Баъзе аз вакилони мардумӣ дар Қазоқистон мехоҳанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷанги кишварҳои дигар ҷалб шудаанд, афв ё бахшида шаванд. Назарҳо яксон нест.
Қонуни Қазоқистон зархаридӣ ва ширкат дар даргириҳои мусаллаҳонаи хориҷиро манъ мекунад. Танҳо дар соли 2025 дар ин кишвар беш аз 140 чунин ҷиноят сабт шудааст.
"Чӣ гуна метавон онҳоро "сафед" кард?"
Вакили порлумони Қазоқистон Ҷаркинбек Амантайулӣ пешниҳод кард, нисбат ба қазоқистониҳое, ки силоҳ ба даст гирифтаанд, "аз раҳму шафқат" кор гирифта шавад. Ин узви ҳизби "Амонат" дар муроҷиат ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон изҳор намуд, онҳое, ки ба ҷанги бегона рафтаанд, сабабҳои худро доранд.
"Баъзеҳо бо сабаби мушкилоти иҷтимоӣ рафтаанд. Бархе фиреб хӯрда, баъзеи дигар аз ночорӣ ин корро кардаанд. Аксари онҳо мегӯянд, ба умеди дарёфти кори сердаромад ба ин роҳ рафтанд. Мефаҳманд, ки роҳи бозгашт ба ватан нест. Дар ин ҳолат падару модар, оила ва наздикони онҳо азоб мекашанд," – гуфт Ҷаркинбек Амантайулӣ.
Вакили порлумони Қазоқистон бовар дорад, ки агар шахс тавба карда, мехоҳад ба кишвар баргардад, бояд бахшида шавад. Ӯ ҳамзамон илова намуд, ки як шарти афв бояд ширкат накардан дар созмонҳои террористӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ бошад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон дар ин бора назари дигар доранд.
- "Ҳеч кас бадтар аз душмани дохилӣ нест. Шахсе, ки ба кишвари дигар ба ҷанг меравад, душман аст: ҷинояти ҷангӣ содир мекунанд, ба сӯи одамони бегуноҳ тир мепаронанд. Чӣ гуна метавон чунин амалҳоро сафед кард?" – навиштааст як корбар.
- Дигаре афзудааст, "замоне онҳоеро, ки аз Сурия баргаштанд, ба 10-15 сол зиндон маҳкум карданд. Чаро онҳое, ки ба Русия ҳамроҳ шуда, ба одамкушӣ рафтаанд, муҳокима нашаванд?"
- "Ӯ дар бораи чӣ ҳарф мезанад? Пас, бо онҳое, ки дидаву дониста ба ҷанг рафтаву одам куштанд ва баъд оромона ба хона баргаштанд, чӣ бояд кард?" – суол гузоштааст як корбар.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷо:
"Масъала дигар аст"
Фаразан, агар зархаридон бе таҳдиди таъқиби ҷиноятӣ ба ватан баргарданд, бояд аз ҷиҳати иштирок дар ҷиноятҳои ҷангӣ тафтиш карда шаванд. Дар шароити ҷангӣ дар ин бора ба даст овардани маълумоти боварбахш тақрибан ғайриимкон аст.
Роман Реймер, ҳомии ҳуқуқ аз Остона, гуфт, "ман ҳамеша тарафдори инсондӯстӣ ҳастам, аммо дар ин ҷо масъала дигар аст. Гап сари он меравад, ки ҳукумат дар ин робита мавқеи қатъӣ дорад: яъне барои манфиатҳои дигарон ҷангидан дар кишварҳои бегона лозим нест. Ҳукумат дар ин маврид вокуниши шадид нишон медиҳад. Бинобар ин муҷозоти сахт пешбинӣ гардидааст.”
Рӯзи 26-уми феврал дар Русия қонуне тасвиб шуд, ки бар асоси он истирдоди зархаридони хориҷие, ки бо Вазорати дифоъ шартнома бастаанд, иҷозат дода намешавад. Ҳатто агар барои истирдод расман муроҷиат шуда бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар худи Русия зархаридӣ манъ мебошад. Аммо тибқи ин модда парвандаҳои ҷиноӣ маъмулан танҳо алайҳи хориҷиёне, ки ба тарафдорӣ аз Украина меҷанганд, боз мешавад.
Вакили мудофеъ Евгений Смирнов гуфт, "феълан зархаридон дар Русия метавонанд дар як қатор кишварҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд ва дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор гиранд. Дар чунин ҳолат Русия талош дорад, барои идомаи ҷанги зархаридон шароити мусоид фароҳам оварад”
Тирамоҳи соли гузашта тарҳи украинии "Зистан мехоҳам" маълумотро дар бораи зархаридоне, ки Русия дар ҷанги зидди Украина ҷалб кардааст, нашр намуд. Дар миёни онҳо 1100 шаҳрванди Қазоқистон ва ҳазорон нафар аз Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон ҳастанд. Муаллифони тарҳ исрор меварзанд, теъдоди қазоқҳое, ки ба ҷанг рафтаанд, метавонад ба маротиб бештар бошад.