Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофиркашонии автобусҳои бидуни муҷаввиз ба Русия манъ мешавад


Дар пайи шикояти муҳоҷирони тоҷик аз хароб шудани автобус дар роҳи Қазоқистон ба Русия, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифт, ҳаракати автобусҳоеро, ки бидуни литсензия ё иҷозатнома аз вилояти Суғд ба Русия мусофир мекашонанд, манъ кунад.

Дар як ҳодисаи охири ҳафтаи гузашта, дар натиҷаи ду дафъа хароб шудани автобуси муҳоҷирони тоҷик, ки аз Суғд ба Русия ҳаракат мекард, 47 мусофир ҳадди ақал як рӯз дар ҳудуди Қазоқистон ва бидуни кУмак дармонданд. Шикояти онҳо дар шабакаи иҷтимоии YouTube пахш шуд.

Шикоят дар YouTube

Ба таври хаотикӣ мардумро ҷамъ карда мебаранд ва дар натиҷа шарҳвандониро сарсон мекунанд

Чанд навори видеоии онҳо аз маҳалли ҳодиса ва муроҷиаташон ба мақомоту шикоят аз дармондани автобус дар як шароити ногувор дар як “дашти Қазоқистон” ба шабакаи иҷтимоии YouTube роҳ ёфт. Муҳоҷирон шикоят карданд, ки онҳо 6 ҳазор рубл харҷи роҳро доданд, аммо ронанда аз онҳо боз пули иловагӣ хостааст.

Суҳроб Ҳафизов, атташеи сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, рӯзи 7-уми май дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, автобусе, ки аз вилояти Суғд муҳоҷирони тоҷикро тавассути хоки Қазоқистон ба Русия интиқол медод, вайрон шуд. Баъди чанд соати интизорӣ, ба гуфтаи ӯ, ширкати интиқолдиҳандаи муҳоҷирон автобуси навро ба назди ин гурӯҳ фиристод ва рӯзи 4-уми май онҳо тавонистанд ба роҳи худ идома диҳанд.

Вай гуфт, дар камтар аз як шабонарӯзи интизорӣ ҳеҷ нафар аз мусофирон бемор нашуд ва барои ёрии тиббӣ ҳам муроҷиат накард. Суҳроб Ҳафизов гуфт, дар пайи ин ҳодиса сафорат ба унвонии Вазорати умури хориҷӣ нома навишта, вазъиятро шарҳ дод ва аз мақомот хост, аз ширкатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирон тақозо кунанд, ки ба шароити техникии автобусҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Вазорати нақлиёт: Танҳо аз хизмати ширкатҳои дорои иҷозатнома истифода кунед

Дар пайи шикояти муҳоҷирон, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифт, ҳаракати автобусҳоеро, ки бидуни литсензия ё иҷозатнома аз вилояти Суғд ба Русия мусофир мекашонанд, манъ кунад.​ Фаррух Неъматуллозода, сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 7-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, навори шикояти муҳоҷирони дар Қазоқистон дармонда дар вазорат баррасӣ шуд.

Ӯ гуфт, “ин наворҳоро, воқен, ҳам дидем ва баррасӣ кардем. Тавре ба назар мерасад, бархе аз соҳибкорони алоҳида автобуси ширкатҳои нақлиётии Қазоқистонро иҷора гирифта, ба мусофиркашонӣ машғуланд. Онҳо ягон хел иҷозатномаи фаъолият надоранд ва мутахассиси ин соҳа ҳам нестанд. Ба таври хаотикӣ мардумро ҷамъ карда мебаранд ва дар натиҷа шарҳвандониро сарсон мекунанд”.

Неъматуллозода афзуд, вазорат минбаъд фаъолияти ҳама гуна соҳибкорони алоҳидаеро, ки бидуни иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул мешаванд, манъ хоҳад кард.

Вазорати нақлиёт ба ҷои ин ширкатҳо равуои автобусҳои «Asian express» – ширкатеро ба роҳ монданӣ аст, ки дар гузашта ба сармоядори эронитабор Бобак Занҷонӣ марбут дониста мешуд.

Акс аз маҳалли дармондани автобуси муҳоҷирон
Акс аз маҳалли дармондани автобуси муҳоҷирон

Масъулон мегӯянд, намояндагони ин ширкат барои бастани шартнома бо коршариконашон озими Тошканд шудаанд ва, қарор аст, аз ҳафтаи оянда равуои автобусҳои ин ширкатро аз Душанбеву Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия ба роҳ монанд.

Фаррух Неъматуллозода мегӯяд, ширкати «Asian express» автобусҳои нави тамғаи MAN-ро дар ихтиёр дорад, ки ба талаботи мусофиркашонӣ ҷавобгӯ ҳастанд. “Ҳамаи автобусҳои ширкат соли истеҳсолашон 2014 аст. Дар даруни автобус имконияти гарм кардани ғизо ва ҳатто қазои ҳоҷат ҳаст. Баъд ин ширкат муттахасисонро ба кор ҷалб кардааст. Ҳар автобус роҳбалад ва ду ронанда дорад, ки якдигарро иваз карда, мусофиронро дар вақти таъиншуда ба макон мерасонанд”, - гуфт Неъматуллозода.

Ин мақоми Вазорати нақлиёт мегӯяд, чун автобусҳои ширкати қазоқистонӣ шаҳрвандонро сарсон кардааст, вазорат имкони ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро надорад.

Неъматуллозода гуфт, бо назардошти ин вазорати нақлиёт аз муҳоҷирон давъат мекунад, ки танҳо аз автобусҳои ширкатҳои соҳиби иҷозатнома истифода кунанд.

Муҳоҷирон, ки тавассути автобус ба шаҳрҳои Русия сафар мекунанд, бештар аз бемасъулиятии ширкатҳои нақлиётие шикоят доранд, ки дар автовокзали «Абрешим» ва истгоҳи мошинҳои назди меҳмонхонаи “Эҳсон”-и Хуҷанд қарор доранд.

Ду мавриди хароб шудани автобус дар роҳ ба Русия

Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Эгамбердиев, як сокини вилояти Суғд, мегӯяд, рӯзи 1-уми май бо ин автобус хешовандонашро ба Русия гусел карда буд. Ӯ гуфт, гурӯҳи 47-нафарии мусофирон ду дафъа бо сабаби мушкили фаннӣ дар роҳ бозистодааст. Тоҳир Эгамбердиев гуфт, хешовандонашро аз Хуҷанд то Узбекистон гусел кард ва онҳо аз постгоҳи марзии “Черняевка”-и Қазоқистон ба самти Русия равон шуданд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дар “Черняевка” бо автобуси дигар ба ҳаракат давом доданд.

Аз ин шоҳроҳи Қазоқистон автобусҳои зиёд ба сӯи Русия ҳаракат мекунанд
Аз ин шоҳроҳи Қазоқистон автобусҳои зиёд ба сӯи Русия ҳаракат мекунанд

Вай гуфт, автобус бори дуюм дар қаламрави вилояти Актюбински Қазоқистон дар фосилаи 700 километр то марзи Русия дармонд. Баъдан як автобуси дигар ба назди мусофирон расида, онҳоро ба Русия интиқол дод. Вай гуфт: “Як бор бегоҳӣ автобус вайрон шуд ва онҳо то субҳ мунтазири дуруст шудани он интизор шуданд. Бори дуюм рӯзи дигараш (3 май) вайрон шуд. Баъд то шом автобуси дигар расида омаду онҳоро бурд”.

Сафари серӯза то як ҳафта тӯл кашид

Абураҳим Шарипов, як муҳоҷири кории тоҷик, ки ҳафтаи гузашта тавассути як автобуси дигар аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Перми Русия равона буд, мегӯяд, автобуси онҳо ҳам дар як дашти Қазоқистон дармонд, вале сабабаш дигар буд. Ӯ гуфт, ​“аз шаҳри Хуҷанд савор шудем. Ронандаи автобус гуфт, бо 6 ҳазор рубли русӣ мебарем. Ҳамин хел омадем то марзи Қазоқистон . Роҳбалад моро партофту рафт. Автобус махсус то ними роҳ моро оварда, боз пул талаб кард. Чунки дигар илоҷ надоштем, ду рӯз дар байни дашти беодам бе хӯроку об монда, сахт азоб кашидем. Касе ба додамон нарасид. Баъди нисфи пулро ҷамъ карда додан ба зориву тавалло ронандаро розӣ кардем, ки то охири роҳ бурда расонад”, - нақл кард Абдураҳим Шарипов.

Ба гуфтаи Шарипов, сафари серӯзаи онҳо бо ҳамин қариб як ҳафта давом кард.

Роҳи кӯтоҳтар тавассути Узбекистон

Зафар Одиев, як масъули ширкати мусофиркашонӣ, ки муҳоҷиронро аз вилояти Суғд ба шаҳри Тюмени Русия мебарад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 18 сол боз муҳоҷиронро дар ин масир то ба маконашон мерасонанд: ​“Дар тӯли фаъолияти 18-солаамон боре мусофиронро дар роҳ напартофтаем. Роҳбалади мо то нуқтаи охирин мусофиронро ҳамроҳӣ мекунад. Нархи билети мо то шаҳри Тюмен 600 сомонӣ ва ё 4 ҳазор рубли русӣ аст”, - гуфт ӯ.

Одиев мегӯяд, айни замон ширкати онҳо, ки барои ин фаъолият иҷозатнома дорад, мусофиронро тарқи Узбекистон ба Русия мебарад. Ӯ мегӯяд, ин роҳи кутоҳтар аст. Зафар Одиев афзуд, ширкати онҳо тайи се рӯз мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс бурда мерасонад.

Ҳудуди 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик ҳамасола ба Русия ба ҷусутҷӯи кор мераванд. Аммо бо расидани мависми муҳоҷират қиммати чиптаи ҳаовпаймо то 2,5 ҳазор соммонӣ ва чиптаи поезд то ба 1,5 ҳазор сомонӣ боло меравад. Аксар муҳоҷирон имкони харидории чиптаро бо ин нарх надоранд ва аз ин рӯ бо автобус ба Русия сафар мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG