Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷиконро дар Русия кӣ ҳимоя мекунад? Посухи Душанбе ба танқиди мухолифон


Коллаж
Коллаж

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" (фаъолияташ дар кишвар мамнуъст), мақомотро ба ҳимояи нокофӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва cукут дар баробари озору азияти онҳо дар Русия танқид карданд. Вазири кору муҳоҷират, Омбудсмен ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон интиқодҳоро ғайривоқеӣ донистанд.

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: "На танҳо вазорату идораҳо, балки доираҳои коршиносии мо ҳам дар чорабиниҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Яке аз масъалаҳое, ки баррасӣ мегардад, ҳифзи манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ аст."

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон борҳо барои хомӯшӣ дар баробари шиканҷа ва таҳқир шудани тоҷикон дар Русия танқид шудааст. Аз ҷумла, ҳангоми боздошти гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар наздикии Маскав. Умед Бобозода гуфт, ӯ ва ҳамкоронаш хомӯш нестанд.

“Мо ба хонум Маскалкова, Омбудсмени Русия муроҷиат кардем ва онҳо посух доданд. Мо масъалаи инро, ки рӯйрост шиканҷа шуда буданд, гуфта будем. Шумо аҳамият дода бошед, дар ин масъала дигар гап намезананд. Фикр мекунам, ки натиҷаи ҳамин муроҷиати мо ҳам буд,” -- ҳадс зад Бобозода.

"На танҳо изҳорот диҳанд, балки ёрӣ расонанд"

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ талош мекунад, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Русия танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳимоят кунад, ки кофӣ нест.

Дар амал, бисёре муҳоҷирон дар номаҳои худ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки “эҳсоси бесоҳибии комил” мекунанд. Онҳо мепурсанд, чаро вокунишҳои Қирғизистону Узбекистон барои Душанбеи расмӣ дасри ибрат намешавад.

Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили муҳоҷирон, мегӯяд, дар соли 2023 беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шуданд, ки бисёриҳо ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанд.

“Узбекистон дар чанд соли охир консулгарии фаъолтар дорад, ҳатто гурӯҳҳои махсус барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ташкил кард. Қирғизистон низ дар расонаҳо ва сатҳи дипломатӣ бештар садо баланд мекунад ва созмонҳои иҷтимоии фаъол дорад. Бештар бояд амалӣ ёрӣ расонанд – на танҳо дар сатҳи изҳорот. Хусусан дар ҳолатҳои озору азият, бояд дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва тиббӣ таъмин шавад”, - пешниҳод кард коршинос.

Муҳоҷиронро кӣ ҳимоя мекунад? Посухи мансабдор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Як далели зиёд поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хомӯшии аз андоза зиёди давлат ва мансабдорон дониста мешавад. Охирин намунаи садо баланд кардани Тоҷикистон барои муҳоҷирон дар охири апрели соли гузашта буд, ки сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супурда шуд.

Ин нота дар пайи ҳодисаи амали террористӣ дар толори "Крокус" ва барои соатҳо нигаҳ доштани муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои дигари марзи давлатии аз сӯйи мақомоти рус ба миён омад. Аммо сипас бо моҳҳо идома ёфтани ҳолати мазкур дигар эътироз ё нотае садо надод.

XS
SM
MD
LG