Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз додгоҳи Русия хостаанд, "Гурӯҳи 24"-ро "мамнуъ" эълон кунад

Як иттиҳоми ҷониби Русия дар мавриди "Гурӯҳи 24" ин будааст, ки намояндаи созмон Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳангоми дар Маскав буданаш "борҳо ба сабук кардани қоидаҳои муҳоҷират" даъват кардааст
Як иттиҳоми ҷониби Русия дар мавриди "Гурӯҳи 24" ин будааст, ки намояндаи созмон Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳангоми дар Маскав буданаш "борҳо ба сабук кардани қоидаҳои муҳоҷират" даъват кардааст

Додситонии вилояти Иваново дар Русия аз як додгоҳи ин кишвар хостааст, ки "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро "ифротгаро ва мамнуъ" эълон кунад. Ин гурӯҳ соли 2012 дар Русия ташкил шуда, намояндагонаш дертар ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд.

Бино ба гузориши нашрияи русии "Коммерсант" аз 14-уми апрел, Додситонии вилояти Иваново дар дархости расмӣ гуфтааст, "Гурӯҳи 24" пештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, "вале баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор мекунад." Русия ҷанги тақрибан панҷсолаашро дар Украина амалиёти вижаи ҳарбӣ меномад.

Андрей Жугин, додситони Иваново, иддао кардааст, ки гуё "Гурӯҳи 24" бо созмонҳои украинӣ ҳамкорӣ дорад, барои онҳо пул ҷамъ меорад ва шабакаҳои интернетиро бо ҳадафи "бадном кардани Русия" истифода мебарад.

Дилшод Шарифов, раиси "Гурӯҳи 24", рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи созмон пас аз ҷаласаи зудҳангоми аъзояш эълон хоҳад шуд.

Дар ду соли охир бори севум аст, ки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ё созмонҳои марбут ба онҳоро ба ҳамкорӣ бо Украина муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, додгоҳе дар Русия соли 2025 Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро бо баҳонаи онки дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина "хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст", дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Худи ӯ иттиҳомро бофтаву сохта донист.

Иттиҳоми дигари ҷониби Русия дар мавриди "Гурӯҳи 24" ин будааст, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи созмон, ҳангоми дар Маскав буданаш “борҳо ба сабук кардани қоидаҳои муҳоҷират, таъмини дастрасии онҳо ба таълим, кор ва хадамоти пизишкиву нафақа" даъват кардааст.

Раҳматҷони Маҳмадҷон моҳи июни соли 2020 ҳамроҳи Шобуддин Бадалов, узви “Гурӯҳи 24” дар ҷараёни сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав намоиши эътирозӣ баргузор карда, сипас боздошту истирдод ва дар Тоҷикистон ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ гардиданд.

"Гурӯҳи 24", ки аъзои он дар Аврупо паноҳ бурдаанд, пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид карда, ҳангоми сафарҳои мақомоти кишвар ба кишварҳо тазоҳурот ҳам баргузор кардаанд. Созмони мазкур соли 2022 ва бо сабаби “ҳамкории пинҳони мақомоти Русия бо Тоҷикистон барои боздошту истирдоди даҳҳо аъзояш” фаъолияти худро дар қаламраи Русия бас карда буд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

Додгоҳи олии Русия дар соли 2022 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ карда буд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG