариён" ВИДЕО


"80 дирамро ширкатҳои мобилӣ супоранд, на муштариён!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ тақозо кардааст, ки 80 дирам “ҳаққи” иҷораи рақамҳои мобилиро худашон пардохт кунанд, на ки аз муштариён биситонанд. Қарор аз 1-уми май ба иҷро медарояд. Ширкатҳои мобилӣ ду рӯз пеш дар паёмаке ба муштариёни худ гуфтанд, пардохти “80-дирамӣ”-ро бекор мекунанд, аммо нагуфтанд, ки ин маблағи иловагиро аз куҷо ҷуброн мекунанд ва оё ин тасмим ба нархи гуфтугӯ ва интернет ҳам таъсир хоҳад дошт, ё не.

Аз соли 2015 ба ин тараф аз соҳибони ҳар як симкорт дар ҳар моҳ 80-дирамӣ гирифта мешавад. Сокинон аз аввал чунин "ҳақситонӣ"-ро беасос медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи иҷораи рақамҳои мобилӣ аст ва бо талаби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷро мешавад.

Наргис Ёдгорӣ, масъули шуъбаи ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пардохт ғайриқонунӣ нест, “балки тартиби ситондани он дуруст муайян нашуда буд”.

“Бар асоси моддаи 31-и қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” пешниҳоди хизматрасонии рақамгузорӣ ба воситаи пардохт амалӣ карда мешавад. Хизматрасонии мазкур аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мобилӣ пешниҳод карда мешавад”, - шарҳ дод ӯ.

Намояндаи Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон гуфт, дар пайи шикояти сокинон тартиби ситондани “ҳақ”-ро тағйир доданд. Вай дар посух ба суоли он ки чаро қарор аз 1-уми май иҷро мешавад, гуфт, “аз назари фаннӣ ин кори мушкил аст”.

Ҳамоно дар ин маврид суолҳои беҷавоб зиёд аст. Аз ҷумла, агар ин пардохт нодуруст буд, чаро бояд касе муҷозот нашавад? Ва маблағҳои дар панҷ соли ахир додаи муштариён, ки миллионҳо сомонист, баргардонида мешаванд?

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз аввал пардохти ҳаққи истифодаи рақам ба дӯши ширкатҳои мобилӣ гузошта шудааст. Як ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти алоқа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: “Пардохти 80-дирамӣ ба буҷаи кишвар ворид мешавад, на ба кисаи афроди алоҳида.”

Дар ҳоле ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна ҷуброн кардани пардохти 80-дирамӣ чизе нагуфтаанд, бархе аз сокинон аз эҳтимоли тағйири таърифаҳои гуфтугӯ ва интернет шикоят нигаронанд.

Чанд муштарии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” гуфтанд, аз огоҳии ширкат маълум аст, ки нархи баъзе аз таърифаҳо беш аз 60 дарсад гарон хоҳад шуд. Ҳанӯз худи ширкатҳои мобилӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Мусоҳиби мо дар Хадамоти алоқа тасмими бархе аз ширкатҳои мобилиро дар мавриди иваз кардани арзиши таърифаҳояшон ғайриқонунӣ донист ва гуфт: “Ширкатҳо набояд то замони ба иҷро даромадани қарору қонун худсарона ба муштариён паёмак фиристанд. Ин кор ғайриқонунӣ аст. Агар рафту ҳамин дастур ё қарору қонун тасдиқ нашавад, дар он ҳолат чӣ мешавад? Баъд дар ин вақт мушкилро ба сари Хадамоти алоқа бор мекунанд”.

Аммо як ҳамсуҳбати мо дар яке аз ширкатҳои мобилӣ гуфт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ пардохти ҳаққи рақамро аз дӯши муштариён бардошт, вале дар банди дуюми фармони худ гуфтааст, ин маблағро ба қатори хароҷоти худ ворид кунанд. "Яъне, ин ҳамон маъниро дорад, ки барои мисол ба пардохтҳои хизматрасониҳо илова кунед ва дар умум аз муштарӣ бигиред", - гуфт ӯ. Вале назари масъулони ширкатҳо ба ин масъала ҳанӯз дастрас нест.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар кишвар 6,9 миллион симкорт фурӯхта шудааст. Бино ба ҳисобҳои коршиносон, муштариёни фаъол дар панҷ соли гузашта садҳо миллион сомониро иловатан пардохт кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG