Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бахудо аз беобӣ шукуфтааст". Шикояти пахтакорони Фархор аз тақсими об

Баъзе деҳқонони ноҳияи Фархор аз камбуди об ва нодуруст тақсим кардани он дар мавсими нашъунамои пахта шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, мушкил бартараф шудааст.

Деҳқонон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, киштзори пахта пеш аз вақт ва аз беобӣ шукуфтааст. Ин пахтазорон дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор ҷойгиранд. Онҳо мехушканд. Аммо киштзорони паҳлуяш сабзу хурраманд.

Рустам, яке аз ин деҳқонон гуфт, "бахудо аз беобӣ шукуфтааст. Нигоҳ кунед аз роҳ он тараф 65 гектар аст, ҳама кабуд аст. Об аз 65 гектар ин тараф намегузарад. Ба меъёр кардагӣ ҳастанд".

Видеоро инҷо бинед:

Пахтакорони Фархор аз тақсими об шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Пахтакорон аз тақсими ноодилонаи об шиква доранд. Мегӯянд, ҳатто шабҳо сари замин меистанд, то навбати об ба онҳо ҳам расад, вале чунин намешавад. Дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии Фархор иқрор карданд, ки то 20 рӯз пеш чунин мушкил вуҷуд дошт, вале ҳоло ҳал шудааст. Сарвари ин идора иддаои тақсими нодурусти обро байни кишоварзон рад мекунад.

Наҷибулло Ҳусайнов, роҳбари Идораи беҳдошти замин ва обёрии Фархор гуфт, "тақсими обро худи деҳқонон нодуруст мекунанд. Мақсад ман обро гирифтам, об рафтан гирад".

Об ба ин ҷо дар ҷӯйборҳои бетонӣ меояд. Аксари онҳо сохти даврони Шӯравиянд. Шикофу рахнаҳо ба талаф ёфтани об сабаб мешаванд. Замоне пахтазорони ин ҷо бо номи Уртабуз маъруф буданд ва бо обкаш ё насосҳо обёрӣ мешуданд.

Ин бори аввал нест, ки деҳқонони Фархор аз норасоии об шикоят мекунанд. Шикояти онҳо ҳар сол бо омадани фасли гармо ба гӯш мерасад. Деқонон мегӯянд, ки аз раиси ҷамоат сар карда, то дигар сохторҳо вазъро медонанд. Аммо тағйире рух намедиҳад ва кишварзони поёноб қариб ҳамеша бо ин мушкил рӯбарӯянд.

Шикояти кишоварзони тоҷикистонӣ аз камбуди об дар мавсими парвариши зироат тақрибан ҳар сол садо медиҳад. Дар гузашта айни ин мушкил дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам пеш омада буд.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст ва мушкилии обёриву дигар хароҷот барои деҳқонон аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG