Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи зиддитеррори Чин бо се кишвари мусулмон


Чин тасмим гирифтааст, ки бо иштироки Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил кунад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият диҳад.

Ба ин манзур ҳафтаи гузашта дар Урумчии Шинҷони Чин мулоқоти раҳбарони нирӯҳои мусаллаҳи ин чор кишвар баргузор гардид. Раёсати мулоқотро Фанг Фенҳуй, раиси ситоди муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Чин, ба ӯҳда дошт. Раҳбарони ситодҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, Покистон Роҳил Шариф ва Афғонистон Қадам Шоҳ Шаҳим дар ин мулоқот иштирок ва ҷонибдории кишварҳои худро барои ташкили чунин эътилоф изҳор доштанд. Онҳо хатари терроризм ва тундгароиро ба амнияти минтақа таъйид карда ва изҳор доштаанд, ки якҷоя ба ин чолишҳои ҷиддии амниятӣ ҷавоб хоҳанд дод.

Масъалаи ташкили ин эътилоф пештар аз мулоқоти Урумчӣ ҳал шуда буд. Рӯзҳои 29 феврал ва 1 марти соли ҷорӣ пайиҳам Фанг Фенҳуй ва Роҳил Шариф аз Тоҷикистон дидан карда ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот доштанд. Фенгҳуй дар зимн аз Афғонистону Покистон низ боздид ва бо раҳбарони ин кишварҳо дидор дошт. Вале он вақт дар

Агар эътилофи Чин бо се кишвари мусулмон дуруст бошад, дар он сурат мо гардиши ҷиддиро дар сиёсати Чин мушоҳида хоҳем кард.
Александр Голтс

бораи ташкили эътилоф ҳеҷ яке аз тарафҳо изҳори назар накарда буд, агарчӣ дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо Го Шенкун, вазири амнияти ҷамъиятии Чин, рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ ишораҳое дар ин бора мушоҳида шуда буд.

Агар ин нуктаро дар назар гирем, ки дар бораи ташкили эътилоф раҳбарони кишварҳо тасмим мегиранд, пас, метавон гуфт, ки Фанг Фенҳуй бо ҳамин паём ба дидори раҳбарони се кишвар омада буд ва он вақт ин тасмими сиёсӣ бо онҳо, аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 29 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг шуда буд.

ЭЪТИЛОФЕ БЕ МАСЛИҲАТИ РУСИЯ ВА АМРИКО?

Се кишвари мусулмоннишини минтақа дар ҳоле бо Чин эътилоф мекунанд, ки Афғонистону Покистон аз муддатҳо пеш зери нуфузи Амрико қарор доранд. Тоҷикистон аз минтақаҳои зери нуфузи Русия дониста мешавад ва ҳатто мизбонии пойгоҳи низомии 201-уми Русияро дар хоки худ бар ӯҳда дорад.

Таҳлилгари рус Александр Голтс
Таҳлилгари рус Александр Голтс

Александр Голтс, коршиноси низомии рус, ки рӯзи 10-уми август аз Шветсия бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, ташкили ин эътилофро гардиши муҳиме дар сиёсати Чин донист. Ӯ гуфт, "агар ташкили ин эътилоф дуруст бошад, ин ба он маъност, ки ба сиёсати азалии Чин муғойират дорад. Зеро Чин ба таври ҷиддӣ аз узвият дар ҳар гуна созмон ё иттиҳоди низомӣ худдорӣ мекард. Агар эътилофи Чин бо се кишвари мусулмон дуруст бошад, дар он сурат мо гардиши ҷиддиро дар сиёсати Чин мушоҳида хоҳем кард."

Ҳамзамон Голтс таъкид мекунад, ки нирӯҳои эътилофи байналмилалии зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ҳузур доранд. Дар чунин вазъ Чин чӣ тавр фаъолиятҳо ё муборизаҳои зиддитеррористии худро дар ин кишвар бо кишварҳои ин эътилоф ҳамоҳанг мекунад? Чунин вазъ дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, кишваре, ки мизбонии пойгоҳи 201-уми низомии Русияро бар ӯҳда дорад ва гузашта аз ин узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъист.

Чин дар ҳар ҷо пеш аз ҳама дунболи манфиатҳои иқтисодии худ мегардад. Саъй мекунад, ки аз кишварҳои хориҷӣ сӯзишворӣ гирад ва дар кишварҳои дигар барои молу колои худ бозор ёбад.
Рашид Ғанӣ Абдулло

Александр Голтс мегӯяд, агар воқеан эътилофи зери назари Чин ташкил шавад, дар он сурат метавон гуфт, ки ин кишвар акнун мехоҳад нақши калидиро дар таъмини амнияти минтақа бар ӯҳда гирад. Чунин кор, албатта, барои Чин масъулияти бузург ва пурмасраф хоҳад буд, вале агар чунин аст, Чин мехоҳад, ки дар симои он абарқудрати бузургро эътироф кунанд.

"КАҶ ДОРУ МАРЕЗ"

Чин кишвари дорои ҳазинаҳои бузурги молист. Коршиносон мегӯянд, ин кишвар на аз роҳҳои низомӣ, балки бо сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар сохтмони роҳҳову шабакаҳои барқ ва обрасонӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ ва бо сиёсати "каҷ дору марез"-и муросо бо Толибон ва дигар нирӯҳои ифротиву тундгаро, метавонад фазои амниятиро тағйир диҳад. Нишонаҳои чунин сиёсати Чин аз ҳоло дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Сохтмони роҳҳову нақбҳо ва корхонаҳо ҳамин ҳадафро дунбол мекунад. Ба гуфтаи Александр Голтс, ҳадафи Чин дар марҳилаи баъдӣ, таъмини амният дар имтидоди Роҳи бузурги Абрешим ва таъмини манфиатҳои иқтисодиаш дар кишварҳои ин масир мебошад.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси сиёсии тоҷик низ бидуни он ки аз ақидаи Голтс огоҳ бошад, ҳамин масъаларо матраҳ кард ва гуфт, ҳадафи тарҳи эътилофи зиддитеррористии зери назари Чин ҳимоят аз манфиатҳои иқтисодиаш дар кишварҳои имтидоди Роҳи Абрешим аст ва "ин кишвар дар ҳар ҷо пеш аз ҳама дунболи манфиатҳои иқтисодии худ мегардад. Саъй мекунад, аз кишварҳои хориҷӣ сӯзишворӣ гирад ва дар кишварҳои дигар барои молу колои худ бозор ёбад."

Чин баъди фурӯпошии Шӯравӣ нуфузи иқтисодии худро тадриҷан дар минтақа густариш дод ва акнун замоне фаро расидааст, ки аз манфиатҳои иқтисодии худ ҳадди ақалл дар кишварҳои масири Роҳи Абрешим дифоъ кунад, то ифротгароӣ ва терроризм ба ин манфиатҳо зарба назананд.

МИНТАҚАИ ОСЕБПАЗИР АЗ ТЕРРОРИЗМ

Таҳлилгари амниятии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, "ташкили эътилофи зиддитеррори ин чаҳор кишвар ба маънои он нахоҳад буд, ки нерӯҳои Чин ва ё Покистон биёянд ва дар Афғонистон ё Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза кунанд, ё баръакс. "Ин эътилоф бештар машқҳои муштараки низомӣ анҷом медиҳад, нирӯҳои вижаро дар ин чаҳорчӯб омӯзиш медиҳад ва бо таҷҳизоти низомӣ кумак мекунанд. Ин кумакҳоро, албатта, Чин ба се узви дигари эътилоф хоҳад расонд," - гуфт ӯ.

Парвиз Муллоҷонов.
Парвиз Муллоҷонов.

Бо вуҷуди ин ки Русия ба таври расмӣ ба ташкили ин эътилоф вокуниш нишон надодааст ва онро гӯё нодида мегирад, вале Марк Тонер, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, онро қадами мусбат хондааст ва ба матбуот гуфтааст, "дар ин минтақа корҳои зиёде ҳаст, ки бояд анҷом гирад ва ин кишварҳо ҳамаашон аз терроризм дар минтақа осебпазир мебошанд ва фаъолиятҳои худро дар минтақа дар ин замина ҳамоҳанг мекунанд. Ин кор ҷанбаи манфӣ надорад, дарвоқеъ, мо онро мусбат арзёбӣ мекунем."

Се кишвари мусулмоннишини минтақа - Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон - ҳамзамон бо мубориза бар зидди терроризм мехоҳанд, аз ёриҳои молии Чин дар бахши низомии худ низ баҳраманд шаванд. 1 марти соли ҷорӣ Фанг Фенҳуй дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон қавл дода буд, ки ба бахши низомии Афғонистон 70 миллион доллар ёрӣ хоҳад дод. Ин кумаки низомӣ бар иловаи ёриҳои молие хоҳад буд, ки Чин дар бахшҳои иқтисод ва бозсозии Афғонистон саҳм мегирад.

XS
SM
MD
LG