Нархи семент, яке аз маҳсулоти асосӣ барои сохтмонҳо шуруъ аз моҳи май дар Тоҷикистон ба таври назарррас боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, қаблан як халта сементро вобаста ба навъу сифаташ аз 45 сомонӣ мегирифтанд, аммо ҳоло тоҷирон 70 сомонӣ талаб доранд.
Аъзамҷон, сокини шаҳри Душанбе дар ҷустуҷӯи семенети нисбатан арзон аст. Мегӯяд, дар муқоиса ба ҳафтаҳои пеш ҳоло арзиши семент гарон шудааст.
"10-15 рӯз пеш камчин шуду баъд нарх боло рафт. Пеш сементи навъи 400-ро 40-45 сомонӣ мегирифтӣ, ҳозир 60 сомонӣ мегӯянд. Сементи навъи 500-ро 70 сомонӣ гуфтанд”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Тоҷирон нахостанд ошкоро суҳбат кунанд, вале дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, тақрибан як моҳ мешавад сементро аз корхонаҳо бо арзиши 6-7 сомонӣ гаронтар аз нархи пешина дастрас мекунанд ва аз сӯи дигар мошинҳои боркаш низ сари ҳар халта семент, ки қаблан ду сомонӣ мегирифтанд, ҳоло панҷ сомонӣ мегиранд. Баъзе ронандаҳои боркаш тасдиқ намуданд, ки дар пай афзоиши нархи сӯзишворӣ маҷбур шуданд, ки арзиши хадамоти худро боло баранд.
Комил Назаров, ронандаи мошини боркаш се рӯз боз дар навбати семент аст. Ӯ аз Душанбе ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон семент мекашонад.
Мегӯяд, "мо сари ҳар тона 400 сомонӣ мебарем. Моҳҳои пеш 300-350 сомонӣ мегирифтем, ҳозир нархи сӯзишвории дизелӣ (солярка) гарон шуд, нархи мо ҳам ҳаминхел шуд”.
Баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент гуфтанд, бо гарм шудани ҳаво корҳои таъмирӣ анҷом додаанд, ки ин метавонад ба вазъи истеҳсолот таъсир гузорад. Вале дар ин корхонаҳо дақиқан посух надоданд, ки чаро арзиши семент боло рафтааст. Дар корхонаи “Тоҷикисмент” барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб намуданд.
Рӯзи 18-уми май дар мағозаҳои ҳудуди Душанбе ва атрофи он семент камчин ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки вазири саноати Тоҷикистон дар нишасти соли гузаштаи худ аз афзоши истеҳсоли семент ва коҳиши содироти он ба бозорҳои Афғонистону Узбекистон хабар дода буд.
Ҳоло дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав як гурӯҳи корӣ даст ба кор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабу омилҳои гаронии нархи сементро маълум кунанд. Дар ин ниҳод бидуни шарҳи бештар гуфтанд, гурӯҳи кори масъаларо баррасӣ мекунад ва баъдан ба расонаҳо маълумот хоҳанд дод.
Тибқи иттилои ахири Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад бештар аст.