Дар чанд ҷумла
Аз Олмон хостаанд, ки ба мақомоти Тоҷикистон фишор биорад

Намояндагони чор созмони байнулмилалӣ аз Олмон хостаанд, ки барои озодии ҳарчи зудтари Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ба мақомоти Тоҷикистон фишор биоранд.
Изҳороти Human Rights Watch, Freedom for Eurasia, Norwegian Helsinki Committee ва Abschiebungsreporting NRW рӯзи 20-уми ноябр нашр шуд.
Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон мезист. Бо вуҷуди нигаронӣ ва даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Олмон дархости паноҳандагияшро рад ва ӯро рӯзи 6-уми ноябр аз ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Чор созмони байнулмилалӣ дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Дилмурод Эргашев дар Душанбе ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд, аммо ба далели вазъи саломаташ феълан дар шифохона аст. Вай як рӯз пеш аз ихроҷаш аз Олмон раги даст ва пойи худро бурида буд.
Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, мегӯяд, Дилмурод Эргашев дар гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ширкат дошт ва “боздошти ӯ дар Душанбе гувоҳи ин аст”.
“Ҳабси Эргашев бояд ҳушдоре ба мақомоти Олмон бошад... то фиристодани фаъолони осоиштаи мухолифонро ба зиндон дар Душанбе билофосила бас кунад,” – афзуд ӯ.
Намояндагони чор созмонӣ байнулмилалӣ аз мақомоти Олмон хостаанд, шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. Кишваре, ки хатари шиканҷа шудан ба ӯ таҳдид мекард.
Дилмурод Эргашеви 40-сола рӯзи 28-уми октябр дар Олмон дастгир шуд. Ӯ сездаҳ соли охир дар ин кишвари аврупоӣ зиста, ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.
Дар ҳоле ки худаш, намояндагони мухолифон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ширкати ӯро дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин далел меоварданд, мақомоти Олмон онро кӯшиши барҷаста кардани парвандааш донистаанд.
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Ҳашишро тавассути Тоҷикистон ворид мекарданд”

Мақомоти Қирғизистон аз боздошти гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир хабар доданд, ки моли мамнӯъро тавассути хоки Тоҷикистон ба ин кишвар ворид мекард. Сомонаи 24.kg бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон навишт, ходимони ҳифзи қонун дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон гурӯҳи панҷнафараеро боздошт намуданд, ки маводи ҳашиши истеҳсоли Афғонистонро тавассути хоки Тоҷикистон ворид кардааст.
Аз дасти ин гурӯҳ, ки таҳти раҳбарии марди 50-солае дар ҳудуди деҳаи Қипчоқтала ва шаҳри Шамалдисае дар ноҳияи Навкени вилояти Ҷалолобод дастгир гардид, 17 кг ҳашиш мусодира шудааст. Исм ва шаҳрвандии ин нафарон ошкор намешавад.
Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро мақомоти маҳаллӣ шарҳ надодаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудудан 1000 км марзи муштарак доранд ва моҳи март бар асоси созишномаи байнидавлатӣ сарҳади байни ду кишвар барои шаҳрвандони ин ду давлат боз шуд.
Ширкати низомиёни тоҷик дар паради ҳарбии Маскав ва Минск

Дар гашт ё паради ҳарбӣ дар Маскав ба муносибати Иди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) тахминан 100 низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 1 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, низомиёни тоҷик ҳам дар паради ҳарбии бахшида ба Иди Ғалаба дар Тоҷикистон ва ҳам дар маросимҳои ботантана дар шаҳрҳои Маскави Русия ва Мински Беларус иштирок хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, ҳайати шахсии хидматчиёни ҳарбӣ дар паради Маскав рӯзи 9 май таҳти раҳбарии подполковник Рустам Шарифзода иштирок хоҳанд кард. Ин ҳайатро афсарону сарбозони бригадаи ҳамлавари десантии зарбазани қӯшунҳои зудамал, ки ҷузъу томи он ба ҳайати вокуниши сареи СПАД шомил ҳастанд, намояндагӣ хоҳанд кард. Маҳмадализода гуфт, ки низомиёни тоҷик дар Маскав дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии дигар кишварҳо ширкат мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин, ки се сол пеш артишаш бедалел ба хоки Украина ҳуҷум намуд ва то ҳол боиси марги даҳҳо ҳазор нафар шудааст, Иди Ғалабаро барои таъкид ба нуфузи сиёсии кишвараш дар арсаи байналмилалӣ истифода мекунад. Барои тамошои ин паради ҳарбӣ раҳбарони давлатҳои муттафиқаш, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват кардааст. Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи сафари президент ба Маскав хабари расмие нашр накардаанд.
Пирӯзии шатранҷбозони навраси Қазоқистон дар Душанбе

Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон, ки дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе 10 рӯз идома кард, бо пирӯзии мунтахаби Қазоқистон ба поён расид.
Ба итттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқот бо иштироки беш аз 400 шатранҷбоз аз 13 кишвар мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар шаш гурӯҳи аз 8 то 18-сола дар се намуд – рапид (зудбозӣ), блитс (барқосо) ва шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ) - сурат гирифт.
Дар мусобиқот шатранҷбозони навраси Қазоқистон бо касби 39 медал (16 тилло, 9 нуқра и 14 биринҷӣ) дар байни дастаҳо ғолиб шуда, аз мунтахабҳои пурқуввати Узбекистону Ҳиндустон пеш гузаштанд.
Дар байни шатранҷбозони тоҷик нахуст Пайрав Қодирӣ дар мусобиқа байни наврасони то 14-сола дар шоҳмоти сареъ ё рапид бо касби 6 имтиёз аз 7 бозӣ соҳиби нишони нуқра гардид.
Дар шатранҷи барқосо ё блитс шатранҷбозони тоҷик 4 медал гирифтанд. Дар рақобатҳои инфиродӣ Ҷалолиддин Илҳомӣ дар байни 18-солаҳо бо касби 6,5 имтиёз аз 9 бозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар сабқати даставӣ байни 18-солаҳо тими Тоҷикистон дар ҳайати Ҷалолиддин Илҳомӣ, Эҳсон Ҷумаев, Бузургмеҳр Нурализода бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар байни 14-солаҳо низ дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Пайрав Қодирӣ, Давид Наимов, Назар Ғафуров мақоми сеюмро касб кард.
Медали дигари биринҷиро дастаи Тоҷикистон дар миёни ҳаштсолаҳо дар ҳайати Муродалӣ Сайфиев, Идрис Шамсов, Ғайратҷони Дилмурод соҳиб шуд.
Дар шатранҷи классикӣ ё маъмулӣ мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра ва ду биринҷӣ гирифт.
Бар асоси натиҷаҳои мусобиқот шатранҷбозон имкон пайдо карданд, ки рейтинги худро баланд бардоранд ва унвонҳои байнулмилалӣ ба даст оранд.
Фиреб ва истисмори як зани тоҷик аз ҷониби ҳамватанаш дар Русия

Як зани тоҷикро дар Русия ҳамватанони худаш мавриди истисмори меҳнатӣ қарор доданд. Ин зан 46-сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки "Раҷабалӣ", як марди 28-сола аз ноҳияи Варзоб дар фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Богдановичи вилояти Свердлови Русия моҳи апрели соли гузашта ин занро бо баҳонаи кор даъват мекунанд ва мунтазам ӯро бе пул кор мефармояд.
Ба иттилои Вазорат, ӯ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои ин занро аз дасташ гирифта, гаштугузорашро низ дар ин кишвар маҳдуд мекунад.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мақомот аз ному насаби ин зан ва боздошти гумонбар хабар надодааст. Маълум нест, ки ин зан чӣ гуна ба ватан баргашта, ба мақомот шикоят бурдааст.
Бо мақсади таъмини рӯзгор ҳамасола садҳо ҳазор тоҷик ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, дар аксари маворид аз ҷониби ҳамватани худ ба доми фиреб меафтанд ва ё мавриди азият қарор мегиранд.
Парванда алайҳи чанд корманди милиса барои "қаллобӣ"

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати чанд корманди милиса бо гумони "қаллобӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора Оҷонсӣ 30-юми апрел дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Абдуллозода У.Н., як корманди Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуморе аз кормандони дигари ин ниҳод, аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарӣ озод кардани бародараш, 200 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Абдуллозода тариқи миёнаравҳо аз ин шаҳрванд 190 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло ба гуфтаи Оҷонсӣ, нисбати Абдуллозода ва дигарон парванда оғоз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Аммо маълум нест, ки Абдуллозода ҳоло дар озодӣ аст ё дар боздошт.
Назари Абдуллозода, наздикон ва вакили дифоаш ба ин иттиҳом маълум нест.
Бо вуҷуди, он ки дар гузориш ба афроди дигар ҳам ишора шуда, аммо аз онҳо ном бурда нашудааст
Номи милиса, ҳомии ҳуқуқу масъули тартибот, дар солҳои охир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасоди молӣ зикр шудааст.
1110 нафар – омори "зархаридон"-и узбекистонӣ дар ҷанги Украина

Шумораи шаҳрвандони Узбекистон, ки аз соли 2022 то январи соли 2025 аз тарафи Русия дар Украина ҷангидаанд, дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рекордӣ будааст.
Бино ба рӯйхати “Зистан мехоҳам” (Хочу жит), ки тарҳи давлатии Украина аст, 1110 шаҳрванди Узбекистон ба таври қарордодӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пайваста, 109 нафари онҳо кушта шудаанд. Рӯйхат рӯзи 30-юми апрел нашр шуд.
Ба гуфтаи муаллифон, ин рӯйхат пурра нест ва бо шумули узбекистониҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, теъдоди воқеии зодагони Узбекистон дар ҷанг метавонад ба чандин ҳазор нафар расад.
Бино ба ҳисоби онҳо, ҷавонтарин зархариди узбек дар артиши Русия 21-сола ва калонсолтарини онҳо 62-сола будааст. Яке аз зархаридон пас аз ҳашт рӯзи бастани қарордод кушта шудааст.
Муҳаққиқони тарҳи “Зистан мехоҳам” мегӯянд, қиссаи ҷалби зодагони Узбекистон ва Тоҷикистон ба ҷанг ба ҳам монанд аст. Сафи муҳоҷирони узбек дар Русия кам намешаванд ва ҳукумати Русия ҳам аз ин вазъ ба фоидаи худ истифода бурда, муҳоҷиронро чун барраи қурбонӣ ба хати пеши ҷанг мефиристад.
Тарзи ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳам нав нест. Онҳоро дар ҷараёни амалиёт боздошт карда, бо таҳдиди рондан аз Русия ба бастани қарордод маҷбур мекунанд.
Ҳафтае пеш тарҳи “Зистан мехоҳам” омори зархаридони тоҷикро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия нашр кард. Ба ҳисоби ин тарҳ, 931 зодаи Тоҷикистон аз соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд.
Бар асоси феҳраст, аз 931 зодаи Тоҷикистон то моҳи январи соли 2025-ум 196 нафар кушта шудаанд.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё алайҳи онҳо санад тартиб дода шуда, бо таҳдид ва тарсондан ба ҷанг бурда шудаанд. Бархеи дигар ҳам аз зиндон ба ҷанг бурда шудаанд.
Дар рӯйхати нав онҳое низ ҳастанд, ки тавассути ширкати муздурони "Вагнер" ба сафи артиши Русия ҷалб шудаанд, аммо теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Русия зидди Украина ҷалб шудаанд, маълум нест.
Изҳори нигаронии як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз хатари шохаи "Хуросон"

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз “хатари афзоянда”-и шохаи “Хуросон”-и ДОИШ ё гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
Ба гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ҷангҷӯёни ҳалқаи “Хуросон” асосан дар Афғонистон паноҳгоҳ доранд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, рӯзи 30-юми апрел дар эъломияе гуфт, “шумораи зиёди ҷангҷӯёнро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.”
Ҳарчанд созмон омори дақиқе наовард, ин вазъро “натиҷаи бевоситаи сиёсати саркӯбгаронаи низоми феълӣ дар Тоҷикистон” донистааст, ки “ҷавононро аз ҳаққи зиндагии шоиста, озодӣ ва адолат маҳрум кардааст.”
“Бекории густарда, худсариҳои мақомот, набудани дурнамои рушд ва таъқибҳои шадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳазорон ҷавони ноумедро ба оғӯши гурӯҳҳои ифротӣ андохтаанд,” – гуфта шудааст дар эъломия.
Ин изҳорот дар замоне нашр шуд, ки ба хабари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, раҳбараш Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, қарор дорад.
Мақсади сафари ӯ “таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, тавсеаи муколамаи мустақим ва пурмазмун байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародаронаи байни мардуми ду кишвар аст” гуфта шудааст.
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтарин сарҳадро бо Афғонистон дорад, ки 1344 километр аст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар наздикии марз гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ ҳузур доранд, ки дар байни онҳо ифротгароёни тоҷик ҳам ҳастанд.
Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар соли 2015 аз вуҷуди худ хабар дод ва дар солҳои охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар дохил ва берун аз Афғонистон ба дӯш гирифт.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида қаблан эълон карда буд, ки барои ҳар иттилое, ки битавонад сабаби барҳам задани шабакаи молии шохаи “Хуросон” шавад, 10 миллион доллар инъом медиҳад.
Ба 20 муҳоҷири тоҷик иҷоза надодаанд, ки вориди Маскав шаванд

Марзбонони Русия ба 20 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав иҷозаи вурудро надоданд.
Яке аз муҳоҷирон бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо рӯзи 29-уми апрел аз Душанбе парвоз карда буданд.
Мақомоти Русия сабаби роҳ надодани 20 муҳоҷир аз Тоҷикистонро шарҳ надодаанд.
“Иҷозат надоданд, ки ба Маскав дароем. Як рӯз аст, ки дар замини холӣ хобем. Сабабашро намегӯянд," -- гуфт ӯ.
Дар гузашта онҳоеро, ки аз фурудгоҳ иҷозаи ба Русия ворид шудан надода буданд, баъди се рӯз ё як ҳафта ба Тоҷикистон пас гардонда буданд.
Дар бештари маврид мақомоти Русия далели ихроҷи муҳоҷиронро шарҳ намедиҳанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти матуботии аввали имсол эълон кард, ки дар соли 2024 беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Русияро барои поймоли ҳуқуқи муҳоҷирон, фароҳам накардани шароити дурусти кору зиндагӣ ва фишору азият танқид мекунанд.
Аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед 100 рӯз гузашт

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, садрӯзагии бозгашти худро ба Кохи Сафед дар миёни тарафдоронаш таҷлил кард ва бо истифода аз ин фурсат бори дигар аз Ҳизби демократ интиқод кард.
Ӯ ҳамчунин аз сиёсатҳои сахтгиронаи худ дар баробари муҳоҷират сухан гуфт ва афзуд, ки дар 100 рӯзи гузашта ваъдаи берун кардани муҳоҷирони ғайриқонуниро амалӣ намудааст.
Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 дар Амрико баранда шуд ва бори дувум ба Кохи Сафед роҳ ёфт.
Ӯ рӯзи 20-уми январи соли ҷорӣ савганди президентӣ ёд кард.
Дар 100 рӯзи гузашта Доналд Трамп бо содир кардани фармонҳо ва тасмимҳои ҷанҷолбарангез дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт, аз ҷумла ҷорӣ кардани боҷҳои гумрукии бисёр вазнин бар молу колоҳои воридотии тақрибан ҳама кишварҳои ҷаҳон, ки бо вокуниши тунд аз сӯи аксари ин кишварҳо рӯбарӯ шуд.
Парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" моҳи июн ба додгоҳ меравад

Парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ба иттилои ин расона, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. ТАСС хабар додааст, ки феълан парвандаи чаҳор нафар дар миёнаҳои моҳи июн барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.
"Дар ин парванда маводи зиёде, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳолатҳои ҳамла ба "Крокус" мавҷуд аст. Пас аз баррасии онҳо, парванда ба додситонӣ ва баъдан ба додгоҳ ирсол мешавад",- гуфта шудааст дар хабар.
Мақомоти Русия бори аввал аз фиристодани парванда ба додгоҳ хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврали имсол таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расонд. Ба гуфтаи вакилони дифои гумонбарон, парванда мебоист то моҳи март ба додгоҳ мерафт.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол" дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти соли гузашта сурат гирифт. Дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди 20 кас боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин афрод аз моҳи марти соли гузашта дар ҳабс ҳастанд. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар боздоштгоҳ маълум нест.
“Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед”

Пас аз ҳодисаи рӯзи 22-юми апрел дар Кашмир таниш миёни Ҳиндустону Покистон афзоиш ёфта, нигарониҳо аз ҷанг миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ бештар гаштааст.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи мусаллаҳе дар минтақаи сайёҳии Пахалгамии Кашмир, ки зери назорати Ҳиндустон аст, 26 сайёҳро куштанд ва 17 танро захмӣ карданд.
Ҳиндустон инро кори дасти гурӯҳҳои зери назорати Покистон номид. Покистон рад кард, аммо хатари эҳтимолии ҷанг аз байн нарафтааст.
Ин вазъ бештар зиндагии мардум, аз ҷумла кишоварзонро хароб кард. Деҳқонони деҳаи Вагаҳ аз тарси ҷанги эҳтимолӣ ҳанӯз ба ҷамъоварии ҳосил оғоз накардаанд. Мақомот ҳам иҷоза намедиҳанд, ки онҳо дар саҳро кор кунанд.
Деҳқон Муҳаммад Адолат Сардор гуфт: "То гандум ба ҳосил расидан мо шаш моҳ заҳмат мекашем, об медиҳем, вале саривақт нағундоштани ҳосил зарари зиёд меорад. Аз ҳарду кишвар як хоҳиши сода дорем: Ба ҷанг дода нашавед. Ин беҳтарин кор барои ҳама аст”.
Кишоварзон нигаронанд, ки тӯлонӣ шудани маҳдудият ба онҳо зиёни ҷуброннопазир мерасонад.
Муҳаммад Зишан, кишоварз, гуфт, “вақти ҳосилғундорӣ мегузарад, вале ҷавонони мо дар кӯчаҳо ба бозӣ машғуланд. Маҳдудият ба ҳама зиён мерасонад.”
Ҳиндустону Покистон минтақаи Кашмирро аз худ медонанд ва қисматҳое аз онро ду кишвар назорат мекунанд. Солҳост, ки вазъ дар ин минтақа ҳассос аст ва хатари ҷанг миёни ду кишварро, ки бомбаи атомӣ доранд, бештар мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Кумита: зоирони бе иҷозатномаро "ҷаримаҳои сангин" интизор аст

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел бо нашри як изҳорот аз сокинони кишвар хостааст, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд ва аз талоши вуруд ба Макка ва дигар мавзеъҳои муқаддас бе иҷозатнома худдорӣ варзанд.
Ба иттилои Кумитаи дан, кишвари мизбони ин маросим, яъне Арабистони Саудӣ ҳушдор додааст, шахсонеро, ки бе иҷозатнома дар маросими Ҳаҷ-2025 иштирок мекунанд, "ҷаримаҳои сангин" интизор аст.
Дар изҳороти Кумитаи дин бо такя ба иттилои ВКД-и Арабистони Саудӣ гуфта мешавад, ки аз 29-уми апрел то анҷоми мавсими ҳаҷ барои афроде, ки талош мекунанд ғайриқонунӣ ба Макка ва дигар мавзеъҳо, чун Мино, Арафот ва Муздалифа ворид шаванд, то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима таъйин шудааст.
Ин изҳорот меафзояд, барои касоне, ки бо воситаи визаи зиёрат дар интиқол, паноҳ додан ё кумак расондан ба афроди поймолкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ, пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин афроде, ки ғайриқонунӣ дар Макка мемонанд, дар сурати боздошт ихроҷ гардида, то 10 сол аз ҳаққи даромадан ба қаламрави Саудӣ маҳрум мешаванд. Ҳамин тариқ мошинҳое, ки барои интиқоли ғайриқонунии ин афрод истифода мешаванд, бо қарори додгоҳ мусодира карда мешаванд.
Бар асоси хабари ин вазорат, афроде ҳам, ки бе иҷозатнома дар ҳоли ҷобаҷойи зоирон дар меҳмонхонаҳо ва дигар мақонҳои иқомати ҳоҷиён, боздошт шаванд, то 100 ҳазор риёли саудӣ, баробар ба 27000 доллар, ҷаримаи нақдӣ хоҳанд шуд.
Маросими ҳаҷҷи соли 2025 дар даҳаи аввали моҳи июн баргузор хоҳад шуд. Гусели зоирони тоҷик барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Ҳар сол зиёда аз шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ мераванд.
Кумитаи дини Тоҷикистон дар моҳи март нархи ҳаҷи имсоларо 56 ҳазору 800 сомонӣ ё зиёда аз панҷ ҳазор доллар эълон кард. Мақомот ин ниҳод гуфтанд, ки нарх бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
Ин пул, ба гуфтаи онҳо, ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф мешавад.
Боздошти 15 шаҳрванди Узбекистон баъди занозанӣ дар Дубай

Дар пайванд ба занозании рӯзи 20-уми апрел дар Дубай 15 шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардаанд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, гуфт, ҷониби Имороти Муттаҳидаи Араб ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
“Ҳамчунин таъкид шудааст, ки мавридҳои қонуншиканӣ бо ҳузури шаҳрвандони Узбекистон метавонад ба низоми бидуни раводид миёни ду кишвар таъсир расонад", - афзуд, Бурҳонов.
Дар пайи нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садое паҳн шуд, ки Имороти Муттаҳидаи Араб вуруди шаҳрвандони Узбекистонро ба Дубай манъ кард.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ин иттилоъро беасос хонд. Ба гуфтаи вай, низоми бераводид байни Тошканду Дубай ҳанӯз ҳаст.
“Манбаъҳои расмӣ дар бораи ҷорӣ шудани чунин чора иттилое надодаанд,” – илова кард мансабдори узбек.
Аз ин пеш, моҳи марти соли 2025, се шаҳрванди Узбекистонро бо иттиҳоми куштани рӯҳонии исроилӣ Тсви Коган дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба қатл маҳкум карданд.
Қирғизистон ба кашидани симхор дар марз бо Тоҷикистон оғоз кардааст

Қирғизистон ба кашидани симхор дар марзаш бо Тоҷикистон оғоз кардааст.
Хабаргузориҳои Қирғизиcтон рӯзи 29-уми апрел бо нашри аксҳо аз ин раванд навиштаанд, ки марзбонон кашидани симхорро дар сарҳад аз ноҳияи Кошмолои вилояти Бодканд шуруъ карданд. Ин минтақа марзи Қирғизистонро аз Тоҷикистону Узбекистон ҷудо мекунад. Дар ин маросим намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон дида нашудаанд.
Оғози симхоркаширо Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба гунаи бархат ё онлайнӣ назорат кардааст.
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки дар марҳилаи аввал беш аз 400 километрро симхор мекашанд ва ин корро то охири имсол бояд ба поён расонанд.
Рӯзи 13-уми март Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Муҳлати қонунӣ кардани санадҳо барои муҳоҷирон тамдид шуд

Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, то 10-уми сентябр тамдид шуд.
Фармонро дар ин бора рӯзи 28-уми апрел Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо кард.
Дар асоси фармони қаблӣ аз 30-юми декабри соли 2024, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд, ки аз 1-уми январ то 30-юми апрели соли ҷорӣ санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешавад.
Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.
Муҳоҷирон баъди ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли гузашта аз зиёд шудани рейдҳои пулис ва сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират, шикоят доранд.