Дар чанд ҷумла
“Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед”
Пас аз ҳодисаи рӯзи 22-юми апрел дар Кашмир таниш миёни Ҳиндустону Покистон афзоиш ёфта, нигарониҳо аз ҷанг миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ бештар гаштааст.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи мусаллаҳе дар минтақаи сайёҳии Пахалгамии Кашмир, ки зери назорати Ҳиндустон аст, 26 сайёҳро куштанд ва 17 танро захмӣ карданд.
Ҳиндустон инро кори дасти гурӯҳҳои зери назорати Покистон номид. Покистон рад кард, аммо хатари эҳтимолии ҷанг аз байн нарафтааст.
Ин вазъ бештар зиндагии мардум, аз ҷумла кишоварзонро хароб кард. Деҳқонони деҳаи Вагаҳ аз тарси ҷанги эҳтимолӣ ҳанӯз ба ҷамъоварии ҳосил оғоз накардаанд. Мақомот ҳам иҷоза намедиҳанд, ки онҳо дар саҳро кор кунанд.
Деҳқон Муҳаммад Адолат Сардор гуфт: "То гандум ба ҳосил расидан мо шаш моҳ заҳмат мекашем, об медиҳем, вале саривақт нағундоштани ҳосил зарари зиёд меорад. Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед. Ин беҳтарин кор барои ҳама аст”.
Кишоварзон нигаронанд, ки тӯлонӣ шудани маҳдудият ба онҳо зиёни ҷуброннопазир мерасонад.
Муҳаммад Зишан, кишоварз, гуфт, “вақти ҳосилғундорӣ мегузарад, вале ҷавонони мо дар кӯчаҳо ба бозӣ машғуланд. Маҳдудият ба ҳама зиён мерасонад.”
Ҳиндустону Покистон минтақаи Кашмирро аз худ медонанд ва қисматҳое аз онро ду кишвар назорат мекунанд. Солҳост, ки вазъ дар ин минтақа ҳассос аст ва хатари ҷанг миёни ду кишварро, ки бомбаи атомӣ доранд, бештар мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Раҳмон хост, дар сохтмони “Роғун” корҳоро суръат бахшанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ширкатҳои сохтмонӣ хостааст, дар корашон таъхир накунанд, зеро мумкин аст, дар умум бунёди нерӯгоҳ ба дарозо кашад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми август ҳангоми суханронӣ дар ҳузури иддае аз коргарони “Роғун” ва мақомоти расмӣ аз қафомонӣ ё таъхир дар иҷрои баъзе аз корҳои сохтмонӣ гуфтааст.
Ба қавли ӯ, бо вуҷуди корҳои то ҳол иҷрошуда, роҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” вазифадор карда шудаанд, ки “қафомониҳоро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд”.
Маълум нест, кадом аз бахши корҳо саривақт иҷро нашудаанд.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, то моҳи сентябри соли 2027 бояд чархаи саввуми нерӯгоҳи “Роғун” ба кор андохта ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон таъмин шавад.
Ҳоло маълум нест, ки оё тирамоҳ ва зимистони имсолу соли оянда дар кишвар мардум 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мешаванд ё бо маҳдудият ва дар соатҳои муайян нерӯи барқ хоҳанд дошт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи кӯчонидани мардуме суҳбат кардааст, ки бо сабаби бунёди сарбанд, қарор аст, хонаву деҳоташон зери об монад. Ӯ гуфтааст, мақомот “кӯчонидани аҳолиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.”
Дар гузашта сокинони баъзе аз ин деҳот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд ва ҷубронҳои лозимӣ, кумак ё ҷуброни дурусте нагирифтаанд ва мунтазири ба макони нави иқомат бурдани худ ҳастанд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва қарор аст, худи Тоҷикистон ва мардуми кишварҳои ҳамсояро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Навор дар Инстаграм:
Дар Украина як филми тасвирии русиро манъ мекунанд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, чор фармонеро имзо гузошт, ки бар асоси он қарори Шӯрои амният ва мудофеаи миллии кишвараш дар бораи таҳримҳо нисбат ба Русия ба иҷро медарояд.
Аз ҷумла, нисбат ба студияи "Анимаккорд" маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Ин студия муаллифи филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) мебошад.
Раҳбари кул, бунёдгузор ва муаллифону таҳиягарони ин филми тасвирӣ ҳам таҳрим шуданд.
Дар хабар омадааст, филми "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) дар паси пардаи афсонаи кӯдакона бо таблиғи Русия машғул шуда, аз ин ҷиҳат ба амнияти миллии Украина таҳдид дониста мешавад. Бар асоси ин қарор, намоиши ин филми тасвириро дар қаламрави Украина манъ мекунанд.
Аз ин пеш, моҳи июл, як гурӯҳ аз вакилони порлумони Бритониё дар як номаи боз аз вазири фарҳанг Лиза Ненди хостанд, ки филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) аз ҳама пойгоҳҳои пахши онлайн пок карда шавад.
Дар ин нома гуфта шуд, ки баъзе аз кору ҳаракатҳои Маша "мазмуни таблиғотӣ" дорад. Ба унвони мисол, ӯ дар як саҳна бо кӯлоҳи тонкрон ва дар дигаре бо кӯлоҳи монанд ба маъмури амнияти даврони шӯравӣ дида мешавад.
Студияи "Анимаккорд" ин иттиҳомҳоро рад кард. Намояндаи он Мелани Бонвичино ин ҳамаро "туҳмат ва таҳқир" номида, гуфт, ин ширкат ҳеч гоҳ аз давлати Русия пул нагирифтааст.
Намояндаи Русия дар СММ гуфт, "басеҷ дар назар нест"
Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт, то ҷое ӯ медонад, пас аз интихоботи порлумонии моҳи сентябр дар кишвараш сафарбарии умумӣ ё басеҷ (басиҷ) ба артиш дар назар нест.
Василий Небензя ин нуктаро дар посух ба суоли як рӯзноманигори украинӣ баён дошт.
Рӯзноманигор аз Небензя пурсид, оё ӯ хабар дорад, ки ҳоло ҳазорҳо мард аз Русия ба Гурҷистон мегурезанд.
Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт: "Дар бораи сафарбарии умумӣ дар Русия нигарон набошед. Фикр мекунам, ин мавзуъ борҳо дар сатҳи расмӣ шарҳ дода шудааст. Ҳозир ба мо басеҷ даркор нест ва он ба нақша гирифта нашудааст."
Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, низ хабарҳоро дар бораи омодагӣ ба басеҷи навбатӣ "сафсата" ва "иғво" номид.
Пештар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, изҳорот дода буд, ки мумкин аст Русия садҳо ҳазор нафарро ба ҷабҳа фиристад.
Бино ба арзёбии Ҳадамоти Ҷосусии Бритониё дар охири моҳи майи имсол, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то кунун тақрибан 500 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.
Дар пайи сафарбарии густурдаи соли 2022, дар моҳҳои аввали таҷовузи Русия ба хоки Украина, садҳо ҳазор нафар аз Русия фирор карда буданд.
Кушта шудани ду нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз кушта шудани ду шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо мехостанд, ба қаламрави кишвар маводи мухаддир қочоқ кунанд. Шарҳи ҷониби Афғонистон дастрас нест.
Дар як баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз 18-уми август гуфта мешавад, ки қочоқбарон аз ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Тахор буда, ҳангоми даргирӣ бо марзбонони тоҷик ба ҳалокат расидаанд.
Даргирӣ дар минтақаи наздимарзии Фатҳобод дар ноҳияи Ҷайҳун ба вуқуъ пайвастааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки аз ҷойи ҳодиса як "автомати Калашников" ва як "туфангчаи Макаров" ва 17 кило ҳашиш пайдо ва мусодира карданд.
Навори ин лаҳзаҳо тавассути Телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд, вале тасдиқи мустақилонаи он имкопазир нест.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи имсол, дар 7 даргирии мусаллаҳона бо коҷоқбарон аз Афғонистон, 17 шаҳрванди ин кишварро кушта, 601 кило маводи мухаддир мусодира намудаанд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1000 километр марз дорад, яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои дигар, бавижа Русия, ба ҳисоб меравад.
Навор дар Инстаграм:
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, Ҳасиб Панҷшерӣ кушта шудааст
Ҳасиб Панҷшерӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, кушта шудааст.
Ӯ соли 2021, баъди ба қудрат баргаштани гурӯҳи "Толибон", ба ин ҷабҳа пайваста буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, созмони мухолифи "Толибон", рӯзи 20-уми август дар эъломияе Ҳасиб Панҷшериро "намоди боризи иродаи оҳанин" номид, ки "дар баробари истибдод ва нобаробарӣ ҳаргиз қомат хам накард."
"Ӯ ва ёронаш аз чеҳраҳои устувор ва шикастнопазири муқовимат буданд, ки дар душвортарин шароит, истодагӣ дар сангарро бар офиятталабӣ тарҷеҳ доданд," – афзудааст манбаъ.
Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ бо такя ба як манбааш дар ҳукумати "Толибон" навишт, ки Ҳасиб Панҷшерӣ дар ҷараёни як амалиёт кушта ва 13 ҳамроҳи ӯ дастгир шудаанд.
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, Ҳасиб Панҷшерӣ дар пайи "як камини ноҷавонмардона" кушта шуд ва афзуд, "ҷузъиёти бештар дар бораи ин рӯйдод пас аз такмили баррасиҳои майдонӣ, ба иттилои мардуми шарифи Афғонистон хоҳад расид."
Ҳасиб Панҷшерӣ дар ҳукумати пешинаи Афғонистон, ки бо номи "ҷумҳурият" шинохта мешавад, дар Раёсати амнияти миллии он кишвар кор кардааст.
Вай дар панҷ соли охир дар бораи идомаи мубориза бо нерӯҳои "Толибон" пайваста навор нашр мекард.
Гурӯҳи "Толибон", ки то кунун дар бисёре аз кишварҳо созмони ифротгаро мондааст, панҷ сол пеш бори дувум зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, вале то кунун, ба ҷуз аз Русия, ҳеч кишваре ҳукуматашро ба расмият нашинохтааст.
Раҳмон дар “Роғун” баъди арзёбии “S&P”. Сохтмон кай поён меёбад?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август барои ошноӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба маҳалли ин иншооти азимтарин дар кишвар рафтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони нерӯгоҳ хостааст, корҳо дар ин нерӯгоҳи барқи обӣ, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, бо сифати баланд иҷро шаванд.
Сафари раисҷумҳур ба нерӯгоҳи “Роғун” чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки ширкати рутбасанҷии “S&P” гуфт, қарор аст, чархаи саввуми нерӯгоҳи Роғун дар тирамоҳи соли 2027 ба кор андохта шавад.
Сохтмони нерӯгоҳ, ки солҳои дароз аст, идома дорад, ба навиштаи “S&P” бояд то 9 соли дигар, яъне соли 2035, ба анҷом расад.
Сандуқи Байнулмилалии Пул соли 2024 дар як гузориш дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта буд, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” на соли 2032, тавре қаблан барномарезӣ шуда буд, балки соли 2033 ба анҷом мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои сохтани чунин иншооти азим пули кофӣ надорад, барои анҷоми он аз кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ қарз гирифтааст.
Иқтисодшиносон, аз ҷумла дар худи кишвар, дар бораи харҷи пули давлат дар сохтмони нерӯгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд, вале вазири молия моҳи июл гуфт, ҳама гуна дахлу харҷ зери назорати ҷиддӣ аст.
Дар ҷараёни сохтмони “Роғун” бинобар беэҳтиётӣ чандин коргар дар садама ва ё тасодуфҳои гуногун ҷон додаанд.
"Ҳушёр бошед." Огоҳии сафорати Амрико дар бораи сафар ба ВМКБ
Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.
Баёнияи расмии сафорат рӯзи 19-уми август нашр шуд.
Дар он сабаби тасмимро "афзоиши хушунатҳо дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон" тафсир кардаанд.
Намояндагии расмии Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳушдорро дар бораи таъсири хушунатҳои Афғонистон ба вазъияти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ҷиддӣ бигиранд.
Сафорат аз шаҳрвандони Амрико хостааст, аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ варзанд; ҳушёр бошанд; барои дарёфти хабарҳои нав расонаҳои маҳаллиро пайгирӣ ва барномаҳои амниятии худро бозбинӣ кунанд ва санадҳои даркориро бо худ дошта бошанд.
Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд.
Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.
Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро маҳкум карда, ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристоданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар посух "ибрози таассуфи амиқ" карда, онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.
Ҳадиса Қурбонова дар 86-солагӣ даргузашт
Ҳадиса Қурбонова, шоири халқии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ӯ 86 сол дошт.
Одили Нозир, хабарнигори тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маросими видоъ бо Ҳадиса Қурбонова баъзе аз намояндагони ҳукумат, адибону донишмандон ва рӯзноманигорон ширкат карданд.
"Ӯ бо овозхонҳо ва ҳунармандони зиёд ҳамкорӣ кардааст. Муаллифи матни оҳанги "Тоҷикистон" дар иҷрои Нуқра Раҳматова яке аз шеърҳои шинохтаратини Ҳадиса Қурбонова мебошад," – афзуд Одили Нозир.
Ҳадиса Қурбонова аз соли 1978 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон буд.
"Лоиқ намеояд дигар", "Ҳилолӣ", "Меҳвари ишқ", "Хаймаи Хайём" ва "Шоҳин" аз ҷумлаи маҷмӯаҳои шеърии ӯст.
Номи Ҳадиса Қурбонова соли 2014 дар пайванд ба изҳори назараш дар бораи тақдими ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ баҳсбарангез шуд.
Захмӣ шудани 42 донишомӯз дар таркиши ғарби Кобул
Созмони Афви Байналмилали ва ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон хостори анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба, мустақил ва бетарафона дар бораи таркиши рӯзи 17 август ра ғарби Кобул шудаанд.
Дафтари СММ тасдиқ кард, ки дар ин таркиш 42 кӯдаки 9 то 14-сола захмӣ шудаанд. Ин ниҳод дар сафҳаи Х-и худ бо ибрози ҳамдардӣ ба захмиён ва хонаводаҳои онҳо, хостори баррасии ин ҳодиса шудааст.
СММ таъкид кардааст, ки мактабҳо ва марказҳои омӯзишӣ бояд муҳофизат шаванд.
Пеш аз ин сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кобул ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфта буд, ки сабаби ҳодиса таркиши як бомбаи дастӣ будааст, ки ба гуфтаи ӯ таҳқиқот дар бораи чигунагии рух додани он оғоз шудааст.
Бархе гузоришҳо шумори захмишудагони ин рӯйдодро ҳудуди 52 кӯдак эълон карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Афви Байнулмилал таркиш дар Дашти Барчиро бисёр нигаронкунанда хонд ва гуфт, ки дар ин минтақа, ки бештари сокинони он ҳазораҳо ҳастанд, тайи беш аз як даҳсолаи гузашта, мактабҳо, масҷидҳо, нақлиёти умумӣ ва марказҳои тандурустӣ борҳо ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталиф қарор гирифтаанд.
Ин созмон аз мақомҳои Толибон хостааст, ки бехатарии ғайринизомиён, аз ҷумла ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро дар Афғонистон таъмин кунад.
Ин созмон ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба, мустақил ва бетарафона дар бораи ин ҳодиса мутобиқ бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ шуда ва таъкид кардааст, ки афроди гумонбар бояд пас аз як муҳокимаи одилона ба ҷазои аъмолашон бирасанд.
Бо вуҷуди онки то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст, гурӯҳи ДОИШ пеш аз ин масъулияти ҳамлаҳои монанд дар ин минтақа аз Кобулро пазируфтааст.
Афзоиши нархи нафт дар сояи танишҳо дар тангаи Ҳурмуз
Ҳамзамон бо норӯшантар шудани сарнавишти музокирот дар бораи бозкушоии тангаи Ҳурмуз, раванди афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон идома ёфтааст.
Қимати ҳар бушка нафти хоми "брент" рӯзи 19-уми август назар ба як рӯз қабл як дарсад афзоиш ёфт ва ба 92 доллар расид.
Арзиши нафати хоми West Texas Intermediate ба 85 доллар бар сари ҳар бушка расид.
Ин рақамҳо сатҳи баландтарини қимати нафт дар ду ҳафтаи охир ба шумор меравад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 18-уми август гуфт, "ҳеч гуфтушуниде бо Эрон дар ҷараён нест ва ҳеч музокира низ барномарезӣ нашудааст".
Дар айни замон рӯзҳои охир танишҳо дар тангаи Ҳурмуз афзоиш ёфтааст.
Идомаи ҳамлаҳо ба чанд киштӣ ва эълони Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи муқобила бо ҳамлаи мушакии нав аз сӯи Эрон, аз ҷумлаи омилҳои афзоиши ин таниш гуфта шудааст.
“103 ба 103”. Табодули дигарбораи асирон байни Русия ва Украина
Русия ва Украина рӯзи 19-уми август дигарбора асирони ҷангияшонро бо ҳамдигар иваз кардаанд. Ин дафъа 103-нафарӣ аз ҳарду ҷониб.
Хабари табодули зиндониҳоро раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар саҳифааш дар Телеграм нашр кард.
Низомиёни рус дар хоки Беларус қарор доранд.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мубодилаи зиндониҳо ҳамчун миёнрав хидмат кардааст.
Аз ин пеш, дар поёни моҳи июн, ду кишвар 160-нафарӣ низомиёни зиндонӣ ва 7-нафарӣ афроди мулкиро бо ҳамдигар табодул карданд.
Боздошти як мард барои куштани ҳамсараш дар Файзобод
Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Файзобод як мардро барои нафасгир кардан ва куштани ҳамсараш дастгир кардаанд, ки аломати дигаре аз ҳамчунон зиёд боқӣ мондани зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон аст.
Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки Зиёбег Раҷабов, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод, рӯзи 18-уми август дар заминаи рашк ва бадгумонӣ ҳамсари 49-солааш Ҳавасгул Умароваро дар дохили ҳаммом латукӯб карда, сипас бо сими алюминий ҳалқи ӯро баставу нафасгир намудааст.
Назари гумонзад ва ё наздиконаш маълум нест.
Қатли ҳамсар дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд шудааст. Вазорати умури дохилӣ танҳо имсол дар бораи на камтар аз 6 мавриди қатли ҳамсар, таҳдид ба ҷони ӯ ва ё ба худкушӣ расонидани онҳо хабар дод.
Дар ду соли гузашта бештар аз 10 мавриди занкушӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин ҳамаро баёнгари талошҳои нокофии ҳукумат барои маҳви зӯроварӣ ба зан ва хушунати хонаводагӣ хонда, пайваста онро танқид мекунанд.
“Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус
Беларус шаш шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ширкатҳои боркашонӣ дар Литва кор мекунанд, аз қаламраваш берун кардааст.
Онҳо рӯзи 13-уми август аз Узбекистон бо ҳавопаймо ба Минск рафта, мехостанд, аз роҳи заминӣ ба Аврупо гузаранд.
Яке аз ронандагони тоҷик рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Беларус онҳоро дар сарҳад дастгир карда, баъди се рӯз ба Узбекистон баргардонданд.
Ба қавли мусоҳиби мо, як далели мақомоти Беларус ин будааст, ки сафари онҳо ба Русия манъ аст ва бинобар ин ҳақ надоранд, вориди ин кишвар шаванд.
"Ман гуфтам, чаро чунин мекунед? Инҷо, ки Русия нест, давлати озод аст. Гуфтанд, ки мо бо Русия як ҳастем ва назорати гумрукӣ надорем," – афзуд мусоҳиби мо. Ӯ нахост номаш фош шавад.
Шарҳи расмии ҷониби Беларус дастрас нест. Ронандагони тоҷик мегӯянд, онҳо се рӯз дар ин кишвар дар шароити нохуб буданд ва бемор шуданд.
"Хӯроке доданд, ки онро ба саг медиҳанд. Ду бор заҳролуд шудем ва мошини "Ёрии таъҷилӣ" даъват карданд," – гуфт вай.
Навор дар Инстаграм:
Даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар ширкатҳои боркашонӣ дар Аврупо кор мекунанд. Баъзе аз ин ронандагон мегӯянд, масири Тошканд-Минскро бештар барои арзон будани пули билет интихоб мекунанд.
Беларус шарики муҳими Русия аст ва аз сиёсатҳои ин кишвар, аз ҷумла ҷанги Маскав дар Украина пуштибонӣ мекунад.
Қонуни афв нисбат ба тақрибан 21 ҳазор кас татбиқ шудааст
Қонуни афв дар Тоҷикистон то 14-уми август нисбат ба тақрибан 21 ҳазор нафар татбиқ шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, рӯзи 18-уми август дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, танҳо 8 ҳазору 157 нафар аз зиндонҳо озод гаштанд.
Ҳарчанд ӯ ишорае накард, дар миёни озодшудаҳо ду хабарнигори мустақил Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам мебошанд.
Онҳо дар соли 2022 бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Худашон ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтанд.
Аммо бисёре аз зиндониён, ки парвандаашонро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд, афв нагардиданд. Аз ҷумла, чеҳраҳои саршиноси иҷтимоию давлатӣ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи "табаддулот" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Қонуни афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шуд.
Имрон Хон ба бемористон интиқол дода мешавад
Додгоҳи олии Покистон рӯзи 18 август дастур дод, ки Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишвар, ки дар зиндон ба сар мебарад, барои муолиҷа ба як бемористон дар Исломобод интиқол дода шавад.
Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки вакилони дифои ӯ дар бораи вазъияти номуносиби саломатии вай ибрози нигаронӣ карданд.
Додрас Шоҳид Ваҳид гуфт, Имрон Хон, ки аз соли 2023 то кунун дар зиндон ба сар мебарад, дар ҷараёни ду рӯзи оянда ба бемористон интиқол хоҳад шуд.
Ба хоҳар ва табиби ӯ иҷоза дода хоҳад шуд, ки дар ҷараёни дармон дар паҳлӯи ӯ бимонанд ва аъзои хонаводааш низ иҷоза хоҳанд дошт ҳафтае як бор бо ӯ мулоқот кунанд.
Имрон Хони 73-сола ва ҳамсараш Бушро Бибӣ дар як парвандаи фасод, ҳар яке ба 17 сол зиндон маҳкум шудаанд.
Имрон Хон ва Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон мегӯянд, иттиҳомҳои воридшуда алайҳи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
Имрон Хон аз соли 2018 то 2022 нахуствазири Покистон буд ва бонуфузтарин раҳбари сиёсии мухолифи ҳукумати дар ин кишвар шинохта мешавад.