Муҳсини Номҷӯ, овозхони маъруфи эронӣ, ки аз соли 2009 дар Амрико мезист ва бисёриҳо ӯро ба Боб Дилан монанд мекунанд, ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашт ва сабаби баҳсҳои зиёд дар олами маҷозӣ шуд. Касе, ки бо баҳонаи "тавҳин ба муқаддасот" дар Эрон ғоибона ба панҷ сол ҳабс маҳкум ва дертар аз сӯйи бархе занон ба озори ҷинсӣ муттаҳам гардидааст.
Илоҳа Муҳаммадӣ, хабарнигори муқими Теҳрон, аз ҷумлаи онҳоест, ки иттиҳоми озори ҷинсиро алайҳи Номҷӯ барҷаста кардаанд. Ӯ навишт: "Бозгашти Муҳсини Номҷӯро намешавад танҳо ба унвони хабари бозгашти як ҳунарманд дид. Масъала фаротар аз худи Номҷӯст. Инки мо бо ривояти занон дар бораи хушунат ва озори ҷинсӣ чӣ мекунем? Вақте пойи як марди машҳур, маҳбуб ва соҳибнуфуз дар миён аст."
Иддои озору азияти ҷинсӣ алайҳи Муҳсини Номҷӯ бори нахуст ба таври густурда дар соли 2020 матраҳ шуд. Номҷӯ ибтидо ин иттиҳомро напазируфт, аммо пас аз нашри чанд ривояти дигар аз сӯйи занон дар видеое гуфт, вокуниши нахусташ содиқона ва шаффоф набуд. Ӯ бе ишора ба мавриди мушаххасе, аз заноне, ки озурда шудаанд, узрхоҳӣ кард.
Илоҳа Муҳаммадӣ дар идомаи вокунишаш ба бозгашти Муҳсини Номҷӯ ба Эрон навишт: "Суол ин аст, ки оё маҳбубият, ҳунар ва ҷойгоҳи як марди машҳур метавонад боис шавад ривояти заноне, ки дар бораи таҷрибаҳояшон сухан гуфтаанд, камтар шунида ва ҷиддӣ гирифта шавад?"
Аммо баҳс дар бораи бозгашти Муҳсини Номҷӯ ба иттиҳомҳои озори ҷинсӣ маҳдуд намондааст. Шуморе аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон навиштанд, ки бозгашти вай "бидуни ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои амниятӣ имконпазир набудааст".
Бархе пойро фаротар гузоштанд ва сарнавишти ин хонандаро дар Эрон ба "мизони ҳамкории ӯ бо ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ" пайванд доданд.
Баҳман Бобозода, фаъоли расонаӣ, мегӯяд, аз ибтидо дар ҷараёни бозгашти Муҳсини Номҷӯ будааст ва иддао кард, ки дар ин маврид "ҳеч гуфтугӯ ва музокирае бо ҳеч марҷаъ ва мақоме сурат нагирифтааст". Муҳсини Номҷӯ ва мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳунармандон ва фаъолони маданӣ тайи беш аз як соли охир ду роҳи гуногунро тай кардааст. Аз як сӯ талош барои фароҳам кардани заминаи бозгашти баъзе аз чеҳраҳои муқими хориҷ аз Эрон ва аз тарафи дигар идомаи фишорҳои амниятӣ ва бархӯрдҳои додгоҳӣ бо мунтақидону норозиён дар дохили кишвар.
Дар дохили Эрон шумори қобили таваҷҷуҳе аз ҳунармандон бо боздошт, эҳзор, мамнӯияти кору зиндон ва шаллоқ рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ҷумла, додгоҳи Ҷумҳурии Исломӣ чанде пеш овозхон Ҳиво Сайфизодаро бо иттиҳоми “ташвиқ ба фасод” ба чаҳор сол ҳабс маҳкум кард.
Инчунин, мақомоти Эрон ҳисобҳои бонкӣ, молу мулк ва худрави даҳҳо чеҳраи ҳунарӣ, варзишӣ ва расонаиро бо баҳонаи “ташдиди муҷозоти ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои душман” бастаанд.
Ин чораҳо бештар бе баргузории мурофиаи додгоҳӣ ва пешниҳоди далелҳои ошкор анҷом мешаванд. Дар миёни шахсони зери ҳадаф касоне низ ҳастанд, ки пештар бо пуштибонӣ аз эътирозҳо, мухолифат бо сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломӣ ва ё мавзеъгирӣ алайҳи ҷанг шинохта мешуданд.
Пеш аз бозгашти Муҳсини Номҷӯ ба Эрон, овозхонҳои дигаре чун Биниш Булур (Қайсар) ва Ромин Сайидимомӣ (Кинг Рам) ба Эрон бозгашта, барномаҳоеро дар Теҳрон иҷро карданд.
Муҳсини Номҷӯ 50-сола аст ва зодаи вилояти Хуросон. Дар вебсайти расмияш навиштаанд, ки сабки эҷодии ӯ аз пайванди мусиқии суннатии форсӣ бо унсурҳои рок, блюз ва мусиқии муосири ғарбӣ шакл гирифтааст. Дар осори ӯ гузаштаву ҳозира ба ҳам мепайванданд ва ҳамин равиши хос ба ӯ ҷойгоҳи вижае дар саҳнаи мусиқии ҷаҳонӣ додааст.
Номҷӯ ва гурӯҳи эронии "Киоск" соли 2009 таронаи "Ай ёрам биё"-и овозхони маъруфи тоҷик Муборакшоҳро бо як лаҳни ғайриоддӣ иҷро карда буданд.
Гуфтугӯ